Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar da Yaren Tajik * - Teburin Bayani kan wasu Fassarori


Fassarar Ma'anoni Sura: Suratu Alhijr   Aya:

Сураи Ҳиҷр

الٓرۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ وَقُرۡءَانٖ مُّبِينٖ
1. Алиф, Лом, Ро.[1279] Ин оёти китоби Илоҳӣ нозил шудааст бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва Қуръонест, ки оятҳояш равшан аст ва баёнкунандаи ҳақ аст.[1280]
[1279] Тафсири ин ҳарфҳо дар аввали сураи Бақара гузашт.
[1280] Тафсири Саъдӣ 1\429
Tafsiran larabci:
رُّبَمَا يَوَدُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡ كَانُواْ مُسۡلِمِينَ
2. Борҳо, кофирон орзу мекунанд дар дӯзах, ки эй кош дар дунё мусалмон мебуданд.[1281]
[1281] Тафсири Бағавӣ 4\368
Tafsiran larabci:
ذَرۡهُمۡ يَأۡكُلُواْ وَيَتَمَتَّعُواْ وَيُلۡهِهِمُ ٱلۡأَمَلُۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ
3. Эй Паёмбар кофиронро бигузор, то бихӯранд дар дунё ва баҳравар шаванд ва орзуҳояшон онҳоро ғофил созад аз имону тоъат, ба зудӣ натиҷаи аъмолашонро хоҳанд донист.[1282]
[1282] Тафсири Бағавӣ 4\368
Tafsiran larabci:
وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا وَلَهَا كِتَابٞ مَّعۡلُومٞ
4.Эй Расул аз барои тасдиқ накардани паёмбарии ту фуруд омадани азобро талаб карданд, вале Мо ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар он ки барои ҳалокиашон муддати муайяне доштааст.
Tafsiran larabci:
مَّا تَسۡبِقُ مِنۡ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ
5.Ҳеҷ уммате аз аҷали хеш на пеш меафтад ва на пас мемонад.
Tafsiran larabci:
وَقَالُواْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِي نُزِّلَ عَلَيۡهِ ٱلذِّكۡرُ إِنَّكَ لَمَجۡنُونٞ
6.Ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам масхараомезона гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту девонаӣ! (Ба муҷарради сухани ту мо аз пайравии падаронамон рӯй барнаметобем)[1283]
[1283] Тафсири Саъдӣ 1\429
Tafsiran larabci:
لَّوۡمَا تَأۡتِينَا بِٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
7.Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ, то гувоҳӣ диҳанд, ки Аллоҳ туро ба паёмбарӣ фиристодааст.
Tafsiran larabci:
مَا نُنَزِّلُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَمَا كَانُوٓاْ إِذٗا مُّنظَرِينَ
8.Ва Аллоҳ дар ҷавобашон мефармояд: Мо фариштагонро нозил намекунем, ҷуз ба ҳақ ва агар ба он имон наёваранд дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд ва фавран азоби Илоҳӣ гиребонгирашон мегардад.[1284]
[1284] Тафсири Бағавӣ 4\369
Tafsiran larabci:
إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا ٱلذِّكۡرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ
9.Ҳамоно Мо Қуръонро ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам худ нозил кардаем ва қатъан худ нигаҳбонаш ҳастем, ки дар он чизе на кам карда мешавад ва на зиёд.[1285]
[1285] Тафсири Табарӣ 17\68
Tafsiran larabci:
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ فِي شِيَعِ ٱلۡأَوَّلِينَ
10. Ва ба таҳқиқ Мо расулони худро пеш аз ту –эй Муҳаммад- ба миёни қавмҳои пешин фиристодаем.
Tafsiran larabci:
وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
11. Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар ки масхарааш мекарданд. (Пас ҳаминчунин мушрикон бо ту карданд, он гуна ки бо паёмбарони пешина карда шуд).[1286]
[1286] Тафсири Саъдӣ 1\429
Tafsiran larabci:
كَذَٰلِكَ نَسۡلُكُهُۥ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
12. Ин гуна истеҳзоро ба дилҳои гунаҳкорон дохил мегардонем.
