قرآن کریم کے معانی کا ترجمہ - تاجک ترجمہ : خواجہ میروف خواجہ میر * - ترجمے کی لسٹ


معانی کا ترجمہ سورت: سورۂ انعام   آیت:

Сураи Анъом (Чаҳорпоён)

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَجَعَلَ ٱلظُّلُمَٰتِ وَٱلنُّورَۖ ثُمَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡ يَعۡدِلُونَ
1. Ҳамду сано ва ситоиш аз они Аллоҳест, ки осмонҳову заминро биёфарид ва торикиҳову рӯшноиро пайдо кард, (яъне шабу рӯзро) бо ин ҳама баъди дидани ин нишонаҳое, ки далолат ба тавҳид мекунанд кофирон бо Парвардигори хеш маъбуди ботилеро баробар медоранд.[521]
[521]Тафсири Бағавӣ 3/ 126
عربی تفاسیر:
هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن طِينٖ ثُمَّ قَضَىٰٓ أَجَلٗاۖ وَأَجَلٞ مُّسَمًّى عِندَهُۥۖ ثُمَّ أَنتُمۡ تَمۡتَرُونَ
2.Ӯст, ки падари шумо Одам алайҳиссаломро аз гил биёфарид. Боз муқаррар кард ҳаёти шуморо ва вақти марги шуморо ва як муддати дигареро ва он муддат рӯзи қиёмат аст, ки он рӯзро ба ҷуз Ӯ ҳеҷ кас надонад. Бо ин ҳама шумо эй кофирон шакку шубҳа меварзед?[522]
[522]Тафсири Бағавӣ 3/ 127
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱللَّهُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَفِي ٱلۡأَرۡضِ يَعۡلَمُ سِرَّكُمۡ وَجَهۡرَكُمۡ وَيَعۡلَمُ مَا تَكۡسِبُونَ
3.Ва Ӯст маъбуди бар ҳақ дар осмонҳову заминҳо ва аз нишонаҳое ки Ӯсазовори ибодат аст,ин аст, ки медонад тамоми чизҳои пинҳон ва ошкори шуморо ва медонад он чиро ки шумо касб мекунед.
عربی تفاسیر:
وَمَا تَأۡتِيهِم مِّنۡ ءَايَةٖ مِّنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِمۡ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهَا مُعۡرِضِينَ
4. Намеояд ба кофирон ҳеҷнишона ва ҳуҷҷате аз нишонаҳои Парвардигорашон, ҷуз он ки баъди дидану шунидан аз он рӯйгардон шуданд ва имон наоварданд![523]
[523]Тафсири Табарӣ 11/ 262
عربی تفاسیر:
فَقَدۡ كَذَّبُواْ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ فَسَوۡفَ يَأۡتِيهِمۡ أَنۢبَٰٓؤُاْ مَا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
5. Ба дурустӣ ҳақро дурӯғ шумориданд, онгоҳ ки пеши онҳо омад. Пас ба зудӣ ояд ба онон хабари он чи ба он тамасхур мекарданд, ки вай ҳақ аст ва рост аст.[524]
[524] Тамасхурашон ба рӯзи аз нав зинда шудани баъд аз мурдан ва ба ҷаннату дузах буд. Тафсири Саъдӣ 1/ 250
عربی تفاسیر:
أَلَمۡ يَرَوۡاْ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّن قَرۡنٖ مَّكَّنَّٰهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَا لَمۡ نُمَكِّن لَّكُمۡ وَأَرۡسَلۡنَا ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡهِم مِّدۡرَارٗا وَجَعَلۡنَا ٱلۡأَنۡهَٰرَ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمۡ فَأَهۡلَكۡنَٰهُم بِذُنُوبِهِمۡ وَأَنشَأۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِمۡ قَرۡنًا ءَاخَرِينَ
6. Оё надидаанд, он мункиршудагон ба ягонагии Аллоҳ ва ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки пеш аз онҳо чӣ қадар мардумеро ҳалок кардаем? Мардуме, ки дар замин қудраташон дода будем аз умри дароз ва пулу моли бисёр, он чунон қудрате, ки ба шумо надодаем. Ва барояшон аз осмон боронҳои пай дар пай фиристодем ва рӯдҳоро аз зери пояшон равон сохтем. Он гоҳ ба сабаби ношукрии неъмати Аллоҳ ва дурӯғ шумориданашон паёмбаронро ҳалокашон кардем ва баъд аз онҳо мардуми дигарепайдо кардем.[525]
[525]Тафсири ибни Касир 3/ 241
عربی تفاسیر:
وَلَوۡ نَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ كِتَٰبٗا فِي قِرۡطَاسٖ فَلَمَسُوهُ بِأَيۡدِيهِمۡ لَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
7. Ва эй Паёмбар, ҳатто агар китобе навишта бар рӯи коғаз бар ту нозил мекардем,пас онро мушрикон бо дасти хешламс мекарданд (меқапиданд), боз ҳам он кофирон мегуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкоро нест.
عربی تفاسیر:
وَقَالُواْ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ مَلَكٞۖ وَلَوۡ أَنزَلۡنَا مَلَكٗا لَّقُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ ثُمَّ لَا يُنظَرُونَ
8. Ва мушрикон гуфтанд: «Чаро фариштае бар ӯ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил нашудааст, то ба ҳақиқати он чи овардааст аз паёмбарӣ далолат намояд?» Агар фариштае мефиристодем, чунон ки онҳо талаб карданд, кор ба поён мерасид (яъне азоб бар онон воҷиб мешуд). Пас ба онҳо ҳеҷ мӯҳлате дода намешуд.[526]
[526]Тафсири Бағавӣ 3/ 129
عربی تفاسیر:
وَلَوۡ جَعَلۡنَٰهُ مَلَكٗا لَّجَعَلۡنَٰهُ رَجُلٗا وَلَلَبَسۡنَا عَلَيۡهِم مَّا يَلۡبِسُونَ
9. Ва агар он паёмбарро аз миёни фариштагон интихоб мекардем, боз ҳам ӯро ба сурати марде мефиристодем,зеро онон фариштаро ба сурати ҳақиқиаш дида наметавонанд[527] ва ҳароина дигаргун мекардем бар онон, бар он чи алҳол дигаргун мекунанд.[528]
[527] Ҳамчунон ки Ҷабраил алайҳиссаломба назди Паёмбар алайҳиссалоту ва салом ба сурати марде (Даҳяи Калбӣ) меомад.
[528]. Яъне дар иштибоҳ меафтоданд ва намедонистанд оё ин фариштааст ё одам.Тафсири Бағавӣ 3/ 129
عربی تفاسیر:
وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُواْ مِنۡهُم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
10.Ҳамоно паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, масхара мекарданд.Пас фуруд омад азобе ба тамасхаракунандагон сазои он чи, ки тамасхур мекарданд.[529]
[529] Ин оят тасалло медиҳад барои паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ваъда медиҳад барои ӯ ва барои мӯъминон нусрат ва оқибати некро дар дунё ва охират. Тафсири ибни Касир 3\242
عربی تفاسیر:
قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ ثُمَّ ٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
11. Бигӯ: Эй Паёмбар «Дар рӯи замин бигардед ва бингаред ба нигоҳи ибрат ва панд, ки поёни кори дурӯғбарорандагони ҳақ чӣ гуна будааст».
عربی تفاسیر:
قُل لِّمَن مَّا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ قُل لِّلَّهِۚ كَتَبَ عَلَىٰ نَفۡسِهِ ٱلرَّحۡمَةَۚ لَيَجۡمَعَنَّكُمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا رَيۡبَ فِيهِۚ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
12. Бигӯ: Эй Паёмбар «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Аллоҳ аст! Чунон ки шумо худ инро иқрор мекунед ва медонед, пас Ӯро ба ягонагиаш парастиш кунед. Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, (яъне тавбаро қабул мекунад) ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат гирд меоварад, ки дар он шубҳае нест. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд имон намеоваранд.[530]
[530]Яъне ширк оварданд ва рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро қабул накарданд. Тафсири Табарӣ 11/ 274
عربی تفاسیر:
۞ وَلَهُۥ مَا سَكَنَ فِي ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
13. Аз они Ӯст ҳар чӣ дар шабу рӯз ҷой дорад (яъне аз махлуқот ; фаришта, одам, ҷин ва дигар ҳайвонотҳо) ва Ӯст шунавои тамоми овозҳо ва доност ба он чи мешавад ва кай мешавад ва чи гуна мешавад![531]
[531]Тафсири Саъдӣ 1/ 251
عربی تفاسیر:
قُلۡ أَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَتَّخِذُ وَلِيّٗا فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَهُوَ يُطۡعِمُ وَلَا يُطۡعَمُۗ قُلۡ إِنِّيٓ أُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ أَوَّلَ مَنۡ أَسۡلَمَۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
14. Бигӯ: Эй Паёмбар «Оё ҷуз Аллоҳ дигареро дӯст гирам, Ӯ ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронаду ризқ медиҳад оламиёнро ва Ӯро ба таъом ниёз нест?» Бигӯ эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Ҳароина ман амр карда шудаам, ки нахустин касе бошам аз ин уммат, ки таслими амри Аллоҳ шуда бошад. Пас аз мушрикон набошам!»[532]
[532]Тафсири Бағавӣ 3/ 131
عربی تفاسیر:
قُلۡ إِنِّيٓ أَخَافُ إِنۡ عَصَيۡتُ رَبِّي عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ
15. Бигӯ: эй Паёмбар барои ин мушрикон: «Ҳамоно ман аз азоби он рӯзи бузург (қиёмат) метарсам, агар нофармонии Парвардигори худ бикунам ва дар ибодаташ касеро шарик орам!»[533]
[533]Тафсири Бағавӣ 3/ 132
عربی تفاسیر:
مَّن يُصۡرَفۡ عَنۡهُ يَوۡمَئِذٖ فَقَدۡ رَحِمَهُۥۚ وَذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡمُبِينُ
16. Дар он рӯз(қиёмат) азобро аз ҳар кӣ бигардонанд, сазовори раҳмати Аллоҳ шудааст ва ин комёбии ошкорест!
عربی تفاسیر:
وَإِن يَمۡسَسۡكَ ٱللَّهُ بِضُرّٖ فَلَا كَاشِفَ لَهُۥٓ إِلَّا هُوَۖ وَإِن يَمۡسَسۡكَ بِخَيۡرٖ فَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
17.Ваагар Аллоҳ ба ту, эй инсон ранҷе мисли нодорӣ ва беморӣ бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз Ӯ дафъаш натавонад кард ва агар ба ту эй инсон некие мисли дороӣ ва тансиҳатӣ бирасонад, пас Ӯ бар ҳар коре тавоност ва сазовори ибодат аст.
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱلۡقَاهِرُ فَوۡقَ عِبَادِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡخَبِيرُ
18. Ва Ӯст ғолиб болои ҳамаи бандагони худ (яъне ҳамаи бандагон дар зери хоҳиши Ӯ таъоло мебошанд) ва Ӯст доно дар амру наҳйҳояш, огоҳ аст ба тамоми чизҳои пӯшида ва ошкоро![534]
[534]Тафсири Саъдӣ 1/ 251
عربی تفاسیر:
قُلۡ أَيُّ شَيۡءٍ أَكۡبَرُ شَهَٰدَةٗۖ قُلِ ٱللَّهُۖ شَهِيدُۢ بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡۚ وَأُوحِيَ إِلَيَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ لِأُنذِرَكُم بِهِۦ وَمَنۢ بَلَغَۚ أَئِنَّكُمۡ لَتَشۡهَدُونَ أَنَّ مَعَ ٱللَّهِ ءَالِهَةً أُخۡرَىٰۚ قُل لَّآ أَشۡهَدُۚ قُلۡ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ وَإِنَّنِي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُشۡرِكُونَ
19. Бигӯ: эй Паёмбар «Чи чиз бузургтару бартар аст дар боби шаҳодат?» Бигӯ: «Аллоҳ миёни ману шумо гувоҳ аст бар он чи мегӯям. Ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, ки ба ӯ аз Арабу Аҷам Қуръон бирасад, бим ба азоби охират диҳам. Оё шаҳодат медиҳед, ки бо Аллоҳ маъбудони дигаре ҳам ҳастанд?» Бигӯ: эй Паёмбар «Ман шаҳодат намедиҳам». Бигӯ: «Ҳамоно, ки Ӯ Аллоҳест якто ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, безорам!»[535]
[535]Тафсири Бағавӣ 3/ 133
عربی تفاسیر:
ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَعۡرِفُونَهُۥ كَمَا يَعۡرِفُونَ أَبۡنَآءَهُمُۘ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
20. Аҳли Китоб (яҳуду насоро) мешиносанд Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро, ҳамчунон ки мешиносанд фарзандони худро. Онҳое, ки зиёнкор шуданд дар ҳаққи худ ба сабаби инкор карданашон сифатҳои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро, имон намеоваранд.[536]
[536]Тафсири Табарӣ 11/ 294
عربی تفاسیر:
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلظَّٰلِمُونَ
21. Чӣ касест ситамкортар аз он, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад (яъне ба Аллоҳ шарик меорад) ё оёти Қуръони Ӯро дурӯғ мепиндорад? Ҳароина ситамкоронро (кофиронро) растагорӣ нест![537]
[537]Тафсири Бағавӣ 3/ 135
عربی تفاسیر:
وَيَوۡمَ نَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا ثُمَّ نَقُولُ لِلَّذِينَ أَشۡرَكُوٓاْ أَيۡنَ شُرَكَآؤُكُمُ ٱلَّذِينَ كُنتُمۡ تَزۡعُمُونَ
22. Рӯзи қиёмат ҳамаро ҷамъ оварем, сипас ба онҳое, ки , ба Аллоҳи якто ширк овардаанд, бигӯем: «Он маъбудоне, ки мепиндоштед, ки шарикони Аллоҳанд, акнун куҷоянд, ки шуморо тарафдорӣ кунанд?»
عربی تفاسیر:
ثُمَّ لَمۡ تَكُن فِتۡنَتُهُمۡ إِلَّآ أَن قَالُواْ وَٱللَّهِ رَبِّنَا مَا كُنَّا مُشۡرِكِينَ
23. Баъдан набошад узре барояшон магар, ки гӯянд дар ҷавоби суоле, ки барояшон дода шуда буд “куҷо ҳастанд маъбудҳоятон?” : «Савганд ба Аллоҳ, Парвардигори мо, ки мо мушрик набудем!»
