1. Эй Паёмбар, аз Аллоҳ битарс[2027] ва ба кофирону мунофиқон итоъат макун. Ҳароина, Аллоҳ ба ҳама чиз доно аст ва дар амр ва тадбири халқаш боҳикмат аст![2028]
[2027]Яъне , фармудаҳояшонро ба ҷо ор ва аз манъкардаҳояш дур бош, то мӯъминон аз ту пайравӣ кунанд, зеро онҳо ба парҳезгорӣ аз ту ҳам эҳтиёҷмандтар ҳастанд [2028] Тафсири Бағавӣ 6\316
2. Ба ҳар чӣ аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, (яъне, аз Қуръону Суннат) итоъат кун. Албатта, Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва ҳеҷ чизе аз Ӯ пӯшида нест.
3. Ва бар Аллоҳ таваккал кун ва ҳама умури зиндагиатро ба Аллоҳ супор, зеро Аллоҳ ҳофизу басанда аст барои шахсе, ки бар Ӯ таваккал карда ва ба сӯяш бозгаштааст.
6. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам нисбат ба мӯъминон дар умури дину дунё аз худашон авлотар ва сазовортар аст ва ҳурмати занони ӯ ба монанди ҳурмати модарони мӯъминон ҳастанд, пас баъди вафоти Расули Аллоҳ никоҳ кардани занонаш раво нест ва дар китоби Аллоҳ хешовандони насабӣ дар мерос бурдан аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд[2031], магар он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед ва саҳме аз моли худро ба онон бидиҳед. Ин ҳукм дар китоби Аллоҳ дар Лавҳул Маҳфуз навишта шудааст[2032].
[2031]Дар ибтидои Ислом мусалмонон бо василаи ҳиҷрат ва имон мерос мебурданд на хешовандон. Баъд аз он ин кор ба ояти мерос мансух шуд. [2032]. Ин оят,далолат бар воҷиб будани он мекунад; ки муқаддам доштани муҳаббати Расули Аллоҳ бар муҳаббати банда аз ҷонаш ва низ пурра таслим шудан дар тоъати Ӯ ва низ иззату эҳтиром доштани модарони мӯъминонро, яъне, ҳамсарони Расули Аллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам. Касе онҳоро дашном дод, ба дурустӣ ба ҳалокӣ дучор гашт. Тафсири Табарӣ20\210
7. Ва ба ёд ор эй Паёмбар , он ҳангомро, ки аз паёмбарон паймон маҳкам ва устувор гирифтем ва ҳамчунин аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо писари Марям ва аз ҳамаи онҳо паймони сахте гирифтем, ки дар адои масъулияти расонидани даъват ва адои амонат ва тасдиқ кардани баъзеяшон баъзеро кутоҳӣ накунанд. Ва онон аз паёмбарони соҳибазманд.[2033]
9. Эй касоне, ки имон овардед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо дар Мадина, дар ғазваи Хандақ додааст, ёд кунед, дар ҳангоме, ки лашкарҳо аз хориҷи Мадина ва яҳуду мунофиқон аз дохили Мадина бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем, то он ҷое, ки дегҳояшонро барканд ва хаймаҳояшонро сарнагун сохт, сипас дилҳояшонро тарс фаро гирифт ва Аллоҳ ба он чи мекардед, бино буд ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад![2035]
10. Ба хотир биёред, он вақтро, ки аз самти водии боло аз тарафи машриқ ва аз самти поин аз тарафи мағриб бар шумо тохтанд, чашмҳо аз шиддати даҳшат хира шуданд ва ҷонҳо аз шиддати тарс ба лаб расида буданд ва мунофиқонро ноумедӣ фаро гирифт ва ба ваъдаи Аллоҳ гумонҳои гуногун мебурдед,[2036].
[2036]Яъне, Аллоҳ динашро ёрӣ намекунад ва калима ва суханашро ба итмом намерасонад. Тафсири Саъдӣ 1\659
11. Дар он лаҳзаи душворӣ, мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва мӯъмин аз мунофиқ маълум гашт ва бо тарсу ҳарос сахт такон хӯрданд, то имонашон маълум шавад ва бовариашон зиёд гардад![2037]
14. Ва агар лашкари душманон аз атрофи Мадина бар онҳо ворид мешуданд ва хонаҳояшонро муҳосира мекарданд, сипас пешниҳоди бозгашт ба куфр ва ширк ба онҳо мекарданд, мепазируфтанд ва ҷуз андаке барои интихоби он таваққуф намекарданд.
