Check out the new design

Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer * - Daftar isi terjemahan


Terjemahan makna Surah: Al-Mu`minūn   Ayah:
أَلَمۡ تَكُنۡ ءَايَٰتِي تُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَكُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ
105. Ба онҳо гуфта мешавад: Оё оёти Ман дар дунё бароятон хонда намешуд, то ба он имон биёваред, пас онҳоро дурӯғ меҳисобидед?[1735]
[1735] Тафсири Саъдӣ 1\550
Tafsir berbahasa Arab:
قَالُواْ رَبَّنَا غَلَبَتۡ عَلَيۡنَا شِقۡوَتُنَا وَكُنَّا قَوۡمٗا ضَآلِّينَ
106. Рӯзи қиёмат гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо ғалаба кард ва мо мардуми гумроҳе будем.
Tafsir berbahasa Arab:
رَبَّنَآ أَخۡرِجۡنَا مِنۡهَا فَإِنۡ عُدۡنَا فَإِنَّا ظَٰلِمُونَ
107. Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар ва боз ба дунё баргардон. Агар дигар бор ба сӯи гуноҳ баргашт кардем, ҳароина, аз ситамкорон бошем».
Tafsir berbahasa Arab:
قَالَ ٱخۡسَـُٔواْ فِيهَا وَلَا تُكَلِّمُونِ
108. Аллоҳ гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан магӯед». (Пас он ҳангом дуъову умедашон қатъ гардид)
Tafsir berbahasa Arab:
إِنَّهُۥ كَانَ فَرِيقٞ مِّنۡ عِبَادِي يَقُولُونَ رَبَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَا وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلرَّٰحِمِينَ
109. Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоварандагонӣ».
Tafsir berbahasa Arab:
فَٱتَّخَذۡتُمُوهُمۡ سِخۡرِيًّا حَتَّىٰٓ أَنسَوۡكُمۡ ذِكۡرِي وَكُنتُم مِّنۡهُمۡ تَضۡحَكُونَ
110. Ва шумо масхараашон мекардед, то ёди Маро аз хотиратон мебароварданд. Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед.
Tafsir berbahasa Arab:
إِنِّي جَزَيۡتُهُمُ ٱلۡيَوۡمَ بِمَا صَبَرُوٓاْ أَنَّهُمۡ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ
111. Имрӯз, ҳароина, онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, подош (яъне ҷаннат) медиҳам. Қатъан онҳо ба муроди худ расидаанд.
Tafsir berbahasa Arab:
قَٰلَ كَمۡ لَبِثۡتُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ عَدَدَ سِنِينَ
112. Аллоҳ ба дузахиён гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин зистаед?»
Tafsir berbahasa Arab:
قَالُواْ لَبِثۡنَا يَوۡمًا أَوۡ بَعۡضَ يَوۡمٖ فَسۡـَٔلِ ٱلۡعَآدِّينَ
113. Аз сахтии азоби он рӯз гӯянд: «Як рӯз ё қисмате аз як рӯз. Пас аз ҳисобгарон[1736] бипурс».
[1736] Яъне ҳисобгароне, ки моҳу рӯзҳоро мешуморанд, ё ба қавле ки фариштагон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 19\83
Tafsir berbahasa Arab:
قَٰلَ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا قَلِيلٗاۖ لَّوۡ أَنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
114. Аллоҳ гӯяд: Дар замин ҷуз андаке намондаед, агар шумо медонистед чизе аз илмро то он муддати андакро ба тоъати Аллоҳ ва омода шудан барои рӯзи қиёмат мекардед ва ба ҷаннат мушарраф мешудед.[1737]
[1737] Тафсири ибни Касир 5\500
Tafsir berbahasa Arab:
أَفَحَسِبۡتُمۡ أَنَّمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ عَبَثٗا وَأَنَّكُمۡ إِلَيۡنَا لَا تُرۡجَعُونَ
115. Эй мардум, оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо барои ҳисобу ҷазо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»
Tafsir berbahasa Arab:
فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡحَقُّۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡكَرِيمِ
116. Пас бартар аст, Аллоҳи якто, он фармонравои ростин. Ҳеҷмаъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест! Парвардигори Арши[1738] гиромиқадр аст.
[1738] Арш аз бузургтарин махлуқоти Аллоҳ аст.
Tafsir berbahasa Arab:
وَمَن يَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ لَا بُرۡهَٰنَ لَهُۥ بِهِۦ فَإِنَّمَا حِسَابُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡكَٰفِرُونَ
117. Ва ҳар кас, бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро мехонад, ки ба ҳақиқати он ҳеҷ бурҳоне надорад, ҳароина, ҳисобаш дар охират назди Парвардигораш хоҳад буд. Албатта, рӯзи қиёмат кофирон наҷот намеёбанд.
Tafsir berbahasa Arab:
وَقُل رَّبِّ ٱغۡفِرۡ وَٱرۡحَمۡ وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلرَّٰحِمِينَ
118. Ва бигӯ эй Паёмбар: «Эй Парвардигори ман, биёмурз аз гуноҳҳо ва раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ!»[1739]
[1739] Ин оят баёнгари он аст, ки Аллоҳ паёмбарашро ба истиғфор амр кард, то умматаш ба вай иқтидо кунанд.
Tafsir berbahasa Arab:
 
Terjemahan makna Surah: Al-Mu`minūn
Daftar surah Nomor Halaman
 
Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer - Daftar isi terjemahan

Terjemahan oleh Khawajah Meeruf Khawajah Meer. Sudah dikembangkan di bawah pengawasan Markaz Ruwād Terjemah, dan teks terjemahan asli masih bisa ditampilkan untuk diberi masukan dan evaluasi serta pengembangan berkelanjutan.

Tutup