Check out the new design

ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫ * - ߘߟߊߡߌߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ


ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌ߬ߘߊ߬ߟߌ ߝߐߘߊ ߘߏ߫: ߞߐ߲ߛߐ߲ ߠߎ߬   ߟߝߊߙߌ ߘߏ߫:
ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ لَمۡ يَكُ مُغَيِّرٗا نِّعۡمَةً أَنۡعَمَهَا عَلَىٰ قَوۡمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمۡ وَأَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ
53.Ин ҷазои бад ба он хотираст, ки Аллоҳ неъматеро, ки ба қавме арзонӣ доштааст, дигаргун насозад, то ҳоли худро аз итоъат кардан ба анҷом додани гуноҳ тағйир диҳанд ва дар муқобили неъмат носипосӣ кунанд. Ва Аллоҳ ба гуфтори халқаш шунаво ва ба ҳолашон доност![827]
[827] Тафсири Саъдӣ 1\324
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
كَدَأۡبِ ءَالِ فِرۡعَوۡنَ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ فَأَهۡلَكۡنَٰهُم بِذُنُوبِهِمۡ وَأَغۡرَقۡنَآ ءَالَ فِرۡعَوۡنَۚ وَكُلّٞ كَانُواْ ظَٰلِمِينَ
54.Ҳоли инҳо (кофирон) монанди одати қавми Фиръавн буд, ки Мӯсоро дурӯғгӯй бароварданд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ шумориданд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва қавми Фиръавнро ғарқ сохтем, зеро ҳама ситамгор буданд. Пас инчунин онҳоро ҳалок кардем дар Бадр ва баъзеашонро бо асир афтодан хор кардем.[828]
[828] Тафсири Табарӣ 14\21
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
إِنَّ شَرَّ ٱلدَّوَآبِّ عِندَ ٱللَّهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
55.Албатта, бадтарин ҷунбандагон (инсонҳо) дар назди Аллоҳ онҳоянд, ки кофир шудаанд ва бар куфри худ давомат карданд ва ба расулони Аллоҳ имон намеоваранд ва ягонагии Ӯро иқрор намекунанд ва ба шариъати Ӯ низ пайравӣ намекунанд.[829]
[829] Тафсири Табарӣ 14\21
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
ٱلَّذِينَ عَٰهَدتَّ مِنۡهُمۡ ثُمَّ يَنقُضُونَ عَهۡدَهُمۡ فِي كُلِّ مَرَّةٖ وَهُمۡ لَا يَتَّقُونَ
56.Касоне, ки ту аз онон (аз яҳудиёни Қурайза) паймон гирифтӣ, ки бо ту ҷанг намекунанд, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва бо шикастани паймонашон аз Аллоҳ наметарсанд,[830]
[830] Тафсири Бағавӣ 3\369
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
فَإِمَّا تَثۡقَفَنَّهُمۡ فِي ٱلۡحَرۡبِ فَشَرِّدۡ بِهِم مَّنۡ خَلۡفَهُمۡ لَعَلَّهُمۡ يَذَّكَّرُونَ
57.пас агар онҳоро[831] дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз (бо куштан), то пайравонашон низ пароканда шаванд ва ба ин гуна корашон ҷуръат накунанд ва низ дигар душманон (аз арабҳо ва ғайрашон) битарсанд ва бошад, ки ибрат гиранд[832]
[831] Аҳду паймон шиканандагонро
[832] Тафсири Табарӣ 14\24
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَإِمَّا تَخَافَنَّ مِن قَوۡمٍ خِيَانَةٗ فَٱنۢبِذۡ إِلَيۡهِمۡ عَلَىٰ سَوَآءٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡخَآئِنِينَ
58.Эй Расул, агар тарсидӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат меварзанд, ба онон эълон кун, ки байни ману шумо паймоне боқӣ намондааст, (яъне ҳар ду гурӯҳ донанд, ки байнашон паймоне намондааст) монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Аллоҳ хоинони аҳдшиканро дӯст надорад![833]
[833] Тафсири Саъдӣ 1\324
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَلَا يَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ سَبَقُوٓاْۚ إِنَّهُمۡ لَا يُعۡجِزُونَ
59.Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки пешдастӣ кардаанд (яъне, аз қудрати Аллоҳ берун шудаанд ва ӯонҳоро ҷазо дода наметавонад)[834], зеро Аллоҳро нотавон карда наметавонанд.
[834] Тафсири Саъдӣ 1\324
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا ٱسۡتَطَعۡتُم مِّن قُوَّةٖ وَمِن رِّبَاطِ ٱلۡخَيۡلِ تُرۡهِبُونَ بِهِۦ عَدُوَّ ٱللَّهِ وَعَدُوَّكُمۡ وَءَاخَرِينَ مِن دُونِهِمۡ لَا تَعۡلَمُونَهُمُ ٱللَّهُ يَعۡلَمُهُمۡۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِن شَيۡءٖ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ يُوَفَّ إِلَيۡكُمۡ وَأَنتُمۡ لَا تُظۡلَمُونَ
60.Ва (эй мусалмонон), дар баробари душманонатон метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Аллоҳ ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Аллоҳ мешиносад, битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунед, (андак ё бисёр) подоши он дар рӯзи қиёмат ба пуррагӣ ба шумо бозгардонда шавад ва аз савоби он аз шумо кам карда нашавад.[835]
[835] Тафсири Бағавӣ 3\373
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
۞ وَإِن جَنَحُواْ لِلسَّلۡمِ فَٱجۡنَحۡ لَهَا وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
61. Ва агар ба сулҳ майл кунанд, (эй Паёмбар) ту низ ба сулҳ майл кун ва бар Аллоҳ таваккал кун, ки Ӯст шунаво ба суханони шумо ва доно ба ниятҳои шумо!
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
 
ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌ߬ߘߊ߬ߟߌ ߝߐߘߊ ߘߏ߫: ߞߐ߲ߛߐ߲ ߠߎ߬
ߝߐߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ
 
ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫ - ߘߟߊߡߌߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ

ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫. ߊ߬ ߛߊߞߍ߫ ߘߊ߫ ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ߫ ߘߟߊߡߌߘߊ ߝߊ߲ߓߊ ߟߊ߫ ߞߎ߲߬ߠߊ߬ߛߌ߰ߟߌ ߟߋ߫ ߞߐ߬ߣߐߡߊ߬߸ ߘߟߊߡߌߘߊ ߓߊߖߏߣߊ ߦߋ߫ ߓߟߏߞߘߐ߫ ߖߌ߲ߞߌ߲߫ ߞߊߡߵߊ߬ ߡߊ߬ ߡߙߌߣߊ߲ߦߌߘߊ ߘߐ߫ ߊ߬ ߞߊ߲߬߸

ߘߊߕߎ߲߯ߠߌ߲