ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير * - فهرس التراجم


ترجمة معاني سورة: العلق   آية:

سورة العلق - Сураи Алақ (Хунлахта)

ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِي خَلَقَ
1. Бихон, эй Паёмбар ба номи Парвардигорат, Он ки ҳама ҷаҳонро офаридааст,
التفاسير العربية:
خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِنۡ عَلَقٍ
2. одамиро аз пораи хуни бастаофаридааст.
التفاسير العربية:
ٱقۡرَأۡ وَرَبُّكَ ٱلۡأَكۡرَمُ
3. Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.
التفاسير العربية:
ٱلَّذِي عَلَّمَ بِٱلۡقَلَمِ
4. Аллоҳе, ки ба воситаи қалам халқашро таълим дод,
التفاسير العربية:
عَلَّمَ ٱلۡإِنسَٰنَ مَا لَمۡ يَعۡلَمۡ
5. ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмӯхт. Ва аз торикиҳои ҷаҳл ба нури илм баровард.
التفاسير العربية:
كَلَّآ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَيَطۡغَىٰٓ
6. Ҳаққо, ки одамӣ аз ҳад мегузарад,
التفاسير العربية:
أَن رَّءَاهُ ٱسۡتَغۡنَىٰٓ
7. ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.
التفاسير العربية:
إِنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلرُّجۡعَىٰٓ
8. Ҳароина, бидонад ҳар як саркаш, ки бозгашт ба сӯи Парвардигори туст. Пас ҳар як инсонро мувофиқи амалаш подошу ҷазо хоҳад дод.
التفاسير العربية:
أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يَنۡهَىٰ
9. Эй Паёмбар, оё дидӣ он касро, ки манъ мекунад[3109],
[3109] Мурод аз касе ки манъ мекунад, номи ӯ Абӯҷаҳл аст
التفاسير العربية:
عَبۡدًا إِذَا صَلَّىٰٓ
10. бандаеро (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро), ки чун ба намоз истад?
التفاسير العربية:
أَرَءَيۡتَ إِن كَانَ عَلَى ٱلۡهُدَىٰٓ
11. Оё дидӣ эй манъкунанда[3110], агар он мард (яъне Муҳаммад) бар роҳи ҳидоят мебуд, пас чи гуна ӯро бозмедошт?
[3110]Абӯҷаҳл
التفاسير العربية:
أَوۡ أَمَرَ بِٱلتَّقۡوَىٰٓ
12. Ё ин ки ба тақво ва парҳезгорӣ фармон медод?
التفاسير العربية:
أَرَءَيۡتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰٓ
13. Оё дидӣ эй Муҳаммад, манъкунанда агар дурӯғ барорад ҳақро ва аз фармонрӯйгардонад.Оё аз азоби Аллоҳ наметарсад?
التفاسير العربية:
أَلَمۡ يَعۡلَم بِأَنَّ ٱللَّهَ يَرَىٰ
14. Оё магар надонистааст, ки ҳар чиро ки мекунад,Аллоҳ мебинад? Амр чунин нест, чунонки Абӯҷаҳл мепиндорад.
التفاسير العربية:
كَلَّا لَئِن لَّمۡ يَنتَهِ لَنَسۡفَعَۢا بِٱلنَّاصِيَةِ
15. На, агар бознаистад аз бадбахтиаш пешонаашро хоҳем кашид.
التفاسير العربية:
نَاصِيَةٖ كَٰذِبَةٍ خَاطِئَةٖ
16. Пешонаи дурӯғгӯи гунаҳгорро.
التفاسير العربية:
فَلۡيَدۡعُ نَادِيَهُۥ
17. Пас ёрони худро даъват кунад.
التفاسير العربية:
سَنَدۡعُ ٱلزَّبَانِيَةَ
18. Мо низ фариштагони маъмури дӯзахро садо мезанем!
التفاسير العربية:
كَلَّا لَا تُطِعۡهُ وَٱسۡجُدۡۤ وَٱقۡتَرِب۩
19. Фармони ӯро қабул макун, ки ҳаргиз ба ту бадӣ натавонад расонд ва саҷда куну ба Аллоҳ наздик шав![3111]
[3111] Баъди хондани иноят саҷда кардан лозим аст .
التفاسير العربية:
 
ترجمة معاني سورة: العلق
فهرس السور رقم الصفحة
 
ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير - فهرس التراجم

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

إغلاق