Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir * - Tərcumənin mündəricatı


Mənaların tərcüməsi Surə: əl-Qiyamə   Ayə:

Сураи Қиёмат

لَآ أُقۡسِمُ بِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ
1. Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст.
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلنَّفۡسِ ٱللَّوَّامَةِ
2. Ва қасам мехӯрам ба нафси мӯъмини парҳезгор, ки соҳибашро бар тарки тоъатҳо ва муртакиб шудани гуноҳҳо маломатгар аст!
Ərəbcə təfsirlər:
أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَلَّن نَّجۡمَعَ عِظَامَهُۥ
3. Оё инсони кофир мепиндорад, ки Мо ҳаргиз устухонҳояшро гирд нахоҳем овард, баъд аз он ки пӯсид ва пароканда гардид?
Ərəbcə təfsirlər:
بَلَىٰ قَٰدِرِينَ عَلَىٰٓ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُۥ
4. Оре, мо тамоми устухонҳои пӯсидаи инсонро гирд меоварем ва ҳатто аз ин ҳам фаротар қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем, чунонки пеш аз марг дар ҳаёти дунё буданд.[3040]
[3040] Тафсири Табарӣ 24\51
Ərəbcə təfsirlər:
بَلۡ يُرِيدُ ٱلۡإِنسَٰنُ لِيَفۡجُرَ أَمَامَهُۥ
5.Балки, инсони мункир ба рӯзи баъс мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.
Ərəbcə təfsirlər:
يَسۡـَٔلُ أَيَّانَ يَوۡمُ ٱلۡقِيَٰمَةِ
6. Инсони кофир аз рӯи такаббур ва ришханд мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
Ərəbcə təfsirlər:
فَإِذَا بَرِقَ ٱلۡبَصَرُ
7. Рӯзе, ки чашмҳо аз шиддати сахтии рӯзи қиёмат хира шавад
Ərəbcə təfsirlər:
وَخَسَفَ ٱلۡقَمَرُ
8.ва моҳ тира шавад ва нураш аз байн равад
Ərəbcə təfsirlər:
وَجُمِعَ ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ
9. ва офтобу моҳ бо рафтани нурашон дар як ҷой гирд оянд.
Ərəbcə təfsirlər:
يَقُولُ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذٍ أَيۡنَ ٱلۡمَفَرُّ
10.Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез аз азоб куҷост?»[3041]
[3041] Тафсири Бағавӣ 8\282
Ərəbcə təfsirlər:
كَلَّا لَا وَزَرَ
11. Амр на чунон аст, ки эй инсон, ту таманно мекунӣ. Ҳаргиз ( дар он рӯз паноҳгоҳе нест!
Ərəbcə təfsirlər:
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمُسۡتَقَرُّ
12.Қароргоҳи ҳама дар он рӯз назди Парвардигори туст! Пас ҳар якеро тибқи амалҳояш ҷазои муносиб хоҳад дод[3042].
[3042] Тафсири Саъдӣ 1\899
Ərəbcə təfsirlər:
يُنَبَّؤُاْ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذِۭ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ
13. Дар он рӯз одамиро аз тамоми амалҳои неку баде, ки он чӣ пешопеш дар ҳаёти худ фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешавад.[3043]
[3043]Тафсири ибни Касир 8\277
Ərəbcə təfsirlər:
بَلِ ٱلۡإِنسَٰنُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ بَصِيرَةٞ
14. Балки инсон бар нафси худ бино аст ва ҳақиқати коре, ки аз тоъат ё маъсият анҷом додааст, медонад.
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَوۡ أَلۡقَىٰ مَعَاذِيرَهُۥ
15. Ҳарчанд узрҳои худро дар миён оварад, ба ҳолаш ҳеҷ фоидае намекунад[3044].
[3044] Тафсири Бағавӣ 8\283
Ərəbcə təfsirlər:
لَا تُحَرِّكۡ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعۡجَلَ بِهِۦٓ
16. Эй Паёмбар ҳангоми фуруд омадани ваҳй башитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон, ба хотири он ки ҳифзи он аз ёди ту наравад,
Ərəbcə təfsirlər:
إِنَّ عَلَيۡنَا جَمۡعَهُۥ وَقُرۡءَانَهُۥ
17. ки ҳароина, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, баъд аз он ҳар куҷо ки хоҳӣ бихон, аз хотират намеравад,
Ərəbcə təfsirlər:
فَإِذَا قَرَأۡنَٰهُ فَٱتَّبِعۡ قُرۡءَانَهُۥ
18. чун онро ба забони Ҷабраил алайҳиссалом бар ту бихондем, ба диққат гӯш фаро деҳ ва аз хондани он пайравӣ кун,
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا بَيَانَهُۥ
19. сипас баёни маъноҳо ва ҳукмҳои он барӯҳдаи Мост.[3045]
[3045] Тафсири Саъдӣ 1\899
Ərəbcə təfsirlər:
كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ
20. Ҳаргиз чунин нест, ки шумо мушрикон мепиндоред, ки дубора зинда шудан ва ҷазо нест , балки шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
Ərəbcə təfsirlər:
وَتَذَرُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ
21. ва охиратро бо неъматҳояш тарк мекунед.[3046]
[3046] Тафсири Табарӣ 24\70
Ərəbcə təfsirlər:
وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ نَّاضِرَةٌ
22. Дар он рӯз барои мӯъминони саъодатманд чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,
Ərəbcə təfsirlər:
إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٞ
23. ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд.
Ərəbcə təfsirlər:
وَوُجُوهٞ يَوۡمَئِذِۭ بَاسِرَةٞ
24. Ва дар он рӯз барои кофирони бадбахт чеҳраҳое ҳаст абусу турш, (пешонӣ дар ҳам кашида, зиштрӯй),
Ərəbcə təfsirlər:
تَظُنُّ أَن يُفۡعَلَ بِهَا فَاقِرَةٞ
25. ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.
Ərəbcə təfsirlər:
كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ
26. Оре, чун ҷон ба ҳалқум (ба гулӯ) расад
Ərəbcə təfsirlər:
وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقٖ
27. ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад ва ӯро наҷот диҳад?
Ərəbcə təfsirlər:
وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ
28. Ва одами миранда яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида
Ərəbcə təfsirlər:
وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ
29. ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,
Ərəbcə təfsirlər:
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ
30. он рӯз, рӯзи рондан ва бозгаштан ба сӯи Парвардигори туст. Ва оқибати кори бандагон ба ҷаннат аст ё ба дӯзах.
Ərəbcə təfsirlər:
فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ
31. На тасдиқ кардааст ин инсони кофир ба паёмбар ва Қуръон ва рӯзи охират ва на барои Парвардигораш намоз гузоридааст.
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ
32.Вале Қуръонро дурӯғ бароварда ва аз имон рӯй гардонидааст.
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ يَتَمَطَّىٰٓ
33. Он гоҳ ба рафтори хиромон ва сармаст назди аҳли худ рафтааст.
Ərəbcə təfsirlər:
أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰ
34. Вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰٓ
35. Боз ҳам вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту![3047]
[3047] Тафсири Табарӣ 24\82
Ərəbcə təfsirlər:
أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَن يُتۡرَكَ سُدًى
36. Оё инсони мункир ба рӯзи баъс мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд? Пас на мавриди амру наҳй ва на мавриди ҳисобу ҷазо қарор хоҳад гирифт?
Ərəbcə təfsirlər:
أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةٗ مِّن مَّنِيّٖ يُمۡنَىٰ
37. Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар бачадоне рехта мешуд, набуд?
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ كَانَ عَلَقَةٗ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ
38. Сипас баъд аз нутфа ба сурати хуни баста даромад. Пас Аллоҳ ӯро офарид ва дуруст ва устувор сохт.
Ərəbcə təfsirlər:
فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ
39.Пас аз ӯ ду ҷуфт: нару мода падид овард.
Ərəbcə təfsirlər:
أَلَيۡسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحۡـِۧيَ ٱلۡمَوۡتَىٰ
40. Оё чунин Офаридагор қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? Оре бар ин кор тавоност, зеро бозгардонидани офариниш аз эҷоди нахустини он осонтар аст.[3048]
[3048]Тафсири Табарӣ 24\83
Ərəbcə təfsirlər:
 
Mənaların tərcüməsi Surə: əl-Qiyamə
Surələrin mündəricatı Səhifənin rəqəmi
 
Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir - Tərcumənin mündəricatı

Qurani Kərimin Tacik dilinə mənaca tərcüməsi. Tərcümə etdi: Hocamirov Hocamir. Düzəlişlər "Ruvvad" Tərcümə Mərkəzinin rəhbərliyi altında aparılıb. Orijinal tərcümə rəy bildirmək, qiymətləndirmək və davamlı təkmilləşdirmək üçün mövcuddur.

Bağlamaq