કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાઝિક ભાષાતર - ખ્વાજા મીરફ ખ્વાજા મીર * - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા


શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અસ્ સોફ્ફાત   આયત:

Сураи Соффот (Фариштагони сафбаста)

وَٱلصَّٰٓفَّٰتِ صَفّٗا
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он фариштагоне, ки барои ибодаташ саф бастаанд,
અરબી તફસીરો:
فَٱلزَّٰجِرَٰتِ زَجۡرٗا
2. пас савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро ба амри Аллоҳ сахт меронанд.
અરબી તફસીરો:
فَٱلتَّٰلِيَٰتِ ذِكۡرًا
3. Ва савганд ба он фариштагоне, ки зикри Аллоҳро мехонанд.
અરબી તફસીરો:
إِنَّ إِلَٰهَكُمۡ لَوَٰحِدٞ
4. Ҳароина эй одамон,маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки шарик надорад. Пас Ӯро ибодат ваитоъат кунед.[2171]
[2171] Аллоҳ таъоло ба чизе аз махлуқоташ хоҳад касам мехӯрад. Аммо барои халқаш чоиз нест қасам хӯрдан, магар ба номи Аллоҳ, пас қасам хӯрдан ба номи ғайри Аллоҳ ширк аст.
અરબી તફસીરો:
رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَرَبُّ ٱلۡمَشَٰرِقِ
5. Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёнионҳост. Ва Парвардигори машриқҳост!
અરબી તફસીરો:
إِنَّا زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِزِينَةٍ ٱلۡكَوَاكِبِ
6. ҳароина, Мо осмони дунёро оростаем ба зиннати ситорагон.
અરબી તફસીરો:
وَحِفۡظٗا مِّن كُلِّ شَيۡطَٰنٖ مَّارِدٖ
7. Ва осмонро ба ситорагон аз ҳар шайтони саркаш нигаҳ доштем.
અરબી તફસીરો:
لَّا يَسَّمَّعُونَ إِلَى ٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰ وَيُقۡذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٖ
8. То натавонанд шайтонҳо, ки бирасанд ба “Малау-л-аъло” (яъне, ба осмонҳо ва ба фариштагоне, ки дар он ҷо мебошанд, то бишнаванд суханеро, ки Аллоҳ ба онҳо ваҳй мекунад). Ва аз ҳар сӯй андохта шаванд бо ситорае (шӯълае).
અરબી તફસીરો:
دُحُورٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ وَاصِبٌ
9. То шайтонҳо ронда шаванд аз осмон ва барои онҳост дар охират азоби доими аламовар.
અરબી તફસીરો:
إِلَّا مَنۡ خَطِفَ ٱلۡخَطۡفَةَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٞ ثَاقِبٞ
10. Магар он шайтон, ки ногаҳон пораи хабареро бирабояд ва он сухане мебошад, ки мешунавад ӯро аз осмон, пас онро ба шайтони поёнӣ медиҳад ва он ба дигаре, ки аз ӯ поёнтар аст медиҳад ва мумкин аст, ки шӯълае ӯро дарк кунад ва сӯзонад ва мумкин аст, ки ба қазо қадари Аллоҳ шӯъла онро дарк накунаду насӯзонад, пас он каломро шайтоне ба коҳине[2172] мерасонад ва дар он сад дурӯғи дигар изофа мекунад[2173].
[2172] Касе, ки даъвои хабари ғайб мекунад.
[2173] Тафсири Саъдӣ 1/ 700
અરબી તફસીરો:
فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَهُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَم مَّنۡ خَلَقۡنَآۚ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّن طِينٖ لَّازِبِۭ
11. Пас, эй Паёмбар аз кофироне, ки аз нав зинда шуданро инкор мекунанд бипурс, ки офариниши онҳо душвортараст ё он чи Мо офаридаем. Ҳароина, Мо падарашон Одамро аз гили часпанда офаридаем.
અરબી તફસીરો:
بَلۡ عَجِبۡتَ وَيَسۡخَرُونَ
12. Балки ту эй Паёмбар таъаҷҷуб мекунӣ аз дӯруғ бароварданашон ва мункир шуданашон баъсро[2174] ва аҷибтар ин аст, ки онҳо туро истеҳзо ва суханҳоятро масхара мекунанд.
[2174]Аз нав зинда шудани баъд аз мурдан.
અરબી તફસીરો:
وَإِذَا ذُكِّرُواْ لَا يَذۡكُرُونَ
13. Ва чун онҳоро хотиррасон карда панд дода шавад он чизеро ки фаромӯш кардаанд ё ғофил мондаанд, пандро намепазиранд.
અરબી તફસીરો:
وَإِذَا رَأَوۡاْ ءَايَةٗ يَسۡتَسۡخِرُونَ
14. Ва чун мӯъчизаеро бубинанд, ки далолат ба паёмбарии ту мекунад, онро ба масхара мегиранд.
અરબી તફસીરો:
وَقَالُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٌ
15. Ва гӯянд: « Ин чизе, ки ту овардаӣҷуз ҷодуи ошкоре нест,
અરબી તફસીરો:
أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ
16. оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухони пӯсида шудем, боз аз нав зинда хоҳем шуд?
અરબી તફસીરો:
أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ
17. Оёпадарони гузаштаи мо низ зинда хоҳанд шуд?
અરબી તફસીરો:
قُلۡ نَعَمۡ وَأَنتُمۡ دَٰخِرُونَ
18. Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Ореҳамаи шумо зинда мешавед, дар ҳоле ки хору бечора хоҳед буд!»
અરબી તફસીરો:
فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ فَإِذَا هُمۡ يَنظُرُونَ
19.Пас албатта аз нав зинда шудан ба як садои маргбор аст. Пас онҳо бармехезанд аз қабрҳояшон ва мебинанд аҳволи қиёматро.[2175]
[2175] Тафсири Бағавӣ 7\37
અરબી તફસીરો:
وَقَالُواْ يَٰوَيۡلَنَا هَٰذَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ
20. Ва мегӯянд: «Ҳалокӣ бар мо, ин ҳамон рӯзи ҳисоб ва ҷазост!»
અરબી તફસીરો:
هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
21. Гуфта шавад ба онҳо: Ин ҳамон рӯзи доварӣ ҳаст, ки дар дунё дурӯғашмепиндоштед.
