2. Эй касоне, ки имон овардаед, нишонаҳои Аллоҳро он корҳое, ки дар ҳолати иҳром ё дар Макка ҳаром аст ҳалол надонед ва на ҷанг кардан дар моҳҳои ҳаром[432] ва на қурбониҳои бенишон ва на нишондор[433] ва на касонеро, ки қасди омадан ба хонаи Аллоҳро (Каъба) доранд ва аз паи талаби рўзӣ ва хушнудии Парвардигорашон ҳастанд.. Ва чун аз иҳром барои ҳаҷ ё умра берун омадед (иҳромро аз тан бароваред), шикор кунед. Ва душманӣ бо қавме, ки шуморо аз Масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва аз онон интиқом бигиред. Ва дар некўкорӣ[434] ва тақво[435] ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ азоб мекунад.[436]
[432]Муҳаррам, раҷаб, зулқаъда ва зулҳиҷҷа.Ҷумҳури уламо бар ин бовар ҳастанд, ки манъшудани ҷанг дар моҳҳои ҳаром бо ояти 5- уми сураи Тавба мансух гардидааст, [433]Яъне қурбоние, ки дар гарданашон занҷир ё гарданбанд ё чизи дигаре овехта шудааст, то маълум шавад, ки ин мол махсус барои қурбонӣ аст [434] Яъне, номест, дарбаргирандаи тамоми амалҳои зоҳирӣ ва ботиние, ки Парвардигор онҳоро дўст медорад ва меписандад. [435] Ва “Тақво” дар инҷо номе аст, ки дарбаргирандаи тарки тамоми амалҳои зоҳирӣ ва ботиние, ки Аллоҳ ва расулаш онҳоро дўст намедоранд. [436] Тафсири Саъдӣ 1/ 218 /219
3. Ҳаром шуд бар шумо хўрдани ҳайвони худмурда ва хуни забҳ ва гўшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Аллоҳро бар ў бигўянд ва он чӣ нафасгиршуда мурда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё аз шох задани ҳайвони дигаре бимирад ё даррандагон аз он хўрда бошанд, магар он ки пеш аз мурданаш сар бурида бошед. Ва низ ҳар чӣ барои бутон сар бурида шавад ва он чӣ ба василаи тирҳои қимор қисмат кунед,[437] ки ин кор худ нофармонист. Имрўз (яъне рўзи Арафа) кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш ноумед шудаанд. Аз онон матарсед, аз ман битарсед. Имрўз дини шуморо бо Қурону суннат ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва Исломро ҳамчун дин барои шумо интихоб намудам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ ночор монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошадяъне, гуруснагӣ маҷбураш созад, ки аз мурдор ё он чӣ дар ин оят баршумурда ва ҳаром шудааст, бихўрад, дар сурате, ки танҳо барои ҳифзи ҳаёт бошад, бидонад, ки Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст ва хўрдани худмурда, хук ва чизҳои манъшуда ва ҳаромро дар ин ҳол барои ў мубоҳ кард! [438]
4. Аз ту эй Паёмбар мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст? Бигў: Чизҳои покиза ҳар он чизе аст, ки дар он фоида ё лаззате бошад ва зиёне барои бадан ва ақл надошта бошад бар шумо ҳалол шуда ва низ хўрдани сайди паррандагон ва он ҳайвоне, ки ба он сайд кардан омўхтаед, чун ҷонварони шикории таълим додашуда ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он тавре, ки Парвардигоратон барои шумо омўзонидааст, таълим дода бошед, аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихўред ва номи Аллоҳро бар он бихонед ва аз Аллоҳ битарсед, ки рўзи қиёмат наздик аст ва Ӯ таъоло зуд ба ҳисоб расандааст![439]
5. Имрўз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шудааст. Таъоми[440] аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ издивоҷ бо занони порсо ва покдомани мўъмина ва занони порсо ва покдомани аҳли китоб (яҳуду насоро) ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, қасдатон аз ин издивоҷ покдоманӣ бошад, на ба қасди зинокорӣ ва на пинҳонӣ дўст гирифтан, бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба Аллоҳу паёмбараш ва ба дини Ислом кофир шавад, амалаш нобуд шавад ва дар охират аз зиёнкорон ва бадбахтон хоҳад буд.[441]
6. Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои хондани намоз бархестед, рўй ва дастҳоятонро то оринҷ бишўед ва сари худро масҳ кашед, пойҳоятонро то банди по (буҷилак) бишўед. Ва агар ҷунуб (олуда) будед, худро пок созед яъне, тамоми баданро бишўед. Ва агар бемор ё дар сафар будед ё аз ҷои қазои ҳоҷат омада будед, ё бо занон (ҳамсарони худ) наздикӣ карда будед ва об наёфтед, бо хоки пок ва ҳар он чизе, ки аз ҷинси замин бошад таяммум[442] кунед ва рўю дастҳоятонро бо он масҳ кунед. Аллоҳ намехоҳад шумо дар ранҷ ва машаққат афтед, балки мехоҳад, ки шуморо покиза созад[443]ва неъматашро бар шумо тамом кунад, бошад, ки шукргузор шавед, то ба мақомҳои баланд ва олӣ бирасед![444]
[442]Молидани хок ба рўй ва дастҳо [443]Яъне бо пок кардани зоҳир бо об ё хок ва пок кардани ботин бо тавҳид ва тавбаи ростин. [444] Тафсири Бағавӣ 3/ 20
11. Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо бахшидааст, ёд кунед: Он гоҳ, ки гурўҳе (бани Назир) қасди он карданд, то бар шумо даст бардоранд (яъне, ба болои сари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам санги осиёро чаппа кунанд)[446], ва Аллоҳ дасти ононро аз шумо боздошт. Аз Аллоҳ битарсед. Ва мўъминон бар Аллоҳ таваккал мекунанд[447]
[446] Тафсири ибни Касир 3/ 63 [447].Таваккали банда ба қадри имонаш мебошад ва аҳли илм ҳама бар он иттифоқанд, ки таваккал ба Аллоҳ аз воҷиботи қалб аст Тафсири Саъдӣ 1/ 223
12. Ва ба дурустӣ Парвардигор аз бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ сардор таъин кард. Ва Аллоҳ гуфт: «Агар намоз бихонед ва закоти молатонро ба муҳтоҷон бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Аллоҳ қарзи нек бидиҳед[448], ман бо шумоям (яъне, шуморо ёрӣ ва кўмак мекунам). Бадиҳоятонро дур мекунам ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он ҷўйборҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст».[449]
13. Пас ба хотири ин ки паймонашонро шикастанд, онҳоро лаънат кардем (аз раҳматамон дур кардем) ва дилҳояшонро сахт гардондем, ки сухани ҳақро қабул намекард. Суханро аз ҷойгоҳаш таҳриф ва табдил мекунанд, яъне, маъноеро, ки Аллоҳ ва паёмбараш аз сухане дар назар доранд, дигаргун карда ва маънои дигаре бар он медиҳанд. Ва қисми бисёреро аз он чиро ки бар он панд дода шуда буданд дар Таврот, фаромўш карданд. Ва ту ҳамеша хиёнатеро аз онҳо нисбат ба Аллоҳ ва мардум мебинӣ, ғайр аз теъдоди андаке аз онон, ки ба паймони бо Аллоҳ бастаашон вафо карданд. Пас, аз онҳо ба сабаби он озорҳое, ки ба ту мерасонанд, даргузар ва ононро бубахш, ҳамоно Парвардигор некўкоронро дўст дорад[450]
15. Эй аҳли китоб, паёмбари Мо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам назди шумо омад, то бисёре аз китоби Аллоҳро, ки аз мардуми оддӣ ва бесавод пинҳон медоштед, (сифатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам, ояти раҷм ва монанди инро) бароятон баён кунад ва аз баёни бисёр чизҳое, ки ҳикмате дар он нест, сарфи назар кунад ва даргузарад, ҳамоно аз ҷониби Аллоҳ нуре (Ислом) ва китобе сареҳу ошкор (Қуръон) бар шумо нозил шудааст, ки бо воситаи он торикии бесаводӣ ба нури илму дониш равшан мешавад.[452]
16. То Аллоҳ ба он ҳар касро, ки дар пайи хушнудии Ӯст, ба роҳҳои саломат (Ислом) ҳидоят[453] кунад ва бо фармони худ аз торикии куфр ва бидъат ба рўшноии имон ва суннат бубарад ва ононро ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят ва раҳнамоӣ кунад.