Tafsiran larabci:
لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ وَقَدۡ خَلَتۡ سُنَّةُ ٱلۡأَوَّلِينَ
13. Ба он қуръон имон намеоваранд ва шеваи қавмҳои пешина доимӣ чунин будааст.
Tafsiran larabci:
وَلَوۡ فَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَابٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فَظَلُّواْ فِيهِ يَعۡرُجُونَ
14.Агар барои кофирони Макка аз осмон даре бикушоем, ки аз он боло раванд, ҳатто мушоҳида кунанд он чи ки дар осмон мавҷуд ҳаст аз аҷоиботи мулки Аллоҳ, ҳароина имон наоварданд.[1287]
[1287] Тафсири ибни Касир 4\528
Tafsiran larabci:
لَقَالُوٓاْ إِنَّمَا سُكِّرَتۡ أَبۡصَٰرُنَا بَلۡ نَحۡنُ قَوۡمٞ مَّسۡحُورُونَ
15. Албатта, гӯянд: «Мо чашмбандӣ шудаем, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!»
Tafsiran larabci:
وَلَقَدۡ جَعَلۡنَا فِي ٱلسَّمَآءِ بُرُوجٗا وَزَيَّنَّٰهَا لِلنَّٰظِرِينَ
16. Ва ҳароина, дар осмони дунё бурҷҳоеофаридем барои ситорагон ва осмонро бо ситорагон барои бинандагонашон биёростем, то андеша кунанд ва панд бигиранд.[1288]
[1288] Тафсири Саъдӣ 1\430
Tafsiran larabci:
وَحَفِظۡنَٰهَا مِن كُلِّ شَيۡطَٰنٖ رَّجِيمٍ
17. Ва осмонро аз ҳар шайтони раҷиме ки аз раҳмати Аллоҳ маҳрум аст, ҳифз кардем.[1289]
[1289] Тафсири Табарӣ 17\77
Tafsiran larabci:
إِلَّا مَنِ ٱسۡتَرَقَ ٱلسَّمۡعَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٞ مُّبِينٞ
18. Магар он шайтоне, ки дуздона гӯш медод ва шиҳобе (оташпорае) равшан дар паи вай афтад[1290].
[1290]Ва гоҳо шайтон қабл аз расидани оташпора ба дӯстони худ хабарро мерасонад. Тафсири Саъдӣ 1/430
Tafsiran larabci:
وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ شَيۡءٖ مَّوۡزُونٖ
19. Ва заминро васеъ кардем ва дар он кӯҳҳои азиме партофтем. Ва барои эҳтиёҷи бандагон аз ҳар чизе санҷида дар он рӯёнидем.[1291]
[1291] Тафсири Бағавӣ 4\374
Tafsiran larabci:
وَجَعَلۡنَا لَكُمۡ فِيهَا مَعَٰيِشَ وَمَن لَّسۡتُمۡ لَهُۥ بِرَٰزِقِينَ
20. Ва дар он ҷо барои шумо асбоби зиндагӣ қарор додем ва низ касонеро, ки шумо рӯзидиҳандаи онҳо нестед, аз ходимону чорпоҳо.
Tafsiran larabci:
وَإِن مِّن شَيۡءٍ إِلَّا عِندَنَا خَزَآئِنُهُۥ وَمَا نُنَزِّلُهُۥٓ إِلَّا بِقَدَرٖ مَّعۡلُومٖ
21. Ҳар чи ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муъайян онро фурӯ намефиристем.
