Check out the new design

કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ: ખ્વાજા મીરૂફ ખ્વાજા મીર * - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા


શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અલ્ ઇસ્રા   આયત:
إِلَّا رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ إِنَّ فَضۡلَهُۥ كَانَ عَلَيۡكَ كَبِيرٗا
87. Магар боқӣ гузоштани Қуръон дар дили ту, ба сабаби раҳмате аз ҷониби Парвардигорат аст, ки воқеъан инъоми Ӯ[1494] дар бораи ту бисёр аст.
[1494] Қуръони азим, мақоми маҳмуд ва дигар неъматҳое, ки ба дигар ҷаҳониён дода нашудаааст. Тафсири Табарӣ 17\546
અરબી તફસીરો:
قُل لَّئِنِ ٱجۡتَمَعَتِ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِمِثۡلِ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لَا يَأۡتُونَ بِمِثۡلِهِۦ وَلَوۡ كَانَ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٖ ظَهِيرٗا
88. Бигӯ: «Агар инсу ҷин гирд оянд ва иттифоқ кунанд, то монанди ин Қуръонро биёваранд ҳаргиз наметавонанд монанди онро биёваранд, ҳарчанд, ки якдигарро ёрӣ диҳанд».
અરબી તફસીરો:
وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٖ فَأَبَىٰٓ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورٗا
89.Ва ба ростӣ, ки дар ин Қуръон ҳар масъаларо барои мардум бо шеваҳои гуногун баён доштем, вале бештари мардум ҷуз инкор ва ношукрӣ напазиранд.
અરબી તફસીરો:
وَقَالُواْ لَن نُّؤۡمِنَ لَكَ حَتَّىٰ تَفۡجُرَ لَنَا مِنَ ٱلۡأَرۡضِ يَنۢبُوعًا
90. Мушрикон гуфтанд: «Ба ту (эй Муҳаммад) мо ҳаргиз имон намеоварем, магар ин ки барои мо аз замин чашмае равон созӣ,
અરબી તફસીરો:
أَوۡ تَكُونَ لَكَ جَنَّةٞ مِّن نَّخِيلٖ وَعِنَبٖ فَتُفَجِّرَ ٱلۡأَنۡهَٰرَ خِلَٰلَهَا تَفۡجِيرًا
91.ё туро боғе бошад аз дарахтони хурмову ангур, ки дар мобайнаш наҳрҳоро фаровон ҷорӣ гардонӣ,
અરબી તફસીરો:
أَوۡ تُسۡقِطَ ٱلسَّمَآءَ كَمَا زَعَمۡتَ عَلَيۡنَا كِسَفًا أَوۡ تَأۡتِيَ بِٱللَّهِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ قَبِيلًا
92.ё чунон ки иддаъо мекунӣ, осмонро пора-пора бар сари мо фуруд оварӣ ё Аллоҳу фариштагонро пеши мо ҳозир гардонӣ,
અરબી તફસીરો:
أَوۡ يَكُونَ لَكَ بَيۡتٞ مِّن زُخۡرُفٍ أَوۡ تَرۡقَىٰ فِي ٱلسَّمَآءِ وَلَن نُّؤۡمِنَ لِرُقِيِّكَ حَتَّىٰ تُنَزِّلَ عَلَيۡنَا كِتَٰبٗا نَّقۡرَؤُهُۥۗ قُلۡ سُبۡحَانَ رَبِّي هَلۡ كُنتُ إِلَّا بَشَرٗا رَّسُولٗا
93. ё туро хонае аз зарру зевар бошад ё ба сӯи осмон боло равӣ. Ва мо ба осмон боло рафтанатро ҳам бовар намекунем, магар ин ки китобе ҳамроҳи худ барои мо биёварӣ, ки онро хонем». Бигӯ эй Муҳаммад барояшон: «Парвардигори ман пок аст. Ба дурустӣ ман танҳо банда ва фиристодае аз сӯи Аллоҳ барои ҳидояти мардумонам.»
અરબી તફસીરો:
وَمَا مَنَعَ ٱلنَّاسَ أَن يُؤۡمِنُوٓاْ إِذۡ جَآءَهُمُ ٱلۡهُدَىٰٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَبَعَثَ ٱللَّهُ بَشَرٗا رَّسُولٗا
94. Ҳеҷ чиз мардумро аз имон овардан бознадошт, он гоҳ ки ҳидояташон омад, магар ин ки (аз рӯи ҷаҳл ва инкор)[1495] мегуфтанд: «Оё Аллоҳ инсонеро ба унвони пайғамбарӣ фиристодааст?»
[1495] Тафсири Бағавӣ 5\131
અરબી તફસીરો:
قُل لَّوۡ كَانَ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَلَٰٓئِكَةٞ يَمۡشُونَ مُطۡمَئِنِّينَ لَنَزَّلۡنَا عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَلَكٗا رَّسُولٗا
95.Бигӯ эй Паёмбар дар ҷавоби инкорашон: Агар дар рӯи замин ба ҷои инсонҳо фариштагон мезистанд ва бо пойи худ мисли инсонҳо ба оромӣ роҳ мерафтанд, барояшон ба паёмбарӣ фариштае аз осмон нозил мекардем вале аҳли рӯи замин башаранд, пас сазовор аст, ки паёмбар аз ҷинси башар бошад, то суханашро бифаҳманд.[1496]
[1496] Тафсири Табарӣ 17\558
અરબી તફસીરો:
قُلۡ كَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدَۢا بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرٗا
96.Бигӯ: «Аллоҳ ба унвони гувоҳ миёни сидқи ману саркашии шумо кофист, зеро Ӯ аз ҳоли бандагонаш огоҳу биност!»
અરબી તફસીરો:
 
શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અલ્ ઇસ્રા
સૂરહ માટે અનુક્રમણિકા પેજ નંબર
 
કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ: ખ્વાજા મીરૂફ ખ્વાજા મીર - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા

તેનું અનુવાદ ખ્વાજા મીરૂફ ખ્વાજા મીર સાહેબે કર્યું છે. રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્રની દેખરેખ હેઠળ તેની ચકાસણી કરવામાં આવી, મંતવ્યો વ્યક્ત કરવા, અનુવાદના મૂલ્યનું મૂલ્યાંકન કરવા અને તેને વધુ સારું બનાવવાની પ્રક્રિયા ચાલુ રાખવાના હેતુથી મૂળ અનુવાદ રજૂ કરવામાં આવી રહ્યો છે.

બંધ કરો