Traduction des sens du Noble Coran - Traduction en tadjik - Khawja Mirov Khawja Mîr * - Lexique des traductions


Traduction des sens Sourate: ACH-CHOU’ARÂ’   Verset:

Сураи Шуъаро (Шоирон)

طسٓمٓ
1.То, Син, Мим. [1793]
[1793] Дар бораи ин ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
Les exégèses en arabe:
تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ
2. Ин оёт китоби равшан аст.
Les exégèses en arabe:
لَعَلَّكَ بَٰخِعٞ نَّفۡسَكَ أَلَّا يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ
3. Шояд аз ин, ки онҳо имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ.[1794]
[1794]Яъне, набояд худро ҳалок созӣ, зеро ҳидояти онҳо аз тарафи Аллоҳ аст ва вазифаи ту танҳо расонидани паёми Парвардигорат аст. Тафсири Саъдӣ 1\589
Les exégèses en arabe:
إِن نَّشَأۡ نُنَزِّلۡ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ ءَايَةٗ فَظَلَّتۡ أَعۡنَٰقُهُمۡ لَهَا خَٰضِعِينَ
4. Агар бихоҳем, аз осмон барояшон ояте (мӯъҷизае) нозил мекунем, ки гарданҳояшон дар баробари он таслим гардад, лекин инро намехоҳем, зеро имони судманд,ихтиёран ба ғайб бовар кардан аст.
Les exégèses en arabe:
وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٖ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ مُحۡدَثٍ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهُ مُعۡرِضِينَ
5. Барояшон ҳеҷ сухане тоза аз Аллоҳи меҳрубон нозил намешавад, магар он ки аз он бо дилу ҷисмашон рӯй мегардонанд ва онро қабул намекунанд[1795].
[1795] Тафсири Саъдӣ 1\589
Les exégèses en arabe:
فَقَدۡ كَذَّبُواْ فَسَيَأۡتِيهِمۡ أَنۢبَٰٓؤُاْ مَا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
6. Пас ҳамоно Қуръонро дурӯғ бароварданд. Ба зудӣ хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо ҳатман бирасад.
Les exégèses en arabe:
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَمۡ أَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٖ كَرِيمٍ
7. Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ ва фоидаовар дар он рӯёнидаем, ки ҳеҷ кас ба рӯёндани он тавоноӣ надорад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён.
Les exégèses en arabe:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
8. Дар ин нишонаҳо ибратест, вале аксари онҳо мӯъмин набудаанд.
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
9. Ба ростӣ, Парвардигори ту пирӯзманд аст, ки қудрату тавоноӣ бар ҳама дорад ва меҳрубон аст, ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст![1796]
[1796] Тафсири Саъдӣ 1\589
Les exégèses en arabe:
وَإِذۡ نَادَىٰ رَبُّكَ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱئۡتِ ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
10. Ва ба ёд ор эй Расул барои қавмат, ки Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамкор бирав,
Les exégèses en arabe:
قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَۚ أَلَا يَتَّقُونَ
11. қавми Фиръавн ва барояшон бигӯ: Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд?[1797]
[1797] Яъне, аз азоби Аллоҳ наметарсед ва аз куфру гумроҳиатон даст намекашед? Тафсири Саъдӣ 1\589
Les exégèses en arabe:
قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ
12. Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд.
Les exégèses en arabe:
وَيَضِيقُ صَدۡرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرۡسِلۡ إِلَىٰ هَٰرُونَ
13. Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад, пас бародарам Ҳорунро низ пайғамбарӣ деҳ, то маро ёрӣ кунад.
Les exégèses en arabe:
وَلَهُمۡ عَلَيَّ ذَنۢبٞ فَأَخَافُ أَن يَقۡتُلُونِ
14. Ва онҳо бар гардани ман гуноҳе (даъво)[1798] доранд, пас метарсам, ки маро бикушанд».
[1798] Яъне, ба сабаби ман марде аз онҳо кушта шуд.
Les exégèses en arabe:
قَالَ كَلَّاۖ فَٱذۡهَبَا بِـَٔايَٰتِنَآۖ إِنَّا مَعَكُم مُّسۡتَمِعُونَ
15. Аллоҳ таъоло гуфт: Ҳаргиз, туро натавонанд кушт, пас оёти Маро ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии шумо мекунад, ҳарду назди онҳо биравед, Мо низ ба илм ва ҳифз ва нусрати худ бо шумо ҳастем ва мешунавем.
Les exégèses en arabe:
فَأۡتِيَا فِرۡعَوۡنَ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
16. Пас назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули (фиристодаи)Парвардигори ҷаҳониён ҳастем,
Les exégèses en arabe:
أَنۡ أَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
17. ки бани Исроилро бо мо бифиристӣ, то Парвардигорашонро парастиш намоянд.[1799]
[1799] Тафсири Саъдӣ 1\590
Les exégèses en arabe:
قَالَ أَلَمۡ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدٗا وَلَبِثۡتَ فِينَا مِنۡ عُمُرِكَ سِنِينَ
18. Фиръавн ба Мӯсо миннат карда гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ?
Les exégèses en arabe:
وَفَعَلۡتَ فَعۡلَتَكَ ٱلَّتِي فَعَلۡتَ وَأَنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
19. Ва он кори кардаатро, кардӣ? Пас, ту аз носипосонӣ»[1800].