[453] Шинохтани ҳақ ва амал кардан ба тамоми амрҳои Ислом аст.Тафсири Саъдӣ 1/ 227
17. Ба таҳқиқ, касоне ки мегўянд (аз насоро): “Аллоҳ Масеҳ писари Марям аст”, кофир шуданд. Бигў: “Агар Аллоҳ бихоҳад Масеҳ писари Марям ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки дар рўи замин ҳастанд, ҳалок кунад, чи касе метавонад дар муқобили Аллоҳ коре бикунад”? Ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи байни осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ҳар чи бихоҳад, меофаринад. Агар бихоҳад аз модар ва падар меофаринад, ҳамон тавре, ки тамоми инсонҳоро офаридааст ва агар бихоҳад фақат аз падар меофаринад, монанди Ҳаво, ки бидуни модар офарида шудааст ва агар бихоҳад аз модар меофаринад, монанди Исо алайҳиссалом.. Ва агар бихоҳад бидуни падар ва модар меофаринад, монанди Одам алайҳиссалом. Пас навъи офариниш ба Парвардигори мутаъол ва хости Ӯ вобастагӣ дорад. Бинобар ин Парвардигор бар ҳар чизе тавоност.[454]
18. Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд, ки мо писарони Аллоҳ ва дўстони ў ҳастем. Бигўй: эй Паёмбар «Пас чаро шуморо ба хотири гуноҳонатон азоб мекунад?[455] Балки шумо инсонҳое аз ҷумлаи офаридашудагон ҳастед». Ҳар касро, ки бихоҳад ба раҳматаш меомӯрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ дар миёни онҳост ва бозгашти ҳама ба сўи Ӯст. [456]
19. Эй аҳли китоб, (яҳудиҳо) фиристодаи Мо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам дар давроне, ки паёмбарон чанд муддате фиристодашуда набуданд, мабъус шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагўед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст. Инак, он муждадиҳанда ба савоби дунё ва охират ва бимдиҳанда аз азоби дунё ва охират омадааст ва Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност ва ҳамаи чизҳо дар муқобили қудрати Ӯ таслим ҳастанд![457]
22. Гуфтанд: «Эй Мўсо, дар он ҷо (замини муқаддас) мардуме ҳастанд зўрманду боқувватанд ва мо ба он сарзамин ҳаргиз дохил намешавем, то он гоҳ, ки он қавм берун шаванд. Агар онон аз он сарзамин берун шаванд, ба он дохил шавем».
27. Ва қиссаи ростини ду писари Одам (Қобил ва Ҳобил) - ро барояшон бихон. Он гоҳ, ки қурбоние (яъне амале, ки ба Аллоҳ наздик мекунад) карданд, аз якеашон (Ҳобил) қабул карда шуд, зеро ў парҳезгор буд ва аз дигаре (Қобил) қабул карда нашуд, зеро ў парҳезгор набуд. Гуфт Қобил аз рўи ҳасад ва кина: «Туро мекушам. Гуфт Ҳобил: Аллоҳ қурбонии парҳезгоронро қабул мекунад.[461]
35. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариати Ӯ амал кардаед аз Аллоҳ битарсед ва ба тоаташ наздикӣҷўед ва ба ризогии Ӯ амал намоед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, то ки растагор гардед![467]
36. Онон, ки ба ягонагии Парвардигор ва шариати Ӯ кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рўи замин аст ва монанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рўзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад зеро вақти бозхаридани худ аз азоб аз байн рафта ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд![468]
38. Дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои коре, ки кардаанд, то банди даст бибуред. Ин уқубатест аз ҷониби Аллоҳ барои дузд ва дигарон, то аз дуздӣ баргарданд. Ва Аллоҳ пирўзманду ҳаким аст![469]
40. Оё надонистаӣ эй Паёмбар, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Аллоҳ аст, ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, меомӯрзад ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност?
