Check out the new design

Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir. * - Tərcumənin mündəricatı


Mənaların tərcüməsi Surə: əz-Zuxruf   Ayə:
وَإِنَّهُۥ لَعِلۡمٞ لِّلسَّاعَةِ فَلَا تَمۡتَرُنَّ بِهَا وَٱتَّبِعُونِۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ
61. Ва бешубҳа фаромадани Исо алайҳиссаллом пеш аз рӯзи қиёмат нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Пас дар воқеъ шудани қиёмат ҳаргиз шак макунед ва пайравии ман кунед! Ин аст роҳи рост ба сӯи ҷаннат.[2490]
[2490] Тафсири Бағавӣ 7/ 219
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَا يَصُدَّنَّكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُۖ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوّٞ مُّبِينٞ
62. Шайтон бо васвасаҳояш шуморо аз роҳи тоъати Ман бознагардонад, албатта ӯ душмани ошкори шумост.
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَمَّا جَآءَ عِيسَىٰ بِٱلۡبَيِّنَٰتِ قَالَ قَدۡ جِئۡتُكُم بِٱلۡحِكۡمَةِ وَلِأُبَيِّنَ لَكُم بَعۡضَ ٱلَّذِي تَخۡتَلِفُونَ فِيهِۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
63. Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ назди бани Исроил омад, гуфт: «Бегумон бароятон ҳикмат нубувватро овардаам ва омадаам, то чизҳоеро аз умури дини, ки дар он ихтилоф мекунед, равшан кунам. Пас, аз Аллоҳ битарсед ва аз ман итоъат кунед.
Ərəbcə təfsirlər:
إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ رَبِّي وَرَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ
64. Ҳароина, Аллоҳи якто, Парвардигори ману Парвардигори шумост. Пас Ӯро ягона бипарастед ва ба Ӯ чизеро шарик наоред. Роҳи рост ин аст.[2491]»
[2491] Яъне, тарс аз Аллоҳ ва ягонаӮ ро ибодат кардан. Тафсири Табарӣ 21/ 636
Ərəbcə təfsirlər:
فَٱخۡتَلَفَ ٱلۡأَحۡزَابُ مِنۢ بَيۡنِهِمۡۖ فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡ عَذَابِ يَوۡمٍ أَلِيمٍ
65. Пас гурӯҳҳо байни худ ихтилоф карданд[2492]. Пас, вой бар ҳоли ситамкорон онон, ки Исоро чунин васф карданд аз азоби дардовари қиёмат!
[2492] Яъне, дар шаъни Исо ихтилоф карданд: Гурӯҳе ӯро банда ва паёмбари Аллоҳ меҳисобад ин ҳақ аст , гурӯҳе ӯро писари Аллоҳ меҳисобад ва гурӯҳе ӯро Аллоҳ меҳисобад. Аллоҳ пок аст аз ин гуфтаҳо.
Ərəbcə təfsirlər:
هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا ٱلسَّاعَةَ أَن تَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ
66. Оё онҳо[2493] мунтазири ин ҳастанд, ки қиёмат ногаҳон дар ҳоле, ки аз он бехабар ҳастанд, барояшон биёяд?
[2493] Онҳое, ки дар шаъни Исо ибни Марям ихтилоф карданд. Тафсири Табарӣ 21/ 636
Ərəbcə təfsirlər:
ٱلۡأَخِلَّآءُ يَوۡمَئِذِۭ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوٌّ إِلَّا ٱلۡمُتَّقِينَ
67. Дӯстон[2494] дар он рӯз, душмани якдигар хоҳанд буд, магар парҳезгорон.
[2494] Яъне, дӯстони гунаҳкоре, ки дар дунё бо ҳам дӯст буданд. Тафсири Табарӣ 21/ 637
Ərəbcə təfsirlər:
يَٰعِبَادِ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡكُمُ ٱلۡيَوۡمَ وَلَآ أَنتُمۡ تَحۡزَنُونَ
68. Эй бандагони парҳезгори Ман, имрӯз ҳеҷ тарсу ҳаросе нест ба шумо, гирифтори азоб намешавед ва на шумо ғамгин мешавед.
Ərəbcə təfsirlər:
ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُواْ مُسۡلِمِينَ
69. Он касоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва ба он чӣ паёмбарон овардаанд, амал намуданд ва бо дилу узвҳои баданашон таслими амри Мо шудаанд,
Ərəbcə təfsirlər:
ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ أَنتُمۡ وَأَزۡوَٰجُكُمۡ تُحۡبَرُونَ
70. шумо ва ҳамсаронатон бо шодкомию хурсандӣ ба биҳишт дохил шавед.[2495]
[2495] Тафсири Саъдӣ 1/ 769
Ərəbcə təfsirlər:
يُطَافُ عَلَيۡهِم بِصِحَافٖ مِّن ذَهَبٖ وَأَكۡوَابٖۖ وَفِيهَا مَا تَشۡتَهِيهِ ٱلۡأَنفُسُ وَتَلَذُّ ٱلۡأَعۡيُنُۖ وَأَنتُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
71. Гардонида мешавад ба биҳиштиҳо дар косаҳои заррин таъомро ва дар қадаҳҳои заррин шаробро. Дар он ҷост ҳар чӣдил кашад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд!
Ərəbcə təfsirlər:
وَتِلۡكَ ٱلۡجَنَّةُ ٱلَّتِيٓ أُورِثۡتُمُوهَا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
72.Ва ин он биҳиштест, ки Аллоҳ шуморо ба сабаби амалҳои некатон , ки дар дунё мекардед мерос дод.[2496]
[2496] Тафсири Табарӣ 21/ 643
Ərəbcə təfsirlər:
لَكُمۡ فِيهَا فَٰكِهَةٞ كَثِيرَةٞ مِّنۡهَا تَأۡكُلُونَ
73. Дар он ҷаннат бароятон меваҳои бисёр аст, ки аз он мехӯред.
Ərəbcə təfsirlər:
 
Mənaların tərcüməsi Surə: əz-Zuxruf
Surələrin mündəricatı Səhifənin rəqəmi
 
Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir. - Tərcumənin mündəricatı

Tərcümə edən: Xoca Mirov Xoca Mir. Tərcümə "Ruvvad" tərcümə mərkəzinin rəhbərliyi altında inkişaf etdirilmişdir. Orijinal tərcüməyə: rəy bildirmək, qiymətləndirmək və davamlı inkişaf məqsədi ilə baxmaq mümkündür.

Bağlamaq