અરબી તફસીરો:
۞ ٱحۡشُرُواْ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ وَأَزۡوَٰجَهُمۡ وَمَا كَانُواْ يَعۡبُدُونَ
22. Гуфта шавад ба фариштагон: Ҷамъ кунед онҳоеро, ки ба Аллоҳ кофир шуданд ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ ва ҳамроҳ бо он чи мепарастиданд,
અરબી તફસીરો:
مِن دُونِ ٱللَّهِ فَٱهۡدُوهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡجَحِيمِ
23. ба ҷои Аллоҳи якто, пас биронед онҳоро, рондане дурушт сӯӣ ҷаҳаннам.
અરબી તફસીરો:
وَقِفُوهُمۡۖ إِنَّهُم مَّسۡـُٔولُونَ
24. Ва ононро пеш аз расидан сӯи ҷаҳаннам нигаҳ доред, ҳамоно бояд, ки пурсуҷӯ шаванд[2176].
[2176] Яъне, аз корҳо ва гуфторҳои ботиле, ки дар дунё мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1/701
અરબી તફસીરો:
مَا لَكُمۡ لَا تَنَاصَرُونَ
25. Ба онҳо сахт гуфта шавад: «Шуморо чи шуд, киҳамдигарро ёрӣ намекунед?»
અરબી તફસીરો:
بَلۡ هُمُ ٱلۡيَوۡمَ مُسۡتَسۡلِمُونَ
26. Балки, имрӯз онҳо ба амри Аллоҳ таслимшавандагонанд ва дар қиёмат барои худ чорае андеша натавонанд.
અરબી તફસીરો:
وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ
27. Ва он гоҳ кофирон рӯй ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар маломаткунон бипурсанд.
અરબી તફસીરો:
قَالُوٓاْ إِنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَأۡتُونَنَا عَنِ ٱلۡيَمِينِ
28. Пайравон ба пешвоёни худ гӯянд: «Албатта шумо будед, ки моро гумроҳ мекардед, ва аз ҷониби дину шариъат пеши мо меомадед ва амрҳои динро ба мо нодуруст нишон медодед ва моро аз дин мегурезонидед ва ботилро барои мо зиннат медодед.[2177]
[2177]Тафсири Бағавӣ 7/38
અરબી તફસીરો:
قَالُواْ بَل لَّمۡ تَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ
29. Пешвоён ба пайравон гӯянд: «На, чунин нест, балки камбудӣ аз худатон буд, дилҳоятон имонро инкор мекард ва куфру исёнро қабул мекард.[2178]
[2178] Тафсири ибни Касир 7\11
અરબી તફસીરો:
وَمَا كَانَ لَنَا عَلَيۡكُم مِّن سُلۡطَٰنِۭۖ بَلۡ كُنتُمۡ قَوۡمٗا طَٰغِينَ
30. Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд, ки шуморо аз имон боздорем. Балки шумо эй мушрикон худ мардумоне нофармону таҷовузкор будед.
અરબી તફસીરો:
فَحَقَّ عَلَيۡنَا قَوۡلُ رَبِّنَآۖ إِنَّا لَذَآئِقُونَ
31.Пасгуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷиб шуд. Ҳамоно мову шумо бояд бичашем азобро ба сабаби гуноҳое, ки дар дунё кардаем.[2179]
[2179] Тафсири Табарӣ 21 / 33
અરબી તફસીરો:
فَأَغۡوَيۡنَٰكُمۡ إِنَّا كُنَّا غَٰوِينَ
32. Пас мо шуморо аз роҳи Аллоҳ ва имони ба Ӯ гумроҳ кардем ҳамоно худ аз ин пеш гумроҳ будем, пас ҳалокати мо ба сабаби куфрамон буд ва шуморо бо ҳамроҳамон ҳалок кардем.
અરબી તફસીરો:
فَإِنَّهُمۡ يَوۡمَئِذٖ فِي ٱلۡعَذَابِ مُشۡتَرِكُونَ
33. Пас, ҳароина, дар рӯзи қиёмат ҳама дар азоб шариканд. Чунон ки дар дунё дар нофармонии Аллоҳ шарик буданд.[2180]
[2180] Тафсири Саъдӣ 1\702
અરબી તફસીરો:
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ
34. Мо бо касоне, ки дар дунё тоъати Аллоҳро ба ҷой наоварда, гуноҳ карданд, чунин рафтор мекунем[2181].
[2181] Яъне, онҳоро азоби дарднок мечашонем.
અરબી તફસીરો:
إِنَّهُمۡ كَانُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَهُمۡ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ يَسۡتَكۡبِرُونَ
35. Зеро онҳо буданд, ки чун калимаи "Ла илоҳа иллаллоҳ"[2182] ба онҳо гуфта мешуд, такаббур мекарданд.
[2182] Яъне, даъват карда мешуданд ба маъбуди ягона, ки ба ҷуз Ӯ касе ва чизе сазовори парастиш шуда наметавонад, такаббур мекарданд.
અરબી તફસીરો:
وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوٓاْ ءَالِهَتِنَا لِشَاعِرٖ مَّجۡنُونِۭ
36. Ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоъири девонае[2183]маъбудонамонро тарк кунем?»
[2183] Яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Бағавӣ 7/ 39
અરબી તફસીરો:
بَلۡ جَآءَ بِٱلۡحَقِّ وَصَدَّقَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
37. Дурӯғ гуфтанд. На, Муҳаммад чунин нест , чунон ки онҳо ӯро сифат карданд, балки ӯ Қуръон ва тавҳидро овард ва паёмбарони пешинро аз он чи аз шариъати Аллоҳ хабар дода буданд, тасдиқ намуд.[2184]
[2184] Тафсири Саъдӣ 1\702
અરબી તફસીરો:
إِنَّكُمۡ لَذَآئِقُواْ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَلِيمِ
38. Ҳароина, шумо эй мушрикон ба сабаби куфратон азоби дардоварро, ҳатман, хоҳед чашид!
અરબી તફસીરો:
وَمَا تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
39. Ва ҷазо дода намешавед дар охират, магар мувофиқи гуноҳоне, ки дар дунё кардаед.
અરબી તફસીરો:
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
40. Магар бандагони мухлиси Аллоҳ,[2185] ки ибодаташро барояш холис сохтаанд
[2185] Яъне, аҳли тавҳид . Онҳоеро, ки холис сохтааст ба раҳмати худаш, пас онҳо аз азоби дарднок наҷот ёфтагонанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 702
અરબી તફસીરો:
أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ رِزۡقٞ مَّعۡلُومٞ
41. Барои онҳо дар ҷаннат ризқи муайяне аст, ки ҳамеша бардавом аст.
