Check out the new design

የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ትርጉም - በሩዋድ የትርጉም ማዕከል * - የትርጉሞች ማዉጫ

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

የይዘት ትርጉም ምዕራፍ: ፋጢር   አንቀጽ:
هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَكُمۡ خَلَٰٓئِفَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ فَمَن كَفَرَ فَعَلَيۡهِ كُفۡرُهُۥۖ وَلَا يَزِيدُ ٱلۡكَٰفِرِينَ كُفۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ إِلَّا مَقۡتٗاۖ وَلَا يَزِيدُ ٱلۡكَٰفِرِينَ كُفۡرُهُمۡ إِلَّا خَسَارٗا
Ӯст, ки шуморо дар замин ҷонишин [-и пешиниён] қарор дод; пас, ҳар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни худи ӯст; ва кофиронро куфрашон назди Парвардгорашон ҷуз хашм [ва безорӣ] намеафзояд; ва кофиронро куфрашон ҷуз зиён [ва гуноҳ, чизе] намеафзояд
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ شُرَكَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَرُونِي مَاذَا خَلَقُواْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ لَهُمۡ شِرۡكٞ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَمۡ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ كِتَٰبٗا فَهُمۡ عَلَىٰ بَيِّنَتٖ مِّنۡهُۚ بَلۡ إِن يَعِدُ ٱلظَّٰلِمُونَ بَعۡضُهُم بَعۡضًا إِلَّا غُرُورًا
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Он маъбудоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, нишонам диҳед, чи чизе аз заминро офаридаанд? Ё [ҳамроҳи Аллоҳ таоло] дар офариниши осмонҳо ширкат доштаанд? Ё ба онон [мушрикон] китобе додаем ва аз [матолиби] он нишонаи равшане [бар ҳаққонияти худ] доранд?» [Чунин нест] Балки ситамгорон [-и мушрик] ҷуз фиреб, ба якдигар ваъдае намедиҳанд
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
۞ إِنَّ ٱللَّهَ يُمۡسِكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ أَن تَزُولَاۚ وَلَئِن زَالَتَآ إِنۡ أَمۡسَكَهُمَا مِنۡ أَحَدٖ مِّنۢ بَعۡدِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ كَانَ حَلِيمًا غَفُورٗا
Ба ростӣ, Аллоҳ таоло, ки осмонҳо ва заминро нигаҳ медорад, то [аз масиру мадори худ] мунҳариф нашаванд ва агар инҳироф ёбанд, пас, аз Ӯ касе онҳоро нигаҳ намедорад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора бурдбори омурзанда аст
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِن جَآءَهُمۡ نَذِيرٞ لَّيَكُونُنَّ أَهۡدَىٰ مِنۡ إِحۡدَى ٱلۡأُمَمِۖ فَلَمَّا جَآءَهُمۡ نَذِيرٞ مَّا زَادَهُمۡ إِلَّا نُفُورًا
[Кофирон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд ёд карданд, ки агар [паёмбари] бимдиҳандае бар эшон биёяд, аз ҳар уммате роҳёфтатаранд; аммо чун [Муҳаммад ба унвони] бимдиҳандае наздашон омад, ҷуз дурӣ [ва нафрат аз ҳақ чизе] бар онон наафзуд
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
ٱسۡتِكۡبَارٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَكۡرَ ٱلسَّيِّيِٕۚ وَلَا يَحِيقُ ٱلۡمَكۡرُ ٱلسَّيِّئُ إِلَّا بِأَهۡلِهِۦۚ فَهَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا سُنَّتَ ٱلۡأَوَّلِينَۚ فَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ ٱللَّهِ تَبۡدِيلٗاۖ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ ٱللَّهِ تَحۡوِيلًا
[Савгандҳояшон содиқона набуд; балки] Аз рӯйи гарданкашӣ дар замин ва найранги зишт [буд] ва найранги зишт, ҷуз домангири соҳибаш намегардад. Пас, оё [кофирон чизе] ҷуз суннати [илоҳӣ ва кайфари] пешиниёнро интизор доранд? Пас, ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло табдиле намеёбӣ ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло тағйире намеёбӣ
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَكَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗۚ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُعۡجِزَهُۥ مِن شَيۡءٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَلِيمٗا قَدِيرٗا
Оё [кофирон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон ва нерумандтар аз онон буданд, чи гуна шуд? Ҳеҷ чизе дар осмонҳо ва замин нест, ки Аллоҳро нотавон созад [ва аз ҳавзаи қудраташ берун равад]. Бе тардид, Ӯ ҳамвора донову тавоност
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
 
የይዘት ትርጉም ምዕራፍ: ፋጢር
የምዕራፎች ማውጫ የገፅ ቁጥር
 
የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ትርጉም - በሩዋድ የትርጉም ማዕከል - የትርጉሞች ማዉጫ

ሩዋድ የትርጉም ማዕከል ከ ረቦዋ የዳዋ ማህበር እና ከ እስላማዊ ይዘት አገልግሎት ማህበር ጋር በመተባበር የተረጎመ።

መዝጋት