ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير * - فهرس التراجم


ترجمة معاني آية: (2) سورة: المجادلة
ٱلَّذِينَ يُظَٰهِرُونَ مِنكُم مِّن نِّسَآئِهِم مَّا هُنَّ أُمَّهَٰتِهِمۡۖ إِنۡ أُمَّهَٰتُهُمۡ إِلَّا ٱلَّٰٓـِٔي وَلَدۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَيَقُولُونَ مُنكَرٗا مِّنَ ٱلۡقَوۡلِ وَزُورٗاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٞ
2. Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор[2834] мекунанд, ҳамоно пеши Аллоҳ гунаҳгоранд ва мухолифати шариъат кардаанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нашаванд, балки ҳамсаронашон ҳастанд. Модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд. Албатта ин ашхоси зиҳоркунанда сухани дӯруғу нописанде мегӯянд, ки ҳақиқат надорад. Ва ҳароина, Аллоҳ аз баъзе гуноҳони содиршуда даргузаранда ва омӯрзанда аст. Ва он омӯрзиш ба тавбаи насуҳ аст.[2835]
[2834] Дар ҷоҳилият мард занашро мегуфт: "Ту барои ман ҳамчун модарам ҳастӣ" ё мегуфт: "Пушти ту ҳамчун пушти модарам ҳаст" ва ин дар ҷоҳилият ҳамчун талоқ ба ҳисоб мерафт. Аллоҳ таъоло баён кард, ки ҳеҷ гоҳ зан дар баробари модар ба ҳисоб намеравад ва ин ҳукми зиҳорро бекор кард.Тафсири Табарӣ 23/228
[2835] Тафсири Саъдӣ 1/843
التفاسير العربية:
 
ترجمة معاني آية: (2) سورة: المجادلة
فهرس السور رقم الصفحة
 
ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير - فهرس التراجم

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

إغلاق