કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાઝિક ભાષાતર - ખ્વાજા મીરફ ખ્વાજા મીર * - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા


શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અન્ નજમ   આયત:

Сураи Наҷм (Ситора)

وَٱلنَّجۡمِ إِذَا هَوَىٰ
1. (Аллоҳ таъоло савганд ёд кардааст:) Савганд ба он ситора, ки чун дар охири шаб пинҳон шавад.
અરબી તફસીરો:
مَا ضَلَّ صَاحِبُكُمۡ وَمَا غَوَىٰ
2. Гумроҳ нашудааст Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва на ба роҳи каҷ рафтааст. Балки Ӯ хеле ҳам дар роҳи дуруст ва иътидол мебошад.
અરબી તફસીરો:
وَمَا يَنطِقُ عَنِ ٱلۡهَوَىٰٓ
3. Ва сухан аз рӯи ҳавою ҳавас намегӯяд.
અરબી તફસીરો:
إِنۡ هُوَ إِلَّا وَحۡيٞ يُوحَىٰ
4. Он чизе, ки бо худ оварда ва бо шумо дар миён ниҳодааст, ҷуз ваҳй чизи дигаре нест, ки бар ӯ фиристода мешавад.[2725]
[2725]Тафсири Табарӣ 22/498
અરબી તફસીરો:
عَلَّمَهُۥ شَدِيدُ ٱلۡقُوَىٰ
5. Таълим додааст ин Қуръонро ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фариштае, ки бисёр неруманд аст.
અરબી તફસીરો:
ذُو مِرَّةٖ فَٱسۡتَوَىٰ
6. Пас фариштаи неруманд дорои ахлоқи некӯ (Ҷабраил алайҳиссалом) рост ва дуруст истод.
અરબી તફસીરો:
وَهُوَ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡأَعۡلَىٰ
7. Ва ӯ худро нишон дод ба сурати аслиаш ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар канори баландии осмон.[2726]
[2726]Яъне, дар тарафи офтоббаро.
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّىٰ
8. Сипас Ҷабраил наздик шуд ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам , онгоҳ фуруд омад ва наздиктар шуд,
અરબી તફસીરો:
فَكَانَ قَابَ قَوۡسَيۡنِ أَوۡ أَدۡنَىٰ
9. пас фосилаи ӯ ба Паёмбар ба қадри ду камон ё камтар буд.
અરબી તફસીરો:
فَأَوۡحَىٰٓ إِلَىٰ عَبۡدِهِۦ مَآ أَوۡحَىٰ
10. Ва Аллоҳ ба бандаи худ Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳар чӣ бояд ваҳй кунад, ба воситаи Ҷабраил , ваҳй кард.
અરબી તફસીરો:
مَا كَذَبَ ٱلۡفُؤَادُ مَا رَأَىٰٓ
11.Дили Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он чиро, ки чашмаш дида буд, дурӯғ нашумурд.
અરબી તફસીરો:
أَفَتُمَٰرُونَهُۥ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ
12. Оё бо ӯ дар бораи чизе ки аз оёти Парвардигораш дидааст ситеза мекунеду дуруғ мебароред?
અરબી તફસીરો:
وَلَقَدۡ رَءَاهُ نَزۡلَةً أُخۡرَىٰ
13. Ва ба ростӣ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Ҷабраилро ба сурати ҳақиқиаш бори дигар дида буд,
અરબી તફસીરો:
عِندَ سِدۡرَةِ ٱلۡمُنتَهَىٰ
14. назди Сидрату-л-мунтаҳо[2727],
[2727]Яъне, дарахти набқ дар болои осмони ҳафтум. Тафсири Саъдӣ 1/818
અરબી તફસીરો:
عِندَهَا جَنَّةُ ٱلۡمَأۡوَىٰٓ
15. ки Ҷаннату-л-маъвои барои парҳезгорон ваъда шуда назди он қарор дорад.
અરબી તફસીરો:
إِذۡ يَغۡشَى ٱلسِّدۡرَةَ مَا يَغۡشَىٰ
16. Чун дарахти Сидраро он чӣ пӯшонда буд, фурӯ пӯшонд, он гоҳ, ки амри бузург аз сӯи Аллоҳ онро мепӯшонад, ки васф ва ҳолати онро ғайри Аллоҳи якто дигаре намедонад.
અરબી તફસીરો:
مَا زَاغَ ٱلۡبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ
17. Ҳаргиз чашмаш каҷравӣ накард на росту на чап ва аз он чи ба он амр карда шуда буд ба диданаш таҷовуз накард.[2728]
[2728] Тафсири Саъдӣ 1/818
અરબી તફસીરો:
لَقَدۡ رَأَىٰ مِنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ
18. Ҳамоно дид Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шаби Меъроҷ, порае аз оёти бузург, (яъне, ҷаннат ва дӯзахро, ки далолат ба қудрати Аллоҳ мекунад)[2729]
[2729] Тафсири Саъдӣ 1/818
અરબી તફસીરો:
أَفَرَءَيۡتُمُ ٱللَّٰتَ وَٱلۡعُزَّىٰ
