قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى * - تەرجىمىلەر مۇندەرىجىسى


مەنالار تەرجىمىسى سۈرە: سۈرە ھەشر   ئايەت:

Сураи Ҳашр (Рондан)

سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
1. Аллоҳро ба покӣ ёд кард ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Ва Ӯст пирӯзманд дар мулкаш ва ҳаким аст дар андоза, тадбир ва санъаташ, ки ашёро дар мавзеъи муносиби онҳо қарор медиҳад![2848]
[2848] Тафсири Табарӣ 23\259
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَخۡرَجَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ مِن دِيَٰرِهِمۡ لِأَوَّلِ ٱلۡحَشۡرِۚ مَا ظَنَنتُمۡ أَن يَخۡرُجُواْۖ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُم مَّانِعَتُهُمۡ حُصُونُهُم مِّنَ ٱللَّهِ فَأَتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِنۡ حَيۡثُ لَمۡ يَحۡتَسِبُواْۖ وَقَذَفَ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلرُّعۡبَۚ يُخۡرِبُونَ بُيُوتَهُم بِأَيۡدِيهِمۡ وَأَيۡدِي ٱلۡمُؤۡمِنِينَ فَٱعۡتَبِرُواْ يَٰٓأُوْلِي ٱلۡأَبۡصَٰرِ
2. Ӯст он Аллоҳе, ки дар нахустин гирдиҳамоӣ (аз ҷазираи Араб ба сарзамини Шом) кофирони аҳли китобро, ки (онҳо яҳудони бани Назир буданд), аз хонаҳояшон берун ронд ва шумо (эй мусалмонон) гумон намебурдед, ки бо ин қуввату тавоноиашон хору залил шуда берун раванд. Ва онҳо гумон бурданд, ки қалъаҳояшон боздорандаи онҳо ҳаст, аз азоби Аллоҳ. Пас Аллоҳ аз сӯе омад, ки гумонашро намекарданд, (яъне, бар онҳо азоб овард) ва дар дилашон тарс афканд, чунон ки хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти мӯъминон вайрон мекарданд. Пас, эй соҳибхирадмандон ибрат бигиред аз он чи ба онҳо рух дод![2849]
[2849] Тафсири Саъдӣ 1\848
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَلَوۡلَآ أَن كَتَبَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡجَلَآءَ لَعَذَّبَهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابُ ٱلنَّارِ
3. Ва агар Аллоҳ тарки диёрро бар онҳо муқаррар накарда буд, дар дунё ба азоби қатл ва асирӣ гирифторашон мекард ва барояшон дар охират азоби оташи дӯзах аст.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ شَآقُّواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥۖ وَمَن يُشَآقِّ ٱللَّهَ فَإِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
4. Ин мусибате, ки дар дунё ба яҳудиҳо расид ва он чи дар охират мунтазир мешаванд, ба ҷазои он буд, ки бо Аллоҳу паёмбараш душманӣ карданд ва ҳар кӣ бо Аллоҳ душманӣ меварзад, бидонад, ки албатта, Аллоҳ сахт азобкунандааст![2850]
[2850] Тафсири Саъдӣ 1\850
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
مَا قَطَعۡتُم مِّن لِّينَةٍ أَوۡ تَرَكۡتُمُوهَا قَآئِمَةً عَلَىٰٓ أُصُولِهَا فَبِإِذۡنِ ٱللَّهِ وَلِيُخۡزِيَ ٱلۡفَٰسِقِينَ
5. Ҳар дарахти хурмоеро, ки буридед (эй мӯъминон) ё онро бар решааш боқӣ гузоридед, ба фармони Аллоҳ буд, то фосиқон[2851] хор гарданд, (яъне, хор шуданашон ин буд, ки шуморо бар онҳо ҳукмрон кард, то дарахтонашонро қатъ кунед ва бисӯзонед)[2852].
[2851] Яъне, онон, ки аз тоъати Аллоҳ берун рафтаанд ва зидди амру наҳяш баромадаанд
[2852]Тафсири Саъдӣ 1\850
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَمَآ أَفَآءَ ٱللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ مِنۡهُمۡ فَمَآ أَوۡجَفۡتُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ خَيۡلٖ وَلَا رِكَابٖ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يُسَلِّطُ رُسُلَهُۥ عَلَىٰ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
6. Ва он чӣ Аллоҳ аз молҳои яҳудиҳои бани Назир ба паёмбари худ бозгардонда ва бахшидааст, пас бар он (амвол) на аспе тохтаед ва на шутуре[2853] ва лекин Аллоҳ паёмбаронашро бар ҳар касе, ки аз душманонаш бихоҳад, ғолиб мегардонад, пас душманон барояшон бе ҳеҷ ҷанг таслим мешаванд ва Аллоҳ бар ҳар чизе қодир аст ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон карда наметавонад![2854]
[2853]Яъне, барои ба даст даровардани он молҳо ранҷ накашидаед.
[2854] Тафсири Табарӣ 23\275
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