Tafsiran larabci:
وَأَرۡسَلۡنَا ٱلرِّيَٰحَ لَوَٰقِحَ فَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَسۡقَيۡنَٰكُمُوهُ وَمَآ أَنتُمۡ لَهُۥ بِخَٰزِنِينَ
22. Ва бодҳои бордоркунанда абрҳоро фиристодем ва аз паси он аз осмон обе нозил кардем барои нӯшокии шумо ва заминатон ва чорпоёнатон ва шуморо бо он сероб сохтем ва шумо хазинадори он нестед.[1292]
[1292] Тафсири ибни Касир 4\531
Tafsiran larabci:
وَإِنَّا لَنَحۡنُ نُحۡيِۦ وَنُمِيتُ وَنَحۡنُ ٱلۡوَٰرِثُونَ
23. Албатта, Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва ҷамиъи халоиқро мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем.[1293]
[1293] Тафсири Бағавӣ 4\376
Tafsiran larabci:
وَلَقَدۡ عَلِمۡنَا ٱلۡمُسۡتَقۡدِمِينَ مِنكُمۡ وَلَقَدۡ عَلِمۡنَا ٱلۡمُسۡتَـٔۡخِرِينَ
24. Ва ба таҳқиқ медонем ҳоли касонеро ки аз шумо аз ин пеш рафтаанд аз мурдаҳо ва кушташудаҳо ва медонем ҳоли касоне, ки боқӣ мондаанд дар ҳаёт ё баъд ба дунё меоянд.[1294]
[1294] Тафсири Бағавӣ 4\377
Tafsiran larabci:
وَإِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَحۡشُرُهُمۡۚ إِنَّهُۥ حَكِيمٌ عَلِيمٞ
25. Ва ҳамоно Парвардигори ту ҳамаро аз аввал то охир барои ҳисобу ҷазо зинда карда, ҷамъ мегардонад, зеро Ӯст ҳакиму доно чизе аз Ӯ пинҳон намемонад![1295]
[1295] Тафсири Табарӣ 17\95
Tafsiran larabci:
وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ
26. Мо одамиро аз гили хушк, аз лойи сиёҳи бӯйгирифта офаридем.
Tafsiran larabci:
وَٱلۡجَآنَّ خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِ
27. Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем.
Tafsiran larabci:
وَإِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّي خَٰلِقُۢ بَشَرٗا مِّن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ
28.Ва ба ёд ор эй Паёмбар ҳангоме, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳамоно ман аз гили хушкида, аз гили сиёҳи бӯйнок инсонеро меофаринам.
Tafsiran larabci:
فَإِذَا سَوَّيۡتُهُۥ وَنَفَخۡتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُواْ لَهُۥ سَٰجِدِينَ
29. Пас чун ӯро рост кунам ва аз рӯҳи Худ дар он бидамам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед[1296]».
[1296] Мурод аз саҷдаи таҳият ва эҳтиром аст, на саҷдаи ибодат
Tafsiran larabci:
فَسَجَدَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ كُلُّهُمۡ أَجۡمَعُونَ
30.Пас фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд,
Tafsiran larabci:
إِلَّآ إِبۡلِيسَ أَبَىٰٓ أَن يَكُونَ مَعَ ٱلسَّٰجِدِينَ
31. магар Иблис, ки саркашӣ кард, ки бо саҷдакунандагон бошад.
Tafsiran larabci:
قَالَ يَٰٓإِبۡلِيسُ مَا لَكَ أَلَّا تَكُونَ مَعَ ٱلسَّٰجِدِينَ
32. Аллоҳ ба Иблис гуфт: «Эй Иблис, чаро ту аз саҷдакунандагон набудӣ?»
Tafsiran larabci:
قَالَ لَمۡ أَكُن لِّأَسۡجُدَ لِبَشَرٍ خَلَقۡتَهُۥ مِن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ
33. Иблис кибр ва ҳасади худро зоҳир карда гуфт: «Ман барои башаре, ки аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир офаридаӣ, саҷда намекунам».[1297]
[1297]Тафсири Табарӣ 17\ 101
Tafsiran larabci:
قَالَ فَٱخۡرُجۡ مِنۡهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٞ
34. Аллоҳ гуфт: «Аз он ҷаннат берун шав, ки ту рондашуда ҳастӣ.[1298]
[1298]Тафсири ибни Касир 4\534
Tafsiran larabci:
وَإِنَّ عَلَيۡكَ ٱللَّعۡنَةَ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلدِّينِ
35. Ба дурустӣ, то рӯзи қиёмат лаънати Аллоҳ бар туст!»
