Check out the new design

Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir. * - Tərcumənin mündəricatı


Mənaların tərcüməsi Surə: əl-Muminun   Ayə:
مَا تَسۡبِقُ مِنۡ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ
43.Ҳеҷуммате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад.
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ أَرۡسَلۡنَا رُسُلَنَا تَتۡرَاۖ كُلَّ مَا جَآءَ أُمَّةٗ رَّسُولُهَا كَذَّبُوهُۖ فَأَتۡبَعۡنَا بَعۡضَهُم بَعۡضٗا وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَحَادِيثَۚ فَبُعۡدٗا لِّقَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ
44.Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристодем. Ҳар бор, ки паёмбаре ба умматаш омад, дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ахбори ононро мояи ибрати дигарон намудем. Насиби мардуме, ки имон намеоваранд, ва паёмбаронро итоъат намекунанд дурӣ аз раҳмати Аллоҳ бод!
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ وَأَخَاهُ هَٰرُونَ بِـَٔايَٰتِنَا وَسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ
45.Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ[1720] ва далелҳои равшан фиристодем;
[1720] Яъне, асо, даст, малах, шабушк, қурбоққа, хун, тӯфон, қаҳтӣ ва нуқсони меваҳо.
Ərəbcə təfsirlər:
إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ وَكَانُواْ قَوۡمًا عَالِينَ
46.ба сӯи Фиръавн ҳокими Миср ва бузургони қавмаш ба монанди Ҳомон. Пас аз имон овардан ба Мӯсо ва бародараш Ҳорун гарданкашӣ карданд, зеро онҳо мардуми худписанди бартариҷӯй буданд.[1721]
[1721] Тафсири Саъдӣ 1\552
Ərəbcə təfsirlər:
فَقَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لِبَشَرَيۡنِ مِثۡلِنَا وَقَوۡمُهُمَا لَنَا عَٰبِدُونَ
47.Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди мо ҳастанд ва қавмашон, ки мутеъ ва фармонбардори мо буданд, имон биёварем?»
Ərəbcə təfsirlər:
فَكَذَّبُوهُمَا فَكَانُواْ مِنَ ٱلۡمُهۡلَكِينَ
48.Пас Мӯсо ва Ҳорунро дурӯғгӯ бароварданд ва худро дар баҳр ба ҳалокат афканданд.
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ لَعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ
49.Албатта, Мо ба Мӯсо китоби Таврот додем, бошад, ки бани Исроил ҳидоят шаванд.
Ərəbcə təfsirlər:
وَجَعَلۡنَا ٱبۡنَ مَرۡيَمَ وَأُمَّهُۥٓ ءَايَةٗ وَءَاوَيۡنَٰهُمَآ إِلَىٰ رَبۡوَةٖ ذَاتِ قَرَارٖ وَمَعِينٖ
50.Ва писари Марям[1722] ва модарашро ояте сохтем ва он дуро бар ҷое баланди устувор ва бархӯрдор аз оби равон, ҷой додем.
[1722] Яъне, ӯро бе падар офаридем
Ərəbcə təfsirlər:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلرُّسُلُ كُلُواْ مِنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَٱعۡمَلُواْ صَٰلِحًاۖ إِنِّي بِمَا تَعۡمَلُونَ عَلِيمٞ
51.Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву ҳалол бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки бе гумон Ман ба корҳое, ки мекунед, огоҳам! Ва аз аъмоли шумо чизе бар Ман пинҳон намемонад.[1723]
[1723] Тафсири Табарӣ 19\40
Ərəbcə təfsirlər:
وَإِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَأَنَا۠ رَبُّكُمۡ فَٱتَّقُونِ
52.Эй Паёмбарон албатта, ин дини шумо динест, ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед, бо иҷро намудани амрҳои Ман ва дурӣ ҷустан аз бимкардаҳои Ман.
Ərəbcə təfsirlər:
فَتَقَطَّعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡ زُبُرٗاۖ كُلُّ حِزۡبِۭ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُونَ
53.Пас дини худро фирқа-фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буданд ва онҳо ба дониш ва дине, ки доштанд дилхуш буданд ва гумон мебурданд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон бар гумроҳианд[1724].
[1724] Тафсири Саъдӣ 1\553
Ərəbcə təfsirlər:
فَذَرۡهُمۡ فِي غَمۡرَتِهِمۡ حَتَّىٰ حِينٍ
54. Пас ононро бигузор, то муддати замоне дар ҷаҳолат ва гумроҳияшон бимонанд.
Ərəbcə təfsirlər:
أَيَحۡسَبُونَ أَنَّمَا نُمِدُّهُم بِهِۦ مِن مَّالٖ وَبَنِينَ
55.Оё инҳо кофирон мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки ба онҳо додаем,
Ərəbcə təfsirlər:
نُسَارِعُ لَهُمۡ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِۚ بَل لَّا يَشۡعُرُونَ
56. ба хотири он аст, ки барояшон дар некиҳо саъй мекунем? На, чунин нест, балки онон дарнамеёбанд, ки Мо онҳоро мӯҳлат медиҳем!
Ərəbcə təfsirlər:
إِنَّ ٱلَّذِينَ هُم مِّنۡ خَشۡيَةِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ
57. Бегумон онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон бимноканд.
Ərəbcə təfsirlər:
وَٱلَّذِينَ هُم بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ يُؤۡمِنُونَ
58.ва онҳое, ки ба оёти каломи Парвардигорашон имон меоваранд ва ба он амал мекунанд
Ərəbcə təfsirlər:
وَٱلَّذِينَ هُم بِرَبِّهِمۡ لَا يُشۡرِكُونَ
59. ва онҳое, ки (Аллоҳро якка ва ягона ибодат мекунанд) ва ба Парвардигорашон ширк намеоваранд
Ərəbcə təfsirlər:
 
Mənaların tərcüməsi Surə: əl-Muminun
Surələrin mündəricatı Səhifənin rəqəmi
 
Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir. - Tərcumənin mündəricatı

Tərcümə edən: Xoca Mirov Xoca Mir. Tərcümə "Ruvvad" tərcümə mərkəzinin rəhbərliyi altında inkişaf etdirilmişdir. Orijinal tərcüməyə: rəy bildirmək, qiymətləndirmək və davamlı inkişaf məqsədi ilə baxmaq mümkündür.

Bağlamaq