16) Бигӯ эй Расул барои мунофиқон , агар аз марг ё кушта шудан дар майдони ҷанг бигурезед, ҳаргиз гурехтан фоидаатон надиҳад ва ба он умратон афзуда нашавад ва он гоҳ аз зиндагӣ дар дунё ҷуз андаке баҳраманд нахоҳед шуд. Ва ин зиндагии дунё дар баробари охират муддати кӯтоҳе аст.[2040]
27. Эй мӯъминон , Аллоҳ замину хонаҳо ва амволашон , ки иборат аз зевару чорпоён ва силоҳ буд ва заминҳоеро, ки бар онҳо пой наниҳодаед, ки он заминҳо дар назди соҳибашон иззату эҳтиром доштанд, ба шумо вогузошт. Ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!
28. Эй Паёмбар, ба занонат онон, ки гирди ту ҷамъ омаданд ва аз ту нафақаи зиёд талаб доранд, бигӯ: « Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он ҳастед, биёед, то шуморо бо ҳадяи муносиб баҳраманд созам ва ба тарзи некӯ раҳоятон кунам.[2049]
31. Ва ҳар кас аз шумо, ки фармонбардории Аллоҳ ва паёмбарашро давом диҳад ва кори шоиста кунад, назар ба дигар занон ду баробар ба ӯ подош медиҳем. Ва барои ӯ ризқи нек омода кардаем ва он ҷаннат аст.
38. Бар паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар анҷом додани он чӣ ки Аллоҳ бар ӯ ҳалол кардааст[2059], ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Аллоҳ барои паёмбарони гузашта низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Аллоҳ ҳисобшуда ва дақиқ аст , бояд ҳатман иҷро шавад[2060].
40. Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест. Ӯ Расули Аллоҳ ва хотами паёмбарон аст. Пас аз ӯ, то вуқуъи қиёмат дигар паёмбаре намеояд. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе аз амалҳои шумо доност ва чизе аз он бар Ӯ пӯшида нест![2061]
41. Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ овардаед ва амал ба шариъати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам кардаед, Аллоҳро бо дилу забон ва узвҳои худ бисёр ёд кунед!
43. Ӯст, ки Худ ва фариштагонаш бар шумо дуруд[2063] мефиристанд, то шуморо аз торикиҳои куфр ва гумроҳӣ ба сӯи равшанӣ (яъне, Ислом) берун барад, зеро Аллоҳ бо мӯъминон меҳрубон аст , ҳам дар дунё ва ҳам дар охират ва онҳоро азоб намедиҳад, модоме, ки бо ихлос Ӯро итоъат мекунанд![2064]
[2063]Дуруд аз ҷониби Аллоҳ лутф ва раҳмат аст ва аз ҷониби фариштагон истиғфору дуъои хайр аст. [2064] Тафсири ибни Касир 6\436
44. Рӯзе, ки бо Ӯ дар ҷаннат дидор кунанд, дурудашон ин аст: «Салом!» ва аз азоби Аллоҳ дар амонанд. Ва Аллоҳ барояшон подоши некӯе омода кардааст ва он ҷаннат аст.
48. Ва кофирону мунофиқонро итоъат макун ва аз озорашон даргузар, то туро аз таблиғи рисолат бознадоранд ва дар ҳамаи кори зиндагиат бар Аллоҳ таваккал кун ва корҳои муҳимро бар Аллоҳ бисупор ва ҳамин кифоя аст, ки Аллоҳ корсоз ва ҳомии банда бошад ва Ӯ осонгардонандаи ҳама корҳост.[2066]
50. Эй Паёмбар, барои Ту ҳалол кардем он ҳамсаронатро, ки маҳрашонро додаӣ ва инчунин канизонеро, ки Аллоҳ дар ҷангҳо ғанимати ту гардондааст ва духтарони амак ва духтарони аммаҳо ва духтарони тағо ва духтарони холаҳои туро, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд, издивоҷи онҳоро бар ту ва низ бар мӯъминон ҳалол кардем ва низ зани мӯъмине, ки агар худашро бидуни маҳр ба паёмбар бахшида бошад, ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад, ӯро ба занӣ гирад, ҳалол кардаем. Ин ҳукм[2067] махсуси туст, на барои дигар мӯъминон. Ба дурустӣ ки Мо донистаем дар бораи занони мӯъминон ва канизонашон чӣ ҳукме ҳалол кардаем[2068], то барои ту мушкиле пеш наёяд. Ва Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!
[2067] Яъне хонадор бо зане бидуни маҳр [2068] Мӯъминонро ҳалол нест, ки аз чаҳор зан беш издивоҷ кунанд, ба ҷуз аз канизонашон ва низ шарт аст, бояд дар издивоҷашон валӣ, маҳр ва шоҳид вуҷуд дошта бошад.