[1800] Мусо алайҳиссалом ҳангоме, ки дар қасри Фираъвн зиндагӣ мекард марди Қибтиеро ба хатогӣ кушт. Тафсири Саъдӣ 1 / 589
Les exégèses en arabe:
قَالَ فَعَلۡتُهَآ إِذٗا وَأَنَا۠ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ
20. Мӯсо гуфт: Он вақт, ки чунон кардам, аз саргаштагон будам. Ва он кор аз рӯи нодонӣ ва иштибоҳ буд, на қасдан.[1801]
[1801] Тафсири Саъдӣ 1\590
Les exégèses en arabe:
فَفَرَرۡتُ مِنكُمۡ لَمَّا خِفۡتُكُمۡ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكۡمٗا وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
21. Ва чун аз шумо тарсидам, ба тарафи Мадян гурехтам. Вале Парвардигори ман ба ман пайғамбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард.
Les exégèses en arabe:
وَتِلۡكَ نِعۡمَةٞ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنۡ عَبَّدتَّ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
22. Ва миннати ин неъматро бар ман мениҳӣ, ҳол он ки бани Исроилро ғуломи худ сохтаӣ?
Les exégèses en arabe:
قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
23. Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист, ки ту даъвои паёмбарӣ мекунӣ?»
Les exégèses en arabe:
قَالَ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ
24. Мӯсо гуфт: «Агар аҳли яқин ҳастед, пас имон оваред, ки Ӯ Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост».
Les exégèses en arabe:
قَالَ لِمَنۡ حَوۡلَهُۥٓ أَلَا تَسۡتَمِعُونَ
25. Фиръавн ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё намешунавед, ки ин мард чӣ мегӯяд?»
Les exégèses en arabe:
قَالَ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ
26. Мӯсо гуфт: Парвардигоре, ки ман шуморо ба сӯи он даъват менамоям, «Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост».
Les exégèses en arabe:
قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ ٱلَّذِيٓ أُرۡسِلَ إِلَيۡكُمۡ لَمَجۡنُونٞ
27. Фиръавн гуфт: «Ба дурустӣ, ки ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст».
Les exégèses en arabe:
قَالَ رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ
28. Мӯсо гуфт: «Ӯст Парвардигори машриқу мағриб ва ҳар чӣ миёни он ду аст, агар оқилона биандешед».
Les exégèses en arabe:
قَالَ لَئِنِ ٱتَّخَذۡتَ إِلَٰهًا غَيۡرِي لَأَجۡعَلَنَّكَ مِنَ ٱلۡمَسۡجُونِينَ
29. Фиръавн ба Мӯсо таҳдид карда гуфт: «Агар ҷуз ман каси дигареро ба маъбудӣ гирӣ, ба зиндонат меафканам».
Les exégèses en arabe:
قَالَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكَ بِشَيۡءٖ مُّبِينٖ
30. Мӯсо гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизаи равшане барои ту оварда бошам, ки далолат кунад бар сиҳатии он чи овардаам, боз ҳам маро зиндонӣ мекунӣ?»[1802]
[1802] Тафсири Саъдӣ 1\590
Les exégèses en arabe:
قَالَ فَأۡتِ بِهِۦٓ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
31. Фиръавн гуфт: «Пас агар аз ростгӯёнӣ онро биёвар».
Les exégèses en arabe:
فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٞ مُّبِينٞ
32. Пас Мӯсо асои худро биандохт, ки ногаҳон вай аждаҳои ошкоро шуд.
Les exégèses en arabe:
وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ
33.Ва дасташро берун овард, ки ногаҳон дар назари бинандагон сафед ва равшан менамуд.
Les exégèses en arabe:
قَالَ لِلۡمَلَإِ حَوۡلَهُۥٓ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٞ
34. Фиръавн аз тарсе, ки қавмаш имон наоранд, ба бузургони қавмаш, ки дар атрофи ӯ буданд, гуфт: «Бегумон ин мард ҷодугари доноест, ки
Les exégèses en arabe:
يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِۦ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ
35.мехоҳад ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Пас маро чӣ мефармоед?»
Les exégèses en arabe:
قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَٱبۡعَثۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ
36. Қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро мӯҳлат бидеҳ ва ҷамъкунандагонро дар шаҳрҳо бифирист,
Les exégèses en arabe:
يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٖ
37. то ҳар ҷодугари моҳир ва доноеро, ки ҳаст, назди ту биёранд».
Les exégèses en arabe:
فَجُمِعَ ٱلسَّحَرَةُ لِمِيقَٰتِ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ
38. Пас ҷодугаронро дар рӯзи муайяне[1803] ба ваъдагоҳ оварданд.
[1803] Ва он рӯз, рӯзи зиннат ва хушию шодӣ буд, ки ҳама ба вақти чоштгоҳ ҳозир шуданд.
Les exégèses en arabe:
وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلۡ أَنتُم مُّجۡتَمِعُونَ
39. Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо низ ҷамъ мешавед?
Les exégèses en arabe:
لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ ٱلسَّحَرَةَ إِن كَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ
40. Агар ҷодугарон ғолиб шаванд, бувад, ки пайравии онҳо кунем ва дар динамон устувор истем!»
Les exégèses en arabe:
فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالُواْ لِفِرۡعَوۡنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ
41. Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо бар Мӯсо пирӯз шавем, барои мо музде ҳаст?»
Les exégèses en arabe:
قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ إِذٗا لَّمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ
42. Фиръавн гуфт: «Оре, ба дурустӣ, ки шумо ҳама аз наздикони ман хоҳед буд».
Les exégèses en arabe:
قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلۡقُواْ مَآ أَنتُم مُّلۡقُونَ
43. Мӯсо барои ботил сохтани ҷодуи онҳо ба онҳо гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳед, аз ҷодуи худ бияфканед!»
Les exégèses en arabe:
فَأَلۡقَوۡاْ حِبَالَهُمۡ وَعِصِيَّهُمۡ وَقَالُواْ بِعِزَّةِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبُونَ
44. Онон ресмонҳову асоҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо албатта ғолибем!»
