কুরআনুল কারীমের অর্থসমূহের অনুবাদ - তাজিক ভাষায় অনুবাদ- খাজা মিরুফ খাজা মির * - অনুবাদসমূহের সূচী


অর্থসমূহের অনুবাদ সূরা: সূরা ইয়াসীন   আয়াত:

Сураи Ёсин (Ё, Син)

يسٓ
1. Ё, Син.[2147]
[2147]Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَٱلۡقُرۡءَانِ ٱلۡحَكِيمِ
2. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони боҳикмат,
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّكَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
3. Бегумон ту аз зумраи фиристодагони Аллоҳ ҳастӣ,
আরবি তাফসীরসমূহ:
عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
4.бар роҳи рост ҳастӣ ва он ислом аст.
আরবি তাফসীরসমূহ:
تَنزِيلَ ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ
5. Ин Қуръон фиристодаи Аллоҳи пирӯзманди меҳрубон аст,
আরবি তাফসীরসমূহ:
لِتُنذِرَ قَوۡمٗا مَّآ أُنذِرَ ءَابَآؤُهُمۡ فَهُمۡ غَٰفِلُونَ
6. Эй Расул Қуръонро бар ту нозил кардем, то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва худ ғофилу бехабаранд .[2148]
[2148] Ин оят бар воҷиб будани даъват далолат мекунад ва олимонро огоҳ месозад, ки мусалмононро аз ғафлат бедор кунанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَقَدۡ حَقَّ ٱلۡقَوۡلُ عَلَىٰٓ أَكۡثَرِهِمۡ فَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
7. Бегумон ваъдаи Аллоҳ дар бораи аксари он кофирон таҳаққуқ ёфтааст, зеро баъд аз он ки ҳақ бар онҳо арза шуд, онро напазируфтанд, пас имон намеоваранд[2149].
[2149]Тафсири Саъдӣ 1\692
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّا جَعَلۡنَا فِيٓ أَعۡنَٰقِهِمۡ أَغۡلَٰلٗا فَهِيَ إِلَى ٱلۡأَذۡقَانِ فَهُم مُّقۡمَحُونَ
8. Ҳароина, мо бар гарданҳои кофироне, ки ҳақро напазируфтанд то манаҳҳо тавқ ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва онро поин карда натавонанд. (Ин масале аст, ки напазируфтани ҳидоят ҳамчун напазируфтани касе аст, ки дар тавқ баста қарор дорад ва қодир ба ҳаракат нест.)
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَجَعَلۡنَا مِنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ سَدّٗا وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ سَدّٗا فَأَغۡشَيۡنَٰهُمۡ فَهُمۡ لَا يُبۡصِرُونَ
9. Ва дар баробари рӯи кофирон ва дар пушти сарашон деворе қарор додем. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, пас онҳо ба сабаби куфру такаббурашон ҳақро намебинанд.[2150]
[2150]Тафсири ибни Касир 6\564
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَسَوَآءٌ عَلَيۡهِمۡ ءَأَنذَرۡتَهُمۡ أَمۡ لَمۡ تُنذِرۡهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
10. Эй Паёмбар, барои онҳо баробар аст, чи онҳоро битарсонӣ ва чи натарсонӣ, имон намеоваранд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّمَا تُنذِرُ مَنِ ٱتَّبَعَ ٱلذِّكۡرَ وَخَشِيَ ٱلرَّحۡمَٰنَ بِٱلۡغَيۡبِۖ فَبَشِّرۡهُ بِمَغۡفِرَةٖ وَأَجۡرٖ كَرِيمٍ
11. Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки аз Қуръон пайравӣ кунад ва аз Аллоҳи меҳрубон дар ниҳон битарсад. Пас ӯро ба омӯрзиш аз гуноҳҳояш ва подоши некӯ мужда бидеҳ , ки он ворид шудани ҷаннат аст!
