Check out the new design

Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko- Khoja Mirov Khoja Mir * - Índice de traducciones


Traducción de significados Capítulo: Al-Nisaa   Versículo:
ٱلرِّجَالُ قَوَّٰمُونَ عَلَى ٱلنِّسَآءِ بِمَا فَضَّلَ ٱللَّهُ بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ وَبِمَآ أَنفَقُواْ مِنۡ أَمۡوَٰلِهِمۡۚ فَٱلصَّٰلِحَٰتُ قَٰنِتَٰتٌ حَٰفِظَٰتٞ لِّلۡغَيۡبِ بِمَا حَفِظَ ٱللَّهُۚ وَٱلَّٰتِي تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَٱهۡجُرُوهُنَّ فِي ٱلۡمَضَاجِعِ وَٱضۡرِبُوهُنَّۖ فَإِنۡ أَطَعۡنَكُمۡ فَلَا تَبۡغُواْ عَلَيۡهِنَّ سَبِيلًاۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيّٗا كَبِيرٗا
34. Мардон сарпарасти занон ҳастанд ба хотири ин ки Аллоҳ мардонро бар занон бартарӣ додааст ва низ ба хотири ин ки аз молҳояшон харҷ мекунанд ва либосу маскани онҳоро тайёр менамоянд. Пас занони солеҳа онҳое ҳастанд, ки фармонбардори Аллоҳ буда ва дар пинҳонӣ ва дар ғиёби шавҳарашон аз онҳо итоъат мекунанд ва ин аз он сабаб аст, ки Аллоҳ онҳоро муҳофизат намуда тавфиқ додааст. Ва занонеро, ки аз саркашии онҳо бим доред, онҳоро насиҳат кунед, сипас бистари худро ҷудо кунед, сипас онҳоро бизанед, пас агар аз шумо итоъат карданд, дигар роҳе барои эшон наҷўед (яъне онҳоро талоқ надиҳед), ҳамоно Аллоҳ баландмартабаи бузургқадр аст.
Las Exégesis Árabes:
وَإِنۡ خِفۡتُمۡ شِقَاقَ بَيۡنِهِمَا فَٱبۡعَثُواْ حَكَمٗا مِّنۡ أَهۡلِهِۦ وَحَكَمٗا مِّنۡ أَهۡلِهَآ إِن يُرِيدَآ إِصۡلَٰحٗا يُوَفِّقِ ٱللَّهُ بَيۡنَهُمَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا خَبِيرٗا
35. Ва агар аз ихтилоф ва ҷудоии онҳо бим доштед, пас доваре (мусалмони одил ва оқил бошад) аз хонаводаи шавҳар ва доваре аз хонаводаи зан бифиристед, агар ин ду довар хоҳони ислоҳ бошанд, Аллоҳ байни онҳо тавофуқ ҳосил мекунад, ҳамоно Аллоҳ доно ва огоҳ аст.
Las Exégesis Árabes:
۞ وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡـٔٗاۖ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنٗا وَبِذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡجَارِ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡجَارِ ٱلۡجُنُبِ وَٱلصَّاحِبِ بِٱلۡجَنۢبِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ مَن كَانَ مُخۡتَالٗا فَخُورًا
36. Ва Аллоҳро ибодат кунед. Ва дар офариниш ва ибодаташ чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед. (Зеро Парвардигор на ширки хурд ва на ширки бузургро намепазирад.Ва набояд малоика ва паёмбар ва касе дигар аз офаридагонро, ки наметавонанд барои худ фоида ё зиёне биёваранд, бо ў шарик қарор дод,)[336]ва бо падар ва модар бо сухан, рафтору кирдор ва иззату эҳтиром ва бо мол некӣ намоед ва ҳуқуқашонро адо намоед. Ва бо хешовандон ва ятимон ва бечорагон ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва канизон ва ғуломон низ некӣ кунед, ҳамоно Аллоҳ касеро, ки худписанд ва худсито бошад, дўст надорад.
[336] Тафсири Саъдӣ 1\ 177
Las Exégesis Árabes:
ٱلَّذِينَ يَبۡخَلُونَ وَيَأۡمُرُونَ ٱلنَّاسَ بِٱلۡبُخۡلِ وَيَكۡتُمُونَ مَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۗ وَأَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٗا مُّهِينٗا
37. Касоне, ки ҳуқуқи бар онҳо додашударо адо намекунанд ва мардумро бо гуфтор ва кирдорашон ба бухл фармон медиҳанд ва пинҳон мекунанд он чизеро, ки Аллоҳ аз фазли хеш ба онҳо додааст, Аллоҳ дар ҳақи онҳо фармуд: Мо аз барои кофирон азоби хоркунандае омода сохтем.[337]
[337]Тафсири Саъдӣ 1\ 177
Las Exégesis Árabes:
 
Traducción de significados Capítulo: Al-Nisaa
Índice de Capítulos Número de página
 
Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko- Khoja Mirov Khoja Mir - Índice de traducciones

Traducida por Khawja Mirov Khawja Mir. Desarrollada bajo la supervisión del Centro Rowad Al-Taryamah. Se permite acceder a la traducción original con el propósito de brindar opiniones, evaluación y desarrollo continuo.

Cerrar