Tafsiran larabci:
قَالَ رَبِّ فَأَنظِرۡنِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ
36. Иблис гуфт: “Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ” (ва он рӯзи қиёмат аст).
Tafsiran larabci:
قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ ٱلۡمُنظَرِينَ
37. Аллоҳ гуфт: «Ту ба яқин дар шумори мӯҳлатёфтагонӣ,
Tafsiran larabci:
إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡوَقۡتِ ٱلۡمَعۡلُومِ
38. то он рӯзе, ки вақташ маълум[1299] аст».
[1299]Ва он рӯзест, ки ҳамаи халқ баъди дамидани сури аввал мемиранд, на рӯзи аз нав зинда шудан
Tafsiran larabci:
قَالَ رَبِّ بِمَآ أَغۡوَيۡتَنِي لَأُزَيِّنَنَّ لَهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَأُغۡوِيَنَّهُمۡ أَجۡمَعِينَ
39. Иблис гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро ноумед ва гумроҳ кардӣ, дар рӯи замин барои фарзандони Одам бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамаро гумроҳ кунам,
Tafsiran larabci:
إِلَّا عِبَادَكَ مِنۡهُمُ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
40. магар онҳо, ки бандагони боихлоси Ту бошанд».
Tafsiran larabci:
قَالَ هَٰذَا صِرَٰطٌ عَلَيَّ مُسۡتَقِيمٌ
41. Аллоҳ гуфт: «Роҳи ихлос, роҳи ростест, ки ба Ман мерасад.
Tafsiran larabci:
إِنَّ عِبَادِي لَيۡسَ لَكَ عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٌ إِلَّا مَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡغَاوِينَ
42. Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар ғалабаи ту бар он гумроҳоне, ки туро пайравӣ кунанд ва ризоияти туро аз ризоияти Ман бартар донанд.
Tafsiran larabci:
وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمَوۡعِدُهُمۡ أَجۡمَعِينَ
43. Ва ба дурустӣ, ҷаҳаннам миъоди Иблис ва ҳамаи пайравони вай аст.
Tafsiran larabci:
لَهَا سَبۡعَةُ أَبۡوَٰبٖ لِّكُلِّ بَابٖ مِّنۡهُمۡ جُزۡءٞ مَّقۡسُومٌ
44. Ҷаҳаннам ҳафт дар дорад ва ҳар дар аз дигаре поёнтар аст барои ҳар дар гурӯҳе аз онон муъайян шудаанд.[1300]
[1300] Тафсири Саъдӣ 1\431
Tafsiran larabci:
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٍ
45. Парҳезгорон[1301] дар бустонҳову чашмаҳо бошанд.
[1301] Онон ки амри Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳои Аллоҳ дур истоданд.
Tafsiran larabci:
ٱدۡخُلُوهَا بِسَلَٰمٍ ءَامِنِينَ
46. Ба саломат вахотирҷамъӣ ба он дохил шавед.
Tafsiran larabci:
وَنَزَعۡنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنۡ غِلٍّ إِخۡوَٰنًا عَلَىٰ سُرُرٖ مُّتَقَٰبِلِينَ
47. Ҳар кинаеро аз дилашон берун мекашем, ҳама бародарона, бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳам менишинанд.
Tafsiran larabci:
لَا يَمَسُّهُمۡ فِيهَا نَصَبٞ وَمَا هُم مِّنۡهَا بِمُخۡرَجِينَ
48. Ҳеҷ ранҷе дар он ҷо ба онҳо намерасад ва аз он ҷо берун нагарданд ва ҷовидона дар онҷо бимонанд.
Tafsiran larabci:
۞ نَبِّئۡ عِبَادِيٓ أَنِّيٓ أَنَا ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
49. Эй Паёмбар ба бандагонам хабар деҳ, ки ман омӯрзандаву меҳрубонам барои мӯъминони тавбакор.
Tafsiran larabci:
وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ ٱلۡعَذَابُ ٱلۡأَلِيمُ
50. Ва азоби Ман, азоби дардовар аст, барои касоне, ки аз гуноҳи худ тавба намекунанд.
