Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir * - Tərcumənin mündəricatı


Mənaların tərcüməsi Ayə: (189) Surə: əl-Bəqərə
۞ يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡأَهِلَّةِۖ قُلۡ هِيَ مَوَٰقِيتُ لِلنَّاسِ وَٱلۡحَجِّۗ وَلَيۡسَ ٱلۡبِرُّ بِأَن تَأۡتُواْ ٱلۡبُيُوتَ مِن ظُهُورِهَا وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنِ ٱتَّقَىٰۗ وَأۡتُواْ ٱلۡبُيُوتَ مِنۡ أَبۡوَٰبِهَاۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
189. Аз ту, эй Паёмбар, дар бораи ҳилолҳои моҳ[113] мепурсанд, бигў: Аллоҳ онро нишона гардондаст барои донистани мардум вақтҳои ибодати худро, ба монанди расидани вақти рўза ва ҳаҷ ва муомилоташон. Ва накўкорӣ он нест, ки аз пушт ба хонаҳо дароед, вале накўкорӣ роҳи касонест, ки парҳезгор бошанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароянд.[114]. Бинобар ин Аллоҳ хабар дод, ки ин некўкорӣ нест ва Аллоҳ ин корро машруъ накардааст. Балки некўкорӣ он аст, ки аз Аллоҳ битарсад ва аз гуноҳ дур шавад. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, то растагор шавед.
[113] Камшавӣ ва зиёдшавии моҳро меноманд. Тафсири Бағавӣ 1\211
[114]Ин одати ҷоҳилият буд, ислом омад ва онро барҳам дод. Яъне арабҳо, вақте ки дар ҳаҷ ё умра эҳром мебастанд, аз дарвозаи хонаҳо ворид намешуданд, ва инро як амри ибодатӣ гумон мекарданд Тафсири Бағавӣ 1\212
Ərəbcə təfsirlər:
 
Mənaların tərcüməsi Ayə: (189) Surə: əl-Bəqərə
Surələrin mündəricatı Səhifənin rəqəmi
 
Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir - Tərcumənin mündəricatı

Qurani Kərimin Tacik dilinə mənaca tərcüməsi. Tərcümə etdi: Hocamirov Hocamir. Düzəlişlər "Ruvvad" Tərcümə Mərkəzinin rəhbərliyi altında aparılıb. Orijinal tərcümə rəy bildirmək, qiymətləndirmək və davamlı təkmilləşdirmək üçün mövcuddur.

Bağlamaq