કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાઝિક ભાષાતર - ખ્વાજા મીરફ ખ્વાજા મીર * - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા


શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અલ્ જિન   આયત:

Сураи Ҷин

قُلۡ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ ٱسۡتَمَعَ نَفَرٞ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَقَالُوٓاْ إِنَّا سَمِعۡنَا قُرۡءَانًا عَجَبٗا
1.Бигӯ эй Паёмбар: Аллоҳ таъоло ба ман ваҳй кардааст, ки гурӯҳе аз ҷин ҳамоно гӯш фаро доданд, ҳангоме ки ман тиловати Қуръон мекардам. Пас чун шуниданд, ба қавмашон гуфтанд: Ҳамоно шунидем Қуръонро, хеле хуш аст дар балоғаташ, фасоҳаташ ва дар ахкому ахбораш,
અરબી તફસીરો:
يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلرُّشۡدِ فَـَٔامَنَّا بِهِۦۖ وَلَن نُّشۡرِكَ بِرَبِّنَآ أَحَدٗا
2. даъват мекунад ба сӯӣ ҳақ ва ҳидоят. Пас, мо ба ин Қуръон имон овардем ва ҳаргиз касеро дар ибодат шарики Парвардигорамон намесозем.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ تَعَٰلَىٰ جَدُّ رَبِّنَا مَا ٱتَّخَذَ صَٰحِبَةٗ وَلَا وَلَدٗا
3. Ва албатта, азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад ва на фарзанде дорад.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ كَانَ يَقُولُ سَفِيهُنَا عَلَى ٱللَّهِ شَطَطٗا
4.Ва бехиради мо Иблис дар бораи Аллоҳ таъоло суханони дур аз ҳақ мегуфт[3009].
[3009] Яъне, гӯё, ки Аллоҳ шарик ва фарзанд дорад. Тафсири Бағавӣ 8/ 238
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن تَقُولَ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا
5. Ва мо, ҳароина, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Аллоҳ таъоло, ҳаргиз дурӯғ намегӯянд[3010].
[3010] Яъне: Ба Аллоҳ таъоло шарик ва фарзанд қарор намедиҳанд. Тафсири Бағавӣ 8/ 238
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ كَانَ رِجَالٞ مِّنَ ٱلۡإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٖ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَزَادُوهُمۡ رَهَقٗا
6.Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд, пас зиёда карданд мардони ҷин бар инсҳои паноҳҷӯй тарсу ҳароси бештарро.[3011]
[3011] Ин он паноҳбарие аст, ки аҳли ҷоҳилият ин гӯна паноҳ мебурданд ва ин навъ ширки акбар аст, ки Аллоҳ онро намебахшад, магар баъди тавбаи насуҳ. Дар ин оят ҳушдори сахт аст барои касоне, ки ба назди ҷодугарон ва фолбинон мераванд.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُمۡ ظَنُّواْ كَمَا ظَنَنتُمۡ أَن لَّن يَبۡعَثَ ٱللَّهُ أَحَدٗا
7. Ва ҳамчунон, ки шумо эй гӯруҳи ҷинҳо мепиндоштед, инсонҳои кофир ҳам мепиндоштанд, ки Аллоҳ таъоло, ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора баъд аз марг зинда намегардонад.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّا لَمَسۡنَا ٱلسَّمَآءَ فَوَجَدۡنَٰهَا مُلِئَتۡ حَرَسٗا شَدِيدٗا وَشُهُبٗا
8. Ва мо гӯруҳи ҷинҳо талаб кардем ба осмон расиданро то бишнавем суханҳои аҳли осмонро, пас онро ёфтем пур аз фариштагони нигаҳбону қудратманд бо ситорагон, ки андохта мешавад ба он касеро, ки ба осмон наздик мешавад.[3012]
[3012] Тафсири Табарӣ 23\657
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّا كُنَّا نَقۡعُدُ مِنۡهَا مَقَٰعِدَ لِلسَّمۡعِۖ فَمَن يَسۡتَمِعِ ٱلۡأٓنَ يَجِدۡ لَهُۥ شِهَابٗا رَّصَدٗا
9.Ва мо, ҳароина менишастем пеш аз ин ба ҷойҳое аз осмон; то бишнавем ахборашро. Пас, ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад, ки ӯро сӯзонда ҳалок мекунад.[3013]
