Check out the new design

Kur'an-ı Kerim meal tercümesi - Tacikçe Tercüme - Hoca Mirov Hoca Mir * - Mealler fihristi


Anlam tercümesi Sure: Sûratu'z-Zumer   Ayet:

Зумар

تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ
1. Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзмандест, ки бар душманонаш ғолиб ва дар тадбири халқаш ва аҳкомаш ҳаким аст. [2264]
[2264] Тафсири Табарӣ 21\248
Arapça tefsirler:
إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ
2.Ҳароина, Мо ин китобро бар ту эй Расул нозил кардем, ки он ба ҳақиқат ва адолат амр менамояд. Пас, Аллоҳро бипараст ва тамоми дини худро барои Ӯ холис гардон![2265]
[2265] Тафсири Табарӣ 21\248
Arapça tefsirler:
أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُۚ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ
3. Огоҳ бош, ки дини холис ва пок аз ширк аз они Аллоҳ аст ва касоне, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстон ва ёвароне гирифтаанд, мегӯянд: «Инҳоро аз он рӯ мепарастем, то моро ба Аллоҳи якто дар мартаба наздик созанд ва шафоъат расонанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар он чӣ аз ибодатҳояшон ихтилоф мекунанд, рӯзи қиёмат миёнашон доварӣ хоҳад кард ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод.Ҳароина, Аллоҳ дурӯғгӯву носипосро ба роҳи рост ҳидоят намекунад.
Arapça tefsirler:
لَّوۡ أَرَادَ ٱللَّهُ أَن يَتَّخِذَ وَلَدٗا لَّٱصۡطَفَىٰ مِمَّا يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ سُبۡحَٰنَهُۥۖ هُوَ ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ
4. Агар Аллоҳ мехост, ки барои худ фарзанде бигирад, аз миёни махлуқоти худ ҳар чиро, ки мехост, интихоб мекард. Аз ин нисбатҳо Аллоҳ пок аст ин, ки бар худ фарзанде бигирад. Ӯст Аллоҳи яктои бениёз, қаҳҳор аст, ки ҳама аз қаҳри Ӯ ба хорӣ сар фурӯ ниҳодаанд!
Arapça tefsirler:
خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۖ يُكَوِّرُ ٱلَّيۡلَ عَلَى ٱلنَّهَارِ وَيُكَوِّرُ ٱلنَّهَارَ عَلَى ٱلَّيۡلِۖ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ يَجۡرِي لِأَجَلٖ مُّسَمًّىۗ أَلَا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفَّٰرُ
5. Осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост барҳақ биёфарид. Шабро ба рӯз мепечад ва рӯзро бар шаб мепечад[2266]. Ва офтобу моҳро ба нафъи бандагон ром гардонид ва ҳар як дар мадори худ то замони муайяне дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки Ӯст пирӯзманд бар халқаш ва омӯрзанда аст, барои тавбакунандагон!
[2266] Яъне, шаб меояд ва рӯз меравад ва рӯз меояд, шаб меравад.
Arapça tefsirler:
 
Anlam tercümesi Sure: Sûratu'z-Zumer
Surelerin fihristi Sayfa numarası
 
Kur'an-ı Kerim meal tercümesi - Tacikçe Tercüme - Hoca Mirov Hoca Mir - Mealler fihristi

Hoca Mirov Hoca Mir tarafından tercüme edilmiştir. Rowad Tercüme Merkezi gözetiminde geliştirimiştir. Orijinal tercüme, görüş bildirme, değerlendirme ve sürekli geliştirme amacıyla incelemeye açıktır.

Kapat