Check out the new design

የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ ሚር * - የትርጉሞች ማዉጫ


የይዘት ትርጉም ምዕራፍ: አል-አዕራፍ   አንቀጽ:
وَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَخۡرِجُوهُم مِّن قَرۡيَتِكُمۡۖ إِنَّهُمۡ أُنَاسٞ يَتَطَهَّرُونَ
82. Ҷавоби қавми ӯҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро[692] аз деҳаи худ биронед, ки онон мардуме ҳастанд, ки аз кори мо безорӣ меҷӯянд»! (яъне, бо мардон ҷимоъ намекунанд )[693]
[692]Яъне Лут алайҳи-с-салом ва пайравонашро
[693] Тафсир ибни Касир 3/ 445
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
فَأَنجَيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ كَانَتۡ مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ
83. Лут ва хонадонашро аз азоби худ наҷот додем, ҷуз занаш, ки кофира буд, кибо дигарон дар шаҳр монд.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
84. Бар онҳо бороне аз санг боронидем, бингар-эй Паёмбар-, ки оқибати гунаҳкорону ситамкорон чӣ гуна буд?
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ قَدۡ جَآءَتۡكُم بَيِّنَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡۖ فَأَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَٱلۡمِيزَانَ وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بَعۡدَ إِصۡلَٰحِهَاۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
85.Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо маъбуде ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст. Паймонаву тарозуро пурра адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, (аз овардани паёмбарон дини ҳақро) дар он фасодмакунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон дар дунёву охират беҳтар аст![694]
[694] Тафсири Табарӣ 12 / 556
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَلَا تَقۡعُدُواْ بِكُلِّ صِرَٰطٖ تُوعِدُونَ وَتَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ بِهِۦ وَتَبۡغُونَهَا عِوَجٗاۚ وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ كُنتُمۡ قَلِيلٗا فَكَثَّرَكُمۡۖ وَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
86.Ва бар сари роҳҳо манишинед, то касонеро, ки ба Аллоҳ имон овардаанд бо азобу шиканҷаҳо битарсонед ва аз роҳи Аллоҳ боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ёд оред он гоҳ, ки андак (камқувват) будед, Аллоҳ бар шумори шумо афзуд ва шумо дорои қувват ва азиз гаштед. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِن كَانَ طَآئِفَةٞ مِّنكُمۡ ءَامَنُواْ بِٱلَّذِيٓ أُرۡسِلۡتُ بِهِۦ وَطَآئِفَةٞ لَّمۡ يُؤۡمِنُواْ فَٱصۡبِرُواْ حَتَّىٰ يَحۡكُمَ ٱللَّهُ بَيۡنَنَاۚ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلۡحَٰكِمِينَ
87.Агар гурӯҳе аз шумо ба он чӣ ман аз ҷониби Аллоҳ ба он фиристода шудаам, имон овардаанд ва гурӯҳе ҳанӯз имон наовардаанд, сабр кунед, то Аллоҳ миёни мо ҳукм кунад, ки Ӯ беҳтарини ҳукмкунандагон аст!»
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
 
የይዘት ትርጉም ምዕራፍ: አል-አዕራፍ
የምዕራፎች ማውጫ የገፅ ቁጥር
 
የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ ሚር - የትርጉሞች ማዉጫ

በኾውጃህ ሚሮቭ ኾውጃህ ሚየር የተተረጎመ። በሩዋድ የትርጉም ማእከል ቁጥጥር ስር ዝግጁ ሲሆን ዋናው የትርጉም ቅጅ ለአስተያየቶች፣ ተከታታይ ግምገማ እና መሻሻል ቀርቧል።

መዝጋት