1. Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Парвардигоре, ки шуморо аз як тан[314] офарид ва ҳамсарашро[315] низ аз вай офарид ва аз он ду: мардон ва занони зиёде паҳн кард ва аз Аллоҳ битарсед, ки ба номи Ӯ аз ҳамдигар суол мекунед ва аз тарки хешовандӣ битарсед. Ҳамоно Аллоҳ дар ҳама ҳолат бар шумо нигаҳбон аст.
4. Ва маҳри занонро ба унвони ҳадя ба онҳо бидиҳед. Пас набояд дар додани он таъхир варзед ва набояд аз он чизе кам кунед. Ва агар бо ризоияти хотир чизе аз маҳри худ ба шумо бахшиданд, пас онро ҳалол ва гуворо бихўред.[317]
5. Ва (эй сарпарастон) молҳои худро, ки Аллоҳ онро барои шумо сабаби истиқомати зиндагӣ гардондааст, ба бехирадон (яъне, ноболиғ, маҷнун ва беақлон) мадиҳед ва аз он молҳо хўрока ва пўшоки онҳоро бидиҳед ва бо онон сухани хуб ва шоиста бигўед.[318]
7. Барои мардон аз он чи ки падару модар ва хешовандон боқӣ гузоштаанд, саҳме аст, ва барои занон аз он чи ки падару модар ва хешовандон боқӣ гузоштаанд, саҳме аст. Шояд баъзе гумон баранд, ки занон ва кўдакон баҳрае аз мерос надоранд, магар дар моли зиёд, (барои ҳамин Аллоҳ баён кард). Чи он “саҳм” кам бошад ва чи зиёд. Ва Аллоҳ саҳми ҳар якро муқаррар ва мушаххас гардонидааст.[320]
9. Ва касоне, ки пас аз худ фарзандони нотавоне бар ҷой мегузоранд ва нигарони ояндаи онҳо ҳастанд, бояд аз ситам бар ятимони мардум битарсанд, Пас дар сарпарастии дигарон аз Аллоҳ битарсанд ва сухани рост ва дуруст бигўянд.
11. Аллоҳ дар бораи фарзандонатон шуморо фармон медиҳад, ки дар вақти тақсимоти мерос ҳиссаи як писар ба андозаи ҳиссаи ду духтар аст. Ва агар фарзандон ҳама духтар ва аз ду бештар буданд, аз се ду ҳиссаи “тарака”[323] моли онҳост. Ва агар фарзанд як духтар буд нисфи тарака аз они ўст. Ва агар мурда дорои фарзанд ва падар ва модар бошад ба ҳар як аз падару модар аз шаш як ҳисса тарака мерасад. Ва агар мурда фарзанд надошт ва вориси ў падару модараш буданд, саҳми модараш аз се як ҳиссаи тарака аст. Ва агар мурда бародароне дошта бошад, ба модараш аз шаш як ҳиссаи мерасад, (ҳамаи инҳо) пас аз анҷоми васияте аст, ки мурда ба он васият карда ва ё пас аз қарзҳое аст, ки бар гардани ўст. Шумо намедонед, ки падаронатон ва фарзандонатон кадом яке дар нафъ расонидан ба шумо наздиктар аст. Ин ҳиссаи муайянкардашуда аз ҷониби Аллоҳ аст. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ доно ва бо ҳикмат аст.
12. Ва нимаи аз дороии ҳамсаронатон барои шумост, ба шарте ки фарзанде надошта бошанд, аммо агар фарзанде доштанд, пас аз чаҳор як ҳиссаи тарака моли шумост. Албатта пас аз анҷом додани васияте, ки бар он васият кардаанд, ё баъд аз пардохти қарзе ки бар гардани онҳост. Ва аз чаҳор як ҳисса дороии шумо моли онҳост, агар шумо фарзанде надошта бошед, вале агар фарзанде дошта бошед, аз ҳашт як ҳисса дороии шумо моли ҳамсаронатон аст. Баъд аз анҷом васияте, ки шумо ба он васият мекунед ва баъд аз пардохтани қарзе, ки бар ўҳдаи шумост. Ва агар мард ё зане, ки ба сурати калола[324] аз ў мерос дода мешавад, агар бародар ва хоҳаре дошта бошад (аз тарафи модар бо ҳам бародар на аз тарафи падар), барои ҳар яке аз онҳо аз шаш як ҳисса аст. Ва агар зиёд аз як нафар буданд, пас ҳама дар аз се як ҳисса шарик ҳастанд, баъд аз анҷоми васияте, ки ба он васият шуда ва пас аз адои қарзе, ки бояд пардохт шавад. Ба шарте ки ҳамон васият ё қарз барои меросхўр зиёне надошта бошад Ин ҳукм аз ҷониби Аллоҳ аст ва Аллоҳ доно ва пурбардор аст.
[324] Яъне, марде фавт кард ва падару фарзанд надорад
14. Ва ҳар кас аз Аллоҳ ва паёмбараш нофармонӣ ва аз ҳудуди Илоҳӣ таҷовуз намояд Аллоҳ ўро вориди оташе мекунад, ки ҳамеша дар он боқӣ мемонад ва барои ўст азобе хоркунанда.
