Check out the new design

Firo maanaaji al-quraan tedduɗo oo - Eggo maanaaji Kur'aana Teddunde nden e haalaTaajik - Khuuja Miirof Khuuja Miir. * - Tippudi firooji ɗii


Firo maanaaji Simoore: Simoore Huud   Aaya:
قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَءَاتَىٰنِي مِنۡهُ رَحۡمَةٗ فَمَن يَنصُرُنِي مِنَ ٱللَّهِ إِنۡ عَصَيۡتُهُۥۖ فَمَا تَزِيدُونَنِي غَيۡرَ تَخۡسِيرٖ
63. Солеҳ барои қавми худ гуфт: Эй қавми ман, хабар диҳед маро агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ҳамроҳи худ дошта бошам ва Ӯ ба ман раҳмати хеш (яъне, нубувват) арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд.
Faccirooji aarabeeji:
وَيَٰقَوۡمِ هَٰذِهِۦ نَاقَةُ ٱللَّهِ لَكُمۡ ءَايَةٗۖ فَذَرُوهَا تَأۡكُلۡ فِيٓ أَرۡضِ ٱللَّهِۖ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابٞ قَرِيبٞ
64. Ва эй қавми ман, ин шутури Аллоҳ аст ва нишонаест барои шумо бар ҳақиқат будани он чи ки ба он шуморо даъват менамоям. Пас, онро бигзоред, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ба ӯ ҳеҷ зиёне нарасонед, ки агар чунин кардед, ба зудӣ азоб шуморо фурӯ гирад.[1078]
[1078] Тафсири Табарӣ 15\371
Faccirooji aarabeeji:
فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُواْ فِي دَارِكُمۡ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٖۖ ذَٰلِكَ وَعۡدٌ غَيۡرُ مَكۡذُوبٖ
65. Пас Солеҳро дурӯғ бароварданд ва шутурро сар буриданд. Солеҳ гуфт: Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ ва воқеъ шудани он ҳатмист.
Faccirooji aarabeeji:
فَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا نَجَّيۡنَا صَٰلِحٗا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَمِنۡ خِزۡيِ يَوۡمِئِذٍۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلۡقَوِيُّ ٱلۡعَزِيزُ
66. Чун амри Мо ба ҳалоки онҳо фаро расид, Солеҳ ва касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст!
Faccirooji aarabeeji:
وَأَخَذَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلصَّيۡحَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دِيَٰرِهِمۡ جَٰثِمِينَ
67. Ва ситамгоронро он бонги сахти маргбор фурӯ гирифт, пас субҳ карданд дар хонаҳои худ хушк шуда ба зону афтода, мурданд.
Faccirooji aarabeeji:
كَأَن لَّمۡ يَغۡنَوۡاْ فِيهَآۗ أَلَآ إِنَّ ثَمُودَاْ كَفَرُواْ رَبَّهُمۡۗ أَلَا بُعۡدٗا لِّثَمُودَ
68. Чунин гӯӣ, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, Огоҳ бошед, ки дуриву ҳалокат бар қавми Самуд бод!
Faccirooji aarabeeji:
وَلَقَدۡ جَآءَتۡ رُسُلُنَآ إِبۡرَٰهِيمَ بِٱلۡبُشۡرَىٰ قَالُواْ سَلَٰمٗاۖ قَالَ سَلَٰمٞۖ فَمَا لَبِثَ أَن جَآءَ بِعِجۡلٍ حَنِيذٖ
69. Ба таҳқиқ расулони[1079] Мо барои Иброҳим ва ҳамсараш мужда оварданд[1080]. Гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом!» Ва лаҳзае баъд гӯсолаи фарбеҳи бирёншударо овард.
[1079]Яъне, се фаришта ; Ҷабрил, Микоил ва Исрофил
[1080] Яъне, Иброҳим алайҳиссаломва ҳамсараш Сораро хушхабар доданд, ки барои онон фарзанде ба номи Исҳоқ таваллуд мешавад. Тафсири Бағавӣ 4/ 188
Faccirooji aarabeeji:
فَلَمَّا رَءَآ أَيۡدِيَهُمۡ لَا تَصِلُ إِلَيۡهِ نَكِرَهُمۡ وَأَوۡجَسَ مِنۡهُمۡ خِيفَةٗۚ قَالُواْ لَا تَخَفۡ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمِ لُوطٖ
70. Пас чун Иброҳим (алайҳис салом) дид, ки ба он меҳмонон даст дароз намекунанд, бар онон гумони бад кард ва дар дил аз онҳо хавф бурд. Гуфтанд (фариштагон): «Матарс, мо бар қавми Лут барои ҳалокашон фиристода шудаем».[1081]
[1081] Тафсири Табарӣ 14\387
Faccirooji aarabeeji:
وَٱمۡرَأَتُهُۥ قَآئِمَةٞ فَضَحِكَتۡ فَبَشَّرۡنَٰهَا بِإِسۡحَٰقَ وَمِن وَرَآءِ إِسۡحَٰقَ يَعۡقُوبَ
71. Ва зани Иброҳим Сора, ки дар паси парда истода буд, суханони фариштагонро шунида, пас аз хушҳолӣ хандид. Онгоҳ, ӯро ба Исҳоқ ва пас аз Исҳоқ бо омадани(наберааш) Яъқуб хушхабараш додем.
Faccirooji aarabeeji:
 
Firo maanaaji Simoore: Simoore Huud
Tippudi cimooje Tonngoode hello ngoo
 
Firo maanaaji al-quraan tedduɗo oo - Eggo maanaaji Kur'aana Teddunde nden e haalaTaajik - Khuuja Miirof Khuuja Miir. - Tippudi firooji ɗii

Nantinoore Khawja Mirov Khawja. Rewtaande ñiiɓirde Rowad Translation Center, firaande nden tigiri hino woodaa fii hollugol miijo e teeltagol e rewtagol.

Uddude