عربی تفاسیر:
ٱنظُرۡ كَيۡفَ كَذَبُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡۚ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
24. Бингар ва андеша кун эй Паёмбар, ки чӣ гуна бар худ дурӯғ бастанд ҳол он ки дар охират бутҳояшон аз онҳо безорӣ ҷӯянд ва ба он чи умедворӣ мекашиданд аз шафоъаташон, ночиз гардид.[538]
[538]Тафсири Табарӣ 11/ 301
عربی تفاسیر:
وَمِنۡهُم مَّن يَسۡتَمِعُ إِلَيۡكَۖ وَجَعَلۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ أَكِنَّةً أَن يَفۡقَهُوهُ وَفِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٗاۚ وَإِن يَرَوۡاْ كُلَّ ءَايَةٖ لَّا يُؤۡمِنُواْ بِهَاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوكَ يُجَٰدِلُونَكَ يَقُولُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
25. Баъзе аз он мушрикон ба сухани ту гӯш медиҳанд, вале Мо бар дилҳояшон пардаҳо афкандаем, то он Қуръонро дарнаёбанд ва гӯшҳояшонро вазнин (ношунаво) кардаем. Ва ҳар мӯъҷизаеро, ки бингаранд, ба он имон намеоваранд. Ва чун назди ту оянд, бо ту ба муҷодала дар мавриди ҳақу ботил пардозанд. Кофирон мегӯянд, ки нест ин (Қуръон) магар қиссаҳои пешиниён.[539]
[539]Тафсири ибни Касир 3/247
عربی تفاسیر:
وَهُمۡ يَنۡهَوۡنَ عَنۡهُ وَيَنۡـَٔوۡنَ عَنۡهُۖ وَإِن يُهۡلِكُونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ
26.Ва онон (мушрикон) мардумро аз пайравии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бозмедоранд ва худ аз ӯ канора меҷӯянд ва ҳол он ки намедонанд, ки бо ин корашон танҳо худашонро ба ҳалокат расонида ва дучори азоби сахт мешаванд.[540]
[540]Тафсири Табарӣ 11/ 315
عربی تفاسیر:
وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ وُقِفُواْ عَلَى ٱلنَّارِ فَقَالُواْ يَٰلَيۡتَنَا نُرَدُّ وَلَا نُكَذِّبَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّنَا وَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
27. Агар эй Паёмбар, онҳоро (мушриконро) дар он рӯзи қиёмат бингарӣ, ки дар баробари дӯзах нигоҳашон доштаанд, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд ба ҳаёти дунё, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нашуморем ва ба он амал кунем ва аз гӯруҳи мӯъминон бошем!»[541]
[541]Тафсири Бағавӣ 2/ 322
عربی تفاسیر:
بَلۡ بَدَا لَهُم مَّا كَانُواْ يُخۡفُونَ مِن قَبۡلُۖ وَلَوۡ رُدُّواْ لَعَادُواْ لِمَا نُهُواْ عَنۡهُ وَإِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ
28. На, он чиро, ки аз ин пеш пӯшида медоштанд, аз чашмони мардумон мисли амалҳои куфру бад акнун бар онҳо ошкор шуда, агар онҳоро ба дунё (фарз кунем) бозгардонанд, боз ҳам ба ҳамон корҳое, ки манъашон карда буданд, бозмегарданд (яъне ба куфру гуноҳ), ҳамоно инҳо дурӯғгӯёнанд.[542]
[542]Тафсири Табарӣ 11/ 322
عربی تفاسیر:
وَقَالُوٓاْ إِنۡ هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا ٱلدُّنۡيَا وَمَا نَحۡنُ بِمَبۡعُوثِينَ
29. Ва гуфтанд мушрикон: «Нест ҳеҷ зиндагие ва ҳаёте, магар зиндагонии ин дунё ва мо дигар бор баъд аз маргамон зинда нахоҳем шуд»
عربی تفاسیر:
وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ وُقِفُواْ عَلَىٰ رَبِّهِمۡۚ قَالَ أَلَيۡسَ هَٰذَا بِٱلۡحَقِّۚ قَالُواْ بَلَىٰ وَرَبِّنَاۚ قَالَ فَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡفُرُونَ
30. Ва агар бубинӣ эй Паёмбар он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд онҳое, ки зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор карда буданд, гуфта шавад: «Оё ин ҳақ нест?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!» Гӯяд (Аллоҳ таъоло): «Ба сабаби куфре, ки ба Аллоҳ ва расулаш дар дунё меварзидед, азобро бичашед !»[543]
[543]Тафсири Табарӣ 11/ 324
عربی تفاسیر:
قَدۡ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱللَّهِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتۡهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةٗ قَالُواْ يَٰحَسۡرَتَنَا عَلَىٰ مَا فَرَّطۡنَا فِيهَا وَهُمۡ يَحۡمِلُونَ أَوۡزَارَهُمۡ عَلَىٰ ظُهُورِهِمۡۚ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ
31. Ҳамоно зиён карданд онҳое, ки дидор бо Аллоҳродурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд (мушрикон): «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири амалҳои зиште, ки кардем дар дунё». Инҳо бори гуноҳонашонро бар пушти худ мебардоранд. Огоҳ бошед, бад чизест он чи мебардоранд.
عربی تفاسیر:
وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا لَعِبٞ وَلَهۡوٞۖ وَلَلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ يَتَّقُونَۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
32. Ва зиндагии дунё чизе ҷуз бозичаву ҳавасронии беҳуда нест вабароикасоне ки худро аз азоби Ӯ бо тоъат нигоҳ медоранд ва аз нофармонии Ӯ дур мешаванд сарои охират аз сарои дунё беҳтар аст. Оё ба ақлдарнамеёбед он чизеро, ки ба шумо хабар медиҳем?[544]
[544]Тафсири Табарӣ 11/ 330
عربی تفاسیر:
قَدۡ نَعۡلَمُ إِنَّهُۥ لَيَحۡزُنُكَ ٱلَّذِي يَقُولُونَۖ فَإِنَّهُمۡ لَا يُكَذِّبُونَكَ وَلَٰكِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ يَجۡحَدُونَ
33. Бе гумон медонем, ки суханашон[545]туро эй Паёмбар андӯҳгин месозад, вале инҳо (мушрикон) танҳо туро дурӯғгӯй намебароранд, балки ин ситамкоронсухани Аллоҳро (оятҳоро) инкор мекунанд![546]
[545]Бовар накарданашон туро зоҳиран.
[546]Тафсири Бағавӣ 3/140
عربی تفاسیر:
وَلَقَدۡ كُذِّبَتۡ رُسُلٞ مِّن قَبۡلِكَ فَصَبَرُواْ عَلَىٰ مَا كُذِّبُواْ وَأُوذُواْ حَتَّىٰٓ أَتَىٰهُمۡ نَصۡرُنَاۚ وَلَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِ ٱللَّهِۚ وَلَقَدۡ جَآءَكَ مِن نَّبَإِيْ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
34. Ҳамоно кофиронпаёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгӯ шумориданд, пас онҳо бар он ранҷу озорҳо сабр карданд ва даъваташонро давом доданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Аллоҳро[547]тағйирдиҳандае нест. Ва ҳароина қиссаи баъзе аз ахбори паёмбарон, ки умматҳояшон бо онҳо чи ситамҳо кардаанд, бар ту нозил шудааст.[548]
[547]Яъне ҳукм кардааст, ки паёмбаронашро пирӯз мегардонад.
[548] Тафсири Бағавӣ 3/140
عربی تفاسیر:
وَإِن كَانَ كَبُرَ عَلَيۡكَ إِعۡرَاضُهُمۡ فَإِنِ ٱسۡتَطَعۡتَ أَن تَبۡتَغِيَ نَفَقٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ أَوۡ سُلَّمٗا فِي ٱلسَّمَآءِ فَتَأۡتِيَهُم بِـَٔايَةٖۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَمَعَهُمۡ عَلَى ٱلۡهُدَىٰۚ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ
35. Агар рӯйгардони кардани онҳо бар ту эй Паёмбар гарон аст, пас агар метавонӣ, ки биҷӯӣ (нақбе) яъне сурохие дар замин ё нардбоне барои баромадан ба осмон , то мӯъҷизае бар онҳо биёварӣ, пас бикун. Агар Аллоҳ бихоҳад, ҳамаро ба роҳи рост барад. Пас ҳаргиз эй Паёмбар аз нодононе, ки ғаму андӯҳашон сахт аст ва бесабранд мабош.[549]
[549] Тафсири Бағавӣ 3/140
عربی تفاسیر:
۞ إِنَّمَا يَسۡتَجِيبُ ٱلَّذِينَ يَسۡمَعُونَۘ وَٱلۡمَوۡتَىٰ يَبۡعَثُهُمُ ٱللَّهُ ثُمَّ إِلَيۡهِ يُرۡجَعُونَ
36. Ҳамоно қабул мекунанд даъвати Исломро эй Паёмбар онҳое[550], ки мешунаванд, аммо кофирон дар қабули ҳақ дар гурӯҳи мурдагонанд, зеро ҳаёти ҳақиқӣ дар ислом аст. Ва мурдагонро Аллоҳ аз қабрҳояшон зинда мегардонад. Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат ба назди Ӯ бозгардонида мешаванд, то ки ҳисобу китоб карда шаванд.[551]
[550] Мӯъминоне, ки даъватро қабул мекунанд ва аз он фоида мебаранд. Тафсири Бағавӣ 3/143 [551] Тафсири Табарӣ 11/ 342. Монанд кардани кофирон ба мурдагон аз он сабаб аст, ки дилҳои онон мурдааст ва ҳақро қабул намекунанд.
عربی تفاسیر:
وَقَالُواْ لَوۡلَا نُزِّلَ عَلَيۡهِ ءَايَةٞ مِّن رَّبِّهِۦۚ قُلۡ إِنَّ ٱللَّهَ قَادِرٌ عَلَىٰٓ أَن يُنَزِّلَ ءَايَةٗ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
37. Ва гуфтанд мушрикон: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил нашуд?» Бигӯ эй Паёмбар: « Ҳамоно Аллоҳ қодир аст, ки мӯъҷизае фурӯ фиристад. Вале бештаринашон намедонанд, ки фурӯ фиристодани мӯъҷиза мувофиқи ҳикмати Аллоҳ сурат мегирад!»[552]
[552]Тафсири ибни Касир 3/ 253
عربی تفاسیر:
وَمَا مِن دَآبَّةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا طَٰٓئِرٖ يَطِيرُ بِجَنَاحَيۡهِ إِلَّآ أُمَمٌ أَمۡثَالُكُمۚ مَّا فَرَّطۡنَا فِي ٱلۡكِتَٰبِ مِن شَيۡءٖۚ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ يُحۡشَرُونَ
38. Ҳеҷҷонваре дар рӯи замин нест ва ҳеҷ паррандае бо болҳои худ дар ҳаво намепарад, магар он ки чун монанди шумо умматҳое ки халқияташон мисли шумо, ҳастанд. Мо дар ин китоб (яъне дар “Лаҳву-л- маҳфуз”)ҳеҷ чизеро тарк накардаем. Ва сипас ҳамаро тамоми мардумонро дар назди Парвардигорашон гирд меоваранд, барои ҳисобу китоб.[553]
[553]Тафсири Саъдӣ 2/ 333
عربی تفاسیر:
وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا صُمّٞ وَبُكۡمٞ فِي ٱلظُّلُمَٰتِۗ مَن يَشَإِ ٱللَّهُ يُضۡلِلۡهُ وَمَن يَشَأۡ يَجۡعَلۡهُ عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
39. Ва онон, ки оёти моро дурӯғ шумориданд, каронанд (намешунаванд он чизеро, ки ба онҳо фоида дорад) гунгонанд (ба ҳақиқат сухан намегӯянд) ва дар торикиҳои куфр ҳайронанд. Аллоҳ ҳар киро хоҳад, гумроҳ кунад ва ҳар киро хоҳад, ба роҳи рост гардонад[554]
[554]Тафсири Табарӣ 11/ 350
عربی تفاسیر:
قُلۡ أَرَءَيۡتَكُمۡ إِنۡ أَتَىٰكُمۡ عَذَابُ ٱللَّهِ أَوۡ أَتَتۡكُمُ ٱلسَّاعَةُ أَغَيۡرَ ٱللَّهِ تَدۡعُونَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
40. Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: «Чӣ мебинед, ки агар бар шумо азоби Аллоҳ дар ин дунё фурӯд ояд ё қиёмат даррасад, оё барои кашфи азобе, ки бар шумо фурӯд омадааст аз ғайри Аллоҳ (яъне аз маъбудҳои ботилатон ёрӣ меҷӯед ки азобро аз шумо дур кунанд), агар ростгӯёнед?»[555]
[555]Тафсири Бағавӣ 3/ 143
عربی تفاسیر:
بَلۡ إِيَّاهُ تَدۡعُونَ فَيَكۡشِفُ مَا تَدۡعُونَ إِلَيۡهِ إِن شَآءَ وَتَنسَوۡنَ مَا تُشۡرِكُونَ
41. Балки ба ҷониби Аллоҳ дуъову зорӣ мекунед, пас бартараф мекунад Аллоҳ агар бихоҳад он балову мусибатеро, ки дуъо мекунед ва фаромӯш мекунед дар он вақт он чизеро, ки онро шарики Аллоҳ муқаррар кардед.[556]
[556]Тафсири Табарӣ 11/ 354
عربی تفاسیر:
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰٓ أُمَمٖ مِّن قَبۡلِكَ فَأَخَذۡنَٰهُم بِٱلۡبَأۡسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ لَعَلَّهُمۡ يَتَضَرَّعُونَ
42. Ҳамоно эй Паёмбар бар умматҳое, ки пеш аз ту буданд, паёмбароне фиристодем то ки ононро ба сӯи Аллоҳ даъват кунанд . Пас гирифтор кардем эшонро баъди бовар накардани паёмбарони Мо ба нодорӣ, беморӣ ва офатҳо шояд, ки ба сӯи Аллоҳ бозгарданд ва дуъову илтиҷо кунанд.[557]
[557]Тафсири Табарӣ 11/ 355
عربی تفاسیر:
فَلَوۡلَآ إِذۡ جَآءَهُم بَأۡسُنَا تَضَرَّعُواْ وَلَٰكِن قَسَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
43. Пас, чаро ҳангоме, ки азоби мо ба онҳо расид, тавбаву зорӣ накарданд? Зеро дилҳояшонро қасоват (сахтӣ) фаро гирифта ва шайтон аъмолашонро (ширк ва гуноҳҳояшонро ) дар назарашон ороста ва зиннат дода буд.[558]
[558]Тафсири Бағавӣ 3/143
عربی تفاسیر:
فَلَمَّا نَسُواْ مَا ذُكِّرُواْ بِهِۦ فَتَحۡنَا عَلَيۡهِمۡ أَبۡوَٰبَ كُلِّ شَيۡءٍ حَتَّىٰٓ إِذَا فَرِحُواْ بِمَآ أُوتُوٓاْ أَخَذۡنَٰهُم بَغۡتَةٗ فَإِذَا هُم مُّبۡلِسُونَ
44.Пас чун ҳамаи пандҳоеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд (яъне амрҳои Аллоҳро ба ҷо наоварданд), ҳамаи дарҳои лаззатҳои дунявиро ба рӯяшон кушодем, то аз он чӣ ёфта буданд, шодмон гаштанд, пас ба ногоҳ фурӯ гирифтемашон ва ҳамагон ноумед гардиданд[559]
[559]Тафсири ибни Касир 3/ 256
عربی تفاسیر:
فَقُطِعَ دَابِرُ ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْۚ وَٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
45. Пас, решаи ситамкорон (кофирон) барканда шуд[560] ва сипос Парвардигори ҷаҳониёнро.