અરબી તફસીરો:
فَوَٰكِهُ وَهُم مُّكۡرَمُونَ
42. Ризқу рӯзиашон аз меваҳои ҳархела ва онҳо гиромӣ шудагонанд,
અરબી તફસીરો:
فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ
43. дар биҳиштҳои пур аз нозу неъмат,
અરબી તફસીરો:
عَلَىٰ سُرُرٖ مُّتَقَٰبِلِينَ
44. бар тахтҳое[2186] дар рӯ ба рӯи якдигар (нишастаанд).
[2186] Яъне, нишастгоҳҳои баланду зебо. Тафсири Саъдӣ 1/ 702
અરબી તફસીરો:
يُطَافُ عَلَيۡهِم بِكَأۡسٖ مِّن مَّعِينِۭ
45. Ва барои ононҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад,
અરબી તફસીરો:
بَيۡضَآءَ لَذَّةٖ لِّلشَّٰرِبِينَ
46. сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш,
અરબી તફસીરો:
لَا فِيهَا غَوۡلٞ وَلَا هُمۡ عَنۡهَا يُنزَفُونَ
47. на дар он шароб ақл пӯшида шавад ва на онҳо аз он шароб маст шаванд.[2187]
[2187] Ибни Касир мегӯяд: "Саҳеҳтарин қавл, қавли Муҷоҳид аст, ки мурод аз (ғавл) дарди шикам мебошад"
અરબી તફસીરો:
وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ عِينٞ
48. Ва дар наздашон занони фаррохчашм ҳастанд, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд ва ғайри онҳоро намехоҳанд.
અરબી તફસીરો:
كَأَنَّهُنَّ بَيۡضٞ مَّكۡنُونٞ
49. гуё ки ҳурони биҳишт, дар сафедӣ монанди тухмҳои пӯшидашудае ҳастанд. (Ин ба хотири зебоӣ ва сафои онҳост ва рангҳояшон зеботарин ва дурахшандатарин рангҳост)[2188]
[2188]Тафсири Саъдӣ 1/ 702
અરબી તફસીરો:
فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ
50. Дар ҷаннат рӯ ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар мепурсанд, ки дар дунё чӣ қадар машаққатҳо кашида буданд ва дар баробари он Аллоҳ ба онҳо ҷаннатро арзонӣ кардааст. Ва ин намоёнгари айшу ишрати комили онҳо дар биҳишт аст.[2189]
[2189]Тафсири ибни Касир 7\15
અરબી તફસીરો:
قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ إِنِّي كَانَ لِي قَرِينٞ
51. Яке аз ҷаннатиҳо гӯяд: « Маро дар дунё ҳамнишини кофире буд,
અરબી તફસીરો:
يَقُولُ أَءِنَّكَ لَمِنَ ٱلۡمُصَدِّقِينَ
52. ки ба ман мегуфт: « Оё ту аз гурӯҳи онҳое ҳастӣ, ки рӯзи баъсро тасдиқ мекунанд?
અરબી તફસીરો:
أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَدِينُونَ
53. Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, зинда мешавемуҷазоямон медиҳанд?»
અરબી તફસીરો:
قَالَ هَلۡ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ
54. Гӯяд ин мӯъмини ҷаннатӣ ба шариконаш: Оё шумо мебинед бошишгоҳи он ҳамнишини манро?
અરબી તફસીરો:
فَٱطَّلَعَ فَرَءَاهُ فِي سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ
55. Пас худаш аз боло бингарист ва ӯро[2190] дар миёни оташи дӯзах дид.
[2190]Он ҳамнишини кофирро. Тафсири Бағавӣ 7/ 41
અરબી તફસીરો:
قَالَ تَٱللَّهِ إِن كِدتَّ لَتُرۡدِينِ
56.Гӯяд мӯъмин ба он мункири баъс: «Ба Аллоҳ савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ.
અરબી તફસીરો:
وَلَوۡلَا نِعۡمَةُ رَبِّي لَكُنتُ مِنَ ٱلۡمُحۡضَرِينَ
57. Ва агар неъмати (роҳнамоии) Парвардигорам намебуд, ман низ ҳамроҳи тудар азоб мебудам.
અરબી તફસીરો:
أَفَمَا نَحۡنُ بِمَيِّتِينَ
58. Оё мо баъд аз даромаданамон ба ҷаннат дар ҳақиқат ҷовидон мемонем, пас моро марге нест?,
અરબી તફસીરો:
إِلَّا مَوۡتَتَنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ
59. ҷуз он марги нахустин дар дунё? Ва баъди даромаданамон ба ҷаннат дигар моро азоб намекунанд!?
અરબી તફસીરો:
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
60. Ҳароина, ин аст комёбии бузург![2191]
[2191] Тафсири Табарӣ 21\51
અરબી તફસીરો:
لِمِثۡلِ هَٰذَا فَلۡيَعۡمَلِ ٱلۡعَٰمِلُونَ
61. Барои чунин неъмат ва подоши бузург, бояд амалкунандагон дар дунё амал кунанд, то бирасанд ба он дар охират.
અરબી તફસીરો:
أَذَٰلِكَ خَيۡرٞ نُّزُلًا أَمۡ شَجَرَةُ ٱلزَّقُّومِ
62. Оё барои пазирои ин ҳама неъматҳои биҳишти ҷовидонӣ беҳтар аст ё дарахти заққум (дарахтест бадбӯ ва талх дар ҷаҳаннам)?[2192]
[2192] Тафсири Бағавӣ 7/ 42
અરબી તફસીરો:
إِنَّا جَعَلۡنَٰهَا فِتۡنَةٗ لِّلظَّٰلِمِينَ
63. Ҳамоно Мо он дарахтро барои уқубати ситамкорон падид овардаем.[2193]
[2193]Ё, ки Мо онро танҳоозмуни ситамкорон қарор кардаем, ки вуҷуди онро дар дунё инкор мекунанд. Баъди нузули ин оят кофирон гуфтанд : Дар дӯзах чи тавр дарахт мерӯяд, оё оташ онро намесӯзонад.Тафсири Табарӣ 21/ 53
અરબી તફસીરો:
إِنَّهَا شَجَرَةٞ تَخۡرُجُ فِيٓ أَصۡلِ ٱلۡجَحِيمِ
64. Ҳамоно дарахтест, ки аз қаҳри ҷаҳаннам мерӯяд
અરબી તફસીરો:
طَلۡعُهَا كَأَنَّهُۥ رُءُوسُ ٱلشَّيَٰطِينِ
65. мевааш зиштрӯй монанди сари шайётин аст,
અરબી તફસીરો:
فَإِنَّهُمۡ لَأٓكِلُونَ مِنۡهَا فَمَالِـُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ
66. пас дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд.