Les exégèses en arabe:
فَأَلۡقَىٰ مُوسَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ
45. Пас Мӯсо асояшро афканд. Ногоҳ ба сурати аждаҳое гашт ва ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд.
Les exégèses en arabe:
فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ
46. Ҷодугарон ҳақро дида ва донистанд, ки ин аз амалиёти ҷодугарон нест, пас саҷдакунон ба замин афтоданд.
Les exégèses en arabe:
قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
47. Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем,
Les exégèses en arabe:
رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
48. Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!»
Les exégèses en arabe:
قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَ فَلَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَۚ لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٖ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ
49. Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, ба Мӯсо имон овардед? Албатта, ин мард (яъне, Мӯсо) бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Ҳатман азоби маро хоҳед дид. Акнун дастҳову пойҳоятонро аз чапу рост[1804] хоҳам бурид ва албатта ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!»
[1804] Яъне, дасти рост ва пои чапи шуморо хоҳам бурид
Les exégèses en arabe:
قَالُواْ لَا ضَيۡرَۖ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ
50. Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: « Аз он чи ки моро метарсонӣ боке нест, ба дурустӣ, ки мо назди Парвардигорамон бозмегардем.
Les exégèses en arabe:
إِنَّا نَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَٰيَٰنَآ أَن كُنَّآ أَوَّلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
51. Мо умед дорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро аз куфру ҷодугарӣ бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем».
Les exégèses en arabe:
۞ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِيٓ إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ
52. Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки ҳангоми шаб бандагони Маро аз Миср берун бибар, ба дурустӣ, ки аз паи шумо биёянд.
Les exégèses en arabe:
فَأَرۡسَلَ فِرۡعَوۡنُ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ
53. Пас Фиръавн аз берун рафтани онҳо огоҳ гардида гирдоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод.
Les exégèses en arabe:
إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَشِرۡذِمَةٞ قَلِيلُونَ
54. Ва гуфт: ҳароина, ки инҳо (бани Исроил) гурӯҳе андак ва ночиз ҳастанд
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّهُمۡ لَنَا لَغَآئِظُونَ
55. ва инҳо моро ба таҳқиқ, ба хашм овардаанд,
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَٰذِرُونَ
56. ҳароина, ҳамаи мо бояд аз онҳо барҳазар бошем, зеро душмани мо ҳастанд.[1805]
[1805] Тафсири Саъдӣ 1\591
Les exégèses en arabe:
فَأَخۡرَجۡنَٰهُم مِّن جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ
57. Пас онҳоро (Фиръавн ва қавмашро) аз боғҳову чашмасорҳои Миср берун кардем
Les exégèses en arabe:
وَكُنُوزٖ وَمَقَامٖ كَرِيمٖ
58. ва низ аз ганҷҳову хонаҳои некӯ ва қасрҳои бузург берун рондем.
Les exégèses en arabe:
كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
59. Оре инчунин кардем ва бани Исроилро вориси онҳо сохтем.
Les exégèses en arabe:
فَأَتۡبَعُوهُم مُّشۡرِقِينَ
60. Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд.
Les exégèses en arabe:
فَلَمَّا تَرَٰٓءَا ٱلۡجَمۡعَانِ قَالَ أَصۡحَٰبُ مُوسَىٰٓ إِنَّا لَمُدۡرَكُونَ
61. Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Ҳароина, мо дар чанголи фиръавниён гирифтор шудем!»
Les exégèses en arabe:
قَالَ كَلَّآۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهۡدِينِ
62. Мӯсо барояшон гуфт: «ҳаргиз, чунин нест, он чи ки шумо мегӯед Парвардигори ман ҳароина, бо ман аст ва маро роҳнамоӣ хоҳад кард».
Les exégèses en arabe:
فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡبَحۡرَۖ فَٱنفَلَقَ فَكَانَ كُلُّ فِرۡقٖ كَٱلطَّوۡدِ ٱلۡعَظِيمِ
63. Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба баҳр бизан. Баҳр аз ҳам бишикофт ва ба адади қабилаҳои бани Исроил дувоздаҳ роҳ дар он боз шуд ва ҳар бахше монанди кӯҳи бузурге буд.
Les exégèses en arabe:
وَأَزۡلَفۡنَا ثَمَّ ٱلۡأٓخَرِينَ
64. Ва он гурӯҳи дигар (яъне , Фиръавн ва қавмаш)-ро низ ба баҳр расонидем.
Les exégèses en arabe:
وَأَنجَيۡنَا مُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ
65. Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем.
Les exégèses en arabe:
ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ
66. Сипас он дигарро (яъне, Фиръавн ва қавмашро) ғарқ сохтем.
Les exégèses en arabe:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
67. Албатта, дар ин ҳодисаи ғарқ шудани Фиръавн ва қавмаш ибратест, вале аксарашон аз пайравони Фиръавн имон наоварданд!
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
68. Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст![1806]
[1806] Яъне ба иззаташ кофиронро ҳалок сохт ва ба раҳматаш Мӯсо ва ҳамроҳонашро наҷот дод.Тафсири Табарӣ 19\361
Les exégèses en arabe:
وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ إِبۡرَٰهِيمَ
69. Ва эй Расул достони Иброҳимро барояшон (барои кофирон) тиловат кун!
Les exégèses en arabe:
إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا تَعۡبُدُونَ
70. Он гоҳ, ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ чизро мепарастед?»
Les exégèses en arabe:
قَالُواْ نَعۡبُدُ أَصۡنَامٗا فَنَظَلُّ لَهَا عَٰكِفِينَ
71. Гуфтанд: «Бутонеро мепарастем , пас ҳамеша бар ибодаташон қоим ҳастем».
Les exégèses en arabe:
قَالَ هَلۡ يَسۡمَعُونَكُمۡ إِذۡ تَدۡعُونَ
72. Иброҳим гуфт: «Оё вақте онҳоро ба кӯмак мехонед, садоятонро мешунаванд?