41. Эй Паёмбар, ғамгин накунад туро кирдори онон, ки ба куфр мешитобанд. Чи онҳое, ки ба забон гуфтанд, ки имон овардем ва ба дил имон наёварданд ва чи он яҳудон, ки гўш меандозанд, то дурўғ банданд ва барои гурўҳе дигар, ки худ назди ту намеоянд, суханчинӣ мекунанд ва сухани Аллоҳро дигаргун месозанд ва мегўянд: «Агар шуморо (Муҳаммад) инчунин гуфт, (ки мувофиқи он чи ки мо онро тағйир додаем аз ҳукмҳои Таврот) бипазиред ва агар бо он мухолиф ояд, азқабул ва амал кардани вай дурӣҷўед!» Ва ҳар касро, ки Аллоҳ азоби ўро бихоҳад, ту ўро аз қаҳри Аллоҳ раҳоӣ нахоҳӣ дод. Инҳо касоне, ҳастанд, (яъне яҳуду мунофиқон)[470] ки Аллоҳ нахостааст, ки дилҳояшонро аз палидии куфр пок гардонад. Ононро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби дарднок аст!
42. Инҳо яҳудиён шунавандагони дурўғанд, хўрандагони ҳароманд. Пас агар назди ту омаданд, миёнашон ҳукм кун ё аз онҳо рўй гардон ва агар рўй гардонӣ, ҳеҷ ба ту зиёне нарасонанд. Ва агар миёнашон ҳукм кунӣ, ба адолат ҳукм кун, ки албатта Аллоҳ адолатпешагонро дўст дорад.
45. Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, (яъне фарз кардем), ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гўш дар баробари гўш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қассосест. Ва ҳар кӣ аз қассос даргузарад, гуноҳашро кафорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар кӣ ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар қассос ва ғайри он ҳукм накунад, пас ў аз ситамкорон аст.[474]
46. Ва аз паи онҳо Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ў фиристода будем ва Инҷилро, ба ў додем, ки дар он ҳидоятест, ки ба роҳи ҳақ даъват менамояд ва нурест, ки ҳақро аз ботил ҷудо мегардонад ва тасдиқкунандаи Тавротест, ки пеш аз он нозил карда шудааст ва бар сиҳатии он гувоҳӣ медиҳад ва бо он мувофиқ аст ва барои парҳезгорон, ҳидоят ва пандест.[475]
[475]Тафсири Саъдӣ 1\233 ва Тафсири ибни Касир 3\126
48. Ва ин китобро эй Муҳаммад ба ростӣ бар ту нозил кардем ва ҳар он чи дар он аст ҳақ аст, тасдиқкунанда ва ҳукмкунанда бар китобҳоест, ки пеш аз он будаанд. Ва баён медорад он чи аз он китобҳо, ки тағйир дода шуданд. Пас, мувофиқи он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар миёнашон (яҳудиён) ҳукм кун ва аз пайи хоҳишҳояшон марав, то он чиро ки аз ҳақ бар ту нозил шудааст, вогузорӣ. Барои ҳар гурўҳе аз шумо шариъат ва равише ниҳодем. Ва агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо як уммат месохт. Вале хост дар он чӣ бар шумо арзонӣ доштааст, биёзмоядатон, то фармонбардори шумо аз нофармонбардор маълум гардад. Пас бо амал карданатон ба Қуръон ба сўи некиҳо бишитобед. Бозгаштани ҳамаи шумо ба сўи Аллоҳ аст, то аз он чӣ дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон созад.