[560]Яъне ҳалок шуданд
عربی تفاسیر:
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَخَذَ ٱللَّهُ سَمۡعَكُمۡ وَأَبۡصَٰرَكُمۡ وَخَتَمَ عَلَىٰ قُلُوبِكُم مَّنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِهِۗ ٱنظُرۡ كَيۡفَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ ثُمَّ هُمۡ يَصۡدِفُونَ
46. Бигӯ эй Расул: «Оё медонед, ки агар Аллоҳ гӯшу чашмони шуморо бозгирад ва бар дилҳоятон мӯҳр ниҳад, кадом маъбуде ҷуз Аллоҳ онҳоро ба шумо бозмегардонад? Бингар эй Расул, ки оёти Аллоҳро чӣ гуна ба шеваҳои гуногун баён мекунем. Боз ҳам куффору мушрикон рӯй мегардонанд аз қабули оятҳои мо».[561]
[561]Тафсири Саъдӣ 1/ 256
عربی تفاسیر:
قُلۡ أَرَءَيۡتَكُمۡ إِنۡ أَتَىٰكُمۡ عَذَابُ ٱللَّهِ بَغۡتَةً أَوۡ جَهۡرَةً هَلۡ يُهۡلَكُ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلظَّٰلِمُونَ
47. Бигӯ эй Расул ба он мушрикон: «Чӣ мебинед, агар азоби Аллоҳ ба ногоҳ ё ошкоро бар шумо фурӯд ояд, оё ҷуз гӯруҳи ситамкорон (мушрикон) ҳалок мешаванд?»[562]
[562]Тафсири Табарӣ 11/ 368
عربی تفاسیر:
وَمَا نُرۡسِلُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ إِلَّا مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَۖ فَمَنۡ ءَامَنَ وَأَصۡلَحَ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ
48. Мо паёмбаронро ҷуз барои мужда додан аҳли тоъатро ба ҷаннат, ва бим кардан аҳли маъсиятро ба дӯзах намефиристем. Пас ҳар кас, ки ба Аллоҳ имон овард ва Паёмбарашро бовар кард ва кори шоистае кард, бимнок ва ғамгин намешавад!
عربی تفاسیر:
وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَمَسُّهُمُ ٱلۡعَذَابُ بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ
49. Ва касоне, ки оёти Қуръони моро дурӯғ шумориданд, бирасад ба онҳо азоб ба сабаби хориҷ буданашон аз итоъати Аллоҳ.
عربی تفاسیر:
قُل لَّآ أَقُولُ لَكُمۡ عِندِي خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ وَلَآ أَقُولُ لَكُمۡ إِنِّي مَلَكٌۖ إِنۡ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّۚ قُلۡ هَلۡ يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُۚ أَفَلَا تَتَفَكَّرُونَ
50. Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Аллоҳ назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо аз чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ эй Паёмбар: «Оё нобино ва бино баробар мешаванд. Чаро андеша намекунед дар оятҳои Аллоҳ, то ҳақиқатро дарёбед?»[563]
[563]Тафсири Табарӣ 11/ 372
عربی تفاسیر:
وَأَنذِرۡ بِهِ ٱلَّذِينَ يَخَافُونَ أَن يُحۡشَرُوٓاْ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ لَيۡسَ لَهُم مِّن دُونِهِۦ وَلِيّٞ وَلَا شَفِيعٞ لَّعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ
51. Ва битарсон ба Қуръон (яъне панд деҳ ба Қуръон) касонеро, ки метарсанд, ки ҷамъкарда мешаванд ба сӯи Парвардигорашон , ки набошад барояшон дӯсте , ҷуз Аллоҳ ва на шафоъаткунандае, то парҳезгорӣ кунанд. [564]
[564]Тафсири Бағавӣ 3/145
عربی تفاسیر:
وَلَا تَطۡرُدِ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ رَبَّهُم بِٱلۡغَدَوٰةِ وَٱلۡعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجۡهَهُۥۖ مَا عَلَيۡكَ مِنۡ حِسَابِهِم مِّن شَيۡءٖ وَمَا مِنۡ حِسَابِكَ عَلَيۡهِم مِّن شَيۡءٖ فَتَطۡرُدَهُمۡ فَتَكُونَ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
52. Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонагоҳ Парвардигори хешро ибодат мекунанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун эй Паёмбар. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст, балки бар ӯҳдаи Аллоҳ аст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар зумраи ситамкорон бошӣ.[565]
[565]Тафсири ибни Касир 3/ 259
عربی تفاسیر:
وَكَذَٰلِكَ فَتَنَّا بَعۡضَهُم بِبَعۡضٖ لِّيَقُولُوٓاْ أَهَٰٓؤُلَآءِ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنۢ بَيۡنِنَآۗ أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِأَعۡلَمَ بِٱلشَّٰكِرِينَ
53. Ҳамчунин баъзе мардумонро ба баъзе дар бобати ризқ якеро доро ва дигареро камбағал озмудем, то бигӯянд кофирони доро: «Оё аз миёни мо инҳо нотавонон буданд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмати исломашро арзонӣ кардааст?» Оё Аллоҳ ба сипосгузорон донотар нест?[566]
[566]Тафсири Табарӣ 11/ 389
عربی تفاسیر:
وَإِذَا جَآءَكَ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِنَا فَقُلۡ سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡۖ كَتَبَ رَبُّكُمۡ عَلَىٰ نَفۡسِهِ ٱلرَّحۡمَةَ أَنَّهُۥ مَنۡ عَمِلَ مِنكُمۡ سُوٓءَۢا بِجَهَٰلَةٖ ثُمَّ تَابَ مِنۢ بَعۡدِهِۦ وَأَصۡلَحَ فَأَنَّهُۥ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
54. Чун биёянд назди ту эй Паёмбар, касоне, ки имон овардаанд ба оятҳои Мо пас, бигӯ: «Салом бар шумо! Аллоҳ бар хеш муқаррар кард, ки шуморо раҳмат кунад. Зеро ҳар кас аз шумо, ки аз рӯи нодонӣ кори бад (гуноҳ) кунад, он гоҳ тавба кунад ва некӯкор шавад ва амали солеҳ кунад, ҳамоно бидонад, ки Аллоҳ мебахшад гуноҳашро ва Ӯ омӯрзандаи гуноҳи тавбакунандагон аст ва бар онон меҳрубон аст».[567]
[567]Тафсири ибни Касир 3/ 262
عربی تفاسیر:
وَكَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ وَلِتَسۡتَبِينَ سَبِيلُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
55. Ва инчунин оётро ба тафсил баён мекунем бар ту эй Паёмбар, то роҳи ҳақ аз роҳи ботил баён гардад. Ва низ роҳи гунаҳкорон ошкор гардад!
عربی تفاسیر:
قُلۡ إِنِّي نُهِيتُ أَنۡ أَعۡبُدَ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۚ قُل لَّآ أَتَّبِعُ أَهۡوَآءَكُمۡ قَدۡ ضَلَلۡتُ إِذٗا وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُهۡتَدِينَ
56. Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: «Ҳамоно манъ карда шуд манро, ки ибодат кунам он чизеро, ки шумо аз ғайри Аллоҳ мепарастед». Бигӯ эй Паёмбар: «Пайравӣ намекунам орзуву ҳавасҳои шуморо, агар пайравӣ кунам ҳамоно гумроҳ шуда бошам дар ин вақт ва набошам аз ҷумлаи роҳёфтагон ».[568]
[568]Тафсири Саъдӣ 1/ 258
عربی تفاسیر:
قُلۡ إِنِّي عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَكَذَّبۡتُم بِهِۦۚ مَا عِندِي مَا تَسۡتَعۡجِلُونَ بِهِۦٓۚ إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِۖ يَقُصُّ ٱلۡحَقَّۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلۡفَٰصِلِينَ
57. Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳамоно ман аз Парвардигорам далели равшан дорам, ки Аллоҳ маъбуди якто аст ва шумо эй мушрикон он далелро дурӯғ мешуморед. Нест назди ман он чи (яъне азобе, ки) ба зудӣ металабед онро. Ҳукм, танҳо ҳукми Аллоҳ аст. Ҳақиқатро баён мекунад (яъне ҳақро аз ботил ҷудо мекунад) ва Ӯ беҳтарини доварон аст дар байни мову шумо ».[569]
[569]Тафсири Табарӣ 11 / 399
عربی تفاسیر:
قُل لَّوۡ أَنَّ عِندِي مَا تَسۡتَعۡجِلُونَ بِهِۦ لَقُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡۗ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِٱلظَّٰلِمِينَ
58. Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикон: «Агар мебуд назди ман азобе, ки ба зудӣ металабедаш, ҳамоно миёни ману шумо кор ба поён мерасид (яъне ман шуморо дар ҳол азоб мекардам). Ва Аллоҳ донотар аст ба ҳоли ситамкорон ».[570]
[570]Тафсири ибни Касир 3/ 264
عربی تفاسیر:
۞ وَعِندَهُۥ مَفَاتِحُ ٱلۡغَيۡبِ لَا يَعۡلَمُهَآ إِلَّا هُوَۚ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِۚ وَمَا تَسۡقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلَّا يَعۡلَمُهَا وَلَا حَبَّةٖ فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡأَرۡضِ وَلَا رَطۡبٖ وَلَا يَابِسٍ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٖ
59. Ва калидҳои ғайб назди Ӯст. Ҷуз Ӯ касеро аз ғайб огоҳӣ нест. Ҳар чиро, ки дар хушкиву дарёст, медонад. Ҳеҷ барге аз дарахте намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст. Ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тариву хушке нест (яъне он чизе, ки мерӯяд ва намерӯяд), магар он ки дар китоби равшан (яъне Лавҳи Маҳфуз) навишта шудааст .[571]
[571]Тафсири Бағавӣ 3/ 151
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱلَّذِي يَتَوَفَّىٰكُم بِٱلَّيۡلِ وَيَعۡلَمُ مَا جَرَحۡتُم بِٱلنَّهَارِ ثُمَّ يَبۡعَثُكُمۡ فِيهِ لِيُقۡضَىٰٓ أَجَلٞ مُّسَمّٗىۖ ثُمَّ إِلَيۡهِ مَرۡجِعُكُمۡ ثُمَّ يُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
60. Ва Ӯст, ки шуморо шаб ҳангоми хоб рӯҳатонро мегирад чи гунае ки дар вақти марг мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон рӯҳатонро ба ҷисмҳоятон баргардонда шуморо зинда (бедор) месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон дар дунё ба поён расад. Сипас бозгаштатон ба назди Ӯст ва шуморо дар рӯзи қиёмат аз он чӣ кардаед, огоҳ месозад, сипас мувофиқи он ҷазоятон медиҳад.
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱلۡقَاهِرُ فَوۡقَ عِبَادِهِۦۖ وَيُرۡسِلُ عَلَيۡكُمۡ حَفَظَةً حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ تَوَفَّتۡهُ رُسُلُنَا وَهُمۡ لَا يُفَرِّطُونَ
61.Ва Ӯст ғолиб болои бандагонаш ва ҳама чиз барои Ӯ сар фурӯорандаанд ва мефиристонад ба шумо фариштагони нигаҳбонро, ки менависанд аъмоли шуморо то дами марг ва чун аҷалаш расид, қабзи рӯҳи ӯ кунанд фариштагони Мо (яъне Малакулмавт ва ёваронаш) ва фариштагон дар ин бобат бе ҳеҷ кӯтоҳиву гузаште ҷони ӯ бигиранд.[572]
[572]Тафсири Бағавӣ 3/ 151
عربی تفاسیر:
ثُمَّ رُدُّوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ مَوۡلَىٰهُمُ ٱلۡحَقِّۚ أَلَا لَهُ ٱلۡحُكۡمُ وَهُوَ أَسۡرَعُ ٱلۡحَٰسِبِينَ
62. Сипас бозгардонида шаванд мурдагон ба сӯи Аллоҳашон, ки ҳақ аст. Бидон, ки ҳукм, ҳукми Ӯст дар рӯзи қиёмат ва Ӯ ба зудӣ ҳисобу китоб кунанда аст.
عربی تفاسیر:
قُلۡ مَن يُنَجِّيكُم مِّن ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ تَدۡعُونَهُۥ تَضَرُّعٗا وَخُفۡيَةٗ لَّئِنۡ أَنجَىٰنَا مِنۡ هَٰذِهِۦ لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّٰكِرِينَ
63. Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикон: «Чӣ касе шуморо аз ваҳшатҳои хушкӣ, вақте, ки дар биёбон мемонедва дарё, вақте, ки ба киштӣ савор мешаведу роҳро гум мекунед,наҷот медиҳад? Муноҷот мекунед ба ҷониби Ӯ ба зорӣ ва дуъоҳои пинҳони мегӯед: агар наҷот диҳад Аллоҳ моро аз ин ранҷу меҳнату бало, ҳамоно аз сипосгузорон хоҳем буд»..[573]
[573]Яъне Ӯро яккаву ягона ибодат мекунем.Тафсири Табарӣ 11/ 414
عربی تفاسیر:
قُلِ ٱللَّهُ يُنَجِّيكُم مِّنۡهَا وَمِن كُلِّ كَرۡبٖ ثُمَّ أَنتُمۡ تُشۡرِكُونَ
64. Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: «Аллоҳ аст, ки шуморо аз он ҳалокатҳо ва аз ҳар андӯҳе мераҳонад, боз ҳам шумо ба Ӯ ширк меоваред».
عربی تفاسیر:
قُلۡ هُوَ ٱلۡقَادِرُ عَلَىٰٓ أَن يَبۡعَثَ عَلَيۡكُمۡ عَذَابٗا مِّن فَوۡقِكُمۡ أَوۡ مِن تَحۡتِ أَرۡجُلِكُمۡ أَوۡ يَلۡبِسَكُمۡ شِيَعٗا وَيُذِيقَ بَعۡضَكُم بَأۡسَ بَعۡضٍۗ ٱنظُرۡ كَيۡفَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَفۡقَهُونَ
65. Бигӯ эй Паёмбар: «Ӯ қодир бар он ҳаст, ки аз болои саратон азобе чун тӯфону шамол ё аз зери пойҳоятон заминҷунбӣ ва фурӯ бурдан бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ дар ҳам афканад ва хашму кинаи гурӯҳеро ба гурӯҳи дигар бичашонад». Бингар, ки оётро чӣ гуна гуногун баён мекунем. Бошад, ки ба фаҳм дарёбанд ин Қуръонро ва аз он панд гиранд![574]
[574]Тафсири Бағавӣ 3/ 153
عربی تفاسیر:
وَكَذَّبَ بِهِۦ قَوۡمُكَ وَهُوَ ٱلۡحَقُّۚ قُل لَّسۡتُ عَلَيۡكُم بِوَكِيلٖ
66. Қавми ту Қуръонро дурӯғ мешуморанд, дар ҳоле ки суханест барҳақ ва рост. Бигӯ эй Паёмбар: «Ман нестам шуморо нигаҳбон».
