Check out the new design

আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- খাজা মিৰুফ খাজা মীৰ * - অনুবাদসমূহৰ সূচীপত্ৰ


অৰ্থানুবাদ ছুৰা: আল-আনকাবূত   আয়াত:

Анкабут

الٓمٓ
1.Алиф, Лом, Мим. [1901]
[1901] Тавзеҳ дар бораи ҳарфҳои муқаттъа дар аввали сураи Бақара гузаштааст.
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
أَحَسِبَ ٱلنَّاسُ أَن يُتۡرَكُوٓاْ أَن يَقُولُوٓاْ ءَامَنَّا وَهُمۡ لَا يُفۡتَنُونَ
2.Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем ва ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбар иқрор кардаем, раҳо шаванд ва дигар ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Аллоҳ таҳаммул кард, озмоиш нашаванд”.[1902]
[1902]Тафсири Саъдӣ 1\626
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَلَقَدۡ فَتَنَّا ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ فَلَيَعۡلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ صَدَقُواْ وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱلۡكَٰذِبِينَ
3.Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва машаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Аллоҳ касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум намояд[1903] ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.
[1903]Яъне, то чи андоза дар имонаш содиқ аст. Тафсири Табарӣ 19/ 8
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
أَمۡ حَسِبَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَسۡبِقُونَاۚ سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ
4.Оё онҳое, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, гумон мекунанд, ки аз Мо пешдастӣ мекунанд ва аз ҳавзаи қудрати Мо мегурезанд ва аз Мо раҳоӣ меёбанд ? Чӣ бад доварӣ мекунанд!
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
مَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ ٱللَّهِ فَإِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ لَأٓتٖۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
5. Ҳар кас, ки ба дидори Аллоҳ умед дорад, бояд бидонад, ки ваъдаиАллоҳ,[1904] ҳатман омаданист ва Ӯ ба гуфтаҳо шунаво ва ба кардаҳо доност!
[1904] Яъне, вақти муайяншуда барои сазову ҷазо. Тафсири Бағавӣ 6/ 233
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَمَن جَٰهَدَ فَإِنَّمَا يُجَٰهِدُ لِنَفۡسِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ
6. Ҳар ки дар роҳи пешрафти дини Аллоҳ ва анҷоми ибодатҳо ҷиҳод кунад, бешак, ба фоидаи худ кардааст. ба таҳқиқ Аллоҳ аз ҳамаи ҷаҳониён ва тоъату ибодати онҳо бениёз аст.
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
 
অৰ্থানুবাদ ছুৰা: আল-আনকাবূত
ছুৰাৰ তালিকা পৃষ্ঠা নং
 
আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- খাজা মিৰুফ খাজা মীৰ - অনুবাদসমূহৰ সূচীপত্ৰ

অনুবাদ কৰিছে খাজা মিৰুফ খাজা মীৰ চাহাবে। মৰ্কজ ৰুৱাদুত তাৰ্জামাৰ তত্ত্বাৱধানত ইয়াক উন্নীত কৰা হৈছে। ধাৰাবাহিক উন্নীত কৰণ, মূল্যায়ন আৰু মতামত প্ৰকাশৰ উদ্দেশ্যে মূল অনুবাদটো উন্মুক্ত কৰা হ'ল।

বন্ধ