Check out the new design

કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર * - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અલ્ બકરહ   આયત:
قُلۡ إِن كَانَتۡ لَكُمُ ٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ عِندَ ٱللَّهِ خَالِصَةٗ مِّن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُاْ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Бигӯ: "[Эй қавми яҳуд] Агар назди Аллоҳ таоло сарои охират вижаи шумост на барои дигар мардум, пас, агар рост мегӯед, орзуи марг кунед [то ҳар чи зудтар ба ин ҷойгоҳ даст ёбед]"
અરબી તફસીરો:
وَلَن يَتَمَنَّوۡهُ أَبَدَۢا بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلظَّٰلِمِينَ
Вале онон ба хотири он чи [аз куфру такзиб ва таҳриф] пеш фиристодаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] ситамгорон доност
અરબી તફસીરો:
وَلَتَجِدَنَّهُمۡ أَحۡرَصَ ٱلنَّاسِ عَلَىٰ حَيَوٰةٖ وَمِنَ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمۡ لَوۡ يُعَمَّرُ أَلۡفَ سَنَةٖ وَمَا هُوَ بِمُزَحۡزِحِهِۦ مِنَ ٱلۡعَذَابِ أَن يُعَمَّرَۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ
[Эй паёмбар] Ҳатман, эшон [яҳудиён]-ро ҳаристарини мардум бар зиндагӣ хоҳӣ ёфт, [ҳатто] ҳаристар аз мушрикон. Ҳар як аз онон дӯст дорад, ки ҳазор сол умр бинад, дар ҳоле ки [ҳатто] агар ин умр [-и дароз] ба ӯ дода шавад, [боз ҳам тӯли умраш] ӯро аз азоб дур намекунад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, биност
અરબી તફસીરો:
قُلۡ مَن كَانَ عَدُوّٗا لِّـجِبۡرِيلَ فَإِنَّهُۥ نَزَّلَهُۥ عَلَىٰ قَلۡبِكَ بِإِذۡنِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَهُدٗى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ
Бигӯ: "Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, [дар ҳақиқат душмани Аллоҳ таоло аст, зеро] ӯ ба фармони Аллоҳ таоло Қуръонро бар қалби ту нозил кардааст, ки китобҳои осмонии пеш аз худро тасдиқ мекунад ва барои муъминон ҳидояту башорат аст"
અરબી તફસીરો:
مَن كَانَ عَدُوّٗا لِّلَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَجِبۡرِيلَ وَمِيكَىٰلَ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَدُوّٞ لِّلۡكَٰفِرِينَ
Ҳар ки душмани Аллоҳ таоло ва фариштагони Ӯ ва паёмбаронаш ва Ҷабраилу Микоил бошад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло душмани кофирон аст
અરબી તફસીરો:
وَلَقَدۡ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۖ وَمَا يَكۡفُرُ بِهَآ إِلَّا ٱلۡفَٰسِقُونَ
[Эй паёмбар] Ба ростӣ, ки мо нишонаҳои равшане бар ту нозил кардем ва ҷуз мунҳарифон [аз дин] касе ба онҳо куфр намеварзад
અરબી તફસીરો:
أَوَكُلَّمَا عَٰهَدُواْ عَهۡدٗا نَّبَذَهُۥ فَرِيقٞ مِّنۡهُمۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
Оё чунин нест, ки ҳар гоҳ онон паймоне [бо Аллоҳ таоло ва Расул] бастанд, гурӯҳе аз эшон онро дур афканданд [ва паймон шикастанд]?! Оре бештарашон имон намеоваранд
અરબી તફસીરો:
وَلَمَّا جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٞ لِّمَا مَعَهُمۡ نَبَذَ فَرِيقٞ مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَرَآءَ ظُهُورِهِمۡ كَأَنَّهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Ва ҳангоме ки фиристодае аз сӯйи Аллоҳ таоло ба суроғашон омад, ки бо нишонаҳое, ки [дар Таврот] назди онон буд мутобиқат дошт, гурӯҳе аз эшон, ки ба онҳо китоби [Таврот] дода шуда буд, китоби Аллоҳро пушти сар афканданд, гӯё [аз он нишонаҳо] ҳеҷ намедонанд
અરબી તફસીરો:
 
શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અલ્ બકરહ
સૂરહ માટે અનુક્રમણિકા પેજ નંબર
 
કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા

રુવાદ ભાષાંતર કેન્દ્રની ટીમ દ્વારા અને રબ્વાહ ઇસ્લામિક પ્રચાર કાર્યાલય અને વિવિધ ભાષાઓમાં ઇસ્લામની સામગ્રી પ્રસ્તુત કરતું સંગઠનના સહયોગથી

બંધ કરો