[3013] Ин ду оят ботил месозад даъвои ҷодугарон ва фолбинонро, ки мегӯянд : онҳо илми ғайб медонанд ва бехирадонро бо ин даъвои дӯруғинашон гумроҳ месозанд.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّا لَا نَدۡرِيٓ أَشَرٌّ أُرِيدَ بِمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ أَرَادَ بِهِمۡ رَبُّهُمۡ رَشَدٗا
10. Ва мо гӯруҳи ҷинҳо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд, бадӣ муқаддар мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад?
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّا مِنَّا ٱلصَّٰلِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَٰلِكَۖ كُنَّا طَرَآئِقَ قِدَدٗا
11. Ва баъзе аз мо некӯкору солеҳанд ва баъзеаз мо ғайри ин кофиру фосиқанд вагурӯҳҳои гуногунем.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن نُّعۡجِزَ ٱللَّهَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَن نُّعۡجِزَهُۥ هَرَبٗا
12. Ва мо яқин донистем, ки Аллоҳ бар мо қодир аст ва мо дар зери қабза ва фармонравоии Ӯ мебошем, пас агар кореро ба мо хоҳад, аз Ӯ гурехтан натавонем. Ва ҳаргиз натавонем сӯи осмон гурехтан аз азобаш, агар бадиеро ба мо хоҳад.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّا لَمَّا سَمِعۡنَا ٱلۡهُدَىٰٓ ءَامَنَّا بِهِۦۖ فَمَن يُؤۡمِنۢ بِرَبِّهِۦ فَلَا يَخَافُ بَخۡسٗا وَلَا رَهَقٗا
13.Ва чун Қуръонро шунидем, ба он имон овардем ва иқрор кардем, ки Қуръон аз назди Аллоҳ аст. Пас ҳар ки ба Парвардигораш имон оварад, пас на аз нуқсони ҳасаноташ метарсад ва на аз ситам (яъне, мабодо, ки дар бадиҳояш изофае нашавад).[3014]
[3014] Тафсири Табарӣ 23/ 660
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّا مِنَّا ٱلۡمُسۡلِمُونَ وَمِنَّا ٱلۡقَٰسِطُونَۖ فَمَنۡ أَسۡلَمَ فَأُوْلَٰٓئِكَ تَحَرَّوۡاْ رَشَدٗا
14.Ва ҳароина, баъзе аз мо ҷинҳо мусалмононанд ва баъзе аз ҳақ дур. Пас онҳое, ки ислом овардаанд[3015], пас онҳо қасд кардаанд роҳи ростро.
[3015] Яъне, сар фӯруд овардаанд ба тоъат барои Аллоҳ.
અરબી તફસીરો:
وَأَمَّا ٱلۡقَٰسِطُونَ فَكَانُواْ لِجَهَنَّمَ حَطَبٗا
15. Ва аммо онҳое, ки азроҳи Ислом дуранд, пас онҳо ҳезуми ҷаҳаннаманд.
અરબી તફસીરો:
وَأَلَّوِ ٱسۡتَقَٰمُواْ عَلَى ٱلطَّرِيقَةِ لَأَسۡقَيۡنَٰهُم مَّآءً غَدَقٗا
16. Ва агар одамони кофир ва ҷинҳои кофир ба роҳи Ислом мерафтанд, ҳароина, барои онҳо оби бисёреро фуруд меовардем ва ризқашонро дар дунё фарох мекардем,
અરબી તફસીરો:
لِّنَفۡتِنَهُمۡ فِيهِۚ وَمَن يُعۡرِضۡ عَن ذِكۡرِ رَبِّهِۦ يَسۡلُكۡهُ عَذَابٗا صَعَدٗا
17.то онҳоро биёзмоем чи гуна неъматҳои Аллоҳро шукр мекунанд? Ва ҳар ки аз тоъати Парвардигораш ва гӯш кардани Қуръон ва амал кардан ба он рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд.[3016]
[3016] Тафсири Табарӣ 23/ 664
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّ ٱلۡمَسَٰجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدۡعُواْ مَعَ ٱللَّهِ أَحَدٗا
18. Ва ҳароина, масҷидҳо барои ибодати Аллоҳи ягона ҳастанд. Пас ибодат накунед дар он ҷо ғайрашро. Ҳамоно масҷидҳо фақат барои ибодати Аллоҳи ягона сохта шудаанд.[3017]
[3017] Воҷиб аст пок нигоҳ доштани масҷидҳо аз ҳар гуна чизҳое, ки дар ихлос барои Аллоҳ ва пайравии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам халал мерасонанд.
અરબી તફસીરો:
وَأَنَّهُۥ لَمَّا قَامَ عَبۡدُ ٱللَّهِ يَدۡعُوهُ كَادُواْ يَكُونُونَ عَلَيۡهِ لِبَدٗا
19. Ва чун бандаи Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои парастиши Парвардигораш бархост, наздик буд, ки ҷинҳо ӯро боло-болои ҳам гирд кунанд, то бишнаванд аз ӯ Қуръонро.
અરબી તફસીરો:
قُلۡ إِنَّمَآ أَدۡعُواْ رَبِّي وَلَآ أُشۡرِكُ بِهِۦٓ أَحَدٗا
20.Бигӯ эй Паёмбар ба он кофирон: Танҳо Парвардигорамро ягона парастиш мекунам ва ҳеҷ касро дар ибодат шарики Ӯ намесозам.
અરબી તફસીરો:
قُلۡ إِنِّي لَآ أَمۡلِكُ لَكُمۡ ضَرّٗا وَلَا رَشَدٗا
21.Бигӯ эй Паёмбар ба онҳо: Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё барои шумо фоидаебиёварам.
અરબી તફસીરો:
قُلۡ إِنِّي لَن يُجِيرَنِي مِنَ ٱللَّهِ أَحَدٞ وَلَنۡ أَجِدَ مِن دُونِهِۦ مُلۡتَحَدًا
22.Бигӯ: Ҳеҷ кас маро, аз азобиАллоҳнаҷот надиҳад агар нофармонии Ӯ кунам ва ман ҷуз Ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбам,
અરબી તફસીરો:
إِلَّا بَلَٰغٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِسَٰلَٰتِهِۦۚ وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَإِنَّ لَهُۥ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًا
23.Вале он чӣ метавонам расондани пайёми Ӯ таъоло ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ мебошад. Ва ҳар киАллоҳу паёмбарашро нофармонӣ кунад, пас, насиби ӯ, ҳароина, оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд,
અરબી તફસીરો:
حَتَّىٰٓ إِذَا رَأَوۡاْ مَا يُوعَدُونَ فَسَيَعۡلَمُونَ مَنۡ أَضۡعَفُ نَاصِرٗا وَأَقَلُّ عَدَدٗا
24.То он гоҳ, ки он чиро ба мушрикон ваъда дода буданд, (яъне азобро) бингаранд. Пас, хоҳанд донист, чӣ касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст.
અરબી તફસીરો:
قُلۡ إِنۡ أَدۡرِيٓ أَقَرِيبٞ مَّا تُوعَدُونَ أَمۡ يَجۡعَلُ لَهُۥ رَبِّيٓ أَمَدًا
25.Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ: Ман намедонам, ки оё он ваъдаи азобе, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниҳодааст?
અરબી તફસીરો:
عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ فَلَا يُظۡهِرُ عَلَىٰ غَيۡبِهِۦٓ أَحَدًا
26.Ӯ таъоло донои ғайб аст[3018] ва ғайби Худро бар ҳеҷ кас аз халкаш ошкор намесозад,
[3018]Яъне: Медонад он чизҳоеро, ки аз чашмон ғоиб аст.
અરબી તફસીરો:
إِلَّا مَنِ ٱرۡتَضَىٰ مِن رَّسُولٖ فَإِنَّهُۥ يَسۡلُكُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَمِنۡ خَلۡفِهِۦ رَصَدٗا
27. магар бар он паёмбаре, ки ӯро барои рисолаташ ихтиёр кардааст ва аз ӯ хушнуд бошад, пас ӯро ба баъзе аз илми ғайбашхабардор мекунад ва барои нигаҳбонииӯ (аз ҷин), аз пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне (фариштае) қарор медиҳад, мабодо хабари ғайбро надузданд ва ба гӯши коҳинон нарасонанд.[3019]
[3019] Тафсири Бағавӣ 8/ 244
અરબી તફસીરો:
لِّيَعۡلَمَ أَن قَدۡ أَبۡلَغُواْ رِسَٰلَٰتِ رَبِّهِمۡ وَأَحَاطَ بِمَا لَدَيۡهِمۡ وَأَحۡصَىٰ كُلَّ شَيۡءٍ عَدَدَۢا
28. То бидонад, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салллам), паёмбарони пеш аз ӯ низ ҳам паёмҳои Парвардигорашонро ҳақ ва рост расонидаанд ва ӯ ҳам ҳифз карда шудааст аз ҷин, ҳамчунон ки паёмбарони пешина ҳифз карда шуда буданд. Ва Аллоҳ таъоло ба он чӣ дар назди онҳост, аз илмҳои ошкоро ва пинҳонӣ амрҳо ва ҳукмҳо иҳота дорад, чизе аз Ӯ фавт нашавад ва Ӯ таъоло ҳама чизро ба адад шумор кардааст.[3020]
[3020] Тафсири Саъдӣ 1\891
અરબી તફસીરો:
 
શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અલ્ જિન
સૂરહ માટે અનુક્રમણિકા પેજ નંબર
 
કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાઝિક ભાષાતર - ખ્વાજા મીરફ ખ્વાજા મીર - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા

તાઝીક ભાષામાં કુરઆન મજીદનું ભાષાતર, તેનું ભાષાતર ખાજા મીરવ ખાજા દ્વારા કરવામાં આવ્યું, આયતોમાં સુધારો મરકઝ રવાદ અત્ તરજમા દ્વારા કરવામાં આવ્યો છે, મૂળ અનુવાદ, આપના અભિપ્રાય તેમજ મુકલ્યાંકન અને સતત સુધારા કરવા માટે ઉપલબ્ધ છે.

બંધ કરો