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ إِنَّ لَهُمۡ عَلَيۡهَا لَشَوۡبٗا مِّنۡ حَمِيمٖ
67. Баъд аз болои он, ҳаройина омезае аз оби сӯзон менӯшанд (яъне, баъди хӯрдани меваи Заққум аз болои он маҷбуран оби ифлосу сӯзоне нӯшонида мешаванд).[2194]
[2194] Тафсири Табарӣ 21/ 55
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ إِنَّ مَرۡجِعَهُمۡ لَإِلَى ٱلۡجَحِيمِ
68. Сипас бозгашташон, албатта ба ҷаҳаннам аст.
અરબી તફસીરો:
إِنَّهُمۡ أَلۡفَوۡاْ ءَابَآءَهُمۡ ضَآلِّينَ
69. Ҳароина, онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ва мушрик ёфтанд.
અરબી તફસીરો:
فَهُمۡ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمۡ يُهۡرَعُونَ
70. Пасонҳо ба дунболи падаронашон шитобон ронда мешаванд.
અરબી તફસીરો:
وَلَقَدۡ ضَلَّ قَبۡلَهُمۡ أَكۡثَرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
71. Ва ба таҳқиқ пеш аз қавмат эй Паёмбар бештари пешиниён гумроҳ буданд.
અરબી તફસીરો:
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا فِيهِم مُّنذِرِينَ
72. Ва ҳамоно Мо расулони бимдиҳандае дар миёнашон фиристодем, пас кофир шуданд.
અરબી તફસીરો:
فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُنذَرِينَ
73. Пас, бингар (тааммул кун), ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд? Ҳамоно ҳама кофир шуданд, пас азоб карда шуданд ва барои мардум ибрате шуданд.[2195]
[2195]Тафсири Табарӣ 21/ 57
અરબી તફસીરો:
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
74. Ҷуз бандагони мухлиси Аллоҳ, ки онҳоро ба сӯи имон ва тавҳид барои худаш холис гардонидааст! Пас онҳо наҷот ёфтагонанд.[2196]
[2196] Тафсири Табарӣ 21\58
અરબી તફસીરો:
وَلَقَدۡ نَادَىٰنَا نُوحٞ فَلَنِعۡمَ ٱلۡمُجِيبُونَ
75. Ва ҳамоно паёмбарамон Нӯҳморо нидо кард то ӯро пирӯзӣ бар қавмаш диҳем, пас Мо хуб қабулкунандаи дуъоем.
અરબી તફસીરો:
وَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ
76. Ӯ ва мӯъминони ҳамроҳашро аз озори мушрикон ва аз ғарқ шудан ва тӯфони бузург наҷот додем.[2197]
[2197] Яъне, аз ғарқ шудан.Тафсири Бағавӣ 7/ 43
અરબી તફસીરો:
وَجَعَلۡنَا ذُرِّيَّتَهُۥ هُمُ ٱلۡبَاقِينَ
77. Ва танҳо фарзандони ӯробаъди ғарқшудани қавмаш боқӣ гузоштем.
અરબી તફસીરો:
وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
78. Ва барои ӯ дар миёни наслҳои баъдина номи неке боқӣгузоштем.
અરબી તફસીરો:
سَلَٰمٌ عَلَىٰ نُوحٖ فِي ٱلۡعَٰلَمِينَ
79. Салом ва эминӣ бар Нӯҳ бод дар миёни ҷаҳониён[2198].
[2198] Яъне, ҳамеша бар ӯ санои нек мегӯянд ва барои ӯ дуъо карда ва дуруду раҳмат мефиристанд ва аз бадӣ ёд кардан ҳамеша дур мебошанд. Тафсири Бағавӣ 7\44
અરબી તફસીરો:
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
80. Ҳароина, Мо ин гуна некӯкоронро мисли подоши Нӯҳ подош медиҳем.
અરબી તફસીરો:
إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
81. Ҳароина, Нӯҳ аз бандагони содиқ ва амалкунанда ба амрҳои Аллоҳ буд.
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ
82. Сипас дигаронро дурӯғбаровардагонро бо тӯфон ғарқ сохтем. Ҳеҷ касе аз онҳо боқӣ намонд.
અરબી તફસીરો:
۞ وَإِنَّ مِن شِيعَتِهِۦ لَإِبۡرَٰهِيمَ
83. Ҳароина, Иброҳим аз пайравон ва миллатиНӯҳ буд.
અરબી તફસીરો:
إِذۡ جَآءَ رَبَّهُۥ بِقَلۡبٖ سَلِيمٍ
84. Он гоҳ ки бо дили холӣ аз эътиқодҳои ботил ва ахлоқи бад рӯй ба сӯи Парвардигораш овард.
અરબી તફસીરો:
إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَاذَا تَعۡبُدُونَ
85. Чун ба падараш ва қавмаш гуфт: Чиро мепарастед?
અરબી તફસીરો:
أَئِفۡكًا ءَالِهَةٗ دُونَ ٱللَّهِ تُرِيدُونَ
86. Оё ба ҷои Аллоҳи якто маъбуди дурӯғинро мехоҳед ва парастиши Аллоҳи ягонаро тарк мекунед?
અરબી તફસીરો:
فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
87. Пас ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?[2199]»
[2199] Яъне, гумони шумо барои ҷазо гирифтанатон аз Аллоҳ ба сабаби ширкатон чист? Тафсири Табарӣ 21/ 63
અરબી તફસીરો:
فَنَظَرَ نَظۡرَةٗ فِي ٱلنُّجُومِ
88. Пас Иброҳим нигоҳе ба ситорагон кард, то узре пазирад, ки ҳамроҳи қавмаш ба идгоҳашон наравад.
અરબી તફસીરો:
فَقَالَ إِنِّي سَقِيمٞ
89. Пас гуфт: «Ҳароина, ман беморам.
અરબી તફસીરો:
فَتَوَلَّوۡاْ عَنۡهُ مُدۡبِرِينَ
90. Пас аз ӯ рӯй гардониданд ва бозгаштанд.