مَّآ أَفَآءَ ٱللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡقُرَىٰ فَلِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِ كَيۡ لَا يَكُونَ دُولَةَۢ بَيۡنَ ٱلۡأَغۡنِيَآءِ مِنكُمۡۚ وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَٱنتَهُواْۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
7. Он ғанимате, ки Аллоҳ аз молҳои мушрикони мардуми деҳаҳо бе ранҷу заҳмат насиби паёмбараш кардааст, пас он молҳо аз они Аллоҳ аст ва аз они паёмбар ва аз они хешовандони паёмбар ва низ барои ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ мондааст, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, онро бигиред ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, аз он бозистед. Ва аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки ҳароина, Аллоҳ азоби сахте дорад барои онон, ки Ӯро нофармонбардорӣ кардаанд ва дар амру наҳйи Ӯ зид баромадаанд![2855]
[2855] Тафсири Табарӣ 23 \280 Асли ин оят далолат бар он мекунад, ки амал кардан ба суннат дар гуфтор ё кирдор ё эътиқод аз воҷиботи суннат аст.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
لِلۡفُقَرَآءِ ٱلۡمُهَٰجِرِينَ ٱلَّذِينَ أُخۡرِجُواْ مِن دِيَٰرِهِمۡ وَأَمۡوَٰلِهِمۡ يَبۡتَغُونَ فَضۡلٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٗا وَيَنصُرُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ
8. Низ ғаниматҳо барои фақирони муҳоҷире, ки аз диёр ва амволи худ аз Макка берун ронда шудаанд ва онҳо бо ризқу рӯзӣ ёфтан дар дунё ва касби ризои ҳақ дар охират фазлу хушнудии Аллоҳро металабанд ва дини Аллоҳ ва паёмбарашро ёрӣ мекунанд, инҳо ростгӯёнанд, ки сухани хешро бо амал рост гардонидаанд![2856]
[2856]Тафсири Табарӣ 23 \281
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَٱلَّذِينَ تَبَوَّءُو ٱلدَّارَ وَٱلۡإِيمَٰنَ مِن قَبۡلِهِمۡ يُحِبُّونَ مَنۡ هَاجَرَ إِلَيۡهِمۡ وَلَا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمۡ حَاجَةٗ مِّمَّآ أُوتُواْ وَيُؤۡثِرُونَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ وَلَوۡ كَانَ بِهِمۡ خَصَاصَةٞۚ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفۡسِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
9. Ва касоне[2857], ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ дар Мадина ҷой гирифтанд ва низ имон оварда буданд, касонеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд ва дар амволу ҷойҳои худ онҳоро шарик месозанд. Ва аз он чӣ дода шудааст аз ғаниматҳо дар дилҳои худ ба муҳоҷирон эҳсоси ҳасад ва ниёзмандӣ намекунанд ва онҳоро (яъне, муҳоҷирон ва ниёзмандонро) бар худ муқаддам медоранд, ҳар чанд худ (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва касоне, ки аз ҳирсу бухли хеш дар амон монда бошанд, пас он гурӯҳ растагоронанд[2858]!
[2857]Яъне, ансориҳо
[2858]Тафсири ибни Касир 8\71
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَٱلَّذِينَ جَآءُو مِنۢ بَعۡدِهِمۡ يَقُولُونَ رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا وَلِإِخۡوَٰنِنَا ٱلَّذِينَ سَبَقُونَا بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَا تَجۡعَلۡ فِي قُلُوبِنَا غِلّٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ رَبَّنَآ إِنَّكَ رَءُوفٞ رَّحِيمٌ
10. Ва касоне, ки аз паси онҳо (муҳоҷиру ансор) омадаанд, мегӯянд: «Эй парвардигори мо, гуноҳони мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва дар дилҳои мо нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, ҳеҷ кинае қарор надеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳароина, ту бо бандагони худ мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
۞ أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ نَافَقُواْ يَقُولُونَ لِإِخۡوَٰنِهِمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَئِنۡ أُخۡرِجۡتُمۡ لَنَخۡرُجَنَّ مَعَكُمۡ وَلَا نُطِيعُ فِيكُمۡ أَحَدًا أَبَدٗا وَإِن قُوتِلۡتُمۡ لَنَنصُرَنَّكُمۡ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ
11. Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба бародарони аҳли китобашон, аз бани Назир, ки куфр варзидаанд, мегуфтанд: «Агар шуморо Муҳаммад ва асҳобаш аз манзилҳоятон бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ҳаргиз сухани касеро дар мавриди шумо итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ҳатман, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳароина, мунофиқон дурӯғгӯ ҳастанд дар он чи ки ба яҳудиёни бани Назир ваъда додаанд.[2859]
[2859] Тафсири Бағавӣ 8\80
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
لَئِنۡ أُخۡرِجُواْ لَا يَخۡرُجُونَ مَعَهُمۡ وَلَئِن قُوتِلُواْ لَا يَنصُرُونَهُمۡ وَلَئِن نَّصَرُوهُمۡ لَيُوَلُّنَّ ٱلۡأَدۡبَٰرَ ثُمَّ لَا يُنصَرُونَ
12. Агар яҳудиён аз Мадина бадарға шаванд, мунофиқон бо онҳо берун намераванд. Ва агар ба онҳо ҷанг шавад, онҳоро ёрӣ намекунанд ва агар ҳам ба ёриашон бархезанд, ҳатман пушт ба майдон карда фирор мекунанд. Сипас яҳудиён ёрӣ дода намешаванд, балки Аллоҳ хору залилашон мегардонад[2860].
[2860] Тафсири Бағавӣ 8\81
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
لَأَنتُمۡ أَشَدُّ رَهۡبَةٗ فِي صُدُورِهِم مِّنَ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَوۡمٞ لَّا يَفۡقَهُونَ
13. Бешак, хавф аз шумо (эй мӯъминон) дар дилҳояшон бештар аз тарси Аллоҳ аст. Зеро онҳо мардуме ҳастанд, ки бузургии Аллоҳро намефаҳманд ва аз азобаш наметарсанд.[2861]
[2861] Тафсири Табарӣ 23\291
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
لَا يُقَٰتِلُونَكُمۡ جَمِيعًا إِلَّا فِي قُرٗى مُّحَصَّنَةٍ أَوۡ مِن وَرَآءِ جُدُرِۭۚ بَأۡسُهُم بَيۡنَهُمۡ شَدِيدٞۚ تَحۡسَبُهُمۡ جَمِيعٗا وَقُلُوبُهُمۡ شَتَّىٰۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَوۡمٞ لَّا يَعۡقِلُونَ
14. Яҳудиён ҳамагӣ бо шумо ҷанг намекунанд, магар дар деҳаҳое, ки қалъа дошта бошад ё аз паси девор. Онҳо сахт бо якдигар душмананд, ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ ва ҳол он ки дилҳояшон аз ҳам ҷудо аст. Ин ба он сабаб аст, ки ҳароина, онҳо мардуми бехираданд ва дар оёти Аллоҳ намеандешанд.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
كَمَثَلِ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ قَرِيبٗاۖ ذَاقُواْ وَبَالَ أَمۡرِهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
15. Саргузашти яҳудиён монанди саргузашти онҳоест,[2862] ки чанде пеш дар ҷанги Бадр оқибати гуноҳи хешро чашиданд ва дар охират ба азоби дардовар низ гирифтор хоҳанд шуд.
[2862]Монанди кофирони Қурайш ва яҳудони бани Қайнуқоъ
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
كَمَثَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِ إِذۡ قَالَ لِلۡإِنسَٰنِ ٱكۡفُرۡ فَلَمَّا كَفَرَ قَالَ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّنكَ إِنِّيٓ أَخَافُ ٱللَّهَ رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
16. Саргузашти мунофиқон бо яҳудиён дар бевафоӣ[2863] монанди саргузашти шайтон бо инсон аст, ки куфрро дар нигоҳи вай ороста ва ба он даъват намудааст, чун ба одамӣ гуфт: «Кофир шав!» Чун кофир шуд, (шайтон) гуфт: «Ҳароина, ман аз ту безорам. Албатта, ман аз Аллоҳ Парвардигори ҷаҳониён метарсам!»[2864]
[2863] Яъне, мунофиқон яҳудиёнро бар ҷанги Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барангехтанд ва онҳоро ба ғалаба ваъда доданд, вале дар аҳди худ нопойдорӣ карданд.
[2864]Тафсири ибни Касир 8\75
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
فَكَانَ عَٰقِبَتَهُمَآ أَنَّهُمَا فِي ٱلنَّارِ خَٰلِدَيۡنِ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ جَزَٰٓؤُاْ ٱلظَّٰلِمِينَ
17. Пас оқибати кори ҳар дуи онҳо (яъне, шайтон ва инсони кофир) он шуд, ки ҳарду ба оташ афтанд ва ҷовидона дар он бошанд. Ва ин аст ҷазои ситамкорон!
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلۡتَنظُرۡ نَفۡسٞ مَّا قَدَّمَتۡ لِغَدٖۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
18. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш, битарсед. Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо рӯзи қиёмат чӣ фиристодааст. Аз Аллоҳ битарсед, дар ҳар фармудаҳо ва манъкардаҳояш, ки ҳароина, Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе аз аъмоли шумо бар Вай пӯшида нест! [2865]
