للإطلاع على الموقع بحلته الجديدة

ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير * - فهرس التراجم


ترجمة معاني سورة: الرعد   آية:
ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ طُوبَىٰ لَهُمۡ وَحُسۡنُ مَـَٔابٖ
29. Зиндагии хуш ва бозгаштгоҳи некӯ (яъне ҷаннат) аз они касонест, ки имон овардаанд ба Аллоҳу расулаш ва корҳои шоиста кардаанд.
التفاسير العربية:
كَذَٰلِكَ أَرۡسَلۡنَٰكَ فِيٓ أُمَّةٖ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهَآ أُمَمٞ لِّتَتۡلُوَاْ عَلَيۡهِمُ ٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ وَهُمۡ يَكۡفُرُونَ بِٱلرَّحۡمَٰنِۚ قُلۡ هُوَ رَبِّي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُ وَإِلَيۡهِ مَتَابِ
30. Ҳамчунин туро эй Паёмбар ба миёни уммате, ки пеш аз онҳо умматҳое дигар будаанд, ба пайғамбарӣ фиристодаем, то он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем (яъне Қуръонро), барояшон тиловат кунӣ ва онҳо ба ягонагии Раҳмон кофир мешаванд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст. Аллоҳе ҷуз Ӯ маъбуде нест. Бар Аллоҳ таваккал кардаам ва бозгашти ман ба даргоҳи Ӯст!»[1222]
[1222] Тафсири Бағавӣ 4/ 318
التفاسير العربية:
وَلَوۡ أَنَّ قُرۡءَانٗا سُيِّرَتۡ بِهِ ٱلۡجِبَالُ أَوۡ قُطِّعَتۡ بِهِ ٱلۡأَرۡضُ أَوۡ كُلِّمَ بِهِ ٱلۡمَوۡتَىٰۗ بَل لِّلَّهِ ٱلۡأَمۡرُ جَمِيعًاۗ أَفَلَمۡ يَاْيۡـَٔسِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَن لَّوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ لَهَدَى ٱلنَّاسَ جَمِيعٗاۗ وَلَا يَزَالُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ تُصِيبُهُم بِمَا صَنَعُواْ قَارِعَةٌ أَوۡ تَحُلُّ قَرِيبٗا مِّن دَارِهِمۡ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ وَعۡدُ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُخۡلِفُ ٱلۡمِيعَادَ
31. Агар Қуръоне мебуд, ки ба сабаби он кӯҳҳо равон карда мешуд ё ба сабаби он замин пора-пора мешуд ва дарёҳо равон карда мешуд ё ба сабаби он мурдагон ба сухан дароварда шаванд низ имон намеоваранд, балки ҳамаи корҳо дар дасти Аллоҳ аст. Оё мӯъминон ҳанӯз надонистаанд, ки агар Аллоҳ мехост, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард (бидуни мӯъҷиза)? Ва кофиронро пайваста ба сабаби аъмолашон мусибате (ба монанди куштор ё ба асири афтодан ) расад ё он ҳодиса дар наздикии хонаҳояшон фурӯд меояд, то он гоҳ, ки ваъдаи Аллоҳ расад, зеро Аллоҳ хилофи ваъда намекунад![1223]
[1223] Тафсири Бағавӣ 4/ 320
التفاسير العربية:
وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَأَمۡلَيۡتُ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ ثُمَّ أَخَذۡتُهُمۡۖ فَكَيۡفَ كَانَ عِقَابِ
32. Паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту буданд, ба масхара гирифта шуданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор кардам ва он азобиман чӣ сахт буд!
التفاسير العربية:
أَفَمَنۡ هُوَ قَآئِمٌ عَلَىٰ كُلِّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡۗ وَجَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ قُلۡ سَمُّوهُمۡۚ أَمۡ تُنَبِّـُٔونَهُۥ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَم بِظَٰهِرٖ مِّنَ ٱلۡقَوۡلِۗ بَلۡ زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ مَكۡرُهُمۡ وَصُدُّواْ عَنِ ٱلسَّبِيلِۗ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنۡ هَادٖ
33. Оё он зоте, ки бар ҳамаи мардум ва аъмолашон нозир аст, монанди бутон аст? Барои Аллоҳ онон аз рӯи нодониашон шариконе қарор доданд, ки онро ибодат мекунанд. Бигӯ эй Паёмбар: «Ном ва сифатҳои он бутонро зикр кунед ва намеёбед дар сифатҳояшон чизеро, ки ононро лоиқи ибодат гардонад. ОёАллоҳро аз он чи ки дар замин огоҳ нест, хабар медиҳед, ё ба суханони беҳуда фирефта мешавед?» Балки дар назари кофирон шайтонамалашонро зиннат дода ва онҳоро аз роҳи рост бероҳа кардааст. Ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад![1224]
[1224] Тафсири Табарӣ 16/ 462
التفاسير العربية:
لَّهُمۡ عَذَابٞ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَشَقُّۖ وَمَا لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن وَاقٖ
34. Дар ин зиндагии дунё ба азобе (ба монанди куштор, асирӣ ва хорӣ) гирифтор шаванд ва азоби охират сахттар аст ва онҳоро ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Аллоҳ нест!
التفاسير العربية:
 
ترجمة معاني سورة: الرعد
فهرس السور رقم الصفحة
 
ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير - فهرس التراجم

ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تطويرها بإشراف مركز رواد الترجمة، ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرآي والتقييم والتطوير المستمر.

إغلاق