અરબી તફસીરો:
فَرَاغَ إِلَىٰٓ ءَالِهَتِهِمۡ فَقَالَ أَلَا تَأۡكُلُونَ
91. Пас шитобон ва пинҳон назди бутонашон омад ва (аз тариқи истеҳзо) гуфт: Чизе аз ин таъомҳое, ки барои шумо пешкаш кардаанд, намехӯред?[2200]
[2200] Тафсири Табарӣ 21/66
અરબી તફસીરો:
مَا لَكُمۡ لَا تَنطِقُونَ
92. Шуморо чи шудааст, ки сухан намегӯед ва ҷавоб намедиҳед?
અરબી તફસીરો:
فَرَاغَ عَلَيۡهِمۡ ضَرۡبَۢا بِٱلۡيَمِينِ
93. Пас мутаваҷҷеҳ шуд бар бутҳо ва мезад онҳоро бо дасти рост: то исбот кунад хато будани ибодати онҳоро.
અરબી તફસીરો:
فَأَقۡبَلُوٓاْ إِلَيۡهِ يَزِفُّونَ
94. Қавмаш шитобону ғазабнок наздаш омаданд.
અરબી તફસીરો:
قَالَ أَتَعۡبُدُونَ مَا تَنۡحِتُونَ
95. Гуфт (Иброҳим ба қавмаш): «Оё бутҳоеро, ки худ метарошед бо дастонатон, мепарастед ва тарк мекунед ибодати Парвардигоре, ки шуморо халқ кардааст?
અરબી તફસીરો:
وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ وَمَا تَعۡمَلُونَ
96. Ва Аллоҳ офаридааст шуморо ва ҳар чизеро, ки шумо месозед.[2201]
[2201] Тафсири Бағавӣ 7\45
અરબી તફસીરો:
قَالُواْ ٱبۡنُواْ لَهُۥ بُنۡيَٰنٗا فَأَلۡقُوهُ فِي ٱلۡجَحِيمِ
97.Пас вақте ки ҳуҷҷат бар зидди онҳо барпо шуд, роҳи зӯриро пеш гирифтагуфтанд: «Барои Иброҳим биное созед ва ӯро дар оташ андозед».
અરબી તફસીરો:
فَأَرَادُواْ بِهِۦ كَيۡدٗا فَجَعَلۡنَٰهُمُ ٱلۡأَسۡفَلِينَ
98. Пас қавми Иброҳим хостанд, барои ӯ макру ҳилае кунанд. Пас сохтем мушриконро поёнтару мағлубтар. Ва гардонид Аллоҳ ҳилаашонро бар зидди худашон ва оташро барои Иброҳим сард гардонид.[2202]
[2202] Тафсири Табарӣ 21/ 71
અરબી તફસીરો:
وَقَالَ إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَىٰ رَبِّي سَيَهۡدِينِ
99.Вагуфт Иброҳим: «Ҳароина, ман ба сӯи Парвардигорам аз сарзамини қавми худ баромада ба ҷое меравам, ки имконият меёбам ибодат кардани Парвардигорамро. Ӯ маро ба сӯи хубиҳои динам ва дунёям роҳнамоӣ хоҳад кард.[2203]
[2203] Тафсири Табарӣ 21/ 71
અરબી તફસીરો:
رَبِّ هَبۡ لِي مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
100. Эй Парвардигори ман, маро фарзанди солеҳ ато кун!»
અરબી તફસીરો:
فَبَشَّرۡنَٰهُ بِغُلَٰمٍ حَلِيمٖ
101. Пас, ӯро ба писари бурдбор мужда додем.[2204]
[2204] Яъне, Исмоил алайҳиссалом, ки дар калонсолиаш бурдбор мешавад. Тафсири Бағавӣ 7/ 46
અરબી તફસીરો:
فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ ٱلسَّعۡيَ قَالَ يَٰبُنَيَّ إِنِّيٓ أَرَىٰ فِي ٱلۡمَنَامِ أَنِّيٓ أَذۡبَحُكَ فَٱنظُرۡ مَاذَا تَرَىٰۚ قَالَ يَٰٓأَبَتِ ٱفۡعَلۡ مَا تُؤۡمَرُۖ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلصَّٰبِرِينَ
102.Пас чун фарзандаш Исмоил ба синне расид, кибо падари худ кору кӯшиш тавонад кард, гуфт (падар ба писараш): «Эй писаракам, ҳароина, дар хоб дидаам, ки туро, бе шубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» Гуфт (Исмоил ) «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣдар мавриди забҳи ман амал кун, ки агар Аллоҳ бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт».
અરબી તફસીરો:
فَلَمَّآ أَسۡلَمَا وَتَلَّهُۥ لِلۡجَبِينِ
103. Чун ҳарду ба амри Аллоҳ таслим шуданд ва Иброҳимписарашро барои забҳ ба пешонӣ хобонид,
અરબી તફસીરો:
وَنَٰدَيۡنَٰهُ أَن يَٰٓإِبۡرَٰهِيمُ
104. Мо дар он ҳолати вазнин нидояш кардем: «Эй Иброҳим,
અરબી તફસીરો:
قَدۡ صَدَّقۡتَ ٱلرُّءۡيَآۚ إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
105. ҳамоно кардӣ он кореро, ки ба он амр шудӣ ва хобатро ба ҳақиқат пайвастӣ». Ва мо, ҳароина, некӯкоронро чунин подош медиҳем. Чунон ки туро подош додем, пас онҳоро аз сахтиҳои дунё ва охират мераҳонем.[2205]
[2205] Тафсири Табарӣ 21/ 78
અરબી તફસીરો:
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡبَلَٰٓؤُاْ ٱلۡمُبِينُ
106. Албатта, ин моҷаро (яъне, фармони Мо ба ту, ки қурбонӣ кунӣ писаратро) озмоиши вазнине буд, ки қуввати имонатро ошкор кард.[2206]
[2206] Тафсири Саъдӣ 1/ 706
અરબી તફસીરો:
وَفَدَيۡنَٰهُ بِذِبۡحٍ عَظِيمٖ
107. Ва Исмоилро бо гӯсфанди[2207] бузургҷусса бозхаридем.
[2207] Аллоҳ таъоло аз осмон гӯсфанди фарбеҳ ва бузургҷуссаро барои Иброҳим алайҳиссалом фурӯ фиристод ва Иброҳим онро дар ивази фарзандаш Исмоил забҳ кард. Тафсири Саъдӣ 1/ 706
અરબી તફસીરો:
وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
108. Ва номи неки Ибоҳимро барои наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
અરબી તફસીરો:
سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ
109. Салом[2208] аз ҷониби Аллоҳ бар Иброҳим!
