Check out the new design

Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir. * - Tərcumənin mündəricatı


Mənaların tərcüməsi Surə: Yusuf   Ayə:
قَالُوٓاْ أَضۡغَٰثُ أَحۡلَٰمٖۖ وَمَا نَحۡنُ بِتَأۡوِيلِ ٱلۡأَحۡلَٰمِ بِعَٰلِمِينَ
44. Гуфтанд: «Ин хобҳо аз зумраи хобҳои парешон аст ва мо аз таъбири ин хобҳо огоҳӣ надорем».
Ərəbcə təfsirlər:
وَقَالَ ٱلَّذِي نَجَا مِنۡهُمَا وَٱدَّكَرَ بَعۡدَ أُمَّةٍ أَنَا۠ أُنَبِّئُكُم بِتَأۡوِيلِهِۦ فَأَرۡسِلُونِ
45. Ва яке[1149] аз он ду ҷавони дар зиндон буда, ки аз қатл наҷот ёфта буд ва пас аз муддате хоҳиши Юсуф ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он хабар медиҳам. Пас, маро назди Юсуф бифиристед».[1150]
[1149] Он ки барои хоҷаи хеш шароб мерезад
[1150] Тафсири Табарӣ 16\119
Ərəbcə təfsirlər:
يُوسُفُ أَيُّهَا ٱلصِّدِّيقُ أَفۡتِنَا فِي سَبۡعِ بَقَرَٰتٖ سِمَانٖ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافٞ وَسَبۡعِ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرٖ وَأُخَرَ يَابِسَٰتٖ لَّعَلِّيٓ أَرۡجِعُ إِلَى ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَعۡلَمُونَ
46. Эй Юсуф, эй марди бисёр ростгӯй дар гуфтор ва росткор дар кирдор, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабзу ҳафт хӯшаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва ононаз таъбири ин хоб огоҳ гарданд».[1151]
[1151] Тафсири Саъдӣ 1\399
Ərəbcə təfsirlər:
قَالَ تَزۡرَعُونَ سَبۡعَ سِنِينَ دَأَبٗا فَمَا حَصَدتُّمۡ فَذَرُوهُ فِي سُنۢبُلِهِۦٓ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّا تَأۡكُلُونَ
47. Юсуф ба пурсандаи хоби подшоҳ гуфт: Ҳафт сол пай дар пай бо ҷиддият кишт кунед ва ҳар чӣ ки медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, боқимондаро бо хӯша анбор кунед, то замоне бисёр истад ва зуд вайрон нашавад.[1152]
[1152] Тафсири Бағавӣ 4\247
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ سَبۡعٞ شِدَادٞ يَأۡكُلۡنَ مَا قَدَّمۡتُمۡ لَهُنَّ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّا تُحۡصِنُونَ
48. Аз он пас ҳафт сол қаҳтӣ ва сахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаед, бихӯранд магар каме, аз онро бо эҳтиёт нигоҳ доред.
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ عَامٞ فِيهِ يُغَاثُ ٱلنَّاسُ وَفِيهِ يَعۡصِرُونَ
49. Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон дода шавад ва дар он сол афшурданиҳоро мефишуранд (яъне, хайру баракат бисёр мешавад).[1153]
[1153] Тафсири Бағавӣ 4\247
Ərəbcə təfsirlər:
وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ ٱئۡتُونِي بِهِۦۖ فَلَمَّا جَآءَهُ ٱلرَّسُولُ قَالَ ٱرۡجِعۡ إِلَىٰ رَبِّكَ فَسۡـَٔلۡهُ مَا بَالُ ٱلنِّسۡوَةِ ٱلَّٰتِي قَطَّعۡنَ أَيۡدِيَهُنَّۚ إِنَّ رَبِّي بِكَيۡدِهِنَّ عَلِيمٞ
50. Ва подшоҳ ба муовинонаш гуфт: Таъбиркунандаи хоби маро аз зиндон озод кунед ва ӯро назди ман биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф ба ӯ гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳоли он заноне, ки дастҳои худро буриданд, чист?[1154] Албатта, Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!»
[1154]Яъне, то ҳақиқат ба ҳама маълум шавад, ки Юсуф аз гуноҳ пок аст. Тафсири ибни Касир 4\393
Ərəbcə təfsirlər:
قَالَ مَا خَطۡبُكُنَّ إِذۡ رَٰوَدتُّنَّ يُوسُفَ عَن نَّفۡسِهِۦۚ قُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا عَلِمۡنَا عَلَيۡهِ مِن سُوٓءٖۚ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡـَٰٔنَ حَصۡحَصَ ٱلۡحَقُّ أَنَا۠ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ وَإِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
51. Подшоҳ гуфт: «Эй занон, чӣ гуна буд ин кори шумо, ки Юсуфро ба назди худ хондед, ӯ хоҳиши нафси шумо кард ё шумо хоҳиши нафси ӯ кардед? » Гуфтанд: «Маъозаллоҳ (паноҳ бар Аллоҳ)! Надидем аз ӯ ҳеҷ хиёнате, вале зани Азиз ба мо хабар дод, ки ӯ Юсуфро ба худ хондааст». Зани Азиз иқрор шуда гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман хостам Юсуфро, вале ӯ худро аз ин амал боз дошт, албатта, ӯ дар зумраи ростгӯён аст дар суханоне, ки мегӯяд!»[1155]
[1155] Тафсири Табарӣ 16\139
Ərəbcə təfsirlər:
ذَٰلِكَ لِيَعۡلَمَ أَنِّي لَمۡ أَخُنۡهُ بِٱلۡغَيۡبِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي كَيۡدَ ٱلۡخَآئِنِينَ
52. Зани Азиз гуфт: Ин ҳама барои он аст, ки то бидонад Азиз, ки ман ғоибона хиёнати ӯ накардаам ва аз ман кори зиште содир нашудааст ва ҳамоно, Аллоҳ ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад.[1156]
[1156] Тафсири Саъдӣ 1\400
Ərəbcə təfsirlər:
 
Mənaların tərcüməsi Surə: Yusuf
Surələrin mündəricatı Səhifənin rəqəmi
 
Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir. - Tərcumənin mündəricatı

Tərcümə edən: Xoca Mirov Xoca Mir. Tərcümə "Ruvvad" tərcümə mərkəzinin rəhbərliyi altında inkişaf etdirilmişdir. Orijinal tərcüməyə: rəy bildirmək, qiymətləndirmək və davamlı inkişaf məqsədi ilə baxmaq mümkündür.

Bağlamaq