[2865]Тафсири Табарӣ 23\299
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَلَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ نَسُواْ ٱللَّهَ فَأَنسَىٰهُمۡ أَنفُسَهُمۡۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ
19. Ва эй мӯъминон, аз он касоне мабошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд ва фармонҳояшро тарк карданд ва Аллоҳ низ чунон кард, ки насибаи неки худро, ки аз азоби рӯзи қиёмат наҷоташон медод, фаромӯш кунанд. Онҳо фосиқонанд. (яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунрафтагонанд)[2866]
[2866]Тафсири ибни Касир 8\77
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
لَا يَسۡتَوِيٓ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِ وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۚ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ
20. Аҳли дӯзах ва аҳли биҳишт дар мартабаи худ бо ҳам баробар нестанд. Аҳли биҳишт худ комёбшудагонанд ва аз ҳама нохушиҳо наҷотёфтагонанд[2867].
[2867] Тафсири Табарӣ 23\300
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
لَوۡ أَنزَلۡنَا هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ عَلَىٰ جَبَلٖ لَّرَأَيۡتَهُۥ خَٰشِعٗا مُّتَصَدِّعٗا مِّنۡ خَشۡيَةِ ٱللَّهِۚ وَتِلۡكَ ٱلۡأَمۡثَٰلُ نَضۡرِبُهَا لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ
21. Агар ин Қуръонро бар кӯҳе аз кӯҳҳо нозил мекардем, аз ваъдаву ваъидҳое, ки дар он Қуръон аст, кӯҳ бо сахтӣ ва маҳкамиаш аз хавфи Аллоҳ онро хоксор ва аз ҳам пошида медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд дар қудрати Аллоҳ ва бузургиаш биандешанд.[2868]
[2868] Тафсири Бағавӣ 8\87
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِۖ هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ
22. Ӯст Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ӯ нест. Донои ниҳону ошкор, медонад он чи ғоибу ҳозир аст ва ба аҳли имон бахшояндаву меҳрубон аст!
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡقُدُّوسُ ٱلسَّلَٰمُ ٱلۡمُؤۡمِنُ ٱلۡمُهَيۡمِنُ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡجَبَّارُ ٱلۡمُتَكَبِّرُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
23. Ӯст Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ӯ нест, подшоҳи ҷамиъи ашёҳо аст, ниҳоят пок аст, саломат аст (аз ҳар айбу нуқс), эминибахш аст, ки паёмбаронашро ба воситаи мӯъҷизоти равшан тасдиқ менамояд, нигаҳбон аст, бар ҳамаи аъмоли халқаш, пирӯзманд аст, ки ҳаргиз мағлуб намешавад, ҷаббор аст, ки ғалабаи Ӯро касе тоб оварда наметавонад ва ҳамаи офаридаҳо дар баробари Ӯ фурӯтананд, бузургвор аст, ки дорои кибриё ва азамат аст. Пок аст Аллоҳ аз он чи мушрикон барои Ӯ дар ибодат ва сифот ва офариниши Ӯ шарик қарор медиҳанд![2869]
[2869] Тафсири Саъдӣ 1\854
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
هُوَ ٱللَّهُ ٱلۡخَٰلِقُ ٱلۡبَارِئُ ٱلۡمُصَوِّرُۖ لَهُ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ يُسَبِّحُ لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
24. Ӯст Аллоҳе, ки офаридгори ҳамаи махлуқот аст, эҷодкунандаи ҳамаи ашё аст ва суратбахш аст, чи гуна хоҳад тасвир мекунад барои Ӯ номҳои некӯ аст. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳгӯйи Ӯ ҳастанд ва Ӯ пирӯзманд аст бар душманонаш ва ҳаким аст дар тадбири умури халқаш![2870]
[2870] Тафсири Табарӣ 23\305
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
 
مەنالار تەرجىمىسى سۈرە: سۈرە ھەشر
سۈرە مۇندەرىجىسى بەت نومۇرى
 
قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى - تەرجىمىلەر مۇندەرىجىسى

قۇرئان كەرىمنىڭ تاجىكچە تەرجىمىسىنى خوجە مىيرۇف خوجە مىير تەرجىمە قىلغان، مەدىنە مۇنەۋۋەر پادىشاھ فەھد بېسىپ تارقىتىش مەركىزى نەشىر قىلغان،ئىزاھات: پىكىر ئەركىنلىكى، باھالاش ۋە تەرەققى قىلدۇرۇش مەقسىتىدە ئەسلى تەرجىمىدىنمۇ پايدىلىنىشقا رۇخسەت قىلىش بىلەن بىرگە ئىشارەت قىلىنغان بەزى ئايەتلەرنىڭ تەرجىمىلىرى رۇۋۋاد تەرجىمە مەركىزىدە توغرىلانغان.

تاقاش