[2208] Мурод аз ин дуъоест: Аз ҳама офатҳо саломат монад ва барояш сано ва ситоиши нек бод. Тафсири Табарӣ 21\91
અરબી તફસીરો:
كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
110. Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем. Чунон ки Иброҳимро барои итоъат ва ба ҷо овардани амрамон подош додем!
અરબી તફસીરો:
إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
111. Ҳароина, ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.
અરબી તફસીરો:
وَبَشَّرۡنَٰهُ بِإِسۡحَٰقَ نَبِيّٗا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
112. Ва Иброҳимро ба таваллуди писараш Исҳоқ, ки паёмбар ва аз ҷумлаи солеҳон буд мужда додем.
અરબી તફસીરો:
وَبَٰرَكۡنَا عَلَيۡهِ وَعَلَىٰٓ إِسۡحَٰقَۚ وَمِن ذُرِّيَّتِهِمَا مُحۡسِنٞ وَظَالِمٞ لِّنَفۡسِهِۦ مُبِينٞ
113. Ва бар ӯ ва бар Исҳоқ баракат додем ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор (фамонбардори Аллоҳ) ҳастанд ва баъзе ошкоро бар худ ситам кардаанд, (яъне кофир шудаанд).[2209]
[2209] Тафсири Саъдӣ 1/ 706
અરબી તફસીરો:
وَلَقَدۡ مَنَنَّا عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
114. Ва ҳамоно Мо ба Мӯсо ва Ҳорун паёмбарӣ ва рисолатро инъом кардем.
અરબી તફસીરો:
وَنَجَّيۡنَٰهُمَا وَقَوۡمَهُمَا مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ
115. Он дуро ва мардумашонро аз ранҷи бузург[2210] наҷот бахшидем.
[2210] Яъне, аз ғуломӣ ва ғарқ. Тафсири Табарӣ 21/ 93
અરબી તફસીરો:
وَنَصَرۡنَٰهُمۡ فَكَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ
116. Ваононро ёрӣ додем, пас бар Фиръавн пирӯз шуда ғалаба карданд.
અરબી તફસીરો:
وَءَاتَيۡنَٰهُمَا ٱلۡكِتَٰبَ ٱلۡمُسۡتَبِينَ
117. Ва ба ҳардуяшон Китоби равшангар (Таврот)[2211] додем.
[2211] Тафсири Табарӣ 21/ 93
અરબી તફસીરો:
وَهَدَيۡنَٰهُمَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ
118. Ва ба ҳардуяшон роҳи ростро[2212] ҳидояткардем.
[2212] Яъне, дини Ислом, ки тамоми паёмбарон ба ин дин фиристонида шудаанд.
અરબી તફસીરો:
وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِمَا فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
119. Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
અરબી તફસીરો:
سَلَٰمٌ عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
120. Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Мӯсо ва Ҳорун!
અરબી તફસીરો:
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
121.Ҳароина, Мо бандагони некӯкорамонро инчунин подош медиҳем, чунон ки Мӯсо ва Ҳорунро подоши неку додем!
અરબી તફસીરો:
إِنَّهُمَا مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
122. Ҳароина, он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд.
અરબી તફસીરો:
وَإِنَّ إِلۡيَاسَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
123. Ва ҳароина, бандаамон Илёс аз зумраи паёмбарон буд.
અરબી તફસીરો:
إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَلَا تَتَّقُونَ
124. Ба мардуми худ ба бани Исроил гуфт: « Аз Аллоҳ битарсед ва ба Ӯ чизеро ширк наёред!
અરબી તફસીરો:
أَتَدۡعُونَ بَعۡلٗا وَتَذَرُونَ أَحۡسَنَ ٱلۡخَٰلِقِينَ
125. Оё Баълро (номи бут) парастиш мекунед ва парастиши Аллоҳ, беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед?
અરબી તફસીરો:
ٱللَّهَ رَبَّكُمۡ وَرَبَّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ
126.Ва Аллоҳро, ки Парвардигори (офаридагори) шумо ва Парвардигори падарони пешинаи шумост».
અરબી તફસીરો:
فَكَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ
127. Пас, қавмаш Илёсро дурӯғ бароварданд, пас албатта Аллоҳ онҳоро рӯзи қиёмат барои ҳисобу иқоб ҷамъ меоварад.
અરબી તફસીરો:
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
128. Магар бандагони мухлиси Аллоҳ, ки динашонро барои Аллоҳ холис сохтанд, пас ҳамоно онҳо наҷотёфтагонанд аз азобаш![2213]
[2213]Тафсири Саъдӣ 1\707
અરબી તફસીરો:
وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
129. Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштем.
અરબી તફસીરો:
سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِلۡ يَاسِينَ
130. Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Илёс!
અરબી તફસીરો:
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
131. Ҳароина, Мо бандагони некӯкорамонро инчунин подош (мукофот) медиҳем, чунон ки Илёсро бар итоъаткориаш подоши нек додем!
અરબી તફસીરો:
إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
132. Ҳароина, ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.
અરબી તફસીરો:
وَإِنَّ لُوطٗا لَّمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
133. Ва ҳароина, Лутро ихтиёр кардем, пас ӯро аз паёмбарон гардонидем.
અરબી તફસીરો:
إِذۡ نَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ
134. Он ҳангом, ки ӯ ва тамоми аҳлашро аз азоб наҷот додем.
અરબી તફસીરો:
إِلَّا عَجُوزٗا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ
135. Магар пиразане, ки ҳамсари Лут буд ӯро бо ҳамроҳи қавмаш ҳалок кардем.[2214]
[2214] Зеро, ки ҳамсари Лут кофира буд. Тафсири Саъдӣ 1/ 707
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ
136. Сипас қавмикофири боқимондаашро ҳалок кардем.
અરબી તફસીરો:
وَإِنَّكُمۡ لَتَمُرُّونَ عَلَيۡهِم مُّصۡبِحِينَ
137.Ва шумо (эй аҳли Макка) гузар мекунед ба ҷою масканҳои қавми Лут дар вақти субҳ, ки осори азоб дар онҳо мавҷуд аст.
અરબી તફસીરો:
وَبِٱلَّيۡلِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
138. Ва низ шабона гузар мекунед ҳангоми рафту омаданатон ба сӯи Шом. Оё оқилона намеандешед? Пас битарсед мабодо, ки мусибати онҳо ба сари шумо ҳам наояд.[2215]
[2215] Тафсири Табарӣ 21/ 105
અરબી તફસીરો:
وَإِنَّ يُونُسَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
139. Ва ҳароина, бандаамон Юнусро ихтиёр кардем ва гардонидем ӯро аз зумраи паёмбарон.