51. Аз ҳамсарони худ ҳар киро хоҳӣ метавонӣ ҳамхобиашро ба таъхир андозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, метавонӣ бо худ нигаҳ дорӣ. Ва агар аз онҳо, ки дурӣ доштаӣ, якеро боз биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин гузиниш ва ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин машаванд ва аз он чиба онҳо медиҳӣ, бояд, ки хушнуд гарданд[2069] ва Аллоҳ медонад, ки дар дилҳои шумо майли муҳаббат аст ба сӯи баъзе аз занонатон. Ва Аллоҳ доно аст бар дилҳои шумо ва бурдбор аст, ки гунаҳкоронро зуд ба иқоб намегирад![2070]
[2069] Зеро онҳо медонанд, ту амри воҷиберо тарк накарда ва дар адо кардани ҳаққе, ки бар ту лозим аст , кутоҳӣ наварзидаӣ. [2070] ТафсириТабарӣ 20\296
52. Баъд аз ин занон дигар ҳеҷ зане бар ту ҳалол нест ва он занонеро, ки барои ту ҳалол кардем[2071] ва низ дигар зане ба ҷои онҳо ихтиёр кардан ҳалол нест, ҳарчанд туро аз зебоии ӯ хуш ояд, магар он чӣ ба ғанимат ба дасти ту афтад. Ва Аллоҳ назораткунандаи ҳар чизест ва ҳар кореро анҷом диҳӣ, Аллоҳ онро медонад![2072]
[2071]Қиссаи он дар ояти 50-уми ин сура гузашт. [2072] Тафсири Саъдӣ 1\670
53. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва амал ба шариъати Паёмбараш кардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил машавед, магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед[2073], то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват карданд, дохил шавед ва чун таъом хӯрдед, пас аз хӯрдани таъом пароканда гардед. На он ки дар он ҷо барои гуфтугӯ нишинед. Албатта, ин корҳо Паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад аз гуфтане, ки "хезед ва биравед", бо вуҷуде ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Вале Аллоҳ аз гуфтани ҳақ ва изҳори он шарм намедорад. Ва агар аз занони Паёмбар чизе пурсидан хостед, аз пушти парда пурсед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо насазад, ки Паёмбари Аллоҳро биёзоред ва на он ки ҳамсарҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Албатта, ин корҳо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузурге аст.[2074]
[2073]Яъне, пеш аз таъом омода шудан даромада, то омода шудани он мунтазир нашавед [2074]Чунки ҳамсарони Паёмбар дар дунё ва охират ҳамсарони ӯ ҳастанд ва ҳамчунин онҳо модарони мӯъминон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 20\316
55. Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падарону писарон ва бародарону бародарзодагон ва хоҳарзодагону занони ҳамдинашон ва ё канизони худашон бе ҳиҷоб бошанд. Ва бояд, ки дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед[2076]. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳар чизе ҳозиру нозир аст ва шоҳиди амалҳои зоҳирӣ ва ботинии бандагонаш мебошад.[2077]
57. Ҳароина, касоне, ки Аллоҳро бо ширку маъсият ва Паёмбарашро бо гуфтору кирдор озор медиҳанд, Аллоҳ дар дунё ва охират онҳоро лаънат карда ва аз тамоми хубиҳои дунё ва охират маҳрумашон гардонидааст ва барояшон дар охират азоби хоркунандае муҳайё кардааст.[2079]
60. Агар мунофиқон[2081] ва касоне, ки дар дилҳояшон шак ва шубҳа ва онҳое, ки дар Мадина овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд ва дар дили мӯъминон ваҳм меандозанд, аз кори бади худ боз наистанд, ҳароина, Мо туро бар онҳо ғолиб мегардонем, то аз он пас ҷуз андаке бо ту дар Мадина ҳамсоя набошанд.
[2081] Мунофиқон касонеанд, ки имонро бар забонашон зоҳир мекунанд ва куфрро дар замири қалбашон пинҳон медоранд.
63. Эй Муҳаммад саллалллоҳу алайҳи ва саллам, мардум туро аз омадани қиёмат мепурсанд, бигӯ барояшон: «Ҳамоно маърифати он назди Аллоҳ аст». Ва ту чӣ медонӣ, эй Паёмбар шояд омадани қиёмат наздик бошад?[2083]
72. Мо ин амонатро[2088] бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, пас онҳо аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд, ки шояд ин талабро ба ҷой оварда наметавонанд. Инсон ба нотавонии худ он амонатро бар дӯш гирифт, ки ҳароина, ӯ ситамкору нодон буд,
[2088] Ва он амонат иборат аст аз итоъати фармонҳои Аллоҳ ва парҳез аз чизҳои ҳаром.
ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
Sakamakon Bincike:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".