Check out the new design

ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫ * - ߘߟߊߡߌߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ


ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌ߬ߘߊ߬ߟߌ ߝߐߘߊ ߘߏ߫: ߣߛߌ߬ߡߛߏ   ߟߝߊߙߌ ߘߏ߫:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡهِمۡ ءَأَنذَرۡتَهُمۡ أَمۡ لَمۡ تُنذِرۡهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
6. Касоне, ки он чи ба ту нозил шуд, аз ҷониби Парвардигорат, инкор карданд ва такаббур варзиданд ва зулму ситам карданд, ҳаргиз дар онҳо имон воқеъ нашавад. Онон кофиронанд, баробар аст, хоҳ битарсонӣ ё натарсонӣ, имон намеоваранд.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
خَتَمَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَعَلَىٰ سَمۡعِهِمۡۖ وَعَلَىٰٓ أَبۡصَٰرِهِمۡ غِشَٰوَةٞۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ
7. Аллоҳ бар дилҳояшон ва бар шунавоиашон муҳр ва барбиноиашон парда ниҳодааст ва ба сабаби куфру саркашиашон, дар ҷаҳаннам барояшон азоби бузурге омода кардааст.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَبِٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَمَا هُم بِمُؤۡمِنِينَ
8. Ва баъзе аз мардум, ки байни мўъминон ва кофирон ҳайрону сарсон мегарданд, мегўянд бо забонашон: « Ба Аллоҳ ва рўзи қиёмат имон овардаем». Ҳол он ки сидқан имон наовардаанд.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَمَا يَخۡدَعُونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ
9. Ин гурӯҳ мунофиқон бо ҷаҳолати худ Аллоҳу мўъминонро ба изҳор кардани имонашон ва пинҳон кардани куфрашон мефиребанд ва намедонанд, ки оқибати фиребашон бар худашон бармегардад. Ва ҳол он ки инро ҳис намекунанд[4].
[4]Тафсири ибни Касир. 1\177
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ فَزَادَهُمُ ٱللَّهُ مَرَضٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمُۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡذِبُونَ
10. Дар дилҳояшон беморие ҳаст (шак, нифоқ, палидӣ ва фасод)[5] ва Аллоҳ низ бар касалиашон бияфзудааст ва ба ҷазои дурўғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест дардовар.
[5] Тафсири “Ҷомеъу-л-баён фӣ таъвили Қуръон”, таълифи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ 1\282
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ لَا تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ قَالُوٓاْ إِنَّمَا نَحۡنُ مُصۡلِحُونَ
11. Ва чун ба онҳо насиҳатҳо гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, (бинобар фош кардани сирри мўъминон ва дўст гирифтани кофирон)[6] мегўянд: «Мо муслиҳонем» (некўкоронем).
[6]Тафсири ибни Касир. 1\181
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
أَلَآ إِنَّهُمۡ هُمُ ٱلۡمُفۡسِدُونَ وَلَٰكِن لَّا يَشۡعُرُونَ
12. Огоҳ бошед, ки инҳо худ фасодкоронанд, вале ба сабаби ҷаҳлу саркашиашон ҳис намекунанд.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ ءَامِنُواْ كَمَآ ءَامَنَ ٱلنَّاسُ قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ كَمَآ ءَامَنَ ٱلسُّفَهَآءُۗ أَلَآ إِنَّهُمۡ هُمُ ٱلسُّفَهَآءُ وَلَٰكِن لَّا يَعۡلَمُونَ
13. Ва чун ба онон (мунофиқон) гуфта шавад, ки шумо низ монанди дигар мардумон (мисли имони саҳобагон)[7] имон биёваред, мегўянд: «Оё мо ҳаммонанди бехирадон имон биёварем?» Аллоҳ таъоло сухани ононро рад кард ва фармуд: Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.
[7]Тафсири Саъдӣ. 1\43
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَإِذَا لَقُواْ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَوۡاْ إِلَىٰ شَيَٰطِينِهِمۡ قَالُوٓاْ إِنَّا مَعَكُمۡ إِنَّمَا نَحۡنُ مُسۡتَهۡزِءُونَ
14. Ва чун мунофиқон ба мўъминон вомехўранд, мегўянд: «Имон овардем». Ва чун ба назди шайтонҳои хеш (пешравони куфр) баргашта рафтанд, мегўянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо мўъминонро масхара мекунем».
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
ٱللَّهُ يَسۡتَهۡزِئُ بِهِمۡ وَيَمُدُّهُمۡ فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
15. Аллоҳ аст, ки онҳоро масхара мекунад ва онҳоро ба ҳоли худ мегузорад, то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд. Ва гумроҳиву ҳайраташон зиёд гардад ва онҳоро бар масхара карданашон ҷазо диҳад.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشۡتَرَوُاْ ٱلضَّلَٰلَةَ بِٱلۡهُدَىٰ فَمَا رَبِحَت تِّجَٰرَتُهُمۡ وَمَا كَانُواْ مُهۡتَدِينَ
16. Инҳо (мунофиқон) гумроҳиро ба ҳидоят хариданд, пас тиҷораташон суд накард, яъне, куфрро ихтиёр карданд бар имон ва дар шумори ҳидоятёфтагон дарнаёмадаанд. Ин аст, зиёне ошкоро.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
 
ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌ߬ߘߊ߬ߟߌ ߝߐߘߊ ߘߏ߫: ߣߛߌ߬ߡߛߏ
ߝߐߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ
 
ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫ - ߘߟߊߡߌߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ

ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫. ߊ߬ ߛߊߞߍ߫ ߘߊ߫ ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ߫ ߘߟߊߡߌߘߊ ߝߊ߲ߓߊ ߟߊ߫ ߞߎ߲߬ߠߊ߬ߛߌ߰ߟߌ ߟߋ߫ ߞߐ߬ߣߐߡߊ߬߸ ߘߟߊߡߌߘߊ ߓߊߖߏߣߊ ߦߋ߫ ߓߟߏߞߘߐ߫ ߖߌ߲ߞߌ߲߫ ߞߊߡߵߊ߬ ߡߊ߬ ߡߙߌߣߊ߲ߦߌߘߊ ߘߐ߫ ߊ߬ ߞߊ߲߬߸

ߘߊߕߎ߲߯ߠߌ߲