49.Ва эй Паёмбар, миёни яҳудиён бар мувофиқи он чӣ ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостаҳояшон пайравӣ макун ва аз онҳо бипарҳез, ки мабодо бифиребандат, то аз баъзе аз чизҳое, ки Аллоҳ бар ту нозил кардааст, рўй бигардонӣ. Ва агар аз ҳукми ту рўй гардонданд, бидон, ки Аллоҳ мехоҳад ононро зудтар ба подоши баъзе гуноҳҳонашон дар дунё азоб кунад ва ҳароина бисёре аз мардуми яҳуд аз тоати Парвардигорашон саркашанд.[476]
55. Танҳо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ ва мўъминон дўсти шумо ҳастанд, касоне, ки намозро бо хушўъ барпо медоранд ва закоти фарзиро адо менамоянд ва дар баробари Аллоҳ фурўтан ҳастанд.
57.Эй мўъминон касонеро, ки дини шуморо бо тамасхўр ва бозӣ гирифтаанд, аз касоне, ки ба онҳо пеш аз шумо китоб дода шуд ва кофиронро дўст магиред ва агар мўъмин ҳастед аз Аллоҳ битарсед. Зеро имоне, ки дар вуҷуди мўъминон аст, иҷоб мекунад, то дўстии эшонро тарк намоянд ва аз дари душманӣ бо онҳо дароянд.[483]
65. Ва агар аҳли Китоб имон ба Аллоҳ ва расулаш биёваранд ва парҳезгорӣ кунанд (яъне, фармудаҳояшро ба ҷо оранд ва аз он чи манъ кардааст, дур биистанд), гуноҳонашонро хоҳем нобуд кард ва онҳоро ба биҳиштҳои пурнеъмат дохил хоҳем кард.
66. Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Аллоҳ бар онҳо нозил шуда, (Қуръонро) барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рўзӣ бихўранд (яъне ризқҳои онҳо фаровон гардад). Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бар ҳақ устуворанд ва бисёриашон бадкирдоранд ва аз роҳи ҳақ гумроҳанд.[490]
67. Эй Паёмбар, он чиро аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ ва чизеро аз он пинҳон кунӣ, амри рисолати Ӯро адо накардаӣ. Аллоҳ туро аз мардум ҳифз мекунад ва бар душманонат пирўз мегардонад ва вазифаи ту расонидани ҳақ аст ба сўи мардум. Ба дурустӣ Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад.[491]
[491]Ва касе гумон барад, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизеро пинҳон кардааст аз амри Парвардигор, ба дурустӣ бар Аллоҳ дурўғи бузургеро бофтааст.Тафсири Бағавӣ 3/78
68. Бигў: «Эй аҳли китоб, шумо бар чизе нестед, (яъне ба Қуръон , Муҳаммад , паёмбари худ ва китобатон имон наовардаед) то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештарашон бияфзояд. Пас бар ин мардуми кофир ғамгин мабош.
69. Албатта, аз миёни онон, ки имон овардаанд (яъне, мусалмонон) ва яҳудиён ва собиин[492] ва насоро, (пайравони Исо алайҳиссалом) ҳар кӣ ба Аллоҳ ва рўзи қиёмат имон дошта бошад ва кори шоиста кунад, аз аҳволи рўзи қиёмат биме бар онҳо нест ва он чи ки дар дунё тарк намуданд, бар он ғамгин намешаванд.
[492] Онон қавмеанд, ки бар фитраташон боқӣ монданд ва барояшон дини муқарраре нест, ки ба он пайравӣ кунанд.
71. Ва пиндоштанд, ки ҳеҷ азобе нахоҳад буд. Пас аз дидани ҳақ кўр ва аз шунидани он кар шуданд. Он гоҳ Аллоҳ тавбаашон бипазируфт. Боз бисёре аз онҳо кўру кар шуданд. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунанд бино аст.
74. (Сипас Парвардигор онҳоро ба тавба кардан аз он чӣ аз онҳо сар зада даъват кард ва баён намуд): Оё ба даргоҳи Аллоҳ тавба намекунанд ва аз Ӯ омӯрзиш намехоҳанд? Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст!