17. Ба дурустӣ Аллоҳ тавбаи касонеро қабул мекунад, ки аз рўи нодонӣ кори бад анҷом медиҳанд, сипас зуд тавба мекунанд, пас Аллоҳ тавбаи эшонро қабул мекунад ва Аллоҳ ба халқи худ доно ва дар тадбиру тақидираш бо ҳикмат аст.[327]
[327] Дар ин оят Аллоҳ мефармояд: Қабул кардани тавба, ҳаққест бар Аллоҳ ва Аллоҳ барои касе, ки аз рўи нодонӣ гуноҳ кардааст, аз рўи бахшиш ва бузургворӣ онро бар худ воҷиб гардондааст, то бандаашро бубахшад. Тафсири Саъдӣ 1\171
19. Эй касоне, ки имон овардаед! Барои шумо ҳалол нест, ки занонро мерос гиред ва онҳо нохуш бошанд; ва онҳоро манъ накунед аз никоҳ бо ҳар ки хоҳанд, то баъзе он чиро ки ба онҳо додаед, ба даст оред; магар ин ки ошкоро кори бад бикунанд! Ва ба онҳо ба таври шоиста зиндгӣ кунед ва агар ҳам онҳоро намеписандед, пас шояд, ки шумо чизеро намеписандед ва Аллоҳ дар он хайр ва некии фаровонеро қарор медиҳад.[329]
[329]Яъне, дар ҷоҳилият, ки ҳаргоҳ яке аз онҳо мемурд, бародараш ё амакбачаҳояш худро ба ҳамсари бародараш ҳақдортар медонист ва зани ўро иҷозат намедод бо дигаре издивоҷ кунад, хоҳ он зан мехост ё намехост ва агар бародари шавҳар ё хешовандонаш он занро меписандид, вайро бо маҳри дилхоҳи худ ба ақди худ медаровард ва агар вайро намеписандид, ўро таҳти фишор қарор медод ва ба ақди каси дигар медаровард. Тафсири Саъдӣ 1\172 ва Тафсири Табарӣ 8\ 104
20. Агар хостед, зане ба ҷои зани дигар бигиред ва ўро (яъне зане, ки ҷудо мешавад) моли бисёре додаед (дар маҳр), пас аз он мол чизеро бознагиред, балки онро ба таври комил ба вай дода ва дар додани он таъхир накунед. Оё мехоҳед маҳрро бо бўҳтон ва гуноҳи ошкор бигиред?
23. Аллоҳ бар шумо ҳаром кардааст издивоҷ бо. модаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва додарзодаҳоятон ва хоҳарзодаҳоятон ва модаронатон, ки ба шумо шир додаанд ва хоҳарони шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ ва модарони ҳамсаронатон ва духтарони занонатон, ки дар зери дасти шумо парвариш ёфтаанд ва бо модарҳояшон омезиш кардаед ва агар бо модарҳояшон омезиш накардаед, гуноҳе бар шумо нест ва ҳамсарони писаронатон, ки аз пушти шумо ҳастанд ва ҷамъи ду хоҳар бо ҳамдигар, магар он чи дар гузашта рўй додааст, ҳамоно Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст. (Ин оёт дарбар мегирад издивоҷ кардан бо заноне, ки бо воситаи насаб, ширхорагӣ, хешовандӣ аз роҳи пайванди заношўӣ ва ҷамъ кардан (бо ҳамдигар) ҳароманд)[331]
24. Ва занони шавҳардор бар шумо ҳароманд, магар заноне, ки онро асир гирифта бошед, ки бароятон ҳалоланд, инро Аллоҳ барои шумо муқаррар гардонид. Ва ғайр аз инҳо низ занони дигар бароятон ҳалоланд ва метавонед бо молҳои худ занонеро биҷўед ва ба онҳо издивоҷ кунед, ба шарте ки покдоман бошанд ва худатонро аз зино дур кунед ва агар бо зане издивоҷ кардед ва аз ў баҳраманд шудед, пас бояд маҳри ўро ба унвони фариза бипардозед ва баъд аз таъини маҳр гуноҳе бар шумо нест, дар он чи бо якдигар тавофуқ кунед.[332] Ҳамоно Аллоҳ ба кори бандагонаш доно ва дар аҳкому тадбираш бо ҳикмат аст.
[332]Ин оят дар мавриди никоҳи мутъа аст, ки дар ибтидои ислом ҳалол буд, сипас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро ҳаром гардонид. Тафсири Саъдӣ 1\ 174
32. Ва орзуи чизеро накунед, ки Аллоҳ бархе аз шуморо бо он аз бархи дигар бартарӣ додааст, барои мардон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва барои занон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва аз Аллоҳ фазли Ӯро биҷўед, ҳамоно Аллоҳ ба ҳар чизе огоҳ аст. (Аллоҳ ба ҳар кас чизеро медиҳад, ки шоистагии бархўрдории онро дорад. Ва неъматҳои худро ба касе намедиҳад, ки шоистаи он набошад.)[335]
33. Ва барои ҳар касе ворисоне қарор додаем, ки бояд аз амволи падару модар ва хешовандонаш барои ў боқӣ гузошта ба вай дода шавад. Ва бо касоне, ки паймон бастаед, насибашонро бидиҳед, бегумон Аллоҳ ба ҳар чизе ҳозир ва огоҳ аст.
35. Ва агар аз ихтилоф ва ҷудоии онҳо бим доштед, пас доваре (мусалмони одил ва оқил бошад) аз хонаводаи шавҳар ва доваре аз хонаводаи зан бифиристед, агар ин ду довар хоҳони ислоҳ бошанд, Аллоҳ байни онҳо тавофуқ ҳосил мекунад, ҳамоно Аллоҳ доно ва огоҳ аст.
