للإطلاع على الموقع بحلته الجديدة

ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير * - فهرس التراجم


ترجمة معاني سورة: الجاثية   آية:
وَبَدَا لَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا عَمِلُواْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
33. Аъмоли зишташон[2558] дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд, аз азоби дӯзах гирд ба гирдашонро бигирифт.
[2558] Онҳое, ки оёти Аллоҳро дурӯғ мебароварданд ва дар дунё амалҳои бад мекарданд.
التفاسير العربية:
وَقِيلَ ٱلۡيَوۡمَ نَنسَىٰكُمۡ كَمَا نَسِيتُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَا وَمَأۡوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّٰصِرِينَ
34. Аз сӯйи Аллоҳ ба кофирон гуфта шавад: «Имрӯз фаромӯшатон мекунем ва дар азоб фурӯ мегузорем, ҳамчунон ки шумо дидори чунин рӯзатонро, бо тарки имон ва амал фаромӯш карда будед. Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест, ки аз азоби Аллоҳ шуморо наҷот диҳад.[2559]
[2559] Тафсири Саъдӣ 1\778
التفاسير العربية:
ذَٰلِكُم بِأَنَّكُمُ ٱتَّخَذۡتُمۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ هُزُوٗا وَغَرَّتۡكُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَاۚ فَٱلۡيَوۡمَ لَا يُخۡرَجُونَ مِنۡهَا وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُونَ
35. Ва ин азоб аз он рӯй бар шумо фуруд меояд ба сабабе, ки оёти Аллоҳро ба масхара мегирифтед ва зинати ҳаёти дунё шуморо бифирефт». Пас, имрӯз аз ин оташ касе онҳоро берун набарад ва на ба дунё бозгардонда шаванд, то тавба кунанд ва амали шоиста кунанд ва на касе узрашонро пазирад.[2560]
[2560] Тафсири Саъдӣ 1\778
التفاسير العربية:
فَلِلَّهِ ٱلۡحَمۡدُ رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَرَبِّ ٱلۡأَرۡضِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
36. Ситоиш аз они Аллоҳ аст, Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён, ки ҷуз Ӯ касе шоистаи ҳамду ситоиш нест, чунки Ӯ холиқ ва молики ҷамиъи махлуқот ва коинот аст.[2561]
[2561] Тафсири Табарӣ 22\88
التفاسير العربية:
وَلَهُ ٱلۡكِبۡرِيَآءُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
37. Бузургворӣ, шукӯҳу бақову пойдориву камол дар осмонҳову замин дар ҳама умур хоси Ӯст ва Ӯст пирӯзманди ҳаким, ки бар душманонаш ғолиб аст ва дар гуфтору кирдораш ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст. Пок аст Ӯ, ба ҷуз Ӯ ҳеҷ кас сазовори парастиш нест![2562]
[2562] Тафсири Табарӣ 22\88
التفاسير العربية:
 
ترجمة معاني سورة: الجاثية
فهرس السور رقم الصفحة
 
ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير - فهرس التراجم

ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تطويرها بإشراف مركز رواد الترجمة، ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرآي والتقييم والتطوير المستمر.

إغلاق