77. Эй Паёмбар ба насоро бигў: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулув (зиёдаравӣ) макунед дар он чи ки аз шахсияти Масеҳ эътиқод доред ва аз хоҳишҳои он мардуме, ки пеш гумроҳ шуда буданд ва мардуми бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед».
80. Бисёре аз яҳудиёнро мебинӣ, ки бо кофирон яъне, бо мушрикони Макка, ки бар зидди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҷанг баромаданд дўстӣ меварзанд. Бад аст, он чӣ пештар барои худ фиристоданд. Хашми Аллоҳ бар онҳост ва рўзи қиёмат дар азоби ҷовидонаанд.[496]
81. Ва агар он яҳудиёне, ки мушриконро дастиёрӣ карданд ба Аллоҳ ва паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам ва он чӣ бар ў нозил шуда, (Қуръон) имон оварда буданд, кофиронро дўст намегирифтанд, вале бештарашон фосиқонанд. Яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунанд[497]
83. Аз нишонаҳои дўстии онҳо ба мусалмонон он аст, ки гурўҳе аз онҳо[499] он чиро, ки бар паёмбар нозил шуда, бишнаванд, чашмонашон ба сабаби он чи аз ҳақ шинохтанд, пур аз ашк мешавад, ки он ҳақ ва аз назди Парвардигор аст ва ба Аллоҳ имон меоваранд ва расули Ӯро пайравӣ мекунанд ва мегўянд: “Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро низ дар зумраи гувоҳидиҳандагон бинавис”.[500]
[499] Яъне гурўҳе аз деҳқонони ҳабаш. Тафсири ибни Касир 3\168 [500]Яъне, дар рўзи қиёмат бо ҳамроҳи уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Тафсири Бағавӣ 3\88
86. Ва онон, ки куфр варзиданд ба ягонагии Парвардигор ва инкор карданд паёмбарии Муҳамммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва оёти моро, ки бар паёмбарон нозил шуда дурўғ шумориданд, онҳо аз аҳли ҷаҳаннаманд.
88. Ва аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рўзӣ додааст, бихўред ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед. Ва амрҳояшро ба ҷо оред ва аз манъ кардаҳояш дурӣ ҷўед.
90. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ, шароб[502] ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое, ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, аз он гуноҳон парҳез кунед, то ба ҷаннат комёб шавед! (Ин корҳо аз ҷиҳати маънавӣ палид ва наҷас ҳастанд, гарчӣ дар зоҳир палид нестанд).
92. Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед ва фармонбардорӣ намоед. Агар рўй гардонед, аз фармудаҳои Парвардигор ва амал кардед ба он чи манъ карда шудед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расонидани паёми равшани Парвардигор аст!
93. Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар он чӣ хўрдаанд, пеш аз ҳаром шудани шароб ва қимор гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд аз корҳои ҳаром ва имон биёваранд ва ба корҳои шоиста пардозанд, боз ҳам парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд, боз ҳам парҳезгорӣ ва некӣ кунанд, (яъне, хавфашон онҳоро ба некўкорӣ овард ҳатто, ки гўё Аллоҳро дида ибодат мекунанд) ва Аллоҳ некўкоронро дўст дорад.[503]
[503]Некўкорӣ амалест, ки Парвардигор онро бар бандагонаш мубоҳ гардондаст, балки бо анҷоми он ба даргоҳи Аллоҳ наздик мешаванд ва ризоияташро дармеёбанд ва аз азобаш худро дур мекунанд. Тафсири Табарӣ 10\576
96. Шикори сайдҳои дарёӣ ва хўрдани он дар ҳоли иҳром аз ҷиҳати баҳраманд шуданатон аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шудааст ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар иҳром ҳастед, (дар ҳаҷ ё умра) бар шумо ҳаром аст. Ва аз Парвардигоре, ки ба назди Ӯ гирд оварда мешавед, битарсед, то ба савоби бузурге сазовор шавед ва аз азоби дардноки Ӯ солим монед!