36. Ва Аллоҳро ибодат кунед. Ва дар офариниш ва ибодаташ чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед. (Зеро Парвардигор на ширки хурд ва на ширки бузургро намепазирад.Ва набояд малоика ва паёмбар ва касе дигар аз офаридагонро, ки наметавонанд барои худ фоида ё зиёне биёваранд, бо ў шарик қарор дод,)[336]ва бо падар ва модар бо сухан, рафтору кирдор ва иззату эҳтиром ва бо мол некӣ намоед ва ҳуқуқашонро адо намоед. Ва бо хешовандон ва ятимон ва бечорагон ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва канизон ва ғуломон низ некӣ кунед, ҳамоно Аллоҳ касеро, ки худписанд ва худсито бошад, дўст надорад.
38. Ва касоне, ки молҳояшонро барои он хайр кунанд, ки мардум онҳоро бубинанд ва ва ситоиш кунанд ва онҳоро таъзим намоянд ва хайр ва бахшиши онҳо аз ихлос ва имони ба Аллоҳ ва умед ба подоши Ӯ сарчашма нагирифтааст, пас ин роҳи шайтон ва кори ўст, ки гурўҳи худро ба сўи он даъват мекунад, то аз аҳли ҷаҳаннам шавад. Ва ҳар кас, ки шайтон ҳамроҳи ў бошад, бисёр ҳамроҳ ва ҳамдами баде аст, зеро мехоҳад вайро ҳалок кунад. [338]
39. Чи чизе онҳоро дучори сахтӣ ва душворӣ мегардонад, агар ба Аллоҳ ва рўзи қиёмат имон оваранд ва аз молҳое, ки Аллоҳ ба онҳо бахшидааст, бибахшоянд, пас ҳам имон ва ихлос дошта бошанд? Ва Аллоҳ ба тамоми ҳолатҳои онҳо огоҳ аст.
41. Пас чи гуна хоҳад буд, он гоҳ ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем ва Туро (эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба унвони гувоҳбар қавмҳои гузашта биёварем.[339]
42. Дар он рўз онон, ки ба Аллоҳ ва паёмбараш куфр варзида ва аз паёмбараш нофармонӣ карданд , дўст доранд ва орзу мекунанд, ки кош замин онҳоро фурў мебурд ва табдил ба хок мегаштанд ва нобуд мешуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Аллоҳ пинҳон намедоранд, балки ба ҳамаи корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ эътироф мекунанд ва забон ва даст ва пойҳояшон аз корҳое, ки кардаанд, гувоҳӣ медиҳанд.[340]
46. Гурўҳе аз яҳудиён суханонро аз ҷойгоҳашон дигаргун карда ва мегўянд: “Шунидем ва нофармонӣ кардем ва бишнав, кошкӣ ношунаво гардӣ ва (мегуфтанд) моро риоят кун”. Онҳо бо истифодаи ин гуна калимаҳо ва печ додани забонашон ба айбҷўйӣ аз дин ба паёмбар мепардохтанд ва дар миёни худ ин матлабро бо равшанӣ баён мекарданд. Сипас Аллоҳ онҳоро ба анҷоми он чи ки барояшон беҳтар аст, роҳнамоӣ намуд ва фармуд: Ва агар онҳо мегуфтанд: “Шунидем ва фармон бурдем ва бишнав ва ба сўи мо бингар” барояшон беҳтар ва дурусттар буд. Вале аз он ҷо ки сиришташон нопок буд, аз ин шева рўй гардонданд. Аммо Аллоҳ ба сабаби куфрашон ононро лаънат кард, пас ба ҷуз иддаи каме имон намеоранд.[343]
51. Оё касонеро намебинӣ, ки баҳрае аз Китоб дода шудаанд?! Ахлоқи зишт ва палидашон ононро водор кард, то аз имон ба Аллоҳ ва паёмбараш рўй бигардонанд ва ба ҷибт (бутон) ва тоғут[347] имон биёваранд. Ва ба кофирон мегўянд: “Инҳо аз касоне, ки имон овардаанд, роҳёбандатаронанд”.[348]
[347] Имон ба ҷибт ва тоғут шомили ҳар ибодатест, ки барои ғайри Аллоҳ анҷом мешавад. Ё ҳукм кардан ба ғайр аз он чи ки Аллоҳ машруъ намудааст. Пас сеҳр ва ғайбгўӣ ва парастиши ғайри Аллоҳ ва итоати шайтон ҳама мисдоқе аз ҷибт ва тоғутанд [348] Тафсири Саъдӣ 1 \182
54. Оё фаҳмиши суханашон ин аст, ки онҳо шарики Аллоҳ ҳастанд ва ҳар касро ки бихоҳанд ба ў бузургӣ медиҳанд ва фазл ва аторо ба ў мебахшанд? Ё ҳасад варзиданд ба Паёмбар ва мўъминон бар он чи ки Аллоҳ аз фазли худ ба онон додааст? Ва он неъматҳое аз қабили паёмбарӣ ва китоб аст, ки Аллоҳ бар Иброҳим ва фарзандонаш арзонӣ дошт ва мулк ва подшоҳие аст, ки ба баъзе аз паёмбаронаш монанди Довуд ва Сулаймон бахшид. Пас онҳо чи гуна неъматеро, ки Аллоҳ аз паёмбарӣ ва пирўзӣ ба Муҳаммад додааст, инкор мекунанд?![349]
55. Гурўҳе аз онон ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оварда ва хушбахтии дунё ва охиратро ба даст оварданд ва дастае аз онҳо аз рўи кина ва ҳасад мардумро аз он боздоштанд, Ва ҷаҳаннами сузон барои шумо эй такзибкунандагон[350] басандааст аст.