Les exégèses en arabe:
أَوۡ يَنفَعُونَكُمۡ أَوۡ يَضُرُّونَ
73. Ё барои шумо фоидае медиҳанд , агар парастиши онҳо кардед ё зиёне мерасонанд, агар тарки парастиши онҳо кардед?»[1807]
[1807] Тафсири Бағавӣ 6\116
Les exégèses en arabe:
قَالُواْ بَلۡ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا كَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ
74. Гуфтанд: «На, балки падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд».
Les exégèses en arabe:
قَالَ أَفَرَءَيۡتُم مَّا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ
75. Иброҳим гуфт: «Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед
Les exégèses en arabe:
أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمُ ٱلۡأَقۡدَمُونَ
76. шумо ва ниёгонатон?
Les exégèses en arabe:
فَإِنَّهُمۡ عَدُوّٞ لِّيٓ إِلَّا رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
77. Пас ба дурустӣ, ки ҳамаи онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст.
Les exégèses en arabe:
ٱلَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهۡدِينِ
78. Ҳамон касе, ки маро биёфарид, сипас Ӯ роҳнамоиям мекунад
Les exégèses en arabe:
وَٱلَّذِي هُوَ يُطۡعِمُنِي وَيَسۡقِينِ
79. ва ҳамон касе, ки ба ман таъом медиҳад ва маро сероб месозад
Les exégèses en arabe:
وَإِذَا مَرِضۡتُ فَهُوَ يَشۡفِينِ
80. ва чун бемор шавам, пас Ӯ маро шифо медиҳад
Les exégèses en arabe:
وَٱلَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحۡيِينِ
81. ва касе, ки маро мемиронад, сипас зинда мекунад
Les exégèses en arabe:
وَٱلَّذِيٓ أَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لِي خَطِيٓـَٔتِي يَوۡمَ ٱلدِّينِ
82. ва касе, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд.
Les exégèses en arabe:
رَبِّ هَبۡ لِي حُكۡمٗا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ
83. Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба зумраи шоистагон дар ҷаннат бипайванд.
Les exégèses en arabe:
وَٱجۡعَل لِّي لِسَانَ صِدۡقٖ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
84. Ва то рӯзи қиёмат барои ман дар миёни ояндагон овозаи нек ва зикри хайр қарор бидеҳ.
Les exégèses en arabe:
وَٱجۡعَلۡنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ ٱلنَّعِيمِ
85. Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ.
Les exégèses en arabe:
وَٱغۡفِرۡ لِأَبِيٓ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ
86. Ва падарамро[1808] биёмурз, ки ҳамоно ӯ аз гумроҳон аст.
[1808] Ин дуъои Иброҳим барои падараш буд, вақте маълум гашт, ки то дами маргаш ба куфру ширкаш давомат мекунад, пас аз ӯ безорӣ ҷуст.
Les exégèses en arabe:
وَلَا تُخۡزِنِي يَوۡمَ يُبۡعَثُونَ
87. Ва дар рӯзи қиёмат ,ки мардум аз қабрҳояшон барои ҳисобу ҷазо бармехезанд маро расво масоз,
Les exégèses en arabe:
يَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالٞ وَلَا بَنُونَ
88. рӯзе, ки на мол фоида медиҳад ва на фарзандон,
Les exégèses en arabe:
إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٖ سَلِيمٖ
89. магар он кас, ки бо қалби салим (холӣ аз ширк, куфр ва нифоқ) ба назди Аллоҳ биёяд!
Les exégèses en arabe:
وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ
90. Ва биҳиштҳоро барои парҳезгорон[1809] наздик оранд.
[1809] Ононе ки аз куфру маъсият дурӣ ҷустанд ва фармонҳои Аллоҳро иҷро намуданд. Тафсири Табарӣ 19\366
Les exégèses en arabe:
وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِلۡغَاوِينَ
91. Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд.
Les exégèses en arabe:
وَقِيلَ لَهُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ
92. Ба онҳо сарзаниш карда гӯянд: «Чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ мепарастидед, куҷоянд?
Les exégèses en arabe:
مِن دُونِ ٱللَّهِ هَلۡ يَنصُرُونَكُمۡ أَوۡ يَنتَصِرُونَ
93. Маъбудҳое, ғайр аз Аллоҳ ёриатон мекунанд дар баробари азоби Аллоҳ ё худ ёрӣ меҷӯянд?»
Les exégèses en arabe:
فَكُبۡكِبُواْ فِيهَا هُمۡ وَٱلۡغَاوُۥنَ
94. Пас онҳо (бутҳо) ва кофиронро сарнагун дар ҷаҳаннам андозанд.
Les exégèses en arabe:
وَجُنُودُ إِبۡلِيسَ أَجۡمَعُونَ
95. Ва низ андохта шавад ҳамаи лашкари Иблисро, ки барои мардум амали бадро зинат медоданд.
Les exégèses en arabe:
قَالُواْ وَهُمۡ فِيهَا يَخۡتَصِمُونَ
96. Онон дар дӯзах бо касоне, ки онҳоро ба залолат бурда буданд ба кашмакаш мепардозанд ва мегӯянд:
Les exégèses en arabe:
تَٱللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ
97. «Ба Аллоҳ савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем,
Les exégèses en arabe:
إِذۡ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
98. он гоҳ, ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем.
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَضَلَّنَآ إِلَّا ٱلۡمُجۡرِمُونَ
99. Ва ба ҷуз ин бадкорон касе моро гумроҳ накард.
Les exégèses en arabe:
فَمَا لَنَا مِن شَٰفِعِينَ
100. Пас акнун моро ҳеҷ шафоаткунандае нест
Les exégèses en arabe:
وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمٖ
101. ва моро дӯсти меҳрубоне нест.