97. Парвардигор бар бандагонаш миннат карда мефармояд: Каъба, Байтулҳаромро ва моҳҳои ҳаром[506] ва қурбонии беқилода (бегарданбанд) ва қурбонии боқилода (гарданбанддор) сабаби интизоми кори дин ва дунё ва осоиштагӣ барои ҳаёташон гардонид, Ин ба он хотир аст, то бидонед Парвардигор ба тамоми он чи дар осмонҳо ва дар замин мебошад, огоҳ аст. Аз ҷумла огоҳии Парвардигор ин аст, ки зиёрати ин хонаро бароятон муқаррар сохт, чун медонист бисёре аз манофеъи динӣ ва дунявии шумо дар он таъмин мешавад.[507]
[506]моҳи зулҳиҷҷа, зулқаъда, муҳаррам ва раҷаб [507] Тафсири Саъдӣ 1\244
102. Мардуме, ки пеш аз шумо буданд, аз он чизҳо суол карданд ва онро ба ҷо наоварданд ва ба он сабаб кофир шуданд. Пас эҳтиёт кунед, то мисли онон мабошед![511]
103. Парвардигор дар бораи баҳира ва соиба ва васила ва ҳомӣ[512]ҳукме муқаррар накардааст, вале кофирон бар Аллоҳ дурўғ мебанданд ва бештаринашон бехираданд.
[512] “Баҳира” он модашутуре аст, ки ўро барои бутон муқаррар мекарданд ва шири онро ба касе намедоданд; “соиба” ҳайвоне, ки барои бутон мегузоштанд ва бар пушти ў бор намениҳоданд; “васила” модашутуре аст, ки бори якум дар аввали умр шутури мода зояд, баъд аз он бори дигар мода зояд, пас онро барои бутон мегузоштанд, “ҳомӣ” шутури наре, ки чун аз он чанд бача мегирифтанд, онро аз саворӣ ва ғайри он озод нигоҳ медоштанд. Ислом ҳамаи инҳоро ботил кард. Тафсири Табарӣ 11\124
107. Ва ҳар гоҳ маълум шавад, ки он ду шоҳид муртакиби гуноҳи хиёнат шуданд, ду шоҳиди дигар аз ворисони наздикони майит, ки авлотар аз он ду бошанд, ҷои онҳоро бигиранд. Он ду ба Аллоҳ қасам хўранд, ки шаҳодати мо аз шаҳодати он ду дурусттар аст ва мо аз ҳақ нагузарем, ҳар гоҳ чунин кунем, аз ситамкорон бошем.
110. Он гоҳ ки Парвардигор рўзи қиёмат ба Исо писари Марям гӯяд: “Эй Исо! Ба ёд овар неъмати маро, ки бар ту ва модарат арзонӣ доштам ва туро бе падар офаридам ва модаратро бар тамоми занҳои олам баргузидам ва аз тўҳмат ўро пок сохтам. Ва аз неъматҳое, ки Парвардигор ба Исо арзонӣ кард; ба воситаи Ҷабраил ўро қувват бахшид ва ёрӣ кард, дар гаҳвора бо мардум сухан мегуфт ва дар миёнсолӣ онҳоро ба сўи Аллоҳ даъват менамуд. Ва аз он неъматҳо; Парвардигор бе воситаи муаллим ба ў таълими навиштанро омўзонд ва қуввати фаҳм ва идрокро барояш ато кард ва таълим дод ба ў Тавротро, ки бар Мўсо алайҳиссалом фуруд овард ва Инҷилро, ки барои ҳидояти мардум барояш фуруд овард. Ва аз он неъматҳо, ки ба дастури Парвардигор аз гил чизе ба шакли парранда месохт ва дар он медамид, пас ба фармони Аллоҳ парранда мешуд. Ва кўри модарзод ва фарди мубтало ба бемории песиро ба изни Аллоҳ шифо медод. Ва аз он неъматҳо, ки мурдагонро ба фармони Аллоҳ аз қабр зинда берун меовард. Ва ҳамаи ин ба хост ва изни Парвардигор буд. Ва ин мўъҷизаҳо ҳама далолат бар паёмбарии Исо алайҳиссалом мекунад. Пас касоне аз онон, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: “Он чи ки Исо аз далелҳое, ки овард, ҷодуи ошкоро аст”.