57. Ва касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаанд ва корҳои шоиста аз воҷибот ва мустаҳаботро анҷом доданд, ононро вориди боғҳое мекунем, ки аз зери дарахтонашон ҷўйҳо равон ҳастанд ва ҷовидона дар он мемонанд ва барои онҳо дар он ҷо занҳои покиза ҳаст, ки аз ахлоқи зишт ва аз ҳар айб ва олудагие, ки занони дунё доранд, пок ҳастанд ва онҳоро ба сояи бардавом ворид мекунем, ки ҳеҷ гоҳ нобудшаванда нест.
60. Оё таъаҷҷуб намекунӣ, аз касоне, ки даъво мекунанд ба он чи бар Паёмбар ва пеш аз ў нозил шудааст, имон овардаанд, аммо бо ин вуҷуд мехоҳанд барои ҳукм кардан ба пеши тоғут бираванд ва ҳар кас ки ба ғайр аз он чи Аллоҳ машрўъ намудааст, ҳукм кунад, тоғут аст, дар ҳоле ки ба онон дастур дода шудааст, ки ба тоғут куфр варзанд. Зеро ҳақиқати имон он аст, ки фарди мўъмин баробари қонуни Аллоҳ таслим шавад. Пас ҳар кас даъво кунад мўъмин аст, аммо ҳукми тоғутро бар ҳукми Аллоҳ бартар ҳисобад, дурўғ мегўяд. Ва шайтон мехоҳад онҳоро гумроҳ ва аз ҳақ бисёр дур намояд.[353]
61. Ва чун ба эшон гуфта шавад: “Биёед ба сўи он чи ки Аллоҳ нозил карда ва ба сўи Паёмбар ”, мунофиқонро мебинӣ, ки ба ту пушт мегардонанд ва аз ту боз медоранд.
65. Сипас Аллоҳ ба Зоти бузургвораш савганд ёд намуд, ки нест амр чунон ки онҳо гумон мебаранд, ки онҳо мўъминонанд ва баъд аз он ба ҳукми ту розӣ намешаванд ва туро дар ҳамаи ихтилофоти худ ҳоким қарор намедиҳанд. Ва бояд малоле аз ҳукми ту дар дили худ надошта ва комилан таслим бошанд. Ихтиёр намудани ҳукми Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва розӣ будан ва таслим шудан ба он чи овардааст аз назди Аллоҳ дар ҳама ҳолатҳои ҳаёт аз нишонаи сидқи имон аст[355].
66. Ва агар бар онҳо (яъне мунофиқоне ки ҳукми тоғутро бар ҳукми Аллоҳ бартар доштанд) воҷиб мегардондем, ки хештанро бикушед, ё аз сарзаминҳоятон берун биравед, ҷуз шумораи андаке аз онҳо чунин намекарданд ва агар он чиро мекарданд, ки ба он панд дода мешаванд ҳамоно барои онон беҳтар ва устувортар менамуд.
69. Ва ҳар кас фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо овард ва ба роҳнамудаи Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам амал намуд, пас онҳо ҳамнишини касоне хоҳанд буд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмат додааст аз паёмбарон ва сиддиқон,[356] ва шаҳидон,[357] ва солеҳони мўъминон, ки Аллоҳ зоҳир ва ботинашонро ислоҳ намудааст. Ва инҳо чи хуб дўстоне ҳастанд, ки бо онҳо дар боғҳои биҳишт ҷамъ шуда ҳаёт ба сар мебаранд.
[356] Ононе ки бо тамоми он чи ки паёмбарон оварданд аз эътиқод, гуфтор ва амал, ба таври комил тасдиқ намуданд. [357] Ононе, ки дар роҳи Аллоҳ ҷонсупорӣ намуданд.
75. Ва чист шуморо эй мўъминон, ки дар роҳи Аллоҳ ва барои наҷоти бечорагон аз мардон ва занон ва кўдакон ҷанг намекунед. Онон ки дар зулму ситами душманон дучор шудаанд ва онҳоро дигар чорае нест ба ҷуз аз Парвардигорашон, дуъо карда мегўянд : “Эй Парвардигори мо! Моро аз ин шаҳр (Макка) ва сарзамине, ки сокинони он ситамгаранд, берун овар ва аз ҷониби худат барои мо сарпараст ва ёридиҳандае қарор бидеҳ”
77. Оё намебинӣ касонеро, ки пеш аз амри ба ҷиҳод бо онҳо гуфта шуд: “Аз ҷанги душманонатон (мушрикон) даст бардоред ва намози фарзшударо барпо доред ва аз молҳоятон (закот) бидиҳед”. Пас ҳангоме ки ҷанг бар онон воҷиб шуд, дар ин ҳангом гурўҳе аз онҳо аз мардум метарсиданд, ҳамон гуна ки аз Аллоҳ тарс доштанд, ё бештар аз он метарсиданд ва гуфтанд: “Парвардигоро! Чаро ҷангро бар мо воҷиб кардӣ? Чи мешуд агар бар мо мўҳлати бештаре медодӣ? ”Бигў: “Матоъи дунё ночиз аст ва охират барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст ва Парвардигори Ту хурдтарин ситаме бар шумо раво намедорад, агарчанде миқдори риштаи борике, ки бар пўсти хурмо аст”.
78. Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дар ҳар замон ва маконе дармеёбад. Агар чи дар қасрҳои маҳкам ва манзилҳои баланде бошед. Ва замоне, ки аз некӣ аз фаровонии мол ва фарзандон ва саломатӣ бархўрдор бошанд, мегўянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва агар мусибат ва мушкилие бар онҳо бирасад ва дучори фақр ва беморӣ ва аз даст додани фарзандон ва дўстон гарданд, мегўянд: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! ин ба сабаби чизе аст, ки ту пеши мо овардаӣ. Бигў: “Ҳама аз ҷониби Аллоҳ аст”. Ин мардумро чи шудааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд ва ба фаҳмидани он наздик ҳам намешаванд.[360]
79. Ва агар дар дунё ва дин ба ту некӣ ва хубӣ бирасад, аз ҷониби Аллоҳ аст ва Аллоҳ онро ба ту арзонӣ дошта ва сабабҳои онро бароят осон намудааст.Ва бадӣ ва балое, ки дар дин ва дунё ба ту мерасад, аз ҷониби худат мебошад ва мо туро ба унвони паёмбарӣ барои мардум фиристодем ва кофӣ аст, ки Аллоҳ гувоҳ бошад.
80. Ҳар кас итоъати Паёмбар кард, ба ростӣ, ки итоъати Аллоҳ кардааст, зеро паёмбар амр ва наҳй намекунад, магар ба амри Аллоҳ ва ваҳйи Ӯ. Ва ҳар кас аз фармонбардорӣ ва итоъати Аллоҳ ва Паёмбараш рўй бигардонад, фақат ба худаш зарар овардааст. Ва туро ба унвони нигаҳбон бар онҳо нафиристодаем, то нигаҳбони аъмоли онҳо бошӣ, балки туро фақат ба унвони баёнкунанда фиристодаем.[361]
81. Вақте ки пеши ту бошанд, -эй Паёмбар- изҳори итоъат мекунанд. Ва ҳангоме ки аз пеши ту берун раванд ва танҳо бошанд, дар шаб ва дар пинҳонӣ чораҳоеро меандешиданд, ки бар хилофи суханони ту буд[362]. Аллоҳ чораҳоеро, ки дар шаб меандешанд, менависад ва онҳоро ба таври комил бар он ҷазо хоҳад кард. Бинобар ин аз онҳо рўй бигардон ва бар Аллоҳ таваккал кун ва кофӣ аст, ки Аллоҳ сарпараст ва ҳофизи ту бошад.
82. Оё дар маънои оятҳои Қуръон тафаккур намекунанд! Ва агар аз ҷониби ғайри Аллоҳ буд, дар он ихтилофи зиёде меёфтанд ва чун аз ҷониби Аллоҳ аст дар он аслан ихтилофе вуҷуд надорад.
85. Пас ҳар кас ки дигареро дар кори хайре ёрӣ диҳад, ўро аз савоби он баҳрае бошад. Ва ҳар кас дигареро бар анҷоми кори бад ёрӣ кунад, ўро аз азоби он ҳиссае бошад. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе гувоҳ ва ҳофиз аст.
90. Магар касоне, ки бо гуруҳе пайванд пайдо мекунанд, ки миёни шумо ва онон паймонест, пас ба онҳо маҷангед ва инчунин касоне, ки назди шумо меоянд, дар ҳоле ки намехоҳанд бо шумо биҷанганд ва намехоҳанд бо қавмашон биҷанганд, пас онҳо на ҳамроҳи шумоанд ва на ҳамроҳи қавмашон. Пас бо онҳо маҷангед ва агар Аллоҳ мехост онҳоро бар шумо ҳукмрон ва пирўз мегардонд ва онон ҳамроҳи душманони шумо (мушрикон) бо шумо меҷангиданд. Ва лекин Аллоҳ ба фазлу қудраташ онҳоро аз шумо нигоҳ дошт. Бинобар ин агар аз шумо канорагирӣ карданд ва бо шумо наҷангиданд ва пешниҳоди сулҳ карданд, Аллоҳ барои шумо ҳеҷ роҳе бар зидди онҳо накушодааст.
93. Ва ҳар кас мўъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ў ҷаҳаннам аст ва ҳамеша дар он мемонад ва Аллоҳ бар ў хашм мегирад ва ўро лаънат кардааст ва барои ў азоби бузург омода кардааст, валекин Аллоҳ аҳли имонро мебахшад ва ба фазли хеш онҳоро дар ҷаҳаннам абадан намегузорад.
95. Мўъминони хонанишин, ки узре барои рафтан ба ҷиҳод надоранд, бо касоне, ки дар роҳи Аллоҳ бо мол ва ҷонашон ҷиҳод мекунанд, баробар нестанд. Аллоҳ касонеро, ки бо ҷону молашон ҷиҳод мекунанд, бар касоне, ки нишастаанд ва ба сабаби узрашон монеъи рафтан ба ҷиҳод шудаанд ва ба ҷиҳод нарафтаанд, бартарие қарор дода ва барояшон дар ҷаннат дараҷаҳои олиро баланд кардааст ва ба ҳар як ваъдаи некў додааст. Ва Аллоҳ муҷоҳидинро бар касоне, ки бознишастаанд, бо аҷри фаровон ва бузург бартарӣ додааст.