Les exégèses en arabe:
فَلَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةٗ فَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
102. Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем».
Les exégèses en arabe:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
103. Ба таҳқиқ, дар ин (қиссаи Иброҳим) ибратест ва аксари онҳо бо шунидани ин қисса ҳам имон наёварданд.
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
104. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!
Les exégèses en arabe:
كَذَّبَتۡ قَوۡمُ نُوحٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
105. Қавми Нӯҳ ҳамаи паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.
Les exégèses en arabe:
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ
106. Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ намекунед, (яъне, наметарсед)?
Les exégèses en arabe:
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
107. Ба таҳқиқ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам.
Les exégèses en arabe:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
108. Аз Аллоҳ битарсед дар он чи шуморо ба он фармон медиҳад ва ё аз он наҳй мекунад [1810] ва ба ман итоъат кунед.
[1810] Тафсири Саъдӣ 1\594
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
109. Ман аз шумо дар муқобили даъвати худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.
Les exégèses en arabe:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
110. Пас аз Аллоҳ битарсед ва маро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва бо парҳез кардан аз манъкардашудаҳояш итоъат кунед!»
Les exégèses en arabe:
۞ قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لَكَ وَٱتَّبَعَكَ ٱلۡأَرۡذَلُونَ
111. Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки бенавоён (бечизу бемақом) пайрави ту ҳастанд?»
Les exégèses en arabe:
قَالَ وَمَا عِلۡمِي بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
112. Нӯҳ гуфт: "Ман чи медонам онҳо чи кор кардаанд ,вале вазифадор ҳастам, ки онҳоро ба сӯи имон даъват намоям."
Les exégèses en arabe:
إِنۡ حِسَابُهُمۡ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّيۖ لَوۡ تَشۡعُرُونَ
113. Агар бидонед, ҳисобашон ба ҷуз бар Парвардигори ман бар касе нест.
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
114. Ва ман ҳаргиз мӯъминонро ба даъвати худ дур нахоҳам кард.
Les exégèses en arabe:
إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرٞ مُّبِينٞ
115. Ман ба ҷуз бимдиҳандаи ошкоро каси дигар нестам.
Les exégèses en arabe:
قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰنُوحُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمَرۡجُومِينَ
116. Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, агар аз даъвати худ бас накунӣ, албатта сангсор мешавӣ».
Les exégèses en arabe:
قَالَ رَبِّ إِنَّ قَوۡمِي كَذَّبُونِ
117. Нӯҳ дуъо карда гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғгӯ мебароранд.
Les exégèses en arabe:
فَٱفۡتَحۡ بَيۡنِي وَبَيۡنَهُمۡ فَتۡحٗا وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِيَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
118. Пас миёни ману миёни онҳо (қатъӣ) ҳукм кун; ва марову ононро аз мӯъминон, ки ҳамроҳи мананд, наҷот деҳ!».
Les exégèses en arabe:
فَأَنجَيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ
119. Пас ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пуркардашуда аз тамоми навъи махлуқот наҷот додем.
Les exégèses en arabe:
ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا بَعۡدُ ٱلۡبَاقِينَ
120. Ва боқимондаи ононро, ки имон наоварданд, ғарқ кардем.
Les exégèses en arabe:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
121. Албатта, дар ин[1811] нишонаи равшанест ва бештари онҳо бинобар шунидани ин қисса мӯъмин набуданд.
[1811] Яъне, дар наҷот ёфтани Нӯҳ ва пайравонаш ва ҳалок шудани касоне, ки ба ӯ имон наоварданд, далели равшан ва ибрати бузургест барои дигарон.
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
122. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст аз интиқом гирифтани кофирон ва меҳрубон аст бо бандагони мӯъминонаш!
Les exégèses en arabe:
كَذَّبَتۡ عَادٌ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
123. Қавми Од низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.
Les exégèses en arabe:
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ هُودٌ أَلَا تَتَّقُونَ
124. Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё аз Аллоҳ наметарсед ва ибодати ғайри Ӯро тарк намекунед?
Les exégèses en arabe:
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
125. Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам ва шумо инро медонед.[1812]
[1812] Тафсири Саъдӣ 1\595
Les exégèses en arabe:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
126. Аз Аллоҳ битарсед ва он чиро ки аз назди Аллоҳ овардаам, итоъат кунед.
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
127. Ман аз шумо барои таблиғи рисолат ҳеҷ музде талаб намекунам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.
Les exégèses en arabe:
أَتَبۡنُونَ بِكُلِّ رِيعٍ ءَايَةٗ تَعۡبَثُونَ
128. Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ нишонае аз рӯи ҳаво ҳавас месозед?
Les exégèses en arabe:
وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمۡ تَخۡلُدُونَ
129. Ва қасрҳои маҳкам ва устувор бино мекунед, гуё ки дар дунё ҷовидон мемонед?
Les exégèses en arabe:
وَإِذَا بَطَشۡتُم بَطَشۡتُمۡ جَبَّارِينَ
130. Ва чун интиқом гиред, ба монанди золимон бераҳмона интиқом мегиред?
Les exégèses en arabe:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
131. Пас аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям итоъат кунед.
Les exégèses en arabe:
وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِيٓ أَمَدَّكُم بِمَا تَعۡلَمُونَ
132. Ва битарсед аз он Аллоҳе, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст.
Les exégèses en arabe:
أَمَدَّكُم بِأَنۡعَٰمٖ وَبَنِينَ
133. Ва ба шумо чорпоёну фарзандон арзонӣ доштааст
Les exégèses en arabe:
وَجَنَّٰتٖ وَعُيُونٍ
134. ва низ боғҳову чашмасорон арзонӣ доштааст.
