Check out the new design

Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar Yaren Tajik - Kujah Mairuf Kujah Mir * - Teburin Bayani kan wasu Fassarori


Fassarar Ma'anoni Sura: Muhammad   Aya:
وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَوۡلَا نُزِّلَتۡ سُورَةٞۖ فَإِذَآ أُنزِلَتۡ سُورَةٞ مُّحۡكَمَةٞ وَذُكِرَ فِيهَا ٱلۡقِتَالُ رَأَيۡتَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ يَنظُرُونَ إِلَيۡكَ نَظَرَ ٱلۡمَغۡشِيِّ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡمَوۡتِۖ فَأَوۡلَىٰ لَهُمۡ
20. Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд мегӯянд: «Кошкӣ аз ҷониби Аллоҳ сурае нозил мешуд ва моро ба ҷанги зидди душманон мехонд?» Чун сурае аз мӯҳкамот (оятҳояш равшан) нозил шавад ва дар он сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон шубҳа ва нифоқ аст, мебинӣ, ки ба сӯи ту монанди нигоҳи касе, ки аз сакароти марг беҳуш шуда бошад, менигаранд. Пас барояшон шоистатар аст, ки
Tafsiran larabci:
طَاعَةٞ وَقَوۡلٞ مَّعۡرُوفٞۚ فَإِذَا عَزَمَ ٱلۡأَمۡرُ فَلَوۡ صَدَقُواْ ٱللَّهَ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡ
21. фармонбардорӣ кунанд Аллоҳро ва сухани некӯ гӯянд мувофиқи шариъат. Ва ҳангоме ки ҷанг воҷиб шавад, мунофиқонро аз он нохуш ояд, агар бо Аллоҳ содиқ бошанд дар имону амал барояшон аз гуноҳу нофармонбардорӣ беҳтар аст.[2595]
[2595] Тафсири Табарӣ 22\176
Tafsiran larabci:
فَهَلۡ عَسَيۡتُمۡ إِن تَوَلَّيۡتُمۡ أَن تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَتُقَطِّعُوٓاْ أَرۡحَامَكُمۡ
22. Пас оё агар аз Қуръон ва суннати паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам рӯйгардондед, ҷуз ин интизор меравад, ки дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред, мисле, ки пешиниёнатон карданд?[2596]
[2596] Тафсири Бағавӣ 7\287
Tafsiran larabci:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَعَنَهُمُ ٱللَّهُ فَأَصَمَّهُمۡ وَأَعۡمَىٰٓ أَبۡصَٰرَهُمۡ
23. Инҳоянд (фасодкунандагон ва қатъкунандагони пайванди хешу таборӣ), ки Аллоҳ лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро аз шунидани ҳақ кару чашмонашонро аз дидани роҳи ҳидоят кӯр сохтааст.[2597]
[2597] Тафсири Саъдӣ 1\788
Tafsiran larabci:
أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ ٱلۡقُرۡءَانَ أَمۡ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقۡفَالُهَآ
24. Оё ин мунофиқон дар панду андарзҳои Қуръон намеандешанд ё бар дилҳо қуфлҳост, ки чизе аз Қуръон ба он дохил намешавад?[2598]
[2598] Тафсири Табарӣ 22\179
Tafsiran larabci:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱرۡتَدُّواْ عَلَىٰٓ أَدۡبَٰرِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡهُدَى ٱلشَّيۡطَٰنُ سَوَّلَ لَهُمۡ وَأَمۡلَىٰ لَهُمۡ
25. Бегумон касоне ки муртад шуданд аз Ислом ва ба куфри гузаштаи худ баргаштанд, баъд аз он ки бар онон роҳи ҳидоят равшан шуд, шайтон ба онҳо корҳои бадашонро дар назарашон биёрост ва онҳоро ба орзуҳои тулонӣ фиреб дод.[2599]
[2599] Тафсири Бағавӣ 7\288
Tafsiran larabci:
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُواْ لِلَّذِينَ كَرِهُواْ مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ سَنُطِيعُكُمۡ فِي بَعۡضِ ٱلۡأَمۡرِۖ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِسۡرَارَهُمۡ
26. Ва ин аз дин баргаштанашон ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, (яҳудиён), ки оёти Аллоҳро нохуш медоштанд, мегуфтанд: “Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем.” Ва Аллоҳ аз розашон огоҳ аст.[2600]
[2600]Мусалмон бояд ҳазар кунад аз тоъате, ки мухолифи амри Аллоҳ ва расули Ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.
Tafsiran larabci:
فَكَيۡفَ إِذَا تَوَفَّتۡهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَضۡرِبُونَ وُجُوهَهُمۡ وَأَدۡبَٰرَهُمۡ
27. Пас чӣ гунааст ҳолашон, он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд?
Tafsiran larabci:
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ ٱتَّبَعُواْ مَآ أَسۡخَطَ ٱللَّهَ وَكَرِهُواْ رِضۡوَٰنَهُۥ فَأَحۡبَطَ أَعۡمَٰلَهُمۡ
28. Ин тавр сахт ҷон ситонидан аз мунофиқон ба сабаби он аст, ки аз он чӣ Аллоҳро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва аз он чӣ хушнудаш месохт, бадбинӣ доштаанд. Пас Аллоҳ низ савоби амалҳои некашонро нобуд кард монанди садақа ва силаи раҳм ва дигар амалҳо.[2601]
[2601] Тафсири Табарӣ 22\183
Tafsiran larabci:
أَمۡ حَسِبَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ أَن لَّن يُخۡرِجَ ٱللَّهُ أَضۡغَٰنَهُمۡ
29. Оё онон, мунофиқон, ки дар дилашон бемориест аз ҳасаду душамнӣ бар аҳли Ислом, мепиндоранд, ки Аллоҳ кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ҳаргиз, ошкор нахоҳад кард?
Tafsiran larabci:
 
Fassarar Ma'anoni Sura: Muhammad
Teburin Jerin Sunayen Surori Lambar shafi
 
Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar Yaren Tajik - Kujah Mairuf Kujah Mir - Teburin Bayani kan wasu Fassarori

Kuja Miruf Mir ya fassarata. An sabunta ta ƙarƙashin kulawar Cibiyar Ruwad Tarjamah, an bada damar karanta fassarar ta asali dan manufar bayyanar da ra'ayi da daidaitata da kuma ci gaba mai dorewa.

Rufewa