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّا نَحۡنُ نُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَنَكۡتُبُ مَا قَدَّمُواْ وَءَاثَٰرَهُمۡۚ وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ فِيٓ إِمَامٖ مُّبِينٖ
12. Ҳароина, Мо мурдагонро рӯзи қиёмат зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин аз неку бад кардаанд ва ҳар чизҳоеро, ки боқӣ гузоштанд, баъди маргашон аз корҳои хуб, монанди фарзанди солеҳ, илми нофеъ ва садақаи ҷория ва аз корҳои бад, монанди ширку исён менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин (Лавҳи Маҳфуз) шумор кардаем.[2151]
[2151] Тафсири Саъдӣ 1\692
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَٱضۡرِبۡ لَهُم مَّثَلًا أَصۡحَٰبَ ٱلۡقَرۡيَةِ إِذۡ جَآءَهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ
13. Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки фиристодагони Аллоҳ ба сӯи онҳо омаданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِذۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهِمُ ٱثۡنَيۡنِ فَكَذَّبُوهُمَا فَعَزَّزۡنَا بِثَالِثٖ فَقَالُوٓاْ إِنَّآ إِلَيۡكُم مُّرۡسَلُونَ
14. Нахуст ду танро аз фиристодагони худ барои даъват ба сӯи имон ба наздашон фиристодем, пас онҳо дурӯғгӯяшон бароварданд, пас он ду шахсро бо саввумин шахс пурзӯрашон кардем ва гуфтанд: «Ҳароина, мо ба сӯи шумо фиристода шудаем».
আরবি তাফসীরসমূহ:
قَالُواْ مَآ أَنتُمۡ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا وَمَآ أَنزَلَ ٱلرَّحۡمَٰنُ مِن شَيۡءٍ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا تَكۡذِبُونَ
15. Мардуми он деҳа гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Аллоҳи меҳрубон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед».
আরবি তাফসীরসমূহ:
قَالُواْ رَبُّنَا يَعۡلَمُ إِنَّآ إِلَيۡكُمۡ لَمُرۡسَلُونَ
16. Фиристодагони Аллоҳ гуфтанд: «Ҳароина, Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَمَا عَلَيۡنَآ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ
17. Ва бар ӯҳдаи мо ҷуз паём расонидани ошкор ҳеҷ чиз дигаре нест».[2152].
[2152]Мо шуморо ҳидоят карда наметавонем, ҳидоят танҳо дар дасти Аллоҳ аст Тафсири Саъдӣ 1\694
আরবি তাফসীরসমূহ:
قَالُوٓاْ إِنَّا تَطَيَّرۡنَا بِكُمۡۖ لَئِن لَّمۡ تَنتَهُواْ لَنَرۡجُمَنَّكُمۡ وَلَيَمَسَّنَّكُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٞ
18. Мардуми деҳа гуфтанд: «Ба таҳқиқ, Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, ҳатман, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид».
আরবি তাফসীরসমূহ:
قَالُواْ طَٰٓئِرُكُم مَّعَكُمۡ أَئِن ذُكِّرۡتُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ مُّسۡرِفُونَ
19. Фиристодагони Аллоҳ гуфтанд: « Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд, ки салоҳи шумо дар он мебошад, ба мо чунин мегӯед? Балки, мардуми аз ҳад гузашта ҳастед!»[2153]
[2153] Тафсири Бағавӣ 7\13
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَجَآءَ مِنۡ أَقۡصَا ٱلۡمَدِينَةِ رَجُلٞ يَسۡعَىٰ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱتَّبِعُواْ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
20. Марде аз ҷои дуртарини он шаҳр давон – давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед![2154]
[2154]Ин замоне буд, ки мардуми деҳа қасди куштани расулон карда буданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
ٱتَّبِعُواْ مَن لَّا يَسۡـَٔلُكُمۡ أَجۡرٗا وَهُم مُّهۡتَدُونَ
21. Касонеро пайравӣ кунед, ки аз шумо музде наметалабанд ва худ мардуми ҳидоятёфтаанд![2155]
[2155]Ин оят баён мекунад бузургии шахсеро, ки даъват ба амри маъруф ва наҳйи аз мункар мекунад
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَمَالِيَ لَآ أَعۡبُدُ ٱلَّذِي فَطَرَنِي وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
22. Чаро Аллоҳеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам?