Les exégèses en arabe:
إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ
135. Ҳуд алайҳиссалом гуфт: Ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо метарсам, ки ба сабаби имон наоварданатон бар шумо азоб фуруд ояд[1813].
[1813] Тафсири ибни Касир 6\153
Les exégèses en arabe:
قَالُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَوَعَظۡتَ أَمۡ لَمۡ تَكُن مِّنَ ٱلۡوَٰعِظِينَ
136. Гуфтанд: «Барои мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ ҳаргиз имон намеорем.
Les exégèses en arabe:
إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا خُلُقُ ٱلۡأَوَّلِينَ
137. Гуфтанд: Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён чизи дигаре нест.
Les exégèses en arabe:
وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ
138. Ва мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд».
Les exégèses en arabe:
فَكَذَّبُوهُ فَأَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
139. Пас ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд, пас Мо ононро ҳалок кардем. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд!
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
140. Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст ба нобуд сохтани кофирон ва меҳрубон аст ба мӯъминон !
Les exégèses en arabe:
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
141. Қавми Самудпаёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.[1814]
[1814]Яъне Солеҳ ва дигар паёмбарон алайҳиму ссаломро.
Les exégèses en arabe:
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ صَٰلِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ
142. Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед ва танҳо Ӯро парастиш намекунед?
Les exégèses en arabe:
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
143. Ҳароина, ман дар таблиғи рисолати Аллоҳ барои шумо паёмбари амин ҳастам.
Les exégèses en arabe:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
144. Аз иқоби Аллоҳ битарсед ва он чиро ки ман ба шумо овардаам итоъат кунед!
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
145. Ман аз шумо барои таблиғи рисолат музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!
Les exégèses en arabe:
أَتُتۡرَكُونَ فِي مَا هَٰهُنَآ ءَامِنِينَ
146. Оё мепиндоред, ки шумо дар ин неъматҳои ин ҷо эмин гузошта хоҳед шуд?
Les exégèses en arabe:
فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ
147. Дар ин боғҳову чашмасорҳо?
Les exégèses en arabe:
وَزُرُوعٖ وَنَخۡلٖ طَلۡعُهَا هَضِيمٞ
148. Ва дар ин киштзорҳову хурмозорҳо бо он шукуфаҳои нарму латиф?
Les exégèses en arabe:
وَتَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتٗا فَٰرِهِينَ
149. Ва сармастии шумо ба ҳадде расидааст, ки моҳирона дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед?
Les exégèses en arabe:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
150. Пас аз азоби Аллоҳ битарсед ва ба насиҳати ман итоъат кунед!
Les exégèses en arabe:
وَلَا تُطِيعُوٓاْ أَمۡرَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ
151. Ва фармони ин исрофкоронро мапазиред,
Les exégèses en arabe:
ٱلَّذِينَ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ
152. Онҳоеро, ки дар замин ба ҷои ислоҳ фасод мекунанд.
Les exégèses en arabe:
قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ
153. Самудиён ба паёмбарашон Солеҳ гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.
Les exégèses en arabe:
مَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا فَأۡتِ بِـَٔايَةٍ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
154. Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар».
Les exégèses en arabe:
قَالَ هَٰذِهِۦ نَاقَةٞ لَّهَا شِرۡبٞ وَلَكُمۡ شِرۡبُ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ
155. Солеҳ гуфт: «Ин модашутуре аст, ки як навбат об хӯрдан барои вай аст ва навбати рӯзи муайян барои шумо.
Les exégèses en arabe:
وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَظِيمٖ
156. Ба он камтарин озоре нарасонед, ки азоби рӯзи бузург ба саратон меояд».
Les exégèses en arabe:
فَعَقَرُوهَا فَأَصۡبَحُواْ نَٰدِمِينَ
157. Пас онро куштанд ва пушаймон шуданд, вале пушаймонӣ барояшон фоиде набахшид.
Les exégèses en arabe:
فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
158. Пас азоби Аллоҳ онҳоро фурӯ гирифт. Албатта, дар ин ҳалок шудани Самудиён ибратест ва бисёрии онҳо имон наёварданд
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
159. Ва албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст ба ононе, ки имон оварданд!
Les exégèses en arabe:
كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
160. Қавми Лут низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.
Les exégèses en arabe:
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ
161. Он гоҳ, бародарашон Лут ба онҳо гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед?
Les exégèses en arabe:
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
162. Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам.
Les exégèses en arabe:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
163. Аз имон наоварданатон аз Аллоҳ битарсед ва ба он чизе ки шуморо даъват мекунам, маро итоъат кунед!
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
164. Ман аз шумо дар баробари таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!
Les exégèses en arabe:
أَتَأۡتُونَ ٱلذُّكۡرَانَ مِنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ
165. Оё ба қасди қазои шаҳват аз миёни аҳли олам ба сӯи мардон меравед ?
Les exégèses en arabe:
وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ عَادُونَ
166. Вале ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон барои шумо ҳалолу покиза офаридааст, тарк мекунед? Балки, шумо мардуми таҷовузкор ҳастед!»
Les exégèses en arabe:
قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰلُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُخۡرَجِينَ
167. Қавми Лут гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, ҳатман, аз шаҳр берунат мекунем».
Les exégèses en arabe:
قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ ٱلۡقَالِينَ
168. Лут барояшон гуфт: "Ба дурустӣ, ки ман душмани ашадии амали шумо ҳастам"
Les exégèses en arabe:
رَبِّ نَجِّنِي وَأَهۡلِي مِمَّا يَعۡمَلُونَ
169. Баъд аз он Лут дуъо карда гуфт: Эй Парвардигори ман, маро ва аҳламро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бидеҳ!»