19.Оё эй мушрикон, он маъбудонеро, ки ибодаташон мекунед: Лот ва Узоро дидаед?
અરબી તફસીરો:
وَمَنَوٰةَ ٱلثَّالِثَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ
20. Ваманот, он бути саввуми дигарро? Оё фоида ё зараре овард, то шарики Аллоҳ гардад?
અરબી તફસીરો:
أَلَكُمُ ٱلذَّكَرُ وَلَهُ ٱلۡأُنثَىٰ
21.Оё шуморо писар бошад, ки ба он розиед ва Аллоҳро духтар, ки дар ин сурат онро барои худ розӣ нестед?
અરબી તફસીરો:
تِلۡكَ إِذٗا قِسۡمَةٞ ضِيزَىٰٓ
22.Ин тақсими ситамкорона аст.
અરબી તફસીરો:
إِنۡ هِيَ إِلَّآ أَسۡمَآءٞ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٍۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَمَا تَهۡوَى ٱلۡأَنفُسُۖ وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّن رَّبِّهِمُ ٱلۡهُدَىٰٓ
23. Ин бутҳо чизе нестанд[2730]ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон аз рӯи ҳавову ҳаваси ботилатон ба онҳо додаед. Ва Аллоҳ таъоло ҳеҷ далеле барои тасдиқи даъвои шумо нафиристодааст. Танҳо он мушрикон аз паи гумону нафси хеш мераванд ва ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ бар забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳнамоияшон кардаанд, пас ба онҳо фоидае накард.[2731]
[2730]Яъне, соҳиби сифатҳои камол нестанд.
[2731] Тафсири Табарӣ 22/528
અરબી તફસીરો:
أَمۡ لِلۡإِنسَٰنِ مَا تَمَنَّىٰ
24. Оё ҳар чиро, ки одамӣ орзу кунад, аз шафоъати ин маъбудон ё ғайраш барояш ҳосил аст? (Ҳаргиз не).
અરબી તફસીરો:
فَلِلَّهِ ٱلۡأٓخِرَةُ وَٱلۡأُولَىٰ
25. Оре, ҳам охират ва ҳам дунё аз они Аллоҳ аст.
અરબી તફસીરો:
۞ وَكَم مِّن مَّلَكٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ لَا تُغۡنِي شَفَٰعَتُهُمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ أَن يَأۡذَنَ ٱللَّهُ لِمَن يَشَآءُ وَيَرۡضَىٰٓ
26. Ва чӣ бисёр фариштагони олиҳиммат дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ фоидае надиҳад, магар аз он пас, ки Аллоҳ барои ҳар касе, ки бихоҳад ва писандад иҷозат диҳад.
અરબી તફસીરો:
إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ لَيُسَمُّونَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ تَسۡمِيَةَ ٱلۡأُنثَىٰ
27. Ҳароина, аз кофирони араб онон, ки ба охират имон надоранд ва барои он рӯз амал намекунанд, албатта, фариштагонро ба номҳои занона номгузорӣ мекунанд.[2732]
[2732] Яъне, аз рӯи эътиқоди ботилашон, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд.
અરબી તફસીરો:
وَمَا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّۖ وَإِنَّ ٱلظَّنَّ لَا يُغۡنِي مِنَ ٱلۡحَقِّ شَيۡـٔٗا
28. Ва онҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва ҳароина, гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест!
અરબી તફસીરો:
فَأَعۡرِضۡ عَن مَّن تَوَلَّىٰ عَن ذِكۡرِنَا وَلَمۡ يُرِدۡ إِلَّا ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا
29. Пас, ту низ рӯй гардон аз касе, ки аз сухани Мо (Қуръон) рӯй мегардонад ва ҷуз зиндагии дунявӣ чизи дигареро намеҷӯяд.
અરબી તફસીરો:
ذَٰلِكَ مَبۡلَغُهُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِمَنِ ٱهۡتَدَىٰ
30. Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Ҳароина, Парвардигори ту ба он касе, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад оё ба роҳи ҳидоят (Ислом) меравад, донотар аст.[2733]
[2733] Ин оят ҳушдори сахт аст барои гунаҳгороне, ки саркашӣ мекунанд аз амал кардан ба Қуръону суннат ва насиби дунявиро аз насиби охират бартар медонанд.
અરબી તફસીરો:
وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَسَٰٓـُٔواْ بِمَا عَمِلُواْ وَيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ بِٱلۡحُسۡنَى