Tafsiran larabci:
وَنَبِّئۡهُمۡ عَن ضَيۡفِ إِبۡرَٰهِيمَ
51. Ва эй Паёмбар онҳоро аз меҳмонони Иброҳим хабардор кун[1302].
[1302] Фариштагоне буданд, ки на танҳо барои башорат додан -ба фарзанд- ба назди Иброҳим омада, балки низ барои ҳалок кардани қавми Лут алайҳимуссалом омада буданд. Тафсири Бағавӣ 4\384
Tafsiran larabci:
إِذۡ دَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَقَالُواْ سَلَٰمٗا قَالَ إِنَّا مِنكُمۡ وَجِلُونَ
52. Он гоҳ, ки фариштагон бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» Иброҳим низ ҷавоби салом гуфт ва барояшон таъом пешкаш намуд, вале онҳо нахӯрданд ва Иброҳим гуфт: «Мо аз шумо метарсем!»[1303]
[1303] Тафсири ибни Касир 4\540
Tafsiran larabci:
قَالُواْ لَا تَوۡجَلۡ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٖ
53. Фариштагон гуфтанд: «Матарс, эй Иброҳим мо туро ба писари доное[1304] мужда медиҳем».
[1304] Вай Исҳоқ аст
Tafsiran larabci:
قَالَ أَبَشَّرۡتُمُونِي عَلَىٰٓ أَن مَّسَّنِيَ ٱلۡكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ
54. Иброҳим ба тааҷҷуб гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам ва ҳамсарам низ пир аст.Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?»[1305]
[1305] Тафсири Саъдӣ 1\432
Tafsiran larabci:
قَالُواْ بَشَّرۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ فَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡقَٰنِطِينَ
55. Гуфтанд: «Мо туро ба ростӣ мужда додаем, пас аз ноумедон мабош!»[1306]
[1306]Ҳеҷ шакке нест дар он, ки Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст. Тафсири Саъдӣ 1\432
Tafsiran larabci:
قَالَ وَمَن يَقۡنَطُ مِن رَّحۡمَةِ رَبِّهِۦٓ إِلَّا ٱلضَّآلُّونَ
56. Иброҳим гуфт: «Ба ҷуз гумроҳон кист, ки аз раҳмати Парвардигораш ноумед шавад?»
Tafsiran larabci:
قَالَ فَمَا خَطۡبُكُمۡ أَيُّهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ
57. Гуфт: «Эй фиристодагон, чӣ кори муҳиме доред?»
Tafsiran larabci:
قَالُوٓاْ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمٖ مُّجۡرِمِينَ
58. Фариштагон гуфтанд: «Мо ба сӯи қавми гунаҳкорон фиристода шудаем ва ҳамаро нобуд мекунем,
Tafsiran larabci:
إِلَّآ ءَالَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمۡ أَجۡمَعِينَ
59. магар хонадони Лутро, ки ҳамаашонро наҷот медиҳем,
Tafsiran larabci:
إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ قَدَّرۡنَآ إِنَّهَا لَمِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ
60. магар ҳамсарашро, ки муқаррар намудаем, ки аз боқимондагон дар азоб бошад».
Tafsiran larabci:
فَلَمَّا جَآءَ ءَالَ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلُونَ
61. Чун фариштагон назди хонадони Лут омаданд,
Tafsiran larabci:
قَالَ إِنَّكُمۡ قَوۡمٞ مُّنكَرُونَ
62. Лут барояшон гуфт: «Шумо гурӯҳи ношиносед».
Tafsiran larabci:
قَالُواْ بَلۡ جِئۡنَٰكَ بِمَا كَانُواْ فِيهِ يَمۡتَرُونَ
63. Фариштагон гуфтанд матарс: «Балки, барои ту он чизеро (азоберо), ки дар он шак мекарданд, овардаем.
Tafsiran larabci:
وَأَتَيۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ
64. Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем, ки Аллоҳ қавми туро ҳалоккунандааст.
