Check out the new design

Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir. * - Tərcumənin mündəricatı


Mənaların tərcüməsi Surə: əl-Muminun   Ayə:
بَلۡ أَتَيۡنَٰهُم بِٱلۡحَقِّ وَإِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ
90.Балки, Мо бар мункирони рӯзи қиёмат сухани рост фиристодем ва онон дурӯғгӯ ҳастанд!
Ərəbcə təfsirlər:
مَا ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ مِن وَلَدٖ وَمَا كَانَ مَعَهُۥ مِنۡ إِلَٰهٍۚ إِذٗا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَٰهِۭ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ
91.Аллоҳ ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ маъбуде ҳамроҳи Ӯ нест. Агар чунин мебуд, ба монанди рафтори подшоҳони дунё ҳар маъбуде он чиро офарида буд, мебурд ва баъзе бар баъзе якдигар бартарӣ меҷӯстанд. Аллоҳ аз он гуна, ки Ӯро васф мекунанд, (аз шарику фарзанд), пок аст.[1731]
[1731] Тафсири Бағавӣ 5\427
Ərəbcə təfsirlər:
عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
92. Ӯ Аллоҳ донои ниҳону ошкор аст ва аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд, бартар аст.
Ərəbcə təfsirlər:
قُل رَّبِّ إِمَّا تُرِيَنِّي مَا يُوعَدُونَ
93.Бигӯ (эй Расул): «Эй Парвардигори ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман намоён мекардӣ.
Ərəbcə təfsirlər:
رَبِّ فَلَا تَجۡعَلۡنِي فِي ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
94.Эй Парвардигори ман, пас маро дар зумраи ситамкорон қарор мадеҳ» (Лекин аз зумраи онон бигардон, ки Ту аз онҳо розӣ ҳастӣ).
Ərəbcə təfsirlər:
وَإِنَّا عَلَىٰٓ أَن نُّرِيَكَ مَا نَعِدُهُمۡ لَقَٰدِرُونَ
95. Ва ҳароина, Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, аз азоб метавонем, бар ту бинамоёнем.
Ərəbcə təfsirlər:
ٱدۡفَعۡ بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ ٱلسَّيِّئَةَۚ نَحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَصِفُونَ
96.Эй Расул, дар муқобили бадии душманонат бадӣ макун, балки бадиро ба равише, ки он беҳтар аст дафъ кун! Мо аз чизҳое ки мегӯянд инҳо мушрикон, огоҳтар ҳастем ва онҳоро ба бадтарин азоб ҷазо хоҳем дод.[1732]
[1732] Тафсири Саъдӣ 1\558
Ərəbcə təfsirlər:
وَقُل رَّبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنۡ هَمَزَٰتِ ٱلشَّيَٰطِينِ
97. Бигӯ (эй Расул) : «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои[1733] шайтон ба ту паноҳ мебарам.
[1733]Шарораҳои хашме аст, ки инсон наметавонад худро дар он нигаҳдорӣ кунад.
Ərəbcə təfsirlər:
وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَن يَحۡضُرُونِ
98. Ва ба Ту паноҳ мебарам, эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон агар онҳо назди ман ҳозир оянд!»
Ərəbcə təfsirlər:
حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ رَبِّ ٱرۡجِعُونِ
99.Чун якеашонро аз кофирон марг фаро расад, мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон ба сӯи дунё.
Ərəbcə təfsirlər:
لَعَلِّيٓ أَعۡمَلُ صَٰلِحٗا فِيمَا تَرَكۡتُۚ كَلَّآۚ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَآئِلُهَاۖ وَمِن وَرَآئِهِم بَرۡزَخٌ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ
100. Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Бегумон ин суханест, ки ӯонро мегӯяд (ва ба фарази маҳол агар бозгардад, ба корҳои гузаштааш идома медиҳад) ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд.[1734]
[1734] Тафсири Саъдӣ 5\494
Ərəbcə təfsirlər:
فَإِذَا نُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَلَآ أَنسَابَ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَئِذٖ وَلَا يَتَسَآءَلُونَ
101. Чун рӯзи қиёмат дар сур дамида шавад ва мардум аз қабр барангехта шаванд, ҳеҷ хешовандие миёнашон намонад ва ҳеҷ аз ҳоли якдигар напурсанд.
Ərəbcə təfsirlər:
فَمَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
102. Онон, ки тарозуи аъмоли некашон вазнин бошад, онҳо наҷотёфтагонанд.
Ərəbcə təfsirlər:
وَمَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فِي جَهَنَّمَ خَٰلِدُونَ
103. Ва онон, ки тарозуи аъмоли некашон сабук бошад, ба худ зиён расонидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовидмондагонанд.
Ərəbcə təfsirlər:
تَلۡفَحُ وُجُوهَهُمُ ٱلنَّارُ وَهُمۡ فِيهَا كَٰلِحُونَ
104. Шӯълаҳои оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар дӯзах туршрӯянд.
Ərəbcə təfsirlər:
 
Mənaların tərcüməsi Surə: əl-Muminun
Surələrin mündəricatı Səhifənin rəqəmi
 
Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir. - Tərcumənin mündəricatı

Tərcümə edən: Xoca Mirov Xoca Mir. Tərcümə "Ruvvad" tərcümə mərkəzinin rəhbərliyi altında inkişaf etdirilmişdir. Orijinal tərcüməyə: rəy bildirmək, qiymətləndirmək və davamlı inkişaf məqsədi ilə baxmaq mümkündür.

Bağlamaq