96. Ин гуна савоб ва мақомҳо ва дараҷоти бузург ва хос аз барои бандагоне, ки дар роҳи Ӯ ҷиҳод карданд, ба тариқи мағфират ва раҳмати Аллоҳ (насиби онон) мешавад ва Аллоҳ омӯрзгор ва меҳрубон аст.
100. Ва ҳар кас дар роҳи Аллоҳ тарки ватан кунад,. иқоматгоҳи зиёд ва кушоиш[366] дар замин хоҳад дид. Ва ҳар кас ки аз хонааш берун равад ба сўи Аллоҳ ва паёмбараш ва ҳадафаш аз ҳиҷрат, Аллоҳ ва хушнудии вай ва муҳаббати паёмбар бошад ва ҳадафи дигар надошта бошад, сипас марг ўро дарёбад, ба ростӣ, ў савоби муҳоҷирро ба даст овардааст. Ва Аллоҳ ба бандагонаш омӯрзгор ва меҳрубон аст.[367]
[366]Дар масолеҳи дин ва дунё [367] Тафсири Саъдӣ 1\196
102. Ва чун вақти хавф дар байни мўъминон бошӣ, пас эй Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) бигзорӣ барояшон намозро, гўруҳе аз онон бояд ба ту иқтидо кунанд ва бо худ силоҳро бигиранд ва чун ба саҷда раванд (яъне як ракъат хонанд), пас гурўҳи дигар дар муқобили душман биистандва гурўҳе дигар, ки дар баробари душманон истода буданд ва намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд, бояд, ки бо худ зиреҳу сипару силоҳи худро бигиранд. Кофирон дўст доранд, то шумо аз аслиҳа ва матҳоъятон ғофил шавед ва онгоҳ якбора бар шумо ҳамла кунанд. Ва гуноҳе нест бар шумо, агар бошад шуморо ранҷе аз борон ё бемор бошед, то аслиҳаи худро бар замин бигзоред, аммо бояд эҳтиёт ва омодагӣ дошта бошед.Ҳамоно Аллоҳ омода кардааст барои кофирон азоби дарднокро.[368]
108. Онҳо пинҳон мекунанд аз мардум амалҳои ношоистаи худро ва аз Аллоҳ пинҳон ва шарм намекунанд, ҳол он ки Ӯ бо онҳост он гоҳ ки дар шаб миёни худ машварат мекунанд[372] ва суханонеро ба забон меоранд, ки Аллоҳ аз он нохушнуд аст. Ва Аллоҳ ба он чи мекунанд, фарогирандааст. (Донандаи ҳамаи сирҳои пинҳониву ошкоро аст)[373]
110. Ва ҳар ки кори баде кунад ё ба худ ситам раво дорад, он гоҳ аз Аллоҳ омӯрзиш хоҳад ва ба гуноҳ эътироф кунад ва аз он пушаймон шавад ва аз он даст бикашад ва тасмим гирад, ки онро бори дигар анҷом надиҳад, Аллоҳро омӯрзанда ва меҳрубон хоҳад ёфт.
111. Ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, ҷазои он гуноҳ дар дунёву охират ба зиёни худаш мерасад ва Аллоҳ ба ҳақиқати кори бандагонаш доно ва он чӣ миёни онҳо ҳукм мекунад бо ҳикмат аст!
113. Агар фазлу раҳмати Аллоҳ эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шомили ҳоли ту намебуд, гурўҳе аз кофирон қасди он доштаанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худ касеро гумроҳ намекунанд ва ҳеҷ зиёне ба ту намерасонанд. Ва Аллоҳ бар ту китобу ҳикмат (суннат) нозил кард ва чизҳое ба ту омўхт, ки аз ин пеш намедонистӣ ва Аллоҳ лутфи бузурги худро бар ту арзонӣ дошт![374]
115. Ҳар ки пас аз ошкор шудани роҳи ҳидоят бо Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мухолифат варзад ва пайравии роҳи мўъминон накунад, гузорем ўро ба он роҳе, ки ихтиёр кардааст ва ўро ба некӣ ва хушбахтӣ тавфиқ надиҳем, балки ба ҷаҳаннам ўро афканем. Ва ҷаҳаннам саранҷоми бадест!
122. Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои некў кардаанд, ба биҳиштҳое дармеоварем, ки дар зери дарахтони он ҷўйҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи Аллоҳ рост аст ва ваъдаашро хилоф намекунад ва чӣ касе аз Ӯ ростгўйтар аст?
123. Эй мусалмонон, ин фазли бузург (салоҳ ва наҷот)ро ба орзуҳо соҳиб шуда наметавонед ва ин на мувофиқи орзуи шумост ва на мувофиқи орзуи аҳли китоб, балки ба имони рост ва амали неке, ки ризогии Аллоҳ дар он аст, соҳиб шуда метавонед. Ва ҳар кас, ки муртакиби кори баде шавад, ҷазояшро бубинад ва ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дўсте ва ёридиҳандае наёбад.
124. Ва ҳар кас, ки кори шоистае кунад, чи зан ва чи мард, агар мўъмин бошад[379], ба биҳишт меравад ва ба қадри он нуқтаи хурде, ки бар пушти донаи хурмост, ба ҳеҷ касе ситам намешавад.
125. Дини чӣ касе беҳтар аз дини касест, ки ба ихлос рўй ба ҷониби Аллоҳ кард ва некўкор буд ва аз дини ҳанифи Иброҳим[380] пайравӣ кард? Ва Аллоҳ Иброҳимро ба дўстии худ баргузид (гирифт).