عربی تفاسیر:
لِّكُلِّ نَبَإٖ مُّسۡتَقَرّٞۚ وَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
67. Ба зудӣ хоҳед донистэй мушрикон, ки барои ҳар хабаре вақту соати муайян аст![575]
[575]Яъне натиҷаи корҳои зиштатонро дар вақти омадани азоб хоҳед донист. Тафсири Табарӣ 11\434
عربی تفاسیر:
وَإِذَا رَأَيۡتَ ٱلَّذِينَ يَخُوضُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ يَخُوضُواْ فِي حَدِيثٍ غَيۡرِهِۦۚ وَإِمَّا يُنسِيَنَّكَ ٱلشَّيۡطَٰنُ فَلَا تَقۡعُدۡ بَعۡدَ ٱلذِّكۡرَىٰ مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
68. Ва чун бубинӣэй Паёмбар он мушриконро , кидар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯй гардон, то ба сухане ҷуз он пардозанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкор ки Қуръонро масхара мекунанд , манишин.[576]
[576]Тафсири Табарӣ 11/ 437
عربی تفاسیر:
وَمَا عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَّقُونَ مِنۡ حِسَابِهِم مِّن شَيۡءٖ وَلَٰكِن ذِكۡرَىٰ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ
69. Касоне, ки аз Аллоҳ тарсиданд ва итоъати амраш карданд ва аз он чи манъ кард, дур шуданд, ба гуноҳи кофирон ҷавобгар нахоҳанд шуд, вале бояд ононро панд диҳанд. Бошад, ки парҳезгор шаванд![577]
[577]Тафсири Табарӣ 11/ 439
عربی تفاسیر:
وَذَرِ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ دِينَهُمۡ لَعِبٗا وَلَهۡوٗا وَغَرَّتۡهُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَاۚ وَذَكِّرۡ بِهِۦٓ أَن تُبۡسَلَ نَفۡسُۢ بِمَا كَسَبَتۡ لَيۡسَ لَهَا مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلِيّٞ وَلَا شَفِيعٞ وَإِن تَعۡدِلۡ كُلَّ عَدۡلٖ لَّا يُؤۡخَذۡ مِنۡهَآۗ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ أُبۡسِلُواْ بِمَا كَسَبُواْۖ لَهُمۡ شَرَابٞ مِّنۡ حَمِيمٖ وَعَذَابٌ أَلِيمُۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡفُرُونَ
70. Ва тарк кун эй Паёмбар он мушриконеро, ки дини исломро бозичаву лаҳв гирифтаанд ва зиндагонии дунё фиребашон дод. Ва ба Қуръон пандашон деҳ, то худро ба сабаби гуноҳ ва куфрашон дар азоб дучор накунанд. Ҷуз Аллоҳ додрасу шафоъаткунанда надоранд. Ва агар барои раҳоии хеш аз азоб ҳар гуна фидя диҳанд ҳам, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо ба сабабе, ки ба Аллоҳу Расулаш ва ба дини исломкофир шуданд, барояшон дар дӯзах шаробе аз оби ҷӯшон ва азоби дардоваре муҳайё шудааст.[578]
[578]Тафсири Табарӣ 11/ 441
عربی تفاسیر:
قُلۡ أَنَدۡعُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُنَا وَلَا يَضُرُّنَا وَنُرَدُّ عَلَىٰٓ أَعۡقَابِنَا بَعۡدَ إِذۡ هَدَىٰنَا ٱللَّهُ كَٱلَّذِي ٱسۡتَهۡوَتۡهُ ٱلشَّيَٰطِينُ فِي ٱلۡأَرۡضِ حَيۡرَانَ لَهُۥٓ أَصۡحَٰبٞ يَدۡعُونَهُۥٓ إِلَى ٱلۡهُدَى ٱئۡتِنَاۗ قُلۡ إِنَّ هُدَى ٱللَّهِ هُوَ ٱلۡهُدَىٰۖ وَأُمِرۡنَا لِنُسۡلِمَ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
71. Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: «Оё ғайри Аллоҳ бутҳоеро ибодат кунем, ки на моро фоидае медиҳанд ва на зиён мерасонанд? Ва оё пас аз он ки Аллоҳ моро ба ислом ҳидоят кардааст, монанди он кас, ки шайтонҳо ақлашро гумроҳаш сохта ва ҳайрон бар рӯи замин раҳояш карда, аз дин бозгардем? Ӯро аз мӯъминон ёронест, ки ба ҳидоят нидояш медиҳанд, ки назди мо бозгард». Бигӯ эй Паёмбар барои инҳо мушрикон: «Ҳамоно ҳидояте, ки аз сӯи Аллоҳ бошад, ҳидояти воқеъист. Ва ба мо фармон расида, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шавем ва Ӯро якка ва ягона ибодат кунем».[579]
[579]Тафсири Табарӣ 11/ 450
عربی تفاسیر:
وَأَنۡ أَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَٱتَّقُوهُۚ وَهُوَ ٱلَّذِيٓ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ
72. Ва инчунин амр карда шудаем, ки намозро ба таври комил барпо дорем ва аз Ӯ битарсем. Ӯст, он ки ҳамагон наздаш дар қиёмат ҷамъ мешавед!
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۖ وَيَوۡمَ يَقُولُ كُن فَيَكُونُۚ قَوۡلُهُ ٱلۡحَقُّۚ وَلَهُ ٱلۡمُلۡكُ يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِۚ عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِۚ وَهُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡخَبِيرُ
73. Ва Ӯст, он ки осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид. Ва рӯзе, ки (рӯзи қиёмат) бигӯяд: «Мавҷуд шав», пас мавҷуд мешавад. Гуфтори Ӯ ҳақ аст. Ва дар он рӯз, ки дар сур (карнай) дамида шавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Донои ниҳону ошкор аст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст![580]
[580]Тафсири ибни Касир 3/ 281
عربی تفاسیر:
۞ وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ ءَازَرَ أَتَتَّخِذُ أَصۡنَامًا ءَالِهَةً إِنِّيٓ أَرَىٰكَ وَقَوۡمَكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
74. Ва ба ёд овар эй Паёмбар, чун Иброҳим ба падарашОзар гуфт: «Оё бутонро чун маъбуди бар ҳақ мегирӣ? Ҳамоно ман ту ва қавматро ба ошкоро дар гумроҳӣаз ҳақ мебинам».
عربی تفاسیر:
وَكَذَٰلِكَ نُرِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ مَلَكُوتَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلِيَكُونَ مِنَ ٱلۡمُوقِنِينَ
75. Ҳамчунин нишон медодем Иброҳим алайҳиссаломро малакути осмонҳову заминро, то аз ҷумлаи онҳое гардад, ки дар имонашон устуворанд.
عربی تفاسیر:
فَلَمَّا جَنَّ عَلَيۡهِ ٱلَّيۡلُ رَءَا كَوۡكَبٗاۖ قَالَ هَٰذَا رَبِّيۖ فَلَمَّآ أَفَلَ قَالَ لَآ أُحِبُّ ٱلۡأٓفِلِينَ
76.Пас чун шаб ӯро (Иброҳим алайҳиссалом) фаро гирифт, ситорае дид. Ва бо қавми худ мунозира кард ва ботил будани динашонро исбот карда гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун ситора фурӯ рафт гуфт: «Фурӯ рафтагонро дӯст надорам». Ин ба он сабаб буд, ки қавмаш ситорапараст буданд.[581]
[581] Тафсири Бағавӣ 3\162
عربی تفاسیر:
فَلَمَّا رَءَا ٱلۡقَمَرَ بَازِغٗا قَالَ هَٰذَا رَبِّيۖ فَلَمَّآ أَفَلَ قَالَ لَئِن لَّمۡ يَهۡدِنِي رَبِّي لَأَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلضَّآلِّينَ
77. Пас он гоҳ моҳро дид, ки равшантар аз ситора тулӯъ мекунад. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун моҳ фурӯ рафт, гуфт: «Агар Парвардигори ман маро роҳи ростро ҳидоят нанамояд, аз гумроҳон хоҳам буд».
عربی تفاسیر:
فَلَمَّا رَءَا ٱلشَّمۡسَ بَازِغَةٗ قَالَ هَٰذَا رَبِّي هَٰذَآ أَكۡبَرُۖ فَلَمَّآ أَفَلَتۡ قَالَ يَٰقَوۡمِ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُشۡرِكُونَ
78. Пас чун хуршедро дид, ки тулӯъ мекунад, гуфт: «Ин аст Парвардигори ман, ин бузургтар аст![582]» Ва чун фурӯ рафт, гуфт: «Эй қавми ман, ҳамоно ман аз он чӣ шарики Аллоҳ медонед, безорам.
[582]Яъне аз ситора ва моҳ бузургтараст.
عربی تفاسیر:
إِنِّي وَجَّهۡتُ وَجۡهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ حَنِيفٗاۖ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
79.Ҳамономан аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офарида аст ва ман аз мушрикон нестам».
عربی تفاسیر:
وَحَآجَّهُۥ قَوۡمُهُۥۚ قَالَ أَتُحَٰٓجُّوٓنِّي فِي ٱللَّهِ وَقَدۡ هَدَىٰنِۚ وَلَآ أَخَافُ مَا تُشۡرِكُونَ بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يَشَآءَ رَبِّي شَيۡـٔٗاۚ وَسِعَ رَبِّي كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمًاۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ
80. Ва қавмаш бо ӯ ба ситеза (ҷидол) бархостанд. Гуфт: «Оё дар бораи ягонагии Аллоҳ бо ман ситеза мекунед, ҳол он ки Ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман аз он чизе, ки шарики Ӯ меҳисобед, наметарсам, агар шумо манро ба маъбудҳои ботилатон ҳам тарсонед. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред, то бидонед, ки Ӯ таъоло ҳамаи чизҳоро халқ кардааст ва лоиқи ибодат аст?[583]
[583]Тафсири Табарӣ 11/ 489
عربی تفاسیر:
وَكَيۡفَ أَخَافُ مَآ أَشۡرَكۡتُمۡ وَلَا تَخَافُونَ أَنَّكُمۡ أَشۡرَكۡتُم بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ عَلَيۡكُمۡ سُلۡطَٰنٗاۚ فَأَيُّ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ أَحَقُّ بِٱلۡأَمۡنِۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
81. Чаро аз он бутоне, ки шарики Аллоҳ сохтаед, битарсам, дар ҳоле ки шумо чизҳоеро, ки ҳеҷ далеле дар бораи онҳо нозил накардааст, мепарастед ва биме ба дил роҳ намедиҳед? Агар медонед, бигӯед, ки кадом як аз ин ду гурӯҳ (яъне гӯруҳи муваҳҳидон ё гӯруҳи мушрикон) сазовори амният ҳастанд.
عربی تفاسیر:
ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَمۡ يَلۡبِسُوٓاْ إِيمَٰنَهُم بِظُلۡمٍ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡأَمۡنُ وَهُم مُّهۡتَدُونَ
82. Касоне, ки имон оварданду ва амали шоиста карданд ва имони худро ба ширк наомехтанд, эминӣ ( осудаҳолӣ) аз барои эшон аст ва эшон ҳидоятёфтагонанд.
عربی تفاسیر:
وَتِلۡكَ حُجَّتُنَآ ءَاتَيۡنَٰهَآ إِبۡرَٰهِيمَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتٖ مَّن نَّشَآءُۗ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٞ
83. Ин далели мо буд, ки онро ба Иброҳим алайҳиссаллом, дар баробари қавмаш додем, ки ҳуҷҷаташон қатъ гардид. Ва баланд мекунем дар дунёву охират мартабаву дараҷаи ҳар касеро, ки мехоҳем. Ҳароина Парвардигори ту ҳакиму доност!
عربی تفاسیر:
وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَۚ كُلًّا هَدَيۡنَاۚ وَنُوحًا هَدَيۡنَا مِن قَبۡلُۖ وَمِن ذُرِّيَّتِهِۦ دَاوُۥدَ وَسُلَيۡمَٰنَ وَأَيُّوبَ وَيُوسُفَ وَمُوسَىٰ وَهَٰرُونَۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
84. Ва ба ӯ (Иброҳим алайҳиссаллом) Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамагонро ҳидоят кардем. Ва Нӯҳро пеш аз ин ҳидоят карда будем ва аз фарзандони Иброҳим Довуду Сулаймон ва Айюбу Юсуф ва Мӯсову Ҳорун алайҳимуссалломро ҳидоят кардем. Ва ҳамчунон паёмбаронро подош додем, некӯкоронро ин гуна подош диҳем!
عربی تفاسیر:
وَزَكَرِيَّا وَيَحۡيَىٰ وَعِيسَىٰ وَإِلۡيَاسَۖ كُلّٞ مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
85. Ва Закариёву Яҳё ва Исову Илёс алайҳимусаллом, ки ҳама аз солеҳон буданд
عربی تفاسیر:
وَإِسۡمَٰعِيلَ وَٱلۡيَسَعَ وَيُونُسَ وَلُوطٗاۚ وَكُلّٗا فَضَّلۡنَا عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ
86. Ва Исмоилу ал-Ясаъ ва Юнусу Лут алайҳимусаллом, ки ҳамаро бар аҳли замони худ бартарӣ додем.
عربی تفاسیر:
وَمِنۡ ءَابَآئِهِمۡ وَذُرِّيَّٰتِهِمۡ وَإِخۡوَٰنِهِمۡۖ وَٱجۡتَبَيۡنَٰهُمۡ وَهَدَيۡنَٰهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
87. Ва аз падаронашону фарзандонашон ва бародаронашон баъзеро ҳидоят кардем ва эшонро ихтиёр кардем барои расонидани даъвати Мо ба сӯи қавмашон ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем.[584]
[584] Тафсири Табарӣ 11/ 512
عربی تفاسیر:
ذَٰلِكَ هُدَى ٱللَّهِ يَهۡدِي بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦۚ وَلَوۡ أَشۡرَكُواْ لَحَبِطَ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
88. Ин аст ҳидояти Аллоҳ. Ҳар киро аз бандагонаш хоҳад, ба он ҳидоят мекунад ва агар ширк меоварданд[585], аъмоле, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид.[586]
[585]Он паёмбарони зикркардашуда [586] Тафсири Бағавӣ3/ 166
عربی تفاسیر:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحُكۡمَ وَٱلنُّبُوَّةَۚ فَإِن يَكۡفُرۡ بِهَا هَٰٓؤُلَآءِ فَقَدۡ وَكَّلۡنَا بِهَا قَوۡمٗا لَّيۡسُواْ بِهَا بِكَٰفِرِينَ
89. Инҳо (яъне паёмбарон алайҳимуссаллом) касоне ҳастанд, ки ба онҳо китоби осмонӣ ва ҳикмат (фаҳм) ва нубувват (паёмбариро) додаем. Агар кофирони Макка ба оятҳои Қуръон имон наёваранд, қавми дигареро (муҳоҷирону ва ансорро) ӯҳдадори он месозем, ки нисбат ба он ба Қуръон куфр намеварзанд[587]
[587] Тафсири ибни Касир 3/ 299
عربی تفاسیر:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُۖ فَبِهُدَىٰهُمُ ٱقۡتَدِهۡۗ قُل لَّآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًاۖ إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡعَٰلَمِينَ
90. Инҳо паёмбарон алайҳимуссаллом касоне ҳастанд, ки Аллоҳ ҳидояташон кардааст, пас ба равиши онҳо эй паёмбар иқтидо кун. Бигӯ ба мушрикон : «Дар баробари даъвати худ ҳеҷ подоше аз шумо наметалабам, ин китоб (Қуръон) ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест».[588]
[588] Тафсири Табарӣ 11/ 520
عربی تفاسیر:
وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦٓ إِذۡ قَالُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ بَشَرٖ مِّن شَيۡءٖۗ قُلۡ مَنۡ أَنزَلَ ٱلۡكِتَٰبَ ٱلَّذِي جَآءَ بِهِۦ مُوسَىٰ نُورٗا وَهُدٗى لِّلنَّاسِۖ تَجۡعَلُونَهُۥ قَرَاطِيسَ تُبۡدُونَهَا وَتُخۡفُونَ كَثِيرٗاۖ وَعُلِّمۡتُم مَّا لَمۡ تَعۡلَمُوٓاْ أَنتُمۡ وَلَآ ءَابَآؤُكُمۡۖ قُلِ ٱللَّهُۖ ثُمَّ ذَرۡهُمۡ فِي خَوۡضِهِمۡ يَلۡعَبُونَ
91. Вақте ки яҳудиён ва мушрикон мегӯянд,ки Аллоҳ ба ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Аллоҳро ончунон, ки лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ эй Паёмбар: «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, ки онро бар ӯ нозил карда буд? Онро бар қоғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринашро[589] пинҳон медоред. Ба шумо чизҳое омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Аллоҳ аст!» Онҳоро бигузор, то дар ин баҳси ботили хеш дилхуш бошанд.[590]
[589] Хабарҳо аз сифати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва паёмбарии ӯ
[590] Тафсири Саъдӣ 1/ 264
عربی تفاسیر:
وَهَٰذَا كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ مُبَارَكٞ مُّصَدِّقُ ٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَلِتُنذِرَ أُمَّ ٱلۡقُرَىٰ وَمَنۡ حَوۡلَهَاۚ وَٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۖ وَهُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ يُحَافِظُونَ
92. Ин Қуръон китобест, ки фиристодем онро бобаракат, ки тасдиқкунанда аст китобҳои пешинаро ва то бим кунем аҳли Маккаро ва сокинони тамоми заминро. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, боварӣ доранд, ки Қуръон каломи Аллоҳ аст. Ва намозашонро дар вақташ адо мекунанд.[591]
[591] Тафсири Бағавӣ3/ 168
عربی تفاسیر:
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ قَالَ أُوحِيَ إِلَيَّ وَلَمۡ يُوحَ إِلَيۡهِ شَيۡءٞ وَمَن قَالَ سَأُنزِلُ مِثۡلَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُۗ وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّٰلِمُونَ فِي غَمَرَٰتِ ٱلۡمَوۡتِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَكُنتُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهِۦ تَسۡتَكۡبِرُونَ
93. Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Аллоҳ нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ эй Паёмбар, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоикаҳо бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азоби хоркунандае азоб мекунанд ва ин ҷазо бар он аст, ки дар бораи Аллоҳ ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ саркашӣ мекардед.[592]
[592] Тафсири Саъдӣ 1/ 264
عربی تفاسیر:
وَلَقَدۡ جِئۡتُمُونَا فُرَٰدَىٰ كَمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَتَرَكۡتُم مَّا خَوَّلۡنَٰكُمۡ وَرَآءَ ظُهُورِكُمۡۖ وَمَا نَرَىٰ مَعَكُمۡ شُفَعَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُمۡ أَنَّهُمۡ فِيكُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْۚ لَقَد تَّقَطَّعَ بَيۡنَكُمۡ وَضَلَّ عَنكُم مَّا كُنتُمۡ تَزۡعُمُونَ
94. Ҳароина танҳо-танҳо, он тавр ки дар оғоз шуморо биёфаридем, назди мо омадаед барои ҳисобу китоб , дар ҳоле ки ҳар чиро, ки ба шумо дода будем аз моли дунё, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафоъаткунандаҳое, ки аз бутҳо мепиндоштед ва онҳоро дар ибодати Аллоҳ шарик мекардед, ҳамроҳатон намебинем. Ҳамоно аз ҳам бурида шуд пайвандии шумо бо бутҳо ва он эътиқоде, ки доштед[593] рафт ва ниҳоят шумо зиён кардед. [594]
[593]Яъне бутҳо шарикони Аллоҳанд
[594] Тафсири ибни Касир 3/ 303
عربی تفاسیر:
۞ إِنَّ ٱللَّهَ فَالِقُ ٱلۡحَبِّ وَٱلنَّوَىٰۖ يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَمُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتِ مِنَ ٱلۡحَيِّۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ
95. Албатта Аллоҳ аст, ки донаву хӯшаҳоромешикофад (мерӯёнад) ва зиндаро аз мурда берун меоварад ҳамчунон ки, чӯҷаро аз тухм ва мурдаро аз зинда ва тухмро аз мурғ берун меоварад. Ин аст Аллоҳи якто. Пас чӣ гуна аз ҳақ гумроҳатон мекунанд?