আরবি তাফসীরসমূহ:
ءَأَتَّخِذُ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةً إِن يُرِدۡنِ ٱلرَّحۡمَٰنُ بِضُرّٖ لَّا تُغۡنِ عَنِّي شَفَٰعَتُهُمۡ شَيۡـٔٗا وَلَا يُنقِذُونِ
23. Оё ғайри Ӯ маъбудонеро ихтиёр кунам, ки агар Аллоҳи меҳрубон бихоҳад ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ фоида накунад ва маро натавонанд наҷот дод?
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنِّيٓ إِذٗا لَّفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ
24. Агар чунин маъбудонеро парастиш кунам, ҳароина, дар ин ҳангом ман дар гумроҳии ошкор бошам.
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنِّيٓ ءَامَنتُ بِرَبِّكُمۡ فَٱسۡمَعُونِ
25. Ҳароина, ман ба Парвардигоратон имон овардам. Пас сухани маро бишнавед ва маро итоат кунед.»
আরবি তাফসীরসমূহ:
قِيلَ ٱدۡخُلِ ٱلۡجَنَّةَۖ قَالَ يَٰلَيۡتَ قَوۡمِي يَعۡلَمُونَ
26. Пас аз он ки ӯро ба зулм куштанд, ба ӯ гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!, чун неъматҳои биҳиштро дид», гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,[2156]
[2156] Тафсири Бағавӣ 7\15
আরবি তাফসীরসমূহ:
بِمَا غَفَرَ لِي رَبِّي وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُكۡرَمِينَ
27. он чизеро, ки Парвардигори ман маро ба сабаби имон ба Аллоҳ ва сабр бар тоъаташ биёмӯрзид ва дар зумраи гиромишудагон даровард».
আরবি তাফসীরসমূহ:
۞ وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَىٰ قَوۡمِهِۦ مِنۢ بَعۡدِهِۦ مِن جُندٖ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا كُنَّا مُنزِلِينَ
28. Ва аз он пас баъди шаҳодаташон бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо пеш аз ин низ фиристода набудем.
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِن كَانَتۡ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ فَإِذَا هُمۡ خَٰمِدُونَ
29. Балки азоби онҳо як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой хомӯш ҳалок шуданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
يَٰحَسۡرَةً عَلَى ٱلۡعِبَادِۚ مَا يَأۡتِيهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
30. (Аллоҳ мегӯяд:) Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар он ки масхарааш карданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَلَمۡ يَرَوۡاْ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ أَنَّهُمۡ إِلَيۡهِمۡ لَا يَرۡجِعُونَ
31. Оё ин масхаракунандагон надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем, ки дигар, ҳаргиз ба наздашон ба дунё бознамегарданд?
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَإِن كُلّٞ لَّمَّا جَمِيعٞ لَّدَيۡنَا مُحۡضَرُونَ
32. Ва ҳеҷ касе нест, аз ҳалок шудагон ва дигарон, ки дар рӯзи қиёмат барои ҳисоб назди Мо ҳозираш наоранд.[2157]
[2157] Тафсири Табарӣ 30\513
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَءَايَةٞ لَّهُمُ ٱلۡأَرۡضُ ٱلۡمَيۡتَةُ أَحۡيَيۡنَٰهَا وَأَخۡرَجۡنَا مِنۡهَا حَبّٗا فَمِنۡهُ يَأۡكُلُونَ
33. Ва замини мурда барои он мушрикон, нишона ва ибратест, ки Мо онро бо фуруд овардани об зинда гардонидем ва донае (ғизое), ки аз он мехӯранд, берун овардем. Албатта касе, ки замини мурдаро бо наботот зинда гардонид, метавонад халқро баъди мурданаш зинда гардонад.[2158]
[2158] Тафсири Табарӣ 20\514
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَجَعَلۡنَا فِيهَا جَنَّٰتٖ مِّن نَّخِيلٖ وَأَعۡنَٰبٖ وَفَجَّرۡنَا فِيهَا مِنَ ٱلۡعُيُونِ
34. Ва дар он замин аз хурмова ангурзор боғҳо қарор додем ва чашмаҳо равон сохтем,
আরবি তাফসীরসমূহ:
لِيَأۡكُلُواْ مِن ثَمَرِهِۦ وَمَا عَمِلَتۡهُ أَيۡدِيهِمۡۚ أَفَلَا يَشۡكُرُونَ
35. то аз меваҳои он ва дастранҷи хеш бихӯранд. Ин ҳама аз раҳмати Аллоҳ буд, на аз машаққату қуввати онҳо. Пас чаро ба неъматҳои Аллоҳ сипос намегӯянд?
