የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ * - የትርጉሞች ማዉጫ


የይዘት ትርጉም አንቀጽ: (20) ምዕራፍ: ሱረቱ አል ሙዘሚል
۞ إِنَّ رَبَّكَ يَعۡلَمُ أَنَّكَ تَقُومُ أَدۡنَىٰ مِن ثُلُثَيِ ٱلَّيۡلِ وَنِصۡفَهُۥ وَثُلُثَهُۥ وَطَآئِفَةٞ مِّنَ ٱلَّذِينَ مَعَكَۚ وَٱللَّهُ يُقَدِّرُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَۚ عَلِمَ أَن لَّن تُحۡصُوهُ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡۖ فَٱقۡرَءُواْ مَا تَيَسَّرَ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِۚ عَلِمَ أَن سَيَكُونُ مِنكُم مَّرۡضَىٰ وَءَاخَرُونَ يَضۡرِبُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَبۡتَغُونَ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَءَاخَرُونَ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۖ فَٱقۡرَءُواْ مَا تَيَسَّرَ مِنۡهُۚ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَقۡرِضُواْ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗاۚ وَمَا تُقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُم مِّنۡ خَيۡرٖ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيۡرٗا وَأَعۡظَمَ أَجۡرٗاۚ وَٱسۡتَغۡفِرُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمُۢ
20. ҳароина, Парвардигори ту эй Паёмбар медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду саввуми шаб ё нисфи он ва ё сеяки шабро ба намоз меистед. Ва Аллоҳ ягона худаш андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо тамоми шабро бо намоз гузаронида наметавонед. Пас, тавбаи шуморо бипазируфт[3026]. Ва ҳар чӣ муяссар шавад дар намози шаб, аз Қуръон бихонед. Аллоҳ медонад чӣ касоне аз шумо ба сабаби беморӣ аз намози шаб мемонад ва гурӯҳе дигар ба талаби ризқи ҳалол аз Аллоҳ дар рӯи замин барои тиҷорат ва кор ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Аллоҳ ба ҷанг мераванд[3027]. Пас ҳар чӣ муяссар шавад, дар намозҳоятон аз қуръон бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед[3028] ва дар роҳҳои хайр ва некуӣ аз молҳоятон эҳсон кунед. Ва ҳар хайру эҳсоне, ки барои худ дар ин дунё пешопеш бифиристед, аҷру савобашро рӯзи қиёмат барзиёд хоҳед ёфт. Ва аз Аллоҳ дар тамоми ҳолатҳоятон омурзиш бихоҳед. Ҳароина, Аллоҳ бисёр омурзгор аст барои касе, ки аз вай омӯрзиш бихоҳад ва бисёр меҳрубон аст барои касе, ки аз вай талаби раҳм кунад!
[3026] Яъне, намози шабро ба шумо сабук гардонид. Тафсири Саъдӣ 1/ 894
[3027]То, ки сухани Аллоҳ ва динашро боло бардоранд.
[3028]Яъне, намозҳои фарзро ва закоти воҷибаро.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
 
የይዘት ትርጉም አንቀጽ: (20) ምዕራፍ: ሱረቱ አል ሙዘሚል
የምዕራፎች ማውጫ የገፅ ቁጥር
 
የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ - የትርጉሞች ማዉጫ

ወደ ጣጂክኛ በኾውጃህ ሚሮቭ ኾውጃህ የተተረጎመ የቁርዓን ትርጉም። በሩዋድ የትርጉም ማእከልም ተቆጣጣሪነት ማስተካከያ ተደርጎበታል። ዋናው የትርጉም ቅጅም ለአስተያየቶች፣ ተከታታይ ግምገማ እና መሻሻል ቀርቧል።

መዝጋት