અરબી તફસીરો:
إِذۡ أَبَقَ إِلَى ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ
140. Онгоҳ, ки бар қавми худ ғазаб карда ба сӯи киштии пурбор гурехт,[2216]
[2216] Юнус алайҳиссалом ба қавмаш ғазаб карда аз деҳааш хориҷ шуда ба сӯи киштие, ки пур аз одам ва матоъ буд, гурехт. Тафсири Саъдӣ 1\707
અરબી તફસીરો:
فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنَ ٱلۡمُدۡحَضِينَ
141. Мавҷ аз ҳар тараф киштиро иҳота кард. Пас қуръа заданд аҳли кишти то, ки бори киштиро сабук кунанд ва киштӣ ғарқ нашавад. Ва Юнус дар қуръа мағлуб шуд. Ва ӯро ба баҳр партофтанд.[2217]
[2217] Тафсири Саъдӣ 1/ 707
અરબી તફસીરો:
فَٱلۡتَقَمَهُ ٱلۡحُوتُ وَهُوَ مُلِيمٞ
142. Пас моҳӣ ӯро фурӯ бурд ва ӯдар ҳоле, ки лоиқи сарзаниш буд[2218].
[2218] Зеро, ки қавмашро партофта рафт. Тафсири Саъдӣ 1/ 707
અરબી તફસીરો:
فَلَوۡلَآ أَنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلۡمُسَبِّحِينَ
143. Пас агар ибодатҳои пешинааш ва амалҳои шоистааш, ки пеш аз воқеъ шуданаш дар шиками моҳӣва тасбеҳаш намебуд,[2219]
[2219] Тасбеҳи Юнус алайҳиссаломдар шиками моҳӣ ин буд ” Ла илоҳа илло анта субҳонака инний кунту мина-з-золимин” Тафсири Бағавӣ 6/ 70
અરબી તફસીરો:
لَلَبِثَ فِي بَطۡنِهِۦٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ
144. албатта то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ боқӣ мемонд.
અરબી તફસીરો:
۞ فَنَبَذۡنَٰهُ بِٱلۡعَرَآءِ وَهُوَ سَقِيمٞ
145. Пас дар ҳолати хастагиву бемориаш Моӯро аз даҳони моҳӣ ба замини хушку бе дарахт партофтем.
અરબી તફસીરો:
وَأَنۢبَتۡنَا عَلَيۡهِ شَجَرَةٗ مِّن يَقۡطِينٖ
146. Ва бар болои сараш ниҳоле аз навъи кадуе рӯёнидем то дар сояи он баҳра барад.
અરબી તફસીરો:
وَأَرۡسَلۡنَٰهُ إِلَىٰ مِاْئَةِ أَلۡفٍ أَوۡ يَزِيدُونَ
147. Ва ӯро ба пайғамбарӣ ба ҷамъияти сад ҳазорнафара ва ё бештар фиристодем.
અરબી તફસીરો:
فَـَٔامَنُواْ فَمَتَّعۡنَٰهُمۡ إِلَىٰ حِينٖ
148. Пас онҳо имон оварданд ва амал карданд ба он чизе, ки ӯ оварда буд, пас то аҷалашон расидан онҳоро ба ҳаёташонбаҳраманд сохтем.
અરબી તફસીરો:
فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَلِرَبِّكَ ٱلۡبَنَاتُ وَلَهُمُ ٱلۡبَنُونَ
149.Пас (эй Паёмбар)аз қавмат бипурс: Чӣ гуна барои Аллоҳ духтаронро ихтиёр карданд, ки худ духтарро барои худ раво намебинедва барои худ писаронро раво мебинанд?[2220]
[2220] Тафсири Саъдӣ 1\708
અરબી તફસીરો:
أَمۡ خَلَقۡنَا ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ إِنَٰثٗا وَهُمۡ شَٰهِدُونَ
150. Аз онҳо бипурс: Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо ҳозир буданд?
અરબી તફસીરો:
أَلَآ إِنَّهُم مِّنۡ إِفۡكِهِمۡ لَيَقُولُونَ
151. Огоҳ бош, ки ҳароина, аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд:
અરબી તફસીરો:
وَلَدَ ٱللَّهُ وَإِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ
152. «Аллоҳ соҳиби фарзанд аст». Ваҳароина, дурӯғ мегӯянд, зеро мегӯянд чизеро, ки намедонанд.
અરબી તફસીરો:
أَصۡطَفَى ٱلۡبَنَاتِ عَلَى ٱلۡبَنِينَ
153. Оё Аллоҳ духтаронро бар писарон ихтиёр кардааст?
અરબી તફસીરો:
مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ
154. Шуморо чист? Чӣ гуна ҳукм мекунед, ки духтарон аз они Аллоҳ ва писарон аз они шумо бошанд. Ҳол он, ки духтаронро шумо барои худ розӣ намешавед.[2221]
[2221] Тафсири Табарӣ 21/ 119
અરબી તફસીરો:
أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
155. Оё намеандешед, ки ҷоиз нест ва ҳам лоиқ нест, ки Аллоҳро фарзанде бошад? Поку бузург аст Аллоҳ аз ин ҳама гуфтаҳо.
અરબી તફસીરો:
أَمۡ لَكُمۡ سُلۡطَٰنٞ مُّبِينٞ
156. Ё бар даъвои дӯруғини худ далели равшане доред?
અરબી તફસીરો:
فَأۡتُواْ بِكِتَٰبِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
157. Агар шуморо ҳуҷҷате аст дар китобе аз назди Аллоҳ, пас китобатонро биёваред. Агар шумо ростгӯй бошед?[2222]
[2222] Тафсири Табарӣ 21/120
અરબી તફસીરો:
وَجَعَلُواْ بَيۡنَهُۥ وَبَيۡنَ ٱلۡجِنَّةِ نَسَبٗاۚ وَلَقَدۡ عَلِمَتِ ٱلۡجِنَّةُ إِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ
158. Мушрикон миёни Аллоҳу малоикаҳо хешовандиро муқаррар карданд ва мегуфтанд, ки фариштагон духтарони Аллоҳ ҳастанд ва ҳамоно малоикаҳо медонанд, ки албатта мушрикон рӯзи қиёмат барои азоб ҳозиркардашудагонанд[2223]
[2223] Тафсири Табарӣ 21/122
અરબી તફસીરો:
سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ
159. Аз он васф, ки кофирон мекунанд, Аллоҳ пок аст,
અરબી તફસીરો:
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
160. вале бандагони мухлиси Аллоҳ, сифат намекунанд Ӯро, магар ба он сифатҳое, ки лоиқи бузургии Ӯст.