[380] Яъне, дур аз ширк ва қоим бар тавҳид . Тафсири Саъдӣ 1/206
131. Аз они Аллоҳ аст, он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва ҳамоно аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо, эй умматони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)амр кардем, ки аз Аллоҳ битарсед ва шариъатро барпо доред ва агар куфр ҳам варзед, ҳеҷ зараре ба Аллоҳ натавонед расонид. Ба дурустӣ он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, зери тасарруфи Аллоҳ аст ва Ӯст бениёз аз халқаш ва лоиқи ситоиш аст дар сифот ва афъолаш![387]
133. Эй мардум! Агар Аллоҳ бихоҳад шуморо аз миён мебарад ва касони дигарро меоварад, ки аз шумо фармонбардортар ва беҳтар бошанд ва Аллоҳ бар ин кор қодир аст![388]
136. Эй касоне, ки имон овардаед, имони ҳақиқӣ биёваред ба Аллоҳу паёмбараш ва ба китобе, ки (Қуръон) бар паёмбараш нозил карда шудааст ва ба ҷамиъи китобҳое (Таврот, Инҷил ва Забур...), ки пеш аз он нозил кардааст. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳу фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рўзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст ва аз дин хориҷ шудааст.[390]
143. Мутараддид (дудила) ва ҳайронанд: на бо мўъминонанд ва на бо кофиронанд, ботинашонро ба кофирон додаанд ва зоҳирашонро ба мўъминон, Ва ин бузургтарин ҳадди гумроҳӣ аст. Он ки Аллоҳ гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳе барои ў нахоҳӣ ёфт.[397]
153. Аҳли китоб (яҳудиён) аз ту мехоҳанд эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки барояшон Қуръон якбора нозил шавад, он тавр ки Таврот ва Инҷил якбора нозил шудаанд, то ин ки ба рост будани паёмбарии ту далолат кунад. Онҳо (яҳудиёни қавми Мӯсо) аз Мӯсо бузургтар аз инро талаб карданд ва гуфтанд: «Аллоҳро ошкор ба мо нишон деҳ». Ба сабаби ин сухани куфромезашон соиқаи азоб (оташак) онҳоро ҳалок кард. Ва пас аз он ки мўъҷизаҳое[406] барояшон омада буд, гўсолаеро маъбуди худ гирифтанд ва Мо онҳоро бахшидем ва Мўсоро ҳуҷҷати ошкоре додем.[407]
[406]Яъне ҳалок шуданд ба он соиқа ва баъд аз он зинда шуданд [407] Тафсири Табарӣ 9/360
154. Ва ба хотири паймоне[408], ки бо онҳо баста будем, кўҳи Турро бар болои сарашон бардоштем ва гуфтем: «Саҷдакунон (яъне, сарҳоятонро фурӯ андохта) аз он дари Байтулмуқаддас дохил шавед ва дар рўзи шанбе аз ҳад магузаред, яъне моҳӣ надоред». Ва аз онҳо паймони сахт гирифтем, вале паймонро шикастанд.[409]
[408]Яъне амал кардан ба ҳукмҳои Таврот ва ҳол он ки онро иҷро накарданд [409] Тафсири ибни Касир 2/ 447
161. Ва низ ба сабаби судхўриҳояшон, ҳол он ки дар Таврот аз он манъ карда шуда буданд ва ба сабаби хўрданашон молҳои мардумро ба ноҳақ (бо роҳи рибо ва зиёдахурӣ). Ва мо барои кофирони яҳуд азоби дардоваре муҳайё кардаем.[414]
162. Вале ононе, ки собитқадаманд дар илм аз аҳли китоб ва он мўъминонеро, ки ба он чӣ бар ту Қуръон ва ба он чӣ пеш аз ту нозил шуда, ба Тавроту Инҷил имон доранд ва намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молҳояшонро медиҳанд ва боварӣ доранд ба Аллоҳу рўзи қиёмат, аҷри бузурге хоҳем дод![415]
163. Мо ба ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй фиристодем, ҳамчунон ки ба Нўҳ ва паёмбарони баъд аз ў ваҳй фиристодем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Аюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон (алайҳимуссалом) ваҳй фиристодем ва ба Довуд Забурро додем.
164. Ва паёмбароне, ки пеш аз ин қиссаҳояшонро барои ту гуфтаем дар Қуръон ва он, ки қиссаҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Аллоҳ бо Мӯсо (алайҳиссалом) сухан гуфт, сухан гуфтани бевосита.
165. Паёмбароне, ки муждадиҳанда[416]ва тарсонанда[417] буданд, то баъд аз паёмбарон далел ва ҳуҷҷате барои мардум бар Аллоҳ боқӣ намонад. Ва Аллоҳ ғолиб аст дар мулкаш ва дар тадбираш бо ҳикмат аст.