31.Аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари аъмолашон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон подош (ҷаннат) диҳад.
અરબી તફસીરો:
ٱلَّذِينَ يَجۡتَنِبُونَ كَبَٰٓئِرَ ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡفَوَٰحِشَ إِلَّا ٱللَّمَمَۚ إِنَّ رَبَّكَ وَٰسِعُ ٱلۡمَغۡفِرَةِۚ هُوَ أَعۡلَمُ بِكُمۡ إِذۡ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ وَإِذۡ أَنتُمۡ أَجِنَّةٞ فِي بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡۖ فَلَا تُزَكُّوٓاْ أَنفُسَكُمۡۖ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَنِ ٱتَّقَىٰٓ
32. Онҳо касонеанд, ки аз гуноҳони бузургу беҳаёгиҳо парҳез мекунанд, ҷуз он ки гуноҳи хурде[2734] аз онҳо сар занад, бидонанд, ки ҳароина, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба аҳволи шумо он гоҳ ки аз замин биёфарид падаратон Одамро ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед ва худро таъриф накунед ба парҳезгорӣ. Ӯ ба парҳезгорон донотар аст![2735]
[2734] Яъне, он гуноҳҳое, ки кунандааш бар он давомат намекунад, ё бар он маломат карда мешавад. Пас касе, ки воҷиботро ба ҷой орад ва муҳаррамотро тарк кунад, Аллоҳ гуноҳҳои сағираашро мебахшад. [2735] Тафсири Табарӣ 22/540
અરબી તફસીરો:
أَفَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي تَوَلَّىٰ
33. Оё дидӣ эй Паёмбар ҳоли зишти касеро, ки аз тоъати Аллоҳ рӯй гардонидааст?
અરબી તફસીરો:
وَأَعۡطَىٰ قَلِيلٗا وَأَكۡدَىٰٓ
34.Ва каме аз моли худ доду баъд аз он бозистод ва сангдил шуд.
અરબી તફસીરો:
أَعِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلۡغَيۡبِ فَهُوَ يَرَىٰٓ
35. Оё касе, ки аз хайр кардани молаш боз истод, ӯилми ғайбро медонад ва ҳама чизро мебинад?[2736] (Ҳаргиз на, балки ин ба сабаби мумсикӣ ва сахтдилии ӯст).
[2736] Яъне, агар молашро диҳад, кам мешавад, пас ӯ онро мебинад.
અરબી તફસીરો:
أَمۡ لَمۡ يُنَبَّأۡ بِمَا فِي صُحُفِ مُوسَىٰ
36. Ё ба он чӣ дар саҳифаҳои (Тавроти) Мӯсо омада, хабар дода нашудааст.
અરબી તફસીરો:
وَإِبۡرَٰهِيمَ ٱلَّذِي وَفَّىٰٓ
37. Ё аз саҳифаҳои Иброҳим, ки ба он чи амр карда шуда буд. Иброҳим ба ҳамааш, вафо кард ва расонид?
અરબી તફસીરો:
أَلَّا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰ
38. Яке аз муҳимтарин аҳкоме, ки дар саҳифаҳои Мӯсо ва Иброҳим омадааст, ин аст, ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намегирад.
અરબી તફસીરો:
وَأَن لَّيۡسَ لِلۡإِنسَٰنِ إِلَّا مَا سَعَىٰ
39. Ва ин ки: барои мардум подоше ҷуз он чӣ худ касб кардаанд, чизи дигаре нест.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّ سَعۡيَهُۥ سَوۡفَ يُرَىٰ
40.Ва тамоми саъю кӯшиши инсон дар рӯзи қиёмат дида мешавад. Ва ҷудо карда мешавад некиҳояш аз бадиҳояш.
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ يُجۡزَىٰهُ ٱلۡجَزَآءَ ٱلۡأَوۡفَىٰ
41. Сипас инсон ҷазои пурра дода мешавад бар тамоми амалҳояш.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلۡمُنتَهَىٰ
42. Ва ҳароина, эй Паёмбар поёни роҳи бозгашти ҳама ба сӯйи Парвардигори туст.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ هُوَ أَضۡحَكَ وَأَبۡكَىٰ
43. Ва ҳароина, Ӯ таъоло касеро , ки хоҳад дар дунё механдонаду хурсанд мекунад ва касеро, ки хоҳад мегирёнаду ғамгин месозад.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ هُوَ أَمَاتَ وَأَحۡيَا
44. Ва ҳароина, Ӯ таъоло касеро, ки ирода кунад аз халқаш мемиронад ва касеро, ки ирода кунад зинда мекунад. (Пас Ӯ таъоло ягонааст дар зинда кардан ва миронидан).
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ خَلَقَ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰ
45. Ва ҳароина, Ӯ таъоло, ки ҷуфтҳои нар ва модаро аз инсон ва ҳайвонот офаридааст,
અરબી તફસીરો:
مِن نُّطۡفَةٍ إِذَا تُمۡنَىٰ
46.аз нутфа, он гоҳ ки дар бачадони зан рехта мешавад.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّ عَلَيۡهِ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰ
47.Ва ҳароина, барӯҳдаи Ӯст зинда гардонидани дубора. Ва он дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд.[2737]
[2737] Тафсири Саъдӣ 1/ 822
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ هُوَ أَغۡنَىٰ وَأَقۡنَىٰ
48. Ва ҳароина, Ӯ таъолост, ки касеро, ки хоҳад аз халқаш, ба мол сарватманд мегардонад ва онҳоро ба он розӣ мегардонад.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ هُوَ رَبُّ ٱلشِّعۡرَىٰ
49. Ва ҳароина, Ӯст Парвардигори ситораи Шиъро[2738].
[2738] Ситораи “Шиъро” : Ситораи дурахшонест, ки баъзе аз аҳли ҷоҳилият онро дар баробари Аллоҳ таъоло парастиш мекарданд. Тафсири Табарӣ 22/ 55
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥٓ أَهۡلَكَ عَادًا ٱلۡأُولَىٰ
50.Ва ҳароина, Ӯст, ки Оди нахустин, қавми Ҳудро ҳалок кард.
અરબી તફસીરો:
وَثَمُودَاْ فَمَآ أَبۡقَىٰ
51. Ва Самуд аз қавми Солеҳро ҳалок кард ва аз онҳо ҳеҷ боқӣ нагузошт.
અરબી તફસીરો:
وَقَوۡمَ نُوحٖ مِّن قَبۡلُۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ هُمۡ أَظۡلَمَ وَأَطۡغَىٰ
52. Ва низ пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ҳароина, ситамкортару саркаштар буданд, ҳалок кард.
અરબી તફસીરો:
وَٱلۡمُؤۡتَفِكَةَ أَهۡوَىٰ
53. Ва низ шаҳри Мӯътафикаро (қавми Лутро) нобуд кард.
અરબી તફસીરો:
فَغَشَّىٰهَا مَا غَشَّىٰ
54. Пас онҳоро ба он чӣ сазовор буданд аз азоби сангин ва дарднок пӯшонид.
અરબી તફસીરો:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكَ تَتَمَارَىٰ
55. Пас, ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат эй инсони нобовар шак мекунӣ?
અરબી તફસીરો:
هَٰذَا نَذِيرٞ مِّنَ ٱلنُّذُرِ ٱلۡأُولَىٰٓ
56. Ин Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бимдиҳандаи барҳақест монанди бимдиҳандагони пешин. Пас паёмбари навпайдо шуда нест.[2739]
[2739] Тафсири Саъдӣ 1/822
અરબી તફસીરો:
أَزِفَتِ ٱلۡأٓزِفَةُ
57. Қиёмат наздик гардидааст. Ҳеҷ касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло онро дафъ карда наметавонад.
અરબી તફસીરો:
لَيۡسَ لَهَا مِن دُونِ ٱللَّهِ كَاشِفَةٌ
58. Касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло ошкоркунандаи он нест ва надонад вақти воқеъ шудани қиёматро.
અરબી તફસીરો:
أَفَمِنۡ هَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ تَعۡجَبُونَ
59. Оё эй мушрикон , аз ин Қуръонтаъаҷҷуб мекунед, ки рост бошад?
અરબી તફસીરો:
وَتَضۡحَكُونَ وَلَا تَبۡكُونَ
60. Ва масхаракунон ба Қуръон механдеду ва аз тарси азоб гиря намекунед?
અરબી તફસીરો:
وَأَنتُمۡ سَٰمِدُونَ
61. Ва шумо дар ғафлат мондаед.
અરબી તફસીરો:
فَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ وَٱعۡبُدُواْ۩
62. Пас, Аллоҳро саҷда кунед ва Ӯро танҳо бо ихлос бипарастед ва тамоми корҳоятонро ба Ӯ таслим кунед![2740]
[2740] Баъди хондани ин оят, саҷда бояд кард.
અરબી તફસીરો:
 
શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અન્ નજમ
સૂરહ માટે અનુક્રમણિકા પેજ નંબર
 
કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાઝિક ભાષાતર - ખ્વાજા મીરફ ખ્વાજા મીર - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા

તાઝીક ભાષામાં કુરઆન મજીદનું ભાષાતર, તેનું ભાષાતર ખાજા મીરવ ખાજા દ્વારા કરવામાં આવ્યું, આયતોમાં સુધારો મરકઝ રવાદ અત્ તરજમા દ્વારા કરવામાં આવ્યો છે, મૂળ અનુવાદ, આપના અભિપ્રાય તેમજ મુકલ્યાંકન અને સતત સુધારા કરવા માટે ઉપલબ્ધ છે.

બંધ કરો