আরবি তাফসীরসমূহ:
سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَزۡوَٰجَ كُلَّهَا مِمَّا تُنۢبِتُ ٱلۡأَرۡضُ وَمِنۡ أَنفُسِهِمۡ وَمِمَّا لَا يَعۡلَمُونَ
36. Пок аст он Аллоҳе, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид, аз он чи замин мерӯёнад ва аз худашон (нару мода) ва ҳар он чизе, ки онҳо намедонанд. Аллоҳ дар офариниши худ касеро шарик нагирифтааст пас сазовор нест, ки ба Ӯ шарик муқаррар карда шавад.[2159]
[2159] Тафсири Табарӣ 20\515
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَءَايَةٞ لَّهُمُ ٱلَّيۡلُ نَسۡلَخُ مِنۡهُ ٱلنَّهَارَ فَإِذَا هُم مُّظۡلِمُونَ
37. Ва шаб барояшон низ нишона ва ибрати дигарест, ки Мо рӯзро аз он бармегирем, ногаҳон торикӣ ононро фаро мегирад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَٱلشَّمۡسُ تَجۡرِي لِمُسۡتَقَرّٖ لَّهَاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ
38. Ва офтоб низ барояшон нишона ва ибрати дигарест, ки ба сӯи қароргоҳи хеш равон аст. Ин фармони Аллоҳи пирӯзманду доност.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَٱلۡقَمَرَ قَدَّرۡنَٰهُ مَنَازِلَ حَتَّىٰ عَادَ كَٱلۡعُرۡجُونِ ٱلۡقَدِيمِ
39. Ва барои моҳ манзилҳое таъин кардем, ки пас аз тай карданаш онҳоро монанди шохаи хушкидаи хурмо борик шавад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَا ٱلشَّمۡسُ يَنۢبَغِي لَهَآ أَن تُدۡرِكَ ٱلۡقَمَرَ وَلَا ٱلَّيۡلُ سَابِقُ ٱلنَّهَارِۚ وَكُلّٞ فِي فَلَكٖ يَسۡبَحُونَ
40. Офтобро насазад, ки ба моҳ расад ва шабро насазад, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама аз офтобу маҳтоб ва ситорагон дар фалаке шиноваранд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَءَايَةٞ لَّهُمۡ أَنَّا حَمَلۡنَا ذُرِّيَّتَهُمۡ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ
41. Ибрати дигаре барои онҳо ин аст, ки ҳароина, Мо фарзандонашонро дар он киштии[2160] пуркардашуда аз худашон ва матоъҳояшон савор кардем.
[2160] Мурод аз он киштии Нӯҳ алайҳиссалом аст ва инсонҳо аз насли ҳамон касонеанд, ки дар киштии Нӯҳ савор буданд. Тафсири ибни Касир 6\579
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَخَلَقۡنَا لَهُم مِّن مِّثۡلِهِۦ مَا يَرۡكَبُونَ
42.Ва барои он мушрикон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَإِن نَّشَأۡ نُغۡرِقۡهُمۡ فَلَا صَرِيخَ لَهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنقَذُونَ
43. Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарқ месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва наҷот дода намешаванд,
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِلَّا رَحۡمَةٗ مِّنَّا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٖ
44. магар ин ки раҳмати Мо ба додашон бирасад ва онҳоро ғарқ накунем ва то муддате баҳрамандашон созем, ки аз камбудиҳои худ бозгарданд[2161].
[2161] Тафсири Саъдӣ 1\696
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّقُواْ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيكُمۡ وَمَا خَلۡفَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ
45. Ва он гоҳ ки ба он мушрикон гуфта шавад, ки аз он чи дар пеши рӯй доред ё пушти сар доред, битарсед, шояд, ки мавриди раҳмат қарор гиред, вале рӯй баргардонданд, қабул накарданд[2162].
