Check out the new design

የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ ሚር * - የትርጉሞች ማዉጫ


የይዘት ትርጉም ምዕራፍ: ሁድ   አንቀጽ:
إِن نَّقُولُ إِلَّا ٱعۡتَرَىٰكَ بَعۡضُ ءَالِهَتِنَا بِسُوٓءٖۗ قَالَ إِنِّيٓ أُشۡهِدُ ٱللَّهَ وَٱشۡهَدُوٓاْ أَنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُشۡرِكُونَ
54. Ҷуз ин нагӯем, ки баъзе аз маъбудони мо ба ту озоре[1070] расондаанд. Гуфт Ҳуд барояшон: «Аллоҳро гувоҳ мегирам ва шумо низ гувоҳ бошед, ки ман аз он чӣки шумо ғайри Аллоҳ мепарастед, безорам.
[1070] Яъне маъбудони моро айбу эрод мегирӣ ва моро ба бехирадӣ нисбат медиҳӣ ба ту осебе расондаанд. Муродашон аз ин осеб; девонагӣ аст
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
مِن دُونِهِۦۖ فَكِيدُونِي جَمِيعٗا ثُمَّ لَا تُنظِرُونِ
55. Ҳамагӣ (шумо ҳамроҳи бутҳоятон), бо ҳилагарӣ бар зидди ман бархезед ва маро мӯҳлат мадиҳед. (Ҳуд инро ба он хотир гуфт, ки боварии комил дошт, ки на онҳо ва на бутонашон барои ӯ чизе зарар оварда наметавонанд[1071]
[1071] Тафсири Табарӣ 15\361
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
إِنِّي تَوَكَّلۡتُ عَلَى ٱللَّهِ رَبِّي وَرَبِّكُمۚ مَّا مِن دَآبَّةٍ إِلَّا هُوَ ءَاخِذُۢ بِنَاصِيَتِهَآۚ إِنَّ رَبِّي عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
56. Ман бар Аллоҳи якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ва ҳеҷ чизе намерасад маро, магар ба амри Ӯ ва бар ҳама чиз Ӯ тавоност. Ҳеҷҷунбандае, нест бар рӯи замин, магар Аллоҳ молики ӯст. Албатта, Парвардигори ман бар роҳи рост аст (яъне, дар қазо ва шариъат ва амраш одил аст, некӯкорро бо некӯияш ва бадкорро бо бадиаш ҷазо медиҳад)![1072]
[1072] Тафсири Табарӣ 15\364
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقَدۡ أَبۡلَغۡتُكُم مَّآ أُرۡسِلۡتُ بِهِۦٓ إِلَيۡكُمۡۚ وَيَسۡتَخۡلِفُ رَبِّي قَوۡمًا غَيۡرَكُمۡ وَلَا تَضُرُّونَهُۥ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ رَبِّي عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ حَفِيظٞ
57. Пас, агар рӯй бигардонед аз иҷобат кардани даъвати ҳақ ба ростӣ ки он чиро ки бо он ба сӯи шумо фиристода шуда будам ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад гардонид, ки онҳо тавҳиди Ӯро ба ҷо оранд ва ибодаташро бо ихлос адо намоянд ва ба сабаби куфр ва исёнатон ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед. Зеро Парвардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост![1073]
[1073] Тафсири Табарӣ 15\365
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا نَجَّيۡنَا هُودٗا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَنَجَّيۡنَٰهُم مِّنۡ عَذَابٍ غَلِيظٖ
58. Ва чун фармони Мо барои азоби қавми Ҳуд даррасид, ба раҳмати хеш Ҳуд ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, наҷот додем ва онҳоро низ аз азоби сахти рӯзи қиёмат раҳонидем.[1074]
[1074] Тафсири Табарӣ 15\365
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَتِلۡكَ عَادٞۖ جَحَدُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ وَعَصَوۡاْ رُسُلَهُۥ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَمۡرَ كُلِّ جَبَّارٍ عَنِيدٖ
59. Ва инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш гардан ниҳоданд.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَأُتۡبِعُواْ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا لَعۡنَةٗ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ أَلَآ إِنَّ عَادٗا كَفَرُواْ رَبَّهُمۡۗ أَلَا بُعۡدٗا لِّعَادٖ قَوۡمِ هُودٖ
60. Ва дар ин дунёву рӯзи қиёмат гирифтори лаънат шуданд. Огоҳ бошед, ки қавми Од ба Парвардигорашон кофир шуданд, огоҳ бошед, ки лаънат бод бар Од, қавми Ҳуд!
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
۞ وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ هُوَ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ وَٱسۡتَعۡمَرَكُمۡ فِيهَا فَٱسۡتَغۡفِرُوهُ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِۚ إِنَّ رَبِّي قَرِيبٞ مُّجِيبٞ
61. Ва бар қавми Самудбародарашон Солеҳро фиристодем, Пас барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва шуморо дар замин зиндагонӣ[1075] ва бақо дод. Пас омӯрзиш хоҳед аз гуноҳонатон ва ба даргоҳаш бозгашта тавба кунед. Албатта, Парвардигори ман наздик аст барои шахсе, ки Ӯро бо ихлос ибодат мекунад ва дуъоҳоро иҷобат мекунад![1076]
[1075] Умри дарозашон дод, ҳатто яке аз онон аз сесад сол то ҳазор сол умр медид. Тафсири Бағавӣ 4\185
[1076] Тафсири Бағавӣ 4\185
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
قَالُواْ يَٰصَٰلِحُ قَدۡ كُنتَ فِينَا مَرۡجُوّٗا قَبۡلَ هَٰذَآۖ أَتَنۡهَىٰنَآ أَن نَّعۡبُدَ مَا يَعۡبُدُ ءَابَآؤُنَا وَإِنَّنَا لَفِي شَكّٖ مِّمَّا تَدۡعُونَآ إِلَيۡهِ مُرِيبٖ
62. Гуфтанд Самудиён ба паёмбарашон: Эй Солеҳ, пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он мехонӣ[1077], дар шаккем, ки моро дар шубҳаи бузург меандозад.
[1077] Ба ибодати Аллоҳи ягона.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
 
የይዘት ትርጉም ምዕራፍ: ሁድ
የምዕራፎች ማውጫ የገፅ ቁጥር
 
የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ ሚር - የትርጉሞች ማዉጫ

በኸውጃ ሚሮቭ ኸውጃ ሚር ተተርጉሞ በሩዋድ የትርጉም ማዕከል ቁጥጥር ስር ማሻሻያ የተደረገበት ፤ አስተያየትና ሃሳቦን ሰጥተው በዘለቄታው እንዲሻሻል መሰረታዊ ትርጉሙን ማየት ይችላሉ

መዝጋት