Tafsiran larabci:
فَأَسۡرِ بِأَهۡلِكَ بِقِطۡعٖ مِّنَ ٱلَّيۡلِ وَٱتَّبِعۡ أَدۡبَٰرَهُمۡ وَلَا يَلۡتَفِتۡ مِنكُمۡ أَحَدٞ وَٱمۡضُواْ حَيۡثُ تُؤۡمَرُونَ
65. Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони худро ва мӯъминонро берун бибар ва худ аз паи онҳо рав ва онҳо пеш-пеши ту ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад[1307]. Ва ҳар ҷо, ки Аллоҳ фармонатон дод, зуд биравед, то дар амон бимонед.[1308]
[1307] Яъне, ақибнишинӣ накунад, то ба азоб дучор нагардад.
[1308] Тафсири Табарӣ 17\116
Tafsiran larabci:
وَقَضَيۡنَآ إِلَيۡهِ ذَٰلِكَ ٱلۡأَمۡرَ أَنَّ دَابِرَ هَٰٓؤُلَآءِ مَقۡطُوعٞ مُّصۡبِحِينَ
66. Ва барои Лут ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, ҳамаи онҳо нобуд ва решакан хоҳанд шуд.
Tafsiran larabci:
وَجَآءَ أَهۡلُ ٱلۡمَدِينَةِ يَسۡتَبۡشِرُونَ
67. Ва Аҳли шаҳр аз дидани меҳмонон (фариштагон) шодикунон омаданд.
Tafsiran larabci:
قَالَ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ ضَيۡفِي فَلَا تَفۡضَحُونِ
68. Лут барояшон гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед.
Tafsiran larabci:
وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُخۡزُونِ
69. Аз Аллоҳ битарсед ва маро шармсор масозед».
Tafsiran larabci:
قَالُوٓاْ أَوَلَمۡ نَنۡهَكَ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ
70. Қавми Лут гуфтанд: «Магар туро аз меҳмондорӣ ва паноҳ додани мардум манъ накарда будем?»
Tafsiran larabci:
قَالَ هَٰٓؤُلَآءِ بَنَاتِيٓ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ
71. Лут барояшон гуфт: «Агар қасде барои издивоҷ ва баровардани хоҳишоти шаҳвонӣ доред, инҳо, занҳоятон духтарони ман ҳастанд никоҳ кунед»[1309].
[1309] Лут алайҳиссалом аз он сабаб занҳои онҳоро духтаронам номид, ки зеро паёмбари ҳар як уммат ба манзалаи падар барояшон ҳисобида мешавад.
Tafsiran larabci:
لَعَمۡرُكَ إِنَّهُمۡ لَفِي سَكۡرَتِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
72. Эй Паёмбар ба ҷони ту савганд[1310], ки онҳо дар мастии шаҳват ва ҷаҳолати хеш саргашта буданд.
[1310] Ин қасам барои эҳтироми Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Барои Аллоҳ ҷоиз аст, ки ба чизе аз махлуқоташ хоҳад, қасам ёд мекунад. Аммо барои махлуқ ба ҷуз ба номи Аллоҳ савганд ёд кардан, ҳаром аст.
Tafsiran larabci:
فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّيۡحَةُ مُشۡرِقِينَ
73. Чун ба вақти тулӯъи офтоб, ононро наъраи сахте (садои ваҳшатноке) фурӯ гирифт ва нобудашон кард.[1311]
[1311]Тафсири Саъдӣ 1\423
Tafsiran larabci:
فَجَعَلۡنَا عَٰلِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ حِجَارَةٗ مِّن سِجِّيلٍ
74. Пас он шаҳрро зеру забар кардем ва бо сангпораҳое аз санг ҳамаашонро сангборон кардем.
Tafsiran larabci:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡمُتَوَسِّمِينَ
75. Ба дурустӣ, дар ин ибратҳост барои ибратгирандагон.
Tafsiran larabci:
وَإِنَّهَا لَبِسَبِيلٖ مُّقِيمٍ
76. Ва он шаҳр акнун дар сари роҳи мусофирон аст, ки доим дар рафту омаданашон онро мебинанд.
