Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer * - Daftar isi terjemahan


Terjemahan makna Ayah: (64) Surah: Surah Al-Māidah
وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ يَدُ ٱللَّهِ مَغۡلُولَةٌۚ غُلَّتۡ أَيۡدِيهِمۡ وَلُعِنُواْ بِمَا قَالُواْۘ بَلۡ يَدَاهُ مَبۡسُوطَتَانِ يُنفِقُ كَيۡفَ يَشَآءُۚ وَلَيَزِيدَنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُم مَّآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ طُغۡيَٰنٗا وَكُفۡرٗاۚ وَأَلۡقَيۡنَا بَيۡنَهُمُ ٱلۡعَدَٰوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ كُلَّمَآ أَوۡقَدُواْ نَارٗا لِّلۡحَرۡبِ أَطۡفَأَهَا ٱللَّهُۚ وَيَسۡعَوۡنَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَسَادٗاۚ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
64. (Парвардигор паёмбарашро аз ақидаи бади яҳудон ва он чи миёни худ пинҳон медоштанд, хабар медиҳад): Яҳудиён гуфтанд, ки Парвардигор дастбаста аст (яъне, Парвардигор бахил аст. Ва ин воқеа замоне буд , ки ба онҳо хушкӣ ва қаҳтӣ расида буд). Дастҳои худашон баста бод! Ва ба он сухан, ки гуфтанд, малъун гаштанд. Яъне, Парвардигор онҳоро аз раҳмати худ берун кард. Ва амр чунин тавр нест, ки онҳо бар Аллоҳ сухани дурўғ мебофанд, балки дастҳои Аллоҳ[488] кушода аст. Ба ҳар сон, ки бихоҳад, рўзӣ медиҳад. Ва он чӣ бар ту аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст, ба сабаби бухлу ҳасадашон дар туғён ва куфри бештарашон хоҳад афзуд. Мо то рўзи қиёмат миёнашон душманиву кина афкандаем. Ҳар гоҳ, ки ба сабаби вайронии нияташон ва фасодкориашон бар муқобили мусалмонон оташи ҷангро афрўхтанд, Аллоҳ хомўшаш сохт. Ва онон дар рўи замин ба фасод мекўшанд ва Аллоҳ муфсидонро дўст надорад.[489]
[488] Дар оят сифати дастони Аллоҳ зикр шудааст, ки он бе мислу монанд ва лоиқ ба зоти худаш аст.
[489] Тафсири Табарӣ 10\458
Tafsir berbahasa Arab:
 
Terjemahan makna Ayah: (64) Surah: Surah Al-Māidah
Daftar surah Nomor Halaman
 
Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer - Daftar isi terjemahan

Terjemahan makna Al-Qur`ān Al-Karīm ke bahasa Tajik oleh Khawajah Meeruf Khawajah Meer. Sudah dikoreksi di bawah pengawasan Markaz Ruwād Terjemah. Teks terjemahan asli masih bisa ditampilkan untuk diberi masukan, evaluasi dan pengembangan.

Tutup