عربی تفاسیر:
فَالِقُ ٱلۡإِصۡبَاحِ وَجَعَلَ ٱلَّيۡلَ سَكَنٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ حُسۡبَانٗاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ
96. Шикофандаи (халқкунандаи) субҳгоҳон аст ва шабро барои оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро барои ҳисоб кардани вақт. Ин аст тақдири Аллоҳи пирӯзманди доно!
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلنُّجُومَ لِتَهۡتَدُواْ بِهَا فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِۗ قَدۡ فَصَّلۡنَا ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
97. Ӯст Аллоҳе, ки ситорагонро биофарид, то ба онҳо дар торикиҳои хушкиву дарё роҳи худро биёбед. Ҳамоно нишонаҳои равшанро барои онон, ки медонанд, аз шариъат ба тафсил баён кардаем!
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَكُم مِّن نَّفۡسٖ وَٰحِدَةٖ فَمُسۡتَقَرّٞ وَمُسۡتَوۡدَعٞۗ قَدۡ فَصَّلۡنَا ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَفۡقَهُونَ
98. Ва Ӯст Аллоҳе, ки шуморо аз як тан Одам алайҳиссаллом биёфарид. Сипас шуморо қароргоҳест дар шиками модар ва амонатҷоестдар пушти падар. Ҳамонооётро барои онон, ки мефаҳманд, ба тафсил баён кардаем!
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦ نَبَاتَ كُلِّ شَيۡءٖ فَأَخۡرَجۡنَا مِنۡهُ خَضِرٗا نُّخۡرِجُ مِنۡهُ حَبّٗا مُّتَرَاكِبٗا وَمِنَ ٱلنَّخۡلِ مِن طَلۡعِهَا قِنۡوَانٞ دَانِيَةٞ وَجَنَّٰتٖ مِّنۡ أَعۡنَابٖ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُشۡتَبِهٗا وَغَيۡرَ مُتَشَٰبِهٍۗ ٱنظُرُوٓاْ إِلَىٰ ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثۡمَرَ وَيَنۡعِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكُمۡ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
99. Ӯст Аллоҳе, ки аз осмон борон фиристод ва ба он борон ҳар гуна набототеро рӯёнидем ва аз он набототтанае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида мисли хӯшаи гандум ва ҷав ва низ аз шохчаҳои хурмо хӯшаҳое сар фароварда падид овардем ва низ боғҳое аз токҳо ва зайтуну анор, монанду номонанд[595]. Ба меваи он бингаред онгоҳ, ки мева медиҳанд ва он гоҳ ки пухта мерасанд. Ҳамоно, ки дар онҳо нишонаҳост, ( яъне нишонаҳои қудрати Илоҳист) барои онон, ки имон меоваранд![596]
[595]Баргҳояшон бо ҳам монанд вале меваҳояшон гуногун
[596] Тафсири Бағавӣ 3/ 172
عربی تفاسیر:
وَجَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ ٱلۡجِنَّ وَخَلَقَهُمۡۖ وَخَرَقُواْ لَهُۥ بَنِينَ وَبَنَٰتِۭ بِغَيۡرِ عِلۡمٖۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَصِفُونَ
100. Мушрикон дар ибодат карданашон барои Аллоҳ шариконе аз ҷин қарор доданд ва эътиқодашон ин буд, ки онҳо нафъ ё зараре расонда метавонанд ва ҳол он ки ҷинро Аллоҳ офаридааст. Аллоҳ, ки дар офариниши махлуқоташ касеро шарик нагирифт, инчунин дар ибодаташ касеро бо худ шарик муқаррар насохт. Ва аз рӯи нодонӣ барои Ӯ писарону духтарон нисбат доданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд![597]
[597]Тафсири Табарӣ 11\10
عربی تفاسیر:
بَدِيعُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُۥ وَلَدٞ وَلَمۡ تَكُن لَّهُۥ صَٰحِبَةٞۖ وَخَلَقَ كُلَّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ
101. Падидоварандаи осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва онҳоро аз нестӣ ба ҳастӣ пайдо кард. Чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад, ҳол он ки Ӯро ҳамсаре нест[598].Пок аст Аллоҳ аз он чи мушрикон Ӯро сифат мекунанд. Ҳар чизеро Ӯ офаридааст ва ба ҳар чизе доност! Ва чизе аз Ӯ махфӣ намемонад.[599]
[598]Фарзанд аз мард ва зан пайдо мешавад ва ин сифати махлуқ аст.
[599]Тафсири Табарӣ 11\11
عربی تفاسیر:
ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ فَٱعۡبُدُوهُۚ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ
102. Эй мушриконин аст Аллоҳи якто, ки Парвардигори шумост. Ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде[600] нест. Офаринандаи ҳама чиз аст. Пас Ӯро бипарастед ва барояш бо тоъат сар фурӯ оред, ки Ӯ нигаҳбони ҳама чиз аст! Ва тадбир мекунад ҳамаи умури халқашро.
[600] Сазовори ибодат
عربی تفاسیر:
لَّا تُدۡرِكُهُ ٱلۡأَبۡصَٰرُ وَهُوَ يُدۡرِكُ ٱلۡأَبۡصَٰرَۖ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ
103. Чашмҳо Ӯро дар дунё намебинанд, аммо мӯъминон дар охират Парвардигори худро бе ҳеҷ мамониат мебинанд ва Ӯ бинандагонро мебинад. Дақиқу огоҳ аст!
عربی تفاسیر:
قَدۡ جَآءَكُم بَصَآئِرُ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَنۡ أَبۡصَرَ فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ عَمِيَ فَعَلَيۡهَاۚ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيۡكُم بِحَفِيظٖ
104. (Эй Паёмбар ба мушрикон бигӯ): Ҳамоно аз сӯи Парвардигоратон барои шумо нишонаҳои равшан омад, ки шумо роҳи ҳақро аз гумроҳӣ ҷудо мекунед. Ҳар кӣ аз рӯи ибрат менигарад, ба нафъи ӯст ва ҳар кӣ чашми ибрат барҳам пӯшад, ба зиёни ӯст. Ва ман нигоҳдорандаи шумо нестам, ки амалҳои шуморо бишуморам! Ба дурустӣ, ки вазифаи ман расонандаи каломи Парвардигор аст. Аллоҳ ба муқтазои илм ва ҳикмати худ касеро, ки хоҳад ҳидоят мекунад ва касеро, ки хоҳад гумроҳ месозад.[601]
[601] Тафсири ибни Касир 3\312
عربی تفاسیر:
وَكَذَٰلِكَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ وَلِيَقُولُواْ دَرَسۡتَ وَلِنُبَيِّنَهُۥ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
105. Ва чунон ки дар ин Қуръон баён кардем, барои мушрикон нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳои худро дар амри тавҳид ва нубувват[602] ва ҳам чунин нишонаҳоро барои онҳо гуногун баён мекунем дар ҳар чизе ки намедонистанд, то нашавад, бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ[603] ва Мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем, ки онро қабул мекунанд ва пайрави он мешаванд. Ва онон касонеанд, ки бо Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва он чи бар ӯ нозил шуда имон овардагонанд.
[602] Тавҳид: Аллоҳро якка ягона дониста ибодат кардан ва “нубувват”- паёмбарӣ
[603]Яъне аз аҳли китоб таълим гирифти эй Муҳаммад? Тафсири Табарӣ 12/ 26
عربی تفاسیر:
ٱتَّبِعۡ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ وَأَعۡرِضۡ عَنِ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
106. Эй Паёмбар ба ҳар чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун аз амру наҳйе, ки бузургтарини он тавҳиди Аллоҳ аст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Ва аз ҷидол ва хусумати мушрикон рӯй гардон![604]
[604] Тафсири Табарӣ 12\32
عربی تفاسیر:
وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَآ أَشۡرَكُواْۗ وَمَا جَعَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيظٗاۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡهِم بِوَكِيلٖ
107. Агар Аллоҳ ҳидояти ононро мехост, онҳо ширк намеоварданд, балки ба ту имон меоварданд ва туро пайравӣ мекарданд ва мо туро нигаҳбонашон насохтаем, балки ту расонандаи паёми Мо ҳастӣ ба сӯяшон ва ту корсозашон нестӣ, ки дар ризқу рӯзии онҳо ҷавобгӯй бошӣ![605]
[605] Тафсири Табарӣ 12\33
عربی تفاسیر:
وَلَا تَسُبُّواْ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ فَيَسُبُّواْ ٱللَّهَ عَدۡوَۢا بِغَيۡرِ عِلۡمٖۗ كَذَٰلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمۡ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِم مَّرۡجِعُهُمۡ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
108. Ва эй мусалмонон, дашном мадиҳед, бутҳоеро ки мушрикон мепарастанд, зеро ки дар баробари шумо онҳо ҳам Аллоҳро аз рӯи зулм ва нодонӣ дашном хоҳанд кард. Чунки онон қавми ҷоҳиланд ҳамчунон ки амали бадашонро барояшон зиннат додем. Инчунин амали ҳар қавмеро дар пеши чашмашон оростаем. Пас бозгашти онҳо ба сӯи Парвардигорашон аст ва Ӯ ҳамаро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад.
عربی تفاسیر:
وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِن جَآءَتۡهُمۡ ءَايَةٞ لَّيُؤۡمِنُنَّ بِهَاۚ قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡأٓيَٰتُ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَا يُشۡعِرُكُمۡ أَنَّهَآ إِذَا جَآءَتۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
109. Мушрикон ба сахттарин қасамҳо ба Аллоҳ савганд ёд карданд, ки агар Муҳаммад мӯъҷизае бар мо биёварад, ба ӯ имон меоварем. Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳамоно ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Аллоҳ аст ва Ӯ қодир аст бар овардани он, ҳар вақте ки хоҳад ва шумо эй мӯъминон аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае ҳам нозил шавад, имон намеоваранд».[606]
[606] Тафсири Табарӣ 12\41
عربی تفاسیر:
وَنُقَلِّبُ أَفۡـِٔدَتَهُمۡ وَأَبۡصَٰرَهُمۡ كَمَا لَمۡ يُؤۡمِنُواْ بِهِۦٓ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَنَذَرُهُمۡ فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
110. Ва ҳамчунон, ки бори аввал ба он имон наёварданд, ин бор низ дилҳову дидагонашонро гумроҳ мекунем ва ононро саргардон дар гумроҳиашон раҳо месозем. Пас онҳо ба сӯи ҳақ роҳ намеёбанд.[607]
[607] Тафсири Табарӣ 12\46
عربی تفاسیر:
۞ وَلَوۡ أَنَّنَا نَزَّلۡنَآ إِلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ وَكَلَّمَهُمُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَحَشَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ كُلَّ شَيۡءٖ قُبُلٗا مَّا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُوٓاْ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ يَجۡهَلُونَ
111. Ва агар мо талаби онҳоро қабул менамудем ва фариштагонро аз осмон бар онҳо фуруд меовардем ва мурдагонро зинда мекардем, ки бо онҳо сухан гӯянд ва ҳар чизеро гурӯҳ- гурӯҳ назди онон гирд меовардем, пас ба чашми худ онро медиданд боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ бихоҳад. Валекин бештарашон ҷоҳиланд![608]
[608]Тафсири Ибни Касир 3\318
عربی تفاسیر:
وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوّٗا شَيَٰطِينَ ٱلۡإِنسِ وَٱلۡجِنِّ يُوحِي بَعۡضُهُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٖ زُخۡرُفَ ٱلۡقَوۡلِ غُرُورٗاۚ وَلَوۡ شَآءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُۖ فَذَرۡهُمۡ وَمَا يَفۡتَرُونَ
112. Чунон ки туро, эй Паёмбар биёзмудем бо душманонат (мушрикон), ҳамчунин барои ҳар паёмбаре душманони саркаш аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста ваҳй мекунанд, то шунавандаро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Лекин имтиҳонест аз ҷониби Парвардигорат. Пас онҳоро ба ҳоли дурӯғбастанашон бигузор![609]
[609] Тафсири Табарӣ 12\50
عربی تفاسیر:
وَلِتَصۡغَىٰٓ إِلَيۡهِ أَفۡـِٔدَةُ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ وَلِيَرۡضَوۡهُ وَلِيَقۡتَرِفُواْ مَا هُم مُّقۡتَرِفُونَ
113. Ва мерасонанд аз роҳи васваса шайтонҳои инсу ҷин суханони оростаро, то майл кунанд ба сӯи ин васваса дилҳои касоне, ки имон надоранд ба рӯзи охират, то писанд кунанд он васвасаро ва то амал кунанд он чиро, ки онон амалкунандаи ононанд. (Яъне амале, ки сазовори онон аст).