[2162] Тафсири Бағавӣ 7\20
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَمَا تَأۡتِيهِم مِّنۡ ءَايَةٖ مِّنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِمۡ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهَا مُعۡرِضِينَ
46. Ва ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигорашон бар он мушрикон нозил нашавад, ҷуз он ки аз он рӯй гардонанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ أَنفِقُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ قَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنُطۡعِمُ مَن لَّوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ أَطۡعَمَهُۥٓ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
47. Ва чун гуфта шавад, барои кофирон ки аз он чи Аллоҳ рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Оё касонеро таъом диҳем, ки агар Аллоҳ мехост, худ онҳоро таъом медод? Шумо, кофирон, албатта, дар гумроҳии ошкор ҳастед».
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
48. Ва инҳо кофирони мункир аз ҳақ мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад буд?»
আরবি তাফসীরসমূহ:
مَا يَنظُرُونَ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ تَأۡخُذُهُمۡ وَهُمۡ يَخِصِّمُونَ
49. Ин мушрикон интизорӣ намекашанд, магар як садои марговарро , ки онҳоро фаро мегирад дар ҳоле ки бехабар аз марг бо якдигар дар хусумат ҳастанд,
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ تَوۡصِيَةٗ وَلَآ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمۡ يَرۡجِعُونَ
50. Пас дар он вақт мушрикон наметавонанд васияте кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَإِذَا هُم مِّنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ يَنسِلُونَ
51. Ва дар сур дамида мешавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَا مَنۢ بَعَثَنَا مِن مَّرۡقَدِنَاۜۗ هَٰذَا مَا وَعَدَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَصَدَقَ ٱلۡمُرۡسَلُونَ
52. Мункирони рӯзи қиёмат мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобҳоямон барангехт? Ин ҳамон ваъдаи Аллоҳи меҳрубон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِن كَانَتۡ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ فَإِذَا هُمۡ جَمِيعٞ لَّدَيۡنَا مُحۡضَرُونَ
53. Он ҷуз як бонги даҳшатнок нахоҳад буд, пас онгоҳ онҳо ҳама барои ҳисобу ҷазо дар пешгоҳамон гирд оварда мешаванд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَٱلۡيَوۡمَ لَا تُظۡلَمُ نَفۡسٞ شَيۡـٔٗا وَلَا تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
54. Он рӯз ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, ки кардаед, подош намебинед.
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ ٱلۡيَوۡمَ فِي شُغُلٖ فَٰكِهُونَ
55. Албатта, биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
هُمۡ وَأَزۡوَٰجُهُمۡ فِي ظِلَٰلٍ عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ مُتَّكِـُٔونَ
56. Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳое бар тахтҳо такя задаанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَهُمۡ فِيهَا فَٰكِهَةٞ وَلَهُم مَّا يَدَّعُونَ
57. Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст.
আরবি তাফসীরসমূহ:
سَلَٰمٞ قَوۡلٗا مِّن رَّبّٖ رَّحِيمٖ
58. Ба онҳо гуфта мешавад: салом бар шумо бод, ин суханест аз ҷониби Парвардигори меҳрубон.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَٱمۡتَٰزُواْ ٱلۡيَوۡمَ أَيُّهَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ
59. Ва гуфта мешавад; эй гунаҳкорон, имрӯз аз мӯъминон ҷудо шавед!
আরবি তাফসীরসমূহ:
۞ أَلَمۡ أَعۡهَدۡ إِلَيۡكُمۡ يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ أَن لَّا تَعۡبُدُواْ ٱلشَّيۡطَٰنَۖ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوّٞ مُّبِينٞ
60. Эй фарзандони Одам, оё бо воситаи паёмбаронам бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед ва ӯро итоъат макунед, ҳароина, ӯ душмани ошкори шумост?
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَأَنِ ٱعۡبُدُونِيۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ
61. Ва шуморо фармон додам, ки Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَلَقَدۡ أَضَلَّ مِنكُمۡ جِبِلّٗا كَثِيرًاۖ أَفَلَمۡ تَكُونُواْ تَعۡقِلُونَ
62. Ва ҳамоно шайтон гӯруҳи бисёреро аз шумо гумроҳ кард. Пас оё ба ақл дарнамеёфтед?