Tafsiran larabci:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ
77. Ба дурустӣ, дар ин кор(дар ҳалок кардани Мо онҳоро) нишонаи бузурге барои мӯъминон аст.[1312]
[1312] Тафсири ибни Касир 4\544
Tafsiran larabci:
وَإِن كَانَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ لَظَٰلِمِينَ
78. Ва мардуми Айка[1313] низ ситамкор буданд.
[1313] Қавми Шуъайб алайҳиссалом, ки соҳибони он шаҳр соҳиби бустону дарахтони бисёр буданд.
Tafsiran larabci:
فَٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡ وَإِنَّهُمَا لَبِإِمَامٖ مُّبِينٖ
79. Пас аз онон интиқом гирифтем ва ҳар дуи онон (сарзамини қавми Лут ва Айка) дар сари роҳи намоён ҳастанд.[1314]
[1314] Тафсири Саъдӣ 1\433
Tafsiran larabci:
وَلَقَدۡ كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡحِجۡرِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
80. Ба дурустӣ, мардуми Ҳиҷр[1315] низ паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд.[1316]
[1315] Қавми Солеҳ алайҳиссалом ва онҳо Самудиён буданд
[1316]Зеро касе як паёмбарро дурӯғ барорад, ҳамаи паёмбаронро дурӯғ баровардааст, чунки онон бар як динанд. Тафсири Саъдӣ 1\434
Tafsiran larabci:
وَءَاتَيۡنَٰهُمۡ ءَايَٰتِنَا فَكَانُواْ عَنۡهَا مُعۡرِضِينَ
81. Оёти Хешро[1317] бар онон (қавми Солеҳ) расонидем, вале аз он рӯй гардониданд.
[1317] Яъне барояшон шутурро имтиҳон фиристода шуд.
Tafsiran larabci:
وَكَانُواْ يَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتًا ءَامِنِينَ
82. Хонаҳои худро, аз кӯҳҳо метарошиданд ва хотирҷамъ буданд.
Tafsiran larabci:
فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّيۡحَةُ مُصۡبِحِينَ
83. Пас субҳгоҳон фарёд ва садои маргборе эшонро фаро гирифт.[1318]
[1318] Тафсири ибни Касир 4\545
Tafsiran larabci:
فَمَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
84. Чизе, ки касб карда буданд аз ҷамъоварии мол ва сохтани қасрҳо аз онон дафъи бало накард.[1319]
[1319]Тафсири Саъдӣ 1\434
Tafsiran larabci:
وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّۗ وَإِنَّ ٱلسَّاعَةَ لَأٓتِيَةٞۖ فَٱصۡفَحِ ٱلصَّفۡحَ ٱلۡجَمِيلَ
85. Осмонҳову замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наёфаридаем. Ва бешак, қиёмат, ҳатман, фаро мерасад. Пас эй Паёмбар, аз беодобиҳои эшон гузашт кун, гузашти неке ва бузургворона ва ҳакимона ба даъвати худ идома бидеҳ ва дар баробари азият ва озори куффор, бурдбор бош.[1320]
[1320] Тафсири ибни Касир 4\545
Tafsiran larabci:
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلۡخَلَّٰقُ ٱلۡعَلِيمُ
86. Ҳароина Парвардигори ту офаринандаву доно аст чизе бар Ӯ пинҳон намемонад!
Tafsiran larabci:
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَٰكَ سَبۡعٗا مِّنَ ٱلۡمَثَانِي وَٱلۡقُرۡءَانَ ٱلۡعَظِيمَ
87. Ва ба ростӣ, ки Мо сабъ-ул-масонӣ[1321] ва Қуръони бузургро ба ту эй Паёмбар додаем.
[1321] Сураи Фотиҳа, ки аз ҳафт оят иборат аст ва дар ҳар намоз такрор мешавад.