عربی تفاسیر:
أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَبۡتَغِي حَكَمٗا وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡكِتَٰبَ مُفَصَّلٗاۚ وَٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَعۡلَمُونَ أَنَّهُۥ مُنَزَّلٞ مِّن رَّبِّكَ بِٱلۡحَقِّۖ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ
114. Бигӯ, эй Расул барои мушрикон: Оё довари дигаре ҷуз маъбуди худам ва маъбуди шумо талаб кунам ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китоби равшанро (Қуръон) бар шумо нозил кардааст? Ва аҳли китоб, касонеанд, ки Аллоҳ ба онҳо Таврот ва Инҷилро фиристод, медонанд, ки (Қуръон) ба ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст. Пас аз шак оварандагон мабош дар чизе ки аз он Мо ба ту ваҳй фиристодаем![610]
[610] Тафсири Бағавӣ 3\81
عربی تفاسیر:
وَتَمَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ صِدۡقٗا وَعَدۡلٗاۚ لَّا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
115. Ва каломи Парвардигори ту дар ростиву адолат пурра ва мукаммал аст. Ҳеҷ кас наметавонад суханони Ӯро дигаргун кунад ва Ӯст шунаво ба гуфтори бандагонаш ва доност ба зоҳиру ботини умури бандагонаш!
عربی تفاسیر:
وَإِن تُطِعۡ أَكۡثَرَ مَن فِي ٱلۡأَرۡضِ يُضِلُّوكَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ هُمۡ إِلَّا يَخۡرُصُونَ
116. Агар фарз карда шавад эй Расул, ки ту итоъат кунӣ бисёриҳоеро, ки дар ин сарзаминанд, туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Зеро онон фақат аз паи гумон мераванд ва фақат ба дурӯғ сухан мегӯянд.
عربی تفاسیر:
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ مَن يَضِلُّ عَن سَبِيلِهِۦۖ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ
117. Албатта Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Вай дур мегарданд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро аз шумо дида беҳтар мешиносад!
عربی تفاسیر:
فَكُلُواْ مِمَّا ذُكِرَ ٱسۡمُ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ إِن كُنتُم بِـَٔايَٰتِهِۦ مُؤۡمِنِينَ
118. Агар ба оятҳои равшани Аллоҳ имон дошта бошед, аз забҳе, ки номи Аллоҳ бар он ёд шудааст, бихӯред.
عربی تفاسیر:
وَمَا لَكُمۡ أَلَّا تَأۡكُلُواْ مِمَّا ذُكِرَ ٱسۡمُ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ وَقَدۡ فَصَّلَ لَكُم مَّا حَرَّمَ عَلَيۡكُمۡ إِلَّا مَا ٱضۡطُرِرۡتُمۡ إِلَيۡهِۗ وَإِنَّ كَثِيرٗا لَّيُضِلُّونَ بِأَهۡوَآئِهِم بِغَيۡرِ عِلۡمٍۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُعۡتَدِينَ
119. Чи шуморо манъ мекунад эй мусалмонон аз хӯрдани он чӣ номи Аллоҳ бар он ёд шудааст, ва ҳамоно Аллоҳ чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром сохтааст, батафсил баён кардааст, ғайри он гоҳ ки ба сабаби гуруснагие, ки шуморо ба ҳалокат мерасонад ночор гардед? Ва аз он чи ки бар шумо ҳаром шудааст; мисли худмурда. Пас дар ин сурат хӯрдани он барои шумо мубоҳ аст. Ҳамоно бисёре аз гумроҳон бе ҳеҷ донише, дигаронро гумроҳи гумонҳои худ кунанд. Албатта Парвардигори ту ба таҷовузкороне, ки аз ҳадди ҳалол ба ҳаром мегузаранд, донотар аст![611]
[611]Тафсири Бағавӣ 3\82
عربی تفاسیر:
وَذَرُواْ ظَٰهِرَ ٱلۡإِثۡمِ وَبَاطِنَهُۥٓۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡسِبُونَ ٱلۡإِثۡمَ سَيُجۡزَوۡنَ بِمَا كَانُواْ يَقۡتَرِفُونَ
120. Ва эй мардум, ҳамаи гуноҳро, чӣ ошкор бошад ва чӣ пинҳон, тарк кунед. Онон, ки гуноҳ мекунанд, ба ҷазои амалҳои худ хоҳанд расид!
عربی تفاسیر:
وَلَا تَأۡكُلُواْ مِمَّا لَمۡ يُذۡكَرِ ٱسۡمُ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ وَإِنَّهُۥ لَفِسۡقٞۗ وَإِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ لَيُوحُونَ إِلَىٰٓ أَوۡلِيَآئِهِمۡ لِيُجَٰدِلُوكُمۡۖ وَإِنۡ أَطَعۡتُمُوهُمۡ إِنَّكُمۡ لَمُشۡرِكُونَ
121. Эй мусалмонон, аз забҳе, ки номи Аллоҳ бар он ёд нашудааст, нахӯред, ба монанди худмурда ва он чи барои бут ё ҷин забҳ шудаст. Ҳамоно хӯрдани ин гуна забҳшудаҳо фисқ[612] ( гуноҳ) аст. Ва шаётини ҷин ба дӯстони худ аз шайтонҳои инсӣ ваҳй мекунанд, ки бо шумо муҷодала кунанд[613] ва агар ба онҳо фармонбардорӣ кунед, шумо ва онҳо дар ширк баробаред.[614]
[612] Аз тоъати Аллоҳ берун рафтан
[613]Яъне ба шумо шубҳа меандозанд, ва мегӯянд: чаро он чи Аллоҳ куштааст, намехӯред ва он чи худ забҳ мекунед, мехӯред.
[614]Дар ин оят далел аст, ки касе ҳалол кардаи Аллоҳро ҳаром ё ҳаром кардаи Аллоҳро ҳалол шуморад, мушрик аст. Тафсири Бағавӣ 3\84
عربی تفاسیر:
أَوَمَن كَانَ مَيۡتٗا فَأَحۡيَيۡنَٰهُ وَجَعَلۡنَا لَهُۥ نُورٗا يَمۡشِي بِهِۦ فِي ٱلنَّاسِ كَمَن مَّثَلُهُۥ فِي ٱلظُّلُمَٰتِ لَيۡسَ بِخَارِجٖ مِّنۡهَاۚ كَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِلۡكَٰفِرِينَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
122. Оё он касе, ки дар гумроҳӣ мурда буд ва Мо бо имон зиндааш сохтем ва нуре дар роҳаш доштем ва ба пайравии паёмбарон тавфиқаш намудем, то ба он дар миёни мардум роҳи худро биёбад, монанди касест, ки дар торикии ҷаҳолат ва гумроҳиҳо гирифтор аст ва роҳи берун шуданро намедонад? Ҳеҷ гоҳ баробар намешаванд. Чунон ки ин кофире, ки бо шумо дар боби гӯшти худмурда баҳс мекунад эй мӯъминон, амали бадашро барояш ороста кардам, онро маъқул донист. Инчунин амалҳои инкоркунандагони роҳи ҳақро дар назарашон ороста гардондам, то ки гирифтори азоб гарданд[615]!
[615] Тафсири Табарӣ 12\89
عربی تفاسیر:
وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَا فِي كُلِّ قَرۡيَةٍ أَكَٰبِرَ مُجۡرِمِيهَا لِيَمۡكُرُواْ فِيهَاۖ وَمَا يَمۡكُرُونَ إِلَّا بِأَنفُسِهِمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ
123. Ва чунон ки бо бузургони Макка рӯй дод, ки пеши роҳи дини Аллоҳро гирифтанд ва ба ин тавр дар ҳар деҳае гунаҳкоронашонро бузургонашон қарор додем, то дар он ҷо ба боз доштани дини Аллоҳ макр кунанд, вале намедонанд, ки фақат барои худ макр мекунанд.[616]
[616] Тафсири Бағавӣ 3\185
عربی تفاسیر:
وَإِذَا جَآءَتۡهُمۡ ءَايَةٞ قَالُواْ لَن نُّؤۡمِنَ حَتَّىٰ نُؤۡتَىٰ مِثۡلَ مَآ أُوتِيَ رُسُلُ ٱللَّهِۘ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ حَيۡثُ يَجۡعَلُ رِسَالَتَهُۥۗ سَيُصِيبُ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْ صَغَارٌ عِندَ ٱللَّهِ وَعَذَابٞ شَدِيدُۢ بِمَا كَانُواْ يَمۡكُرُونَ
124. Чун нишонае бар мушрикони аҳли Макка бар рост будани паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил шуд, баъзе аз бузургонашон гуфтанд, ки мо имон намеоварем, то он гоҳ, ки ҳар чӣ ба паёмбарони Аллоҳ дода шуда[617], ба мо низ дода шавад. Бигӯ «Аллоҳ донотар аст, ки рисолати худро дар куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ ба гунаҳгорон ба ҷазои макре, ки мекарданд, аз ҷониби Аллоҳ дар ҷаҳаннам хориву азоби сахте хоҳад расид!»[618]
[617] Ба монанди он ки ба Мӯсо дода шуд аз ҷудо шудани баҳр ва ба Исо аз зинда гардондани мурдаҳо.
[618] Тафсири Табарӣ 12\95
عربی تفاسیر:
فَمَن يُرِدِ ٱللَّهُ أَن يَهۡدِيَهُۥ يَشۡرَحۡ صَدۡرَهُۥ لِلۡإِسۡلَٰمِۖ وَمَن يُرِدۡ أَن يُضِلَّهُۥ يَجۡعَلۡ صَدۡرَهُۥ ضَيِّقًا حَرَجٗا كَأَنَّمَا يَصَّعَّدُ فِي ٱلسَّمَآءِۚ كَذَٰلِكَ يَجۡعَلُ ٱللَّهُ ٱلرِّجۡسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ
125. Ҳар касеро, ки Аллоҳ хоҳад ҳидоят кунад, ба қабул кардани ҳақ дилашро барои тавҳиду имон мекушояд ва ҳар касеро, ки хоҳад гумроҳ кунад, аз қабул кардани ҳақ қалбашро чунон танг мекунад, ки аз шиддати тангии нафасаш гӯё ба осмон боло меравад. Ҳамин тавр меандозад Аллоҳ нопокиро дар дили касоне, ки имон намеоваранд. [619]
[619] Тафсири Табарӣ 12\ 110
عربی تفاسیر:
وَهَٰذَا صِرَٰطُ رَبِّكَ مُسۡتَقِيمٗاۗ قَدۡ فَصَّلۡنَا ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَذَّكَّرُونَ
126. Ин аст эй Расул роҳи рости[620] Парвардигорат. Ба таҳқиқ, оётро барои мардуме, ки панд мегиранд, батафсил баён кардаем.
[620] Роҳе, ки ба розигии Парвардигорат ва ҷаннат мебарад.
عربی تفاسیر:
۞ لَهُمۡ دَارُ ٱلسَّلَٰمِ عِندَ رَبِّهِمۡۖ وَهُوَ وَلِيُّهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
127. Барои онҳо дар назди Парвардигорашон хонаи саломатӣ[621] аст. Ва ба сабаби корҳое, ки мекунанд, Аллоҳ дӯстдори онҳост.
[621]Ҷаннат .
عربی تفاسیر:
وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ قَدِ ٱسۡتَكۡثَرۡتُم مِّنَ ٱلۡإِنسِۖ وَقَالَ أَوۡلِيَآؤُهُم مِّنَ ٱلۡإِنسِ رَبَّنَا ٱسۡتَمۡتَعَ بَعۡضُنَا بِبَعۡضٖ وَبَلَغۡنَآ أَجَلَنَا ٱلَّذِيٓ أَجَّلۡتَ لَنَاۚ قَالَ ٱلنَّارُ مَثۡوَىٰكُمۡ خَٰلِدِينَ فِيهَآ إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٞ
128. Ва ба ёд ор эй Расул, рӯзе, ки ҳама кофиронро аз инсу ҷингирд оварад ва гӯяд: «Эй гурӯҳи ҷинҳо, шумо бисёре аз одамиёнро пайрави худ сохтед». Ва гуфтанд дӯстонашон аз одамоникуффор : «Эй Парвардигори мо, мо аз якдигар баҳраманд мешудем ва ба поёни замоне, ки барои зистани мо қарор дода будӣ дар ҳаёти дунё, расидем». Аллоҳ гӯяд: «Ҷойгоҳи шумо оташ аст, ҷовидона дар он ҷо хоҳед буд, магар он чӣ Аллоҳ бихоҳад дар он ҷо ҷовидон нахоҳад монд аз гунаҳкорони аҳли тавҳид». Албатта Парвардигори ту устуворкору доно аст!
عربی تفاسیر:
وَكَذَٰلِكَ نُوَلِّي بَعۡضَ ٱلظَّٰلِمِينَ بَعۡضَۢا بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
129. Ва ба ин тарз баъзе аз ситамкоронро ба сабаби он чи мекарданд, ба якдигар вомегузорем.
عربی تفاسیر:
يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ قَالُواْ شَهِدۡنَا عَلَىٰٓ أَنفُسِنَاۖ وَغَرَّتۡهُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَشَهِدُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰفِرِينَ
130. Эй гурӯҳи ҷинҳо ва одамҳо, оё бар шумо паёмбароне аз худатон фиристода нашуд[622], то оёти Маро бароятон ки дарбаргирандаи амру наҳй ва баёнкунандаи некӯ бад аст бихонанд ва шуморо аз дидори чунин рӯзе битарсонанд? Инҳо мушрикон аз инсу ҷин бигӯянд: «Мо ба зиёни худ гувоҳӣ медиҳем, ки паёмбаронат оятҳоятро ба мо расонданд ва аз дучор шудани имрӯз моро бим карданд ва мо онҳоро тасдиқ накардем». Зиндагии дунёӣ ононро бифирефт ва ба зиёни худ гувоҳӣ доданд, ки аз кофирон буданд.[623]
[622] Зоҳири ин оят фақат ба паёмбарони инсонҳо далолат мекунад.
[623] Тафсири Табарӣ 12\123
عربی تفاسیر:
ذَٰلِكَ أَن لَّمۡ يَكُن رَّبُّكَ مُهۡلِكَ ٱلۡقُرَىٰ بِظُلۡمٖ وَأَهۡلُهَا غَٰفِلُونَ
131. Ва ин ба он сабаб аст, ки Парвардигори ту мардуми ҳеҷ деҳаеро, ки бехабар буданд, ба сазои золимона ҳалок намекард. Магар расидани азобамон баъд аз фиристодани паёмбарон аст.
عربی تفاسیر:
وَلِكُلّٖ دَرَجَٰتٞ مِّمَّا عَمِلُواْۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا يَعۡمَلُونَ
132. Барои ҳар як итоъаткор ё осӣ баробари корҳое, ки анҷом додаанд, дараҷотест, ки Парвардигори ту аз он чӣ мекунанд, ғофил нест.