আরবি তাফসীরসমূহ:
هَٰذِهِۦ جَهَنَّمُ ٱلَّتِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ
63. Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо дар дунё ваъда дода шуда буд, вале шумо онро дурӯғ мебаровардед.[2163]
[2163] Тафсири Саъдӣ 1\698
আরবি তাফসীরসমূহ:
ٱصۡلَوۡهَا ٱلۡيَوۡمَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡفُرُونَ
64. Имрӯз ба сазои куфре, ки меварзидед, дар он дохил шавед?
আরবি তাফসীরসমূহ:
ٱلۡيَوۡمَ نَخۡتِمُ عَلَىٰٓ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَتُكَلِّمُنَآ أَيۡدِيهِمۡ وَتَشۡهَدُ أَرۡجُلُهُم بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
65. Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем, ки сухан гуфта наметавонанд. Ва аз он корҳое, ки мекарданд, дастҳояшон бо Мо сухан мегӯяд ва пойҳояшон бар он гувоҳӣ медиҳад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَلَوۡ نَشَآءُ لَطَمَسۡنَا عَلَىٰٓ أَعۡيُنِهِمۡ فَٱسۡتَبَقُواْ ٱلصِّرَٰطَ فَأَنَّىٰ يُبۡصِرُونَ
66. Агар бихоҳем чашмонашонро кӯр мекунем. Пас, шитобон роҳ пеш гиранд. Аммо куҷоро тавонанд дид, дар ҳоле, ки чашмҳояшон кӯр гаштааст?[2164]
[2164] Тафсири Бағавӣ 7\25
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَلَوۡ نَشَآءُ لَمَسَخۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ مَكَانَتِهِمۡ فَمَا ٱسۡتَطَٰعُواْ مُضِيّٗا وَلَا يَرۡجِعُونَ
67. Ва агар бихоҳем, онҳоро бар ҷояшон масх (табдил ба ҳайвон ё сурати бадшакл ё берӯҳ) кунем, ки на тавоне дошта бошанд, ки пеш қадам бардоранд ва на ақиб бозмегарданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَمَن نُّعَمِّرۡهُ نُنَكِّسۡهُ فِي ٱلۡخَلۡقِۚ أَفَلَا يَعۡقِلُونَ
68. Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш ӯро дигаргун[2165] кунем. Чаро оқилона намеандешанд? Пас, он Зоте, ки чунин қудрат дорад, албатта қодир аст онҳоро дубора зинда гардонад.
[2165] Яъне, дар пиронсолӣ ақлу ҷисмаш нотавон гардад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَمَا عَلَّمۡنَٰهُ ٱلشِّعۡرَ وَمَا يَنۢبَغِي لَهُۥٓۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ وَقُرۡءَانٞ مُّبِينٞ
69. Ба ӯ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шеър наомӯхтем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он, ҷуз Қуръони ошкор чизи дигаре намебошад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
لِّيُنذِرَ مَن كَانَ حَيّٗا وَيَحِقَّ ٱلۡقَوۡلُ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
70. Ва то ҳар касро, ки зинда дил бошад бим диҳад ва сухани ҳақ[2166] бар кофирон собит шавад.
[2166] Яъне, фармони азоб.
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا خَلَقۡنَا لَهُم مِّمَّا عَمِلَتۡ أَيۡدِينَآ أَنۡعَٰمٗا فَهُمۡ لَهَا مَٰلِكُونَ
71. Оё бо нигоҳи ибрат надидаанд, ки бо дастони хеш барои онҳо чорпоёнро аз нестӣ офаридем ва акнун инсонҳо молики онҳо ҳастанд?
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَذَلَّلۡنَٰهَا لَهُمۡ فَمِنۡهَا رَكُوبُهُمۡ وَمِنۡهَا يَأۡكُلُونَ
72. Ва ончорпоёнробарояшон ром кардем. Бар баъзе аз онҳо савор мешаванд. Ва гӯшти баъзеро мехӯранд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَلَهُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ وَمَشَارِبُۚ أَفَلَا يَشۡكُرُونَ
73. Ва барои он одамҳо дар он чорпоён фоидаҳост ва ошомиданиҳост. Чаро шукр намегӯянд?