Les exégèses en arabe:
فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ
170. Пас ӯ ва ҳамаи аҳлашро наҷот додем,
Les exégèses en arabe:
إِلَّا عَجُوزٗا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ
171. ғайри пиразане[1815], ки хост бимонад.
[1815] Ва ӯ ҳамсари Лут буд, ки имон наёварда буд
Les exégèses en arabe:
ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ
172. Сипас дигаронро , ки аз аҳли куффор буданд ба сахттарин азоб ҳалок кардем,
Les exégèses en arabe:
وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ
173. Бар онҳо бороне аз санг боронидем ва чӣ бад буд борони бимдодашудагон!
Les exégèses en arabe:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
174. Ҳароина, дар ин азоби фурӯд омада бар қави Лут ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд.
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
175. Ва ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар кофирон ва меҳрубон аст ба мӯъминон!
Les exégèses en arabe:
كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
176. Мардуми Айка[1816] (қавми Шуъайб) паёмбарони Аллоҳро дурӯғгӯ бароварданд.
[1816] Соҳибони боғҳои сердарахт ва онҳо аҳолии Мадян буданд
Les exégèses en arabe:
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ شُعَيۡبٌ أَلَا تَتَّقُونَ
177. Он гоҳ, ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё бар ширк ва маъсият оварданатон аз иқоби Аллоҳ наметарсед?
Les exégèses en arabe:
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
178. Ҳароина, ман барои ҳидояти шумо паёмбари амин ҳастам.
Les exégèses en arabe:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
179. Аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям, маро итоъат кунед!
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
180. Ман аз шумо барои таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.
Les exégèses en arabe:
۞ أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ
181. Шуъайб барояшон гуфт: Паймонаро тамом бипардозед ва аз зумраи зиёндиҳандагон мабошед.
Les exégèses en arabe:
وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ
182. Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед.
Les exégèses en arabe:
وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ
183. Ба мардум ашёашонро кам мадиҳед ва дар замин ба фасод макӯшед.
Les exégèses en arabe:
وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلۡجِبِلَّةَ ٱلۡأَوَّلِينَ
184. Аз он Кас, ки шумо ва халоиқи пеш аз шуморо офаридааст, битарсед».
Les exégèses en arabe:
قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ
185. Гуфтанд: Эй Шуъайб ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ
186. Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки ҳамоно ту дурӯғ мегӯӣ.
Les exégèses en arabe:
فَأَسۡقِطۡ عَلَيۡنَا كِسَفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
187. Агар рост мегӯӣ, пас Аллоҳатро дуъо кун, ки пораи азобе аз осмон бар сари мо афтад, то нобуд созад моро.
Les exégèses en arabe:
قَالَ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ
188. Шуъайб гуфт: «Парвардигори ман ба ҳар коре, ки мекунед, донотар аст».
Les exégèses en arabe:
فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمِ ٱلظُّلَّةِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ
189. Пас ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд ва гармии сахт онҳоро фаро гирифт ва зери сояи абр қарор гирифтанд ва дар он рӯзи абрнок азоб ононро фурӯ гирифт. Ҳамоно он, азоби рӯзи бузург буд![1817]
[1817] Тафсири Бағавӣ 6\128
Les exégèses en arabe:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
190. Албатта, дар ин азобе, ки бар онҳо фуруд омад ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд.
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
191. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст, ба бандагони яктопарасташ.
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
192. Ва ҳароина, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
Les exégèses en arabe:
نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ
193. Онро Рӯҳуламин[1818] нозил кардааст.
[1818] Ҷибраил алайҳиссалом аст; фариштаи гиромиқадр ва бузургест, ки ваҳйи Аллоҳро ба паёмбарон мерасонад
Les exégèses en arabe:
عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ
194. Бар дили ту эй Муҳаммад, то аз бимдиҳандагон бошӣ ва ба василаи он мардумро ҳидоят намоӣ,
Les exégèses en arabe:
بِلِسَانٍ عَرَبِيّٖ مُّبِينٖ
195. ба забони арабии равшан, ки беҳтарини забонҳост.[1819]
[1819] Тафсири Саъдӣ 1\597
Les exégèses en arabe:
وَإِنَّهُۥ لَفِي زُبُرِ ٱلۡأَوَّلِينَ
196. Ва ҳароина, зикри Қуръон дар китобҳои паёмбарони пешиниён низ ҳаст.
Les exégèses en arabe:
أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
197. Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки ту эй Муҳаммад паёмбари барҳаққӣ, ҳол он ки уламои бани Исроил аз он огоҳанд?[1820]
[1820] Тафсири Бағавӣ 6\129
Les exégèses en arabe:
وَلَوۡ نَزَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ بَعۡضِ ٱلۡأَعۡجَمِينَ
198. Ва агар он Қуръонро бар яке аз аҷамиён ( ғайри арабҳо) нозил карда будем
Les exégèses en arabe:
فَقَرَأَهُۥ عَلَيۡهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ مُؤۡمِنِينَ
199. ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд.
Les exégèses en arabe:
كَذَٰلِكَ سَلَكۡنَٰهُ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
200. Ба ин сон инкор кардани Қуръонро дар дилҳои гунаҳгорон роҳ додем.
Les exégèses en arabe:
لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ
201. Ба хотири зулмашон ба он имон намеоваранд, то азоби дарднокро бо чашми худ бингаранд.
Les exégèses en arabe:
فَيَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ
202. Ва дар дунё он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд.
Les exégèses en arabe:
فَيَقُولُواْ هَلۡ نَحۡنُ مُنظَرُونَ
203. Пас азобро мушоҳида карда мегӯянд: «Оё ба мо мӯҳлате дода хоҳад шуд?»[1821]
[1821] То аз шарик овардан ба Аллоҳ тавба кунем.Тафсири ибни Касир 6\164
Les exégèses en arabe:
أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ
204. Оё онҳоро муҳлат додани Ман мағрур кардааст, ки барои фуруд омадани азоби Мо мешитобанд?