عربی تفاسیر:
وَرَبُّكَ ٱلۡغَنِيُّ ذُو ٱلرَّحۡمَةِۚ إِن يَشَأۡ يُذۡهِبۡكُمۡ وَيَسۡتَخۡلِفۡ مِنۢ بَعۡدِكُم مَّا يَشَآءُ كَمَآ أَنشَأَكُم مِّن ذُرِّيَّةِ قَوۡمٍ ءَاخَرِينَ
133. Ва Парвардигори ту, ки мардумро ба ибодати худ амр намуд, аз тоъати бандагонаш бениёз аст, балки тамоми халқаш ба сӯи Ӯ мӯҳтоҷанд ва Ӯ ба бандагонаш меҳрубон аст. Ва ҳамчунон ки шуморо аз насли мардумони дигар биёфарида аст, агар бихоҳад, шуморо мебарад ва пас аз шумо ҳар киро, ки бихоҳад, ҷонишинатон месозад.[624]
[624] Тафсири Табарӣ 12 \126
عربی تفاسیر:
إِنَّ مَا تُوعَدُونَ لَأٓتٖۖ وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ
134. Эй мушрикон ҳар чи ба шумо ваъда додаанд, аз азоб хоҳад омад ва шуморо роҳи гурезе нест. Ва Ӯ қодир аст, ки шуморо аз нав бозгардонад, гарчанде ки хоку устухон ҳам гардед.[625]
[625] Тафсири Саъдӣ 1\274 ва Тафсири Табарӣ 12 \128
عربی تفاسیر:
قُلۡ يَٰقَوۡمِ ٱعۡمَلُواْ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمۡ إِنِّي عَامِلٞۖ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ مَن تَكُونُ لَهُۥ عَٰقِبَةُ ٱلدَّارِۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلظَّٰلِمُونَ
135. Бигӯ эй Расул: «Эй қавми ман, ҳар чӣ аз дастатон бармеояд, бикунед, ки ман низ мекунам он чиро, ки Парвардигори ман бар ман амр кардааст; ба зудӣ хоҳед донист, ки вақти фаро расидани азоб поёни ин зиндагӣ ба нафъи кӣ хоҳад буд, Албатта ситамкорон растагор намешаванд!»[626]
[626] Тафсири Табарӣ 12\129
عربی تفاسیر:
وَجَعَلُواْ لِلَّهِ مِمَّا ذَرَأَ مِنَ ٱلۡحَرۡثِ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ نَصِيبٗا فَقَالُواْ هَٰذَا لِلَّهِ بِزَعۡمِهِمۡ وَهَٰذَا لِشُرَكَآئِنَاۖ فَمَا كَانَ لِشُرَكَآئِهِمۡ فَلَا يَصِلُ إِلَى ٱللَّهِۖ وَمَا كَانَ لِلَّهِ فَهُوَ يَصِلُ إِلَىٰ شُرَكَآئِهِمۡۗ سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ
136. Мушрикон барои Аллоҳ аз зироатҳову чорпоёне, ки офаридааст, ҳиссае муайян карданд, ки онро барои меҳмонон ва мискинон пешкаш мекарданд ва ҳиссаи дигареро аз ин чизҳо барои бутонашон муайян карданд. Пас он ҳиссае, ки аз они бутонашон буд, ба Аллоҳ намерасид ва он ҳиссае, ки аз они Аллоҳ буд, ба бутонашон мерасид. Ба тарзе бад доварӣ мекарданд.[627]
[627] Тафсири ибни Касир 3\344
عربی تفاسیر:
وَكَذَٰلِكَ زَيَّنَ لِكَثِيرٖ مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ قَتۡلَ أَوۡلَٰدِهِمۡ شُرَكَآؤُهُمۡ لِيُرۡدُوهُمۡ وَلِيَلۡبِسُواْ عَلَيۡهِمۡ دِينَهُمۡۖ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا فَعَلُوهُۖ فَذَرۡهُمۡ وَمَا يَفۡتَرُونَ
137. Чунон ки шайтонҳо барои мушрикон зиннат доданд, ки аз зироат ва чорпоён насибаеро барои Аллоҳ ва барои шариконашон қарор диҳанд, ҳамчунин шайтонҳо куштани фарзандро аз тарси камбағалӣ дар назари бисёре аз мушрикон биёростанд, то ҳалокашон кунанд ва дар бораи динашон ба шакку иштибохашон андозанд. Пас гумроҳ ва ҳалок гарданд. Агар Аллоҳ мехост, чунин намекарданд. Лекин Аллоҳ ба донистанаш ба бадии ҳолашон ва оқибаташон бар гумроҳӣ тақдирашон кард. Пас бо дурӯғе, ки мебофанд, онҳоро гузор эй Расул! Ба зудӣ Аллоҳ байни ту ва онҳо ҳукм хоҳад кард.[628]
[628]Тафсири ибни Касир 3\345
عربی تفاسیر:
وَقَالُواْ هَٰذِهِۦٓ أَنۡعَٰمٞ وَحَرۡثٌ حِجۡرٞ لَّا يَطۡعَمُهَآ إِلَّا مَن نَّشَآءُ بِزَعۡمِهِمۡ وَأَنۡعَٰمٌ حُرِّمَتۡ ظُهُورُهَا وَأَنۡعَٰمٞ لَّا يَذۡكُرُونَ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَا ٱفۡتِرَآءً عَلَيۡهِۚ سَيَجۡزِيهِم بِمَا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
138. Мушрикон аз рӯи гумонашон гуфтанд: «Инҳо чорпоёну киштзорони манъкардашуда ҳастанд. Ҳеҷ кас ҷуз он, ки мо бихоҳем, набояд аз онҳо бихӯрад». Ва чорпоёне ҳастанд, ки савор шуданашон бар ҳама ҳол ҳаром аст ва чорпоёне ҳастанд, ки номи Аллоҳро дар вақти истифодабарии онҳо ёд накунанд, ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд ва ба зудӣ ба ҷазои дурӯғе, ки мебастаанд, ҷазояшонро хоҳад дод!
عربی تفاسیر:
وَقَالُواْ مَا فِي بُطُونِ هَٰذِهِ ٱلۡأَنۡعَٰمِ خَالِصَةٞ لِّذُكُورِنَا وَمُحَرَّمٌ عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِنَاۖ وَإِن يَكُن مَّيۡتَةٗ فَهُمۡ فِيهِ شُرَكَآءُۚ سَيَجۡزِيهِمۡ وَصۡفَهُمۡۚ إِنَّهُۥ حَكِيمٌ عَلِيمٞ
139. Ва мушрикон гуфтанд: «Он чӣ дар шиками ин чорпоён аст, агар зинда таваллуд шавад барои мардони мо ҳалол ва барои занонамон ҳаром аст». [629] Ва агар худмурда бошад, зану мард дар он шариканд. Аллоҳ ба сабаби ин гуфтор ҷазояшон хоҳад кард. Албатта Ӯ ҳакиму доност!
[629]Яъне барои мардон нӯшидани шири онҳоро ҳалол ва барои занҳо ҳаром медонистанд. Ва низ агар гӯсфанд нар таваллуд кунад, онро забҳ мекарданд ва бар занон вайро ҳаром меҳисобиданд ва агар мода таваллуд кунад, ба ҳолаш мегузоштанд. Тафсири ибни Касир 3\346
عربی تفاسیر:
قَدۡ خَسِرَ ٱلَّذِينَ قَتَلُوٓاْ أَوۡلَٰدَهُمۡ سَفَهَۢا بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَحَرَّمُواْ مَا رَزَقَهُمُ ٱللَّهُ ٱفۡتِرَآءً عَلَى ٱللَّهِۚ قَدۡ ضَلُّواْ وَمَا كَانُواْ مُهۡتَدِينَ
140. Ҳамоно зиён карданд касоне, ки ба беақлӣ ва нодонӣ фарзандони худро куштанд ва он чиро ба онҳо рӯзӣ дода буд, ҳаром карданд ба сабаби дурӯғ бастанашон ба Аллоҳ . Ҳамоно онон гумроҳ шудаанд ва роҳи ҳидоятро наёфтаанд![630]
[630]Ҳалол ва ҳаром гардондан аз хусусиятҳои Аллоҳ аст ва касе аз халқаш дар он шарикӣ карда наметавонад
عربی تفاسیر:
۞ وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَ جَنَّٰتٖ مَّعۡرُوشَٰتٖ وَغَيۡرَ مَعۡرُوشَٰتٖ وَٱلنَّخۡلَ وَٱلزَّرۡعَ مُخۡتَلِفًا أُكُلُهُۥ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُتَشَٰبِهٗا وَغَيۡرَ مُتَشَٰبِهٖۚ كُلُواْ مِن ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثۡمَرَ وَءَاتُواْ حَقَّهُۥ يَوۡمَ حَصَادِهِۦۖ وَلَا تُسۡرِفُوٓاْۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡرِفِينَ
141. Ва Ӯст, ки боғҳое офарид густарда бар замин (мисли ангур) ва низ ғайри густарда (мисли хурмо) ва дарахти хурмову киштзор бо таъмҳои гуногун ва зайтуну анор монанди якдигар дар манзрашон ва гуногун дар мазаашон. Чун ҳосил карданд, аз онҳо бихӯред ва дар рӯзи дарав ва ҷамъоварӣ ҳаққи (закоти) онро низ бипардозед ва исроф макунед. Ҳамоно Аллоҳ исрофкоронро дӯст надорад!
عربی تفاسیر:
وَمِنَ ٱلۡأَنۡعَٰمِ حَمُولَةٗ وَفَرۡشٗاۚ كُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ وَلَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوّٞ مُّبِينٞ
142. Ва низ Аллоҳ таъоло халқ кард чорпоёне, ки бор мебаранд ва бар онҳо савор мешавед ва бархе ба сабаби ин ки хурданд барои савор шудан ва барои борбардори салоҳият надоранд, мисли бачаи шутурҳо ва монанди он. Пас ҳаром нашуморед аз он чӣ Аллоҳ ба шумо онро ҳалол рӯзӣ додааст, бихӯред ва ба шайтон пайравӣ макунед, ки ҳамоно шайтон душмани ошкори шумост![631]
[631] Тафсири Саъдӣ 1\276
عربی تفاسیر:
ثَمَٰنِيَةَ أَزۡوَٰجٖۖ مِّنَ ٱلضَّأۡنِ ٱثۡنَيۡنِ وَمِنَ ٱلۡمَعۡزِ ٱثۡنَيۡنِۗ قُلۡ ءَآلذَّكَرَيۡنِ حَرَّمَ أَمِ ٱلۡأُنثَيَيۡنِ أَمَّا ٱشۡتَمَلَتۡ عَلَيۡهِ أَرۡحَامُ ٱلۡأُنثَيَيۡنِۖ نَبِّـُٔونِي بِعِلۡمٍ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
143. Ҳашт ҷуфт чорпоро Аллоҳ бар бандагонаш ато кардааст; ду ҷуфт аз гӯсфанд — нару мода ва ду ҷуфт аз буз—нару мода. Бигӯ эй Расул барои мушрикон: «Оё Аллоҳ он ду нарро ҳаром кардааст агар гӯянд: Оре. Пас дурӯғ гуфтаанд, зеро ки онҳо ҳар як гӯсфанд ва бузи нарро ҳаром намешумориданд. Ва ё бигӯ барояшон он ду модаро Аллоҳ ҳаром гардондааст? Агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳар модае, ки аз гӯсфанд ва буз таваллуд мешуд ҳаром намешумориданд. Ё барояшон бигӯ: он чиро, ки дар шиками модагон аст, Аллоҳ онро ҳаром гардондааст? Пас агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳаром намешумориданд ҳар як чизе дар ҷанин қарор дорад аз нару мода. Пас даъвояшон ботил шуд. Агар он чи рост мегӯед, аз рӯи илм ба ман хабар диҳед».[632]
[632] Тафсири Табарӣ 12 184, 185
عربی تفاسیر:
وَمِنَ ٱلۡإِبِلِ ٱثۡنَيۡنِ وَمِنَ ٱلۡبَقَرِ ٱثۡنَيۡنِۗ قُلۡ ءَآلذَّكَرَيۡنِ حَرَّمَ أَمِ ٱلۡأُنثَيَيۡنِ أَمَّا ٱشۡتَمَلَتۡ عَلَيۡهِ أَرۡحَامُ ٱلۡأُنثَيَيۡنِۖ أَمۡ كُنتُمۡ شُهَدَآءَ إِذۡ وَصَّىٰكُمُ ٱللَّهُ بِهَٰذَاۚ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا لِّيُضِلَّ ٱلنَّاسَ بِغَيۡرِ عِلۡمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
144. Ва бигӯ эй Расул барои мушрикон чор ҷуфти дигар аз шутур нару мода ва аз гов нару мода,: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст аз нару мода, пас чаро баъзеро ҳалол меҳисобед ва баъзеро ҳаром? Оё он ҳангом, ки Аллоҳ чунин фармон медод, шумо он ҷо ҳозир будед?» Пас чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебофад, то аз рӯи бехабарӣ мардумро аз роҳи ҳақ боздошта гумроҳ кунад? Албатта Аллоҳ ситамкоронеро, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебофанд ва мардумро гумроҳ мекунанд,ба роҳи рост ҳидоят намекунад.[633]
[633] Тафсири ибни Касир 3\352
عربی تفاسیر:
قُل لَّآ أَجِدُ فِي مَآ أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَىٰ طَاعِمٖ يَطۡعَمُهُۥٓ إِلَّآ أَن يَكُونَ مَيۡتَةً أَوۡ دَمٗا مَّسۡفُوحًا أَوۡ لَحۡمَ خِنزِيرٖ فَإِنَّهُۥ رِجۡسٌ أَوۡ فِسۡقًا أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَإِنَّ رَبَّكَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
145. Бигӯ эй Расул: «Дар миёни он чӣ бар ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он ҳаром бошад, намеёбам, ҷуз худмурда[634] ё хуни рехта дар вақти забҳ, ё гӯшти хук, ки ҳамоно палид аст ё ҳайвоне, ки дар куштанаш аз ҷиҳати нофармонӣ кардан, бе гуфтани номи Аллоҳ забҳаш кунанд».Ва ҳар , ки дармондаву ночор шавад ба сабаби гуруснагии сахт, пас бихурад аз ин ҳаромшудаҳо ғайри таҷовузкунанда. Ҳамоно Парвардигори ту омӯрзандаву меҳрубон аст. [635]
[634]Яъне бе забҳи шаръӣ мурда бошад
[635] Тафсири Табарӣ 19\190
عربی تفاسیر:
وَعَلَى ٱلَّذِينَ هَادُواْ حَرَّمۡنَا كُلَّ ذِي ظُفُرٖۖ وَمِنَ ٱلۡبَقَرِ وَٱلۡغَنَمِ حَرَّمۡنَا عَلَيۡهِمۡ شُحُومَهُمَآ إِلَّا مَا حَمَلَتۡ ظُهُورُهُمَآ أَوِ ٱلۡحَوَايَآ أَوۡ مَا ٱخۡتَلَطَ بِعَظۡمٖۚ ذَٰلِكَ جَزَيۡنَٰهُم بِبَغۡيِهِمۡۖ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ
146. Ва ба ёд ор эй Паёмбар, ки бар яҳуд ҳаром кардем ҳар ҳайвон ва паррандаи соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд, чарбуи он ҳар дуро ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рудаи онҳост ё ба устухонашон часпида бошад. Ин ҳаромшудаҳоро бар яҳудиён аз сабаби ситамкорияшон ҷазояшон додем ва ҳароина Мо дар ҳар чи мегӯем ростгӯ ва росткор ҳастем![636]
[636] Тафсири Саъдӣ 1\277
عربی تفاسیر:
فَإِن كَذَّبُوكَ فَقُل رَّبُّكُمۡ ذُو رَحۡمَةٖ وَٰسِعَةٖ وَلَا يُرَدُّ بَأۡسُهُۥ عَنِ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
147. Эй Расул, агар туро мухолифонат аз мушрикон ва яҳудиён дурӯғ бароранд, барояшон бигӯ; «Парвардигори шумо соҳиби раҳмати васеъ аст ва хашму азобаш аз гунаҳгорон боздошта нахоҳад шуд».[637]
[637]Ин оят бимкунандааст касонеро ки мухолифи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебароянд.