અરબી તફસીરો:
فَإِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ
161. Пас албатта, шумо эй мушрикон ва бутоне, ки ба ғайри Аллоҳ мепарастед,
અરબી તફસીરો:
مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ بِفَٰتِنِينَ
162. Ҳаргиз наметавонед касеро бо фитна гумроҳ кунед,
અરબી તફસીરો:
إِلَّا مَنۡ هُوَ صَالِ ٱلۡجَحِيمِ
163. магар он касро, ки (ба сӯи куфру ситамаш) моил бошад ба оташи сӯзони ҷаҳаннам медарояд.[2224]
[2224] Тафсири Саъдӣ 1/708
અરબી તફસીરો:
وَمَا مِنَّآ إِلَّا لَهُۥ مَقَامٞ مَّعۡلُومٞ
164. (Гуфтанд фариштаҳо): «Ва албатта ҳар касе аз мо ҷое муъайяне дорад дар осмон.[2225]
[2225] Тафсири Бағавӣ 7/63
અરબી તફસીરો:
وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلصَّآفُّونَ
165. Ва албатта, мо дар ибодати Аллоҳ сафкашандагонем.
અરબી તફસીરો:
وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡمُسَبِّحُونَ
166. Ва албатта, мо тасбеҳгӯяндагонем.[2226]
[2226] Яъне, Аллоҳро пок мешуморем аз ҳама чизҳое, ки лоиқи Ӯ нест.
અરબી તફસીરો:
وَإِن كَانُواْ لَيَقُولُونَ
167. Ва кофирони Макка пеш аз паёмбарии ту пайваста) мегуфтанд:
અરબી તફસીરો:
لَوۡ أَنَّ عِندَنَا ذِكۡرٗا مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ
168. Агар назди мо ҳам ба мисли умматони гузашта китоб[2227] ва паёмбаре меомад.
[2227]Чун Таврот ва Инҷил фиристода мешуд.
અરબી તફસીરો:
لَكُنَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
169. Албатта, мо ҳам аз бандагони ихлосёфтаи Аллоҳ мешудем ва бе шак парастишамонро барои Ӯ холис месохтем ва дар имонамон содиқ мебудем.[2228]
[2228] Тафсири Саъдӣ 1/708
અરબી તફસીરો:
فَكَفَرُواْ بِهِۦۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ
170. Вале чун бузургтарини паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо китоби Қуръонро овард, ба он кофир шуданд. Пас ба зудӣ хоҳанд донист чи азобе барои онҳост дар охират.[2229]
[2229] Тафсири Табарӣ 21/130
અરબી તફસીરો:
وَلَقَدۡ سَبَقَتۡ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا ٱلۡمُرۡسَلِينَ
171. Ва ба ростӣ калимаи Мо[2230] барои бандагони фиристодаи Мо аз пеш дар Лавҳи Маҳфуз содир шудааст,
[2230] Мурод аз ин калима: комёбӣ ва пирӯзӣ аст, ки Аллоҳ таъоло ба паёмбаронаш ваъда додааст.
અરબી તફસીરો:
إِنَّهُمۡ لَهُمُ ٱلۡمَنصُورُونَ
172. ки албатта, онҳо дар дунёву охират нусрат дода мешаванд.
અરબી તફસીરો:
وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ
173. Ва ҳароина, лашкарони Мо бар душманонашон бо ҳуҷҷату қувват ғолибанд.[2231]
[2231] Тафсири Бағавӣ 7\64
અરબી તફસીરો:
فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٖ
174. Пас (эй Расул), то муддате аз он саркашон рӯй гардон, ки онҳо ҳақро қабул накарданд ва барояшон мӯҳлат бидеҳ, ки ҷуз азоби Аллоҳ чизе боқӣ намондааст.
અરબી તફસીરો:
وَأَبۡصِرۡهُمۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ
175.Ва бингар ва муроқиб бош чӣ азобе ба сарашон ояд. Пас онҳо низ хоҳанд дид чӣ азоби Аллоҳ ба сарашон меояд.[2232]
[2232] Тафсири Табарӣ 21/ 132
અરબી તફસીરો:
أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ
176. Оё азоби Моро эй Паёмбарба шитоб металабанд?
અરબી તફસીરો:
فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمۡ فَسَآءَ صَبَاحُ ٱلۡمُنذَرِينَ
177.Пас чун фуруд ояд азоби Мо ба онҳо, пас чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт.
અરબી તફસીરો:
وَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٖ
178.Ва аз онҳо то муддате, ки азоби Аллоҳ ба сарашон ояд рӯй бигардон.
અરબી તફસીરો:
وَأَبۡصِرۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ
179.Ва бингар, пас зуд аст, ки мебинанд чӣ азобу хорие ба сарашон меояд.[2233]
[2233]Тафсири Табарӣ 21/ 133
અરબી તફસીરો:
سُبۡحَٰنَ رَبِّكَ رَبِّ ٱلۡعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ
180. Муназзаҳу пок аст Парвардигори ту аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ тӯҳматгарон мегӯянд!
અરબી તફસીરો:
وَسَلَٰمٌ عَلَى ٱلۡمُرۡسَلِينَ
181. Ва салом ва дуруду эминӣ бод ба тамоми паёмбарон.
અરબી તફસીરો:
وَٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
182. Ва сипосу ситоиш хос аз они Аллоҳе аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
અરબી તફસીરો:
 
શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અસ્ સોફ્ફાત
સૂરહ માટે અનુક્રમણિકા પેજ નંબર
 
કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાઝિક ભાષાતર - ખ્વાજા મીરફ ખ્વાજા મીર - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા

તાઝીક ભાષામાં કુરઆન મજીદનું ભાષાતર, તેનું ભાષાતર ખાજા મીરવ ખાજા દ્વારા કરવામાં આવ્યું, આયતોમાં સુધારો મરકઝ રવાદ અત્ તરજમા દ્વારા કરવામાં આવ્યો છે, મૂળ અનુવાદ, આપના અભિપ્રાય તેમજ મુકલ્યાંકન અને સતત સુધારા કરવા માટે ઉપલબ્ધ છે.

બંધ કરો