167. Ҳамоно касоне, ки инкор карданд сифатҳои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро ва манъ карданд мардумонро аз роҳи Аллоҳ, сахт ба гумроҳӣ афтодаанд.[419]@Korrigiert
167. Ҳамоно касоне, ки кофир шуданд (инкор карданд сифатҳои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро) ва манъ карданд мардумонро аз роҳи Аллоҳ, сахт ба гумроҳӣ афтодаанд. (1)
170. Эй мардум! Ин паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳақ ва ҳақиқатро аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо овардааст, пас ба ў имон биёваред ва ўро пайравӣ намоед, ки имон овардан беҳтар бошад барои шумо. Ва агар бар куфри худ давомат кардед зарари худи шумост, зеро Аллоҳ ба шумо ва имонатон эҳтиёҷ надорад. Ҳамоно он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯ доно аст ба гуфтору кирдори шумо ва медонад чи касе сазовори ҳидоят ё гумроҳӣ аст![420]
171. Эй аҳли китоб! Дар дини худ аз ҳад нагузаред ва дар бораи Аллоҳ ҷуз ҳақ нагўед ва ба Аллоҳ ҳамсар ва фарзанд қарор мадиҳед, ҳамоно Исои Масеҳ писари Марям фиристодаи Аллоҳ аст, Аллоҳ ўро ба ҳақ фиристод ва ўро ба ҳамон калимае халқ намуд, ки онро бо воситаи Ҷабраил ба сўи Марям фиристод ва он иборат буд аз фармудаи худаш “Кун”, (Бишав), пас шуд. Ва рўҳе аст, ки Аллоҳ офаридааст, пас ба Аллоҳ ва паёмбараш имон биёваред ва нагўед: “Аллоҳ сегона[421] аст”. Бозистед аз гуфтани ин сухан, ки барои шумо беҳтар аст, ҳамоно Аллоҳ фақат маъбуди ягона аст. Пок аст, аз ин ки фарзанде дошта бошад. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Ва Ӯ тадбири кори осмонҳо ва заминро басандааст. Аз ҳама чиз бениёз аст ва ҳама ба Ӯ ниёзманданд, пас чӣ гуна Ӯ дорои фарзанде аст?[422]
[421]Ононро наҳй кард, аз ин ки Аллоҳро севумини сеи Аллоҳ қарор диҳанд. Яке аз онҳо Исо аст ва дуввумин Марям. Тафсири Саъдӣ 1\216 [422] Тафсири Саъдӣ 1/ 216
172. Исои Масеҳ ҳаргиз аз он ки яке аз бандагони Аллоҳ бошад, нафрат надошт ва малоикаҳои муқарраб низ аз ин нафрат надоранд. Ҳар кӣ аз парастиши (ибодати) Аллоҳ нафрат кунад ва такаббурона саркашӣ кунад, бидонад, ки Аллоҳ ҳама (нафраткунандагон, мутакаббирон ва бандагони мўъмин)ро дар назди худ ҷамъ хоҳад сохт, то дар байни онон ҳукми сазоворе кунад. Ва ҳар киро дар баробари амалаш ҷазои муносиб хоҳад дод.[423]
175. Аммо ононро, ки ба ягонагӣ ва тамоми сифатҳои Аллоҳ имон овардаанд ва ба Ӯ эътимод ва тавассул ҷўстаанд, ба остони фазлу раҳмати хеш медароварад (яъне, ба сўи некиҳо муваффақ мегардонад ва аз бадиҳо боз медорад) ва ба роҳи рост (илму амал ва донистани ҳақ) ҳидоят мекунад.[427]
176. Аз ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фатво мехоҳанд, бигўй, ки Аллоҳ дар бораи калола[428]бароятон фатво медиҳад: ҳар гоҳ марде, ки фарзанд ё падаре надошта бошад, бимирад ва ўро хоҳари ҳамтание ё хоҳари аз падар дошта бошад, ба он хоҳар нисфи мероси ў мерасад. Агар хоҳаре бимирад ва он хоҳарро низ фарзанд ё падаре набошад, бародари ҳамтанӣ ё бародаре, ки аз падар мебошад аз ў мерос мебарад. Агар аз шахси мутаваффо хоҳарон ду кас, ё бештар боқӣ бимонад аз се ду ҳиссаи дороиро мерос мебаранд. Ва агар якчанд бародару хоҳар буданд, ҳар мард баробари ду зан ҳақ мегирад. Аллоҳ барои шумо тақсими мерос ва ҳукми калоларо баён мекунад, то гумроҳ нашавед ва Ў Аллоҳ донандаи тамоми корҳои гузашта ва оянда аст![429]@Korrigiert
176. Аз ту (эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)) фатво мехоҳанд, бигуй, ки Аллоҳ дар бораи калола (1) бароятон фатво медиҳад: ҳар гоҳ марде, ки фарзанд ё падаре надошта бошад, бимирад ва ӯро хоҳари ҳамтание ё хоҳари аз падар дошта бошад, ба он хоҳар нисфи мероси ӯ мерасад. Агар хоҳаре бимирад ва он хоҳарро низ фарзанд ё падаре набошад, бародари ҳамтанӣ ё бародаре, ки аз падар мебошад аз ӯ мерос мебарад. Агар аз шахси мутаваффо хоҳарон ду кас, ё бештар боқӣ бимонад аз се ду ҳиссаи дороиро мерос мебаранд. Ва агар якчанд бародару хоҳар буданд, ҳар мард баробари ду зан ҳақ мегирад. Аллоҳ барои шумо тақсими мерос ва ҳукми калоларо баён мекунад, то гумроҳ нашавед ва Аллоҳ донандаи тамоми корҳои гузашта ва оянда аст! (2)
Übersetzung der Bedeutungen von dem heiligen Quran - Tajikische Übersetzung - Übersetzungen
Übersetzung der Quran-Bedeutung in Tajik von Khawja Mirov Khawja Mir, veröffentlicht von König Fahd Complex für den Druck des Heiligen Qur'an in Medina. Hinweis: Einige übersetzte Verse, korrigiert von Ruwwad Translation Center. Die Originalübersetzung steht für Anregungen, kontinuierliche Auswertung und Entwicklung zur Verfügung
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
Suchergebnisse:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".