عربی تفاسیر:
سَيَقُولُ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ لَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَآ أَشۡرَكۡنَا وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمۡنَا مِن شَيۡءٖۚ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ حَتَّىٰ ذَاقُواْ بَأۡسَنَاۗ قُلۡ هَلۡ عِندَكُم مِّنۡ عِلۡمٖ فَتُخۡرِجُوهُ لَنَآۖ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا تَخۡرُصُونَ
148. (Мушрикон тақдир ва қазои илоҳиро баҳона[638] карда хоҳанд гуфт): «Агар Аллоҳ мехост, мо ва падаронамон мушрик намешудем ва чизеро ҳаром намекардем». Ва Аллоҳ бар онҳо рад карда шубҳаи ононро баён мекунад: Ҳамчунин касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва хашму азоби Моро чашиданд. Бигӯ эй Расул: «Агар шуморо донише ҳаст, дар он чи ҳаром шуморидед аз чорпо ва киштзор, пас онро барои мо ошкор созед. Вале шумо дар умури дин танҳо аз гумони хеш пайравӣ мекунед ва ба ҷуз дурӯғ чизе намегӯед!
[638]Балки ҳадаф аз ин баҳона рад кардани ҳақ аст. Тафсири Саъдӣ 1\278
عربی تفاسیر:
قُلۡ فَلِلَّهِ ٱلۡحُجَّةُ ٱلۡبَٰلِغَةُۖ فَلَوۡ شَآءَ لَهَدَىٰكُمۡ أَجۡمَعِينَ
149. Бигӯ эй Расул барояшон: «Хоси Аллоҳ аст далели маҳкаму расо, агар мехост ҳамаи шуморо ба роҳи рост ҳидоят мекард».
عربی تفاسیر:
قُلۡ هَلُمَّ شُهَدَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ يَشۡهَدُونَ أَنَّ ٱللَّهَ حَرَّمَ هَٰذَاۖ فَإِن شَهِدُواْ فَلَا تَشۡهَدۡ مَعَهُمۡۚ وَلَا تَتَّبِعۡ أَهۡوَآءَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ وَهُم بِرَبِّهِمۡ يَعۡدِلُونَ
150. Бигӯ эй Расул барои касоне, ки ҳалоли Аллоҳро ҳаром мекунанд ва онро ба Аллоҳ нисбат медиҳанд: «Гувоҳонатонро, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки Аллоҳ ин ё онро ҳаром кардааст аз кишт ва чорпо, биёваред!» Пас агар гувоҳӣ доданд, ту бо онон гувоҳӣ надеҳ ва аз хостаҳои онҳое, ки оёти Моро дурӯғ гуфтанд ва ба охират имон надоранд ва касонеро бо Парвардигорашон баробар шарик медоранд, пайравӣ макун!
عربی تفاسیر:
۞ قُلۡ تَعَالَوۡاْ أَتۡلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمۡ عَلَيۡكُمۡۖ أَلَّا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡـٔٗاۖ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنٗاۖ وَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَوۡلَٰدَكُم مِّنۡ إِمۡلَٰقٖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُكُمۡ وَإِيَّاهُمۡۖ وَلَا تَقۡرَبُواْ ٱلۡفَوَٰحِشَ مَا ظَهَرَ مِنۡهَا وَمَا بَطَنَۖ وَلَا تَقۡتُلُواْ ٱلنَّفۡسَ ٱلَّتِي حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلۡحَقِّۚ ذَٰلِكُمۡ وَصَّىٰكُم بِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ
151. Бигӯ эй Расул барояшон: «Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин ки ба Аллоҳ чизеро ширк наёваред дар ибодаташ! Балки ҷамиъи навъҳои ибодатро барои Ӯ сарф намоед, ба монанди дуо, тарс, умед ва ғайри инҳо. Ва ба падару модар некӣ кунед! Ва аз бими камбағалӣ фарзандони худро накушед! Мо ба шумо ва онҳо рӯзӣ медиҳем. Ва ба корҳои зишту беҳаёиҳо чӣ пинҳону чӣ ошкоро наздик нашавед! Ва касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри хақ[639] макушед! Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки ба ақл дарёбед!
[639] Дар ҳолати қасос аз қотил қасос гирифтан, зинокоре, ки зан дорад ва марде, ки аз ислом муртад мешавад.
عربی تفاسیر:
وَلَا تَقۡرَبُواْ مَالَ ٱلۡيَتِيمِ إِلَّا بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ حَتَّىٰ يَبۡلُغَ أَشُدَّهُۥۚ وَأَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَٱلۡمِيزَانَ بِٱلۡقِسۡطِۖ لَا نُكَلِّفُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَاۖ وَإِذَا قُلۡتُمۡ فَٱعۡدِلُواْ وَلَوۡ كَانَ ذَا قُرۡبَىٰۖ وَبِعَهۡدِ ٱللَّهِ أَوۡفُواْۚ ذَٰلِكُمۡ وَصَّىٰكُم بِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ
152. Ва ба моли ятим наздик машавед, магар ба некӯтарин ваҷҳе, ки ба фоидаи ӯ бошад, то ба синни булуғ расад. Ва паймонаву вазнро аз рӯи адл комил кунед! Мо ба касе ҷуз ба андозаи тавоноиаш таклиф намекунем. Ва ҳар гоҳ сухан гӯед,[640] одилона гӯед, ҳарчанд ба зиёни хешовандонатон бошад. Ва ба аҳди Аллоҳ вафо кунед! Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки панд гиред!
[640] Дар хабар, гувоҳӣ додан, ҳукм кардан ё кумак кардан
عربی تفاسیر:
وَأَنَّ هَٰذَا صِرَٰطِي مُسۡتَقِيمٗا فَٱتَّبِعُوهُۖ وَلَا تَتَّبِعُواْ ٱلسُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمۡ عَن سَبِيلِهِۦۚ ذَٰلِكُمۡ وَصَّىٰكُم بِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ
153. Ва ин аст роҳи рости Ман[641]. Аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Аллоҳ пароканда месозад. Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, то парҳезгор шавед!»
[641] Ислом. Тафсири Табарӣ 12\228
عربی تفاسیر:
ثُمَّ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ تَمَامًا عَلَى ٱلَّذِيٓ أَحۡسَنَ وَتَفۡصِيلٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لَّعَلَّهُم بِلِقَآءِ رَبِّهِمۡ يُؤۡمِنُونَ
154. Сипас бигӯ эй Расул барои мушрикон, ки Аллоҳ таъоло ба Мӯсо китоби Тавротро дод, то неъматашро бар некӯкорони уммати Мусо тамом кунад ва то баён кунад, аҳкоми ҳар чизро аз умури динашон бо роҳи ҳидоят ва раҳмату меҳрубонӣ , то ки бани Исроил ба мулоқоти Парвардигори худ имон оранд,
عربی تفاسیر:
وَهَٰذَا كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ مُبَارَكٞ فَٱتَّبِعُوهُ وَٱتَّقُواْ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ
155. Ин Қуръон китобест муборак. Онро нозил кардаем бар Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки дар он хайри бисёр аст. Пас ба он чи ки амр мекунад ва аз он чи манъ мекунад, пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред![642]
[642] Тафсири Табарӣ 12\238
عربی تفاسیر:
أَن تَقُولُوٓاْ إِنَّمَآ أُنزِلَ ٱلۡكِتَٰبُ عَلَىٰ طَآئِفَتَيۡنِ مِن قَبۡلِنَا وَإِن كُنَّا عَن دِرَاسَتِهِمۡ لَغَٰفِلِينَ
156. Фуруд овардем Қуръонро то нагӯед эй кофирони араб, ки танҳо бар ду гурӯҳе (яҳуду насоро), ки пеш аз мо буданд, китоб нозил шуда ва мо аз омӯхтани онҳо ғофил будаем.[643]
[643]Аз ин сабаб китобе ба сӯи шумо фиристодем, ки ҳеҷ китобе ҷомеътар ва равшантар аз он аз осмон нозил нашудааст. Тафсири Саъдӣ 1\280
عربی تفاسیر:
أَوۡ تَقُولُواْ لَوۡ أَنَّآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا ٱلۡكِتَٰبُ لَكُنَّآ أَهۡدَىٰ مِنۡهُمۡۚ فَقَدۡ جَآءَكُم بَيِّنَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٞۚ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَصَدَفَ عَنۡهَاۗ سَنَجۡزِي ٱلَّذِينَ يَصۡدِفُونَ عَنۡ ءَايَٰتِنَا سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِ بِمَا كَانُواْ يَصۡدِفُونَ
157. Ё нагӯед эй мушрикон , ки агар бар мо низ китоб нозил мешуд, чунон ки бар яҳуду насоро нозил шуд, беҳтар аз онон ба роҳи ҳидоят мерафтем. Ҳамоно бар шумо низ аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидоят ба сӯи ҳақ раҳмат ба уммат фаро расид. Ва кист ситамгортар аз касе, ки оёти Аллоҳро дурӯғ пиндорад ва аз онҳо рӯй бигардонад? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯй мегардонанд, ба сабаби ин рӯйгардониашон аз оёти Мо, дар оташи ҷаҳаннам ба азоби бад ҷазо хоҳем дод![644]
[644] Тафсири Табарӣ 12\242
عربی تفاسیر:
هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَوۡ يَأۡتِيَ رَبُّكَ أَوۡ يَأۡتِيَ بَعۡضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَۗ يَوۡمَ يَأۡتِي بَعۡضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَ لَا يَنفَعُ نَفۡسًا إِيمَٰنُهَا لَمۡ تَكُنۡ ءَامَنَتۡ مِن قَبۡلُ أَوۡ كَسَبَتۡ فِيٓ إِيمَٰنِهَا خَيۡرٗاۗ قُلِ ٱنتَظِرُوٓاْ إِنَّا مُنتَظِرُونَ
158. Оё онон, ки аз ҳақ рӯй гардонданд ва дигаронро аз ҳақ боздоштанд, интизори он доранд, ки фариштаи марг бо ёронаш барои қабзи рӯҳашон наздашон биёянд? Ё Парвардигорат барои ҷудо кардани байни бандагон некӯкорро аз бадкор наздашон биёяд? "Ё нишонае аз нишонаҳои Аллоҳ ба наздик омадани рӯзи қиёмат бар онҳо зоҳир шавад? Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. Бигӯ эй Расул барояшон: «Мунтазир бошед, ҳамоно мо низ мунтазирем, он рӯзро, то бидонед, ки кадоми яке аз мо ба осоиш сазовортар аст».[645]
[645] Тафсири Саъдӣ 1\281
عربی تفاسیر:
إِنَّ ٱلَّذِينَ فَرَّقُواْ دِينَهُمۡ وَكَانُواْ شِيَعٗا لَّسۡتَ مِنۡهُمۡ فِي شَيۡءٍۚ إِنَّمَآ أَمۡرُهُمۡ إِلَى ٱللَّهِ ثُمَّ يُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ
159. Ҳамоно касоне, ки пароканда карданд дини худро ва гурӯҳ гурӯҳ ҷудо шуданд , бе гумон ту эй Расул аз онон дур ҳастӣ. Ҳамоно ҳукми онҳо ба сӯи Аллоҳ аст ва ононро ба корҳое, ки мекарданд, огоҳ месозад ва касонеро, ки аз онҳо тавба карданд ва некӯкорӣ карданд, подош медиҳад ва касоне, ки бадкорӣ кардаанд, азобашон медиҳад.
عربی تفاسیر:
مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ عَشۡرُ أَمۡثَالِهَاۖ وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَلَا يُجۡزَىٰٓ إِلَّا مِثۡلَهَا وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
160. Ҳар кас кори неке анҷом диҳад, даҳ баробар ба ӯ подош диҳанд ва ҳар кӣ кори баде анҷом диҳад, танҳо монанди он ҷазо бинад, то ситаме бар онҳо миқдори заррае нарафта бошад.
عربی تفاسیر:
قُلۡ إِنَّنِي هَدَىٰنِي رَبِّيٓ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ دِينٗا قِيَمٗا مِّلَّةَ إِبۡرَٰهِيمَ حَنِيفٗاۚ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
161. Бигӯ эй Расул барои инҳо мушрикон: «Албатта Парвардигори ман маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст, ба дини ҳамеша устувор ва он ислом аст, дини тавҳид, дини ҳанифи Иброҳим. Ва Иброҳим алайҳиссалом аз мушрикон набуд».
عربی تفاسیر:
قُلۡ إِنَّ صَلَاتِي وَنُسُكِي وَمَحۡيَايَ وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
162. Бигӯ эй Расул барои инҳо мушрикон: «Ҳамоно намози ман ва қурбонии ман ва зиндагии ман ва марги ман барои Аллоҳ аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст[646].
[646] На барои бутон, мурдагон ва ҷинҳо.
عربی تفاسیر:
لَا شَرِيكَ لَهُۥۖ وَبِذَٰلِكَ أُمِرۡتُ وَأَنَا۠ أَوَّلُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
163. Ӯро шарике нест дар ибодаташ ва офаринишаш ва дар ном ва сифатҳояш. Ба ман чунин амр шудаст, ки холис Парвардигорамро парастиш кунам ва ман аз нахустин мусалмон дар миёни ин уммат ҳастам.
عربی تفاسیر:
قُلۡ أَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَبۡغِي رَبّٗا وَهُوَ رَبُّ كُلِّ شَيۡءٖۚ وَلَا تَكۡسِبُ كُلُّ نَفۡسٍ إِلَّا عَلَيۡهَاۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُم مَّرۡجِعُكُمۡ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ
164. Бигӯ эй Расул: «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Ӯ Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳӣ дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва Ӯ шуморо ба он чизҳое, ки дар он аз умури дин ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад.
عربی تفاسیر:
وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَكُمۡ خَلَٰٓئِفَ ٱلۡأَرۡضِ وَرَفَعَ بَعۡضَكُمۡ فَوۡقَ بَعۡضٖ دَرَجَٰتٖ لِّيَبۡلُوَكُمۡ فِي مَآ ءَاتَىٰكُمۡۗ إِنَّ رَبَّكَ سَرِيعُ ٱلۡعِقَابِ وَإِنَّهُۥ لَغَفُورٞ رَّحِيمُۢ
165. Ӯст Аллоҳе, ки шуморо халифагони замин кард ва баъзеро бар баъзи дигар ба дараҷаҳо бартарӣ дод, то шуморо дар чизе, ки додааст, биёзмояд. Албатта Парвардигорат касеро, ки аз Ӯ нофармонӣ кунад, зуд ҷазо медиҳад ва албатта Ӯ бахшандаву меҳрубон аст, ба касе ки ба Вай имон биёварад ва амали солеҳ анҷом диҳад ва аз гуноҳи кабира тавба кунад![647]
[647] Тафсири Табарӣ 12\290
عربی تفاسیر:
 
معانی کا ترجمہ سورت: سورۂ انعام
سورتوں کی لسٹ صفحہ نمبر
 
قرآن کریم کے معانی کا ترجمہ - تاجک ترجمہ : خواجہ میروف خواجہ میر - ترجمے کی لسٹ

قرآن کریم کے معانی کا تاجیکی زبان میں ترجمہ: خواجہ میروف خواجہ میر نے کیا ہے۔ ترجمہ کی تصحیح مرکز رُواد الترجمہ کی جانب سے کی گئی ہے، ساتھ ہی اظہارِ رائے، تقییم اور مسلسل بہتری کے لیے اصل ترجمہ بھی باقی رکھا گیا ہے۔

بند کریں