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ ءَالِهَةٗ لَّعَلَّهُمۡ يُنصَرُونَ
74. Ва ба ҷои Аллоҳ ба он умед маъбудоне ихтиёр кардаанд, ки ёрияшон кунанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَا يَسۡتَطِيعُونَ نَصۡرَهُمۡ وَهُمۡ لَهُمۡ جُندٞ مُّحۡضَرُونَ
75. Он маъбудҳои дурӯғинро қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале ин бутпарастон монанди лашкаре ба хидматашон[2167] омода ҳастанд.
[2167] Яъне, маъбудони дурӯғин.
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَلَا يَحۡزُنكَ قَوۡلُهُمۡۘ إِنَّا نَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَ
76. Суханашон[2168] туро эй Расул андӯҳгин насозад. Албатта, Мо ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ё ошкор месозанд, медонем.
[2168] Куфру масхара карданашон туро ғамгин насозад
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَوَلَمۡ يَرَ ٱلۡإِنسَٰنُ أَنَّا خَلَقۡنَٰهُ مِن نُّطۡفَةٖ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٞ مُّبِينٞ
77. Оё он инсони мункири рӯзи қиёмат надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем, пас ӯ ситезаҷӯи ошкор шудааст?
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَضَرَبَ لَنَا مَثَلٗا وَنَسِيَ خَلۡقَهُۥۖ قَالَ مَن يُحۡيِ ٱلۡعِظَٰمَ وَهِيَ رَمِيمٞ
78. Ва барои Мо масале зад ва офариниши худро фаромӯш карда гуфт: " Чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро дубора зинда мекунад"?
আরবি তাফসীরসমূহ:
قُلۡ يُحۡيِيهَا ٱلَّذِيٓ أَنشَأَهَآ أَوَّلَ مَرَّةٖۖ وَهُوَ بِكُلِّ خَلۡقٍ عَلِيمٌ
79. Бигӯ барои ӯ: «Зоте онҳоро зинда мекунад, ки дар оғоз онҳоро офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише доност.
আরবি তাফসীরসমূহ:
ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلشَّجَرِ ٱلۡأَخۡضَرِ نَارٗا فَإِذَآ أَنتُم مِّنۡهُ تُوقِدُونَ
80. Он Аллоҳе, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед. Инчунин Аллоҳ қодир аст, ки мурдагонро аз қабрҳояшон зинда берун орад.[2169]
[2169] Тафсири Саъдӣ 1\699
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَوَلَيۡسَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يَخۡلُقَ مِثۡلَهُمۚ بَلَىٰ وَهُوَ ٱلۡخَلَّٰقُ ٱلۡعَلِيمُ
81. Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монанди онҳоро дубора биёфаринад? Оре, метавонад, ки Ӯ офаринандаи ҳамаи махлуқот аст ва ба ҳар чӣ офарид ва меофарад, доност![2170]
[2170] Тафсиири Бағавӣ 7\29
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّمَآ أَمۡرُهُۥٓ إِذَآ أَرَادَ شَيۡـًٔا أَن يَقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
82. Чун бихоҳад чизеро биёфарад, ҳароина, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас, мавҷуд мешавад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَسُبۡحَٰنَ ٱلَّذِي بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيۡءٖ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
83. Пок аст он Аллоҳе, ки малакути (моликияту ҳокимият) ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ барои ҳисобу ҷазо бозгардонда мешавед!
আরবি তাফসীরসমূহ:
 
অর্থসমূহের অনুবাদ সূরা: সূরা ইয়াসীন
সূরাসমূহের সূচী পৃষ্ঠার নাম্বার
 
কুরআনুল কারীমের অর্থসমূহের অনুবাদ - তাজিক ভাষায় অনুবাদ- খাজা মিরুফ খাজা মির - অনুবাদসমূহের সূচী

তাজিক ভাষায় আল-কুরআনুল কারীমের অর্থসমূহের অনুবাদ। খাওজা মিরূফ খাওজাহ মীর অনূদিত। অতপর মারকাযু রুওয়াদুদ তরজমার তত্ত্বাবধানে সংশোধন করা হয়েছে। পরামর্শ, মূল্যায়ন ও উত্তরোত্তর উন্নতির স্বার্থে মূল অনুবাদ দেখারও সুযোগ রয়েছে।

বন্ধ