Tafsiran larabci:
لَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّنۡهُمۡ وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِلۡمُؤۡمِنِينَ
88. Агар баъзе аз кофиронро ба чизе баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун. Ва ғами онкофиронро махӯр,ки чаро ба ту имон намеоваранд. Ва дар баробари мӯъминон хоксор бош.[1322]
[1322] Тафсири Бағавӣ 4\392
Tafsiran larabci:
وَقُلۡ إِنِّيٓ أَنَا ٱلنَّذِيرُ ٱلۡمُبِينُ
89.Ваба кофирон бигӯ: «Ҳамоно ман бимдиҳандаи ошкорам».
Tafsiran larabci:
كَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَى ٱلۡمُقۡتَسِمِينَ
90. Фуруд хоҳем овард азобро,ҳамчуноне, ки бар тақсимкунандагон.[1323] нозил кардем:
[1323]Касоне ки Қуръонро тақсим намуда ба баъзеаш имон оварданд ва ба баъзе дигараш куфр оварданд, аз яҳуду насоро ва дигарон Тафсири Табарӣ 17\142
Tafsiran larabci:
ٱلَّذِينَ جَعَلُواْ ٱلۡقُرۡءَانَ عِضِينَ
91. Касоне, ки Қуръонро ба қисмҳо[1324] тақсим карда буданд.
[1324]Баъзе аз муфассирон мегӯянд, ки ин оят низ мушрикони Маккаро дарбармегирад, ки онҳо қисматеро ҳақ ва қисматеро ботил медонистанд ва ё онро шеър, сеҳр, кизб ва асотир меномиданд, то ин ки мардумро аз роҳи ҳақ боздоранд. Тафсири Табарӣ 17\146
Tafsiran larabci:
فَوَرَبِّكَ لَنَسۡـَٔلَنَّهُمۡ أَجۡمَعِينَ
92. Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро, ҳатман дар рӯзи қиёмат аз он чи ки онҳо дар китоби Аллоҳ айбу нуқсон ва таҳрифу табдил додаанд, суол мекунем
Tafsiran larabci:
عَمَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
93. ба хотири корҳое, ки мекарданд![1325]
[1325] Тафсири Саъдӣ 1\435
Tafsiran larabci:
فَٱصۡدَعۡ بِمَا تُؤۡمَرُ وَأَعۡرِضۡ عَنِ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
94. Пас ошкоро кун он чиро ки ба он фармон дода мешавӣ ва аз мушрикон рӯй бигардон.
Tafsiran larabci:
إِنَّا كَفَيۡنَٰكَ ٱلۡمُسۡتَهۡزِءِينَ
95. Мо макру азият ва озори масхаракунандагонро аз ту бозмедорем,
Tafsiran larabci:
ٱلَّذِينَ يَجۡعَلُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَۚ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ
96. касоне, ки маъбуди дигарро ҳамроҳ ба Ӯ қарор медиҳанд, дар ояндаи наздик ҳақиқатро хоҳанд донист.[1326]
[1326] Тафсири Саъдӣ 1\435
Tafsiran larabci:
وَلَقَدۡ نَعۡلَمُ أَنَّكَ يَضِيقُ صَدۡرُكَ بِمَا يَقُولُونَ
97. Ва ба ростӣ, медонем, ки ту аз он чи ки мегӯянд, дилтанг мешавӣ ва аз истеҳзо, таҳқир ва лафзҳои ширколудашон дилат ба дард меояд.
Tafsiran larabci:
فَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ وَكُن مِّنَ ٱلسَّٰجِدِينَ
98. Пас, ба покӣ ёд кун Парвардигоратро ҳангоми фарогирии ғаму андӯҳ ва аз зумраи саҷдакунандагон ( намозгузорон) бош![1327]
[1327] Тафсири ибни Касир 4\553
Tafsiran larabci:
وَٱعۡبُدۡ رَبَّكَ حَتَّىٰ يَأۡتِيَكَ ٱلۡيَقِينُ
99. Ва давомат кун дар парастиши Парвардигорат, то ҳангоме ки марг ба суроғат меояд.
Tafsiran larabci:
 
Fassarar Ma'anoni Sura: Suratu Alhijr
Teburin Jerin Sunayen Surori Lambar shafi
 
Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar da Yaren Tajik - Teburin Bayani kan wasu Fassarori

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

Rufewa