112. Ва ба ёд овар, он гоҳ ки ҳавориён гуфтанд : Эй Исо писари Марям! Оё Парвардигорат метавонад аз осмон дастархони пур аз таъом бар мо нозил кунад? Гуфт: «Агар имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед».
113. Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихўрем, то дилҳоямон ба василаи имон ором гирад ва бо мушоҳидаи нишонаҳо ва мўъҷизоти ошкор имон ва боварии мо ба ҳақиқат табдил гардад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шаҳодат диҳем».
114. Исо ибни Марям дархости ҳавориёнро пазируфт ва гуфт: «Ё Аллоҳ! Эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз осмон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ягонагии Ту бошад ва моро рўзӣ деҳ, ки Ту беҳтарини рўзидиҳандагон ҳастӣ».
115. Аллоҳ гуфт:«Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро ончунон азоб накарда бошам». (Пас инкор карданд ва куфр варзиданд, пас аз фуруд омадани дастархон бар онҳо).[519]
116. Ва ба ёдовар он гоҳ, ки Аллоҳ ба Исо писари Марям рўзи қиёмат гўяд: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки марову модарамро аз ғайри Аллоҳ ба маъбудӣ гиред?» Гуфт: «Ба покӣ ёд мекунам Туро! Ту аз ин сухани зишт ва аз он чи ки шоистаи Ту нест пок ҳастӣ. Насазад маро, ки чизе гўям, ки шоистаи он набошам. Агар ман чунин гуфта будам, Ту худ медонистӣ, зеро ба он чӣ дар замири ман мегузарад, доноӣ ва ман аз он чӣ дар замири Туст, бехабарам. Зеро Ту донотарин Зоти пок ба ғайб ҳастӣ!
117. Исо алайҳиссалом мегўяд: Чизе ба онон нагуфтаам ҷуз он чи маро ба гуфтани он дастур додаӣ. Гуфтам, Парвардигорро бипарастед, ки Парвардигори ман ва шумо аст. Ва ман то замоне, ки дар миёнашон будам, бар онон гувоҳ будам ва чун маро баргирифтӣ (яъне, ба осмон бурдӣ), Ту худ гувоҳ ва нигаҳбони ақида ва аъмолашон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ.[520]
118. Агар ононро азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва Ту ба аҳволашон донотар ҳастӣ ва агар ононро биёмӯрзӣ, он касонеро ки ба назди Ту ба тавба баргаштанд, пас ҳамоно Ту пирўзманду ҳакимӣ!»
119. Парвардигор ба Исо алайҳиссалом рўзи қиёмат мегўяд: «Ин рўзест, ки ростгўёнро ростии ният, гуфтор ва кирдорашон фоида диҳад. Аз они онҳост, биҳиштҳое, ки дар он ҷўйҳо ҷорӣ мешаванд. Ҳамеша дар он ҷовидон хоҳанд буд». Парвардигор аз онон хушнуд ва хубиҳояшонро қабул кардааст ва онон низ аз Парвардигор хушнуданд аз он савобҳое, ки ба онҳо дода шудааст. Ин аст комёбии бузург!
Übersetzung der Bedeutungen von dem heiligen Quran - Tajikische Übersetzung - Übersetzungen
Übersetzung der Quran-Bedeutung in Tajik von Khawja Mirov Khawja Mir, veröffentlicht von König Fahd Complex für den Druck des Heiligen Qur'an in Medina. Hinweis: Einige übersetzte Verse, korrigiert von Ruwwad Translation Center. Die Originalübersetzung steht für Anregungen, kontinuierliche Auswertung und Entwicklung zur Verfügung
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
Suchergebnisse:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".