Check out the new design

Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer * - Daftar isi terjemahan


Terjemahan makna Surah: At-Taubah   Ayah:
يَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ لَكُمۡ لِيُرۡضُوكُمۡ وَٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ أَحَقُّ أَن يُرۡضُوهُ إِن كَانُواْ مُؤۡمِنِينَ
62. Мунофиқон дар баробари шумо ба Аллоҳ савганди дурӯғ мехӯранд, то хушнудатон созанд ва ҳол он ки агар мӯъмин ҳастанд, шоистатар аст, ки Аллоҳу расулашро хушнуд созанд.
Tafsir berbahasa Arab:
أَلَمۡ يَعۡلَمُوٓاْ أَنَّهُۥ مَن يُحَادِدِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَأَنَّ لَهُۥ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدٗا فِيهَاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡخِزۡيُ ٱلۡعَظِيمُ
63. Оё инҳо мунофиқон намедонанд, ки ҳар кас, ки ба Аллоҳу паёмбараш зиддият мекунад, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд ва ин расвоии бузургест?
Tafsir berbahasa Arab:
يَحۡذَرُ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ أَن تُنَزَّلَ عَلَيۡهِمۡ سُورَةٞ تُنَبِّئُهُم بِمَا فِي قُلُوبِهِمۡۚ قُلِ ٱسۡتَهۡزِءُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ مُخۡرِجٞ مَّا تَحۡذَرُونَ
64. Мунофиқон метарсанд, ки мабодо аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чӣ дар дил пинҳон кардаанд аз куфр, бохабарашон созад. Бигӯ эй Паёмбар барояшон: «Масхара кунед, ки Аллоҳ он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт».
Tafsir berbahasa Arab:
وَلَئِن سَأَلۡتَهُمۡ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلۡعَبُۚ قُلۡ أَبِٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ وَرَسُولِهِۦ كُنتُمۡ تَسۡتَهۡزِءُونَ
65. Агар аз онҳо (мунофиқон) бипурсӣ –эй Паёмбар-, аз он чи ки сухани дурӯғ гуфтанд?[912] Мегӯянд: «Мо бо ҳам гап мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ эй Паёмбар: «Оё ба Аллоҳ ва оёти Ӯ ва паёмбараш масхара мекардед?»
[912] Яъне, Паёмбар ва мӯъминон, ки аз ҷанги Табук бозгаштанд ва гурӯҳе аз мунофиқон дар байнашон буданд, тамасхӯр карда мегуфтанд; Ин мард умед дорад, ки қасру қалъаҳои Шомро фатҳ кунад ва ҳофизони Қуръон бошанд,аз ҳама шикамкалон ва дурӯғгӯ ва дар рӯ ба рӯ омадани душман тарсончаканд. Тафсири Табарӣ 14\334.
Tafsir berbahasa Arab:
لَا تَعۡتَذِرُواْ قَدۡ كَفَرۡتُم بَعۡدَ إِيمَٰنِكُمۡۚ إِن نَّعۡفُ عَن طَآئِفَةٖ مِّنكُمۡ نُعَذِّبۡ طَآئِفَةَۢ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ مُجۡرِمِينَ
66. Узр наёваред -эй гурӯҳи мунофиқон-, аз узр овардани шумо фоидае нест. Пас аз имонатон ба гуфтани ин мақолаи масхараомез кофир шудаед. Агар аз гуноҳи гурӯҳе аз шумо бигзарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор шудаанд, азоб хоҳем кард.[913]
[913] Тафсири ибни Касир 4\172
Tafsir berbahasa Arab:
ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتُ بَعۡضُهُم مِّنۢ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمُنكَرِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَقۡبِضُونَ أَيۡدِيَهُمۡۚ نَسُواْ ٱللَّهَ فَنَسِيَهُمۡۚ إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ
67. Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ дар ошкор кардани имонашон ва пинҳон кардани куфрашон монанди якдигаранд. Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз корҳои нек манъ мекунанд ва дастҳои худро аз харҷ дар рохи Аллоҳ мебанданд. Аллоҳро фаромӯш кардаанд. Аллоҳ низ эшонро аз раҳмати худ фаромӯш кардааст, зеро мунофиқон аз роҳи ҳақ берунанд ва дар гумроҳӣ дохиланд.[914]
[914] Тафсири ибни Касир 4\173
Tafsir berbahasa Arab:
وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتِ وَٱلۡكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ هِيَ حَسۡبُهُمۡۚ وَلَعَنَهُمُ ٱللَّهُۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ مُّقِيمٞ
68. Аллоҳ ба мардони мунофиқу занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи ҷаҳаннам додааст. Дар он ҷовидонаанд. Ҳамин барояшон бас аст. Лаънати Аллоҳ бар онҳо бод ва ба азоби пойдоре гирифтор хоҳанд шуд.
Tafsir berbahasa Arab:
 
Terjemahan makna Surah: At-Taubah
Daftar surah Nomor Halaman
 
Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer - Daftar isi terjemahan

Terjemahan oleh Khawajah Meeruf Khawajah Meer. Sudah dikembangkan di bawah pengawasan Markaz Ruwād Terjemah, dan teks terjemahan asli masih bisa ditampilkan untuk diberi masukan dan evaluasi serta pengembangan berkelanjutan.

Tutup