Les exégèses en arabe:
أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ
205. Магар намедонӣ, ки солҳо баҳрамандашон созем,
Les exégèses en arabe:
ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ
206. сипас азобе, ки ба онҳо ваъда дода мешавад, бар сари онҳо биёяд.
Les exégèses en arabe:
مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يُمَتَّعُونَ
207. Вақте, ки аз шарик оварданашон тавба накарданд он баҳрамандиҳояшон дар ҳаёти дунё фоидае барои онҳо нахоҳад дошт.[1822]
[1822] Тафсири Табарӣ 19\402
Les exégèses en arabe:
وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ
208. Ва Мо аҳли ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар ки барояшон бимдиҳандагоне буданд,
Les exégèses en arabe:
ذِكۡرَىٰ وَمَا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
209. то пандашон диҳанд ва мардумро аз кори бад нигоҳ доранд. Ва Мо ситамкор набудем, ки онҳоро пеш аз бим додан нобуд созем.[1823]
[1823] Тафсири Саъдӣ 1\598
Les exégèses en arabe:
وَمَا تَنَزَّلَتۡ بِهِ ٱلشَّيَٰطِينُ
210. Ва ин Қуръонро шайтонҳо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил накардаанд, чунон ки кофирон гумон мебаранд.
Les exégèses en arabe:
وَمَا يَنۢبَغِي لَهُمۡ وَمَا يَسۡتَطِيعُونَ
211. Онон на лоиқи ин коранд ва на тавоноии он доранд.
Les exégèses en arabe:
إِنَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّمۡعِ لَمَعۡزُولُونَ
212. Ҳароина, шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд.
Les exégèses en arabe:
فَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُعَذَّبِينَ
213. Пас ба Аллоҳи якто маъбуди дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дароӣ.
Les exégèses en arabe:
وَأَنذِرۡ عَشِيرَتَكَ ٱلۡأَقۡرَبِينَ
214. Эй Паёмбар хешовандони наздикатро битарсон, то ба сабаби куфрашон азоб бар онҳо фуруд наояд.[1824]
[1824] Тафсири Табарӣ 19\404
Les exégèses en arabe:
وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِمَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
215. Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунад, хоксор бош.
Les exégèses en arabe:
فَإِنۡ عَصَوۡكَ فَقُلۡ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ
216. Ва агар бар ту нофармонӣ карданд, бигӯ: «Ҳароина, ман аз корҳои ширки шумо безорам!»
Les exégèses en arabe:
وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ
217. Ва бар Аллоҳи пирӯзманду меҳрубон таваккал кун.
Les exégèses en arabe:
ٱلَّذِي يَرَىٰكَ حِينَ تَقُومُ
218. Ҳамоно касе, ки туро ба ҳангоме ки барои ибодат дар торикии шаб бармехезӣ мебинад,
Les exégèses en arabe:
وَتَقَلُّبَكَ فِي ٱلسَّٰجِدِينَ
219. ва нишастану бархостани туро[1825] дар миёни саҷдакунандагон мебинад.
[1825] Вақте ки ба рукуъ ва саҷда меравӣ
Les exégèses en arabe:
إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
220. Албатта, Ӯ шунаво аст ба тиловати ту ва доно аст , ба нияту амали ту!
Les exégèses en arabe:
هَلۡ أُنَبِّئُكُمۡ عَلَىٰ مَن تَنَزَّلُ ٱلشَّيَٰطِينُ
221. Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд?
Les exégèses en arabe:
تَنَزَّلُ عَلَىٰ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٖ
222. Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд,
Les exégèses en arabe:
يُلۡقُونَ ٱلسَّمۡعَ وَأَكۡثَرُهُمۡ كَٰذِبُونَ
223. ва шунидаҳои худро, ки аз осмон дуздиданд ба дурӯғгӯён мепартоянд ва аксари онҳо дурӯғгӯёнанд.
Les exégèses en arabe:
وَٱلشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ ٱلۡغَاوُۥنَ
224. Ва шоирон касоне ҳастанд, ки гумроҳон аз паи онҳо мераванд.
Les exégèses en arabe:
أَلَمۡ تَرَ أَنَّهُمۡ فِي كُلِّ وَادٖ يَهِيمُونَ
225. Оё гумроҳии онҳоро надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие (аз водиҳои шеър)[1826] саргардонанд?
[1826] Яъне баъзеҳоро таъна мезананд ва баъзе дигарро таъриф мекунанд, ё номуси касеро олуда мекунанд....
Les exégèses en arabe:
وَأَنَّهُمۡ يَقُولُونَ مَا لَا يَفۡعَلُونَ
226. Ва сифати шоирон ин аст, ки чизҳое мегӯянд, ки худ амал намекунанд?
Les exégèses en arabe:
إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَذَكَرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱنتَصَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْۗ وَسَيَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَيَّ مُنقَلَبٖ يَنقَلِبُونَ
227. Магар он шоироне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Аллоҳро бисёр ёд карданд ва дар васфи ягонагии Аллоҳ ва дифоъ аз паёмбари Аллоҳ шеърҳо гуфтанд, ки мардумро ба ёди Аллоҳ меандозад ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, бо василаи шеъри худ аз мушрикону кофирон интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд.[1827]
[1827] Тафсири Саъдӣ 1\599
Les exégèses en arabe:
 
Traduction des sens Sourate: ACH-CHOU’ARÂ’
Lexique des sourates Numéro de la page
 
Traduction des sens du Noble Coran - Traduction en tadjik - Khawja Mirov Khawja Mîr - Lexique des traductions

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

Fermeture