Check out the new design

Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir * - Indice Traduzioni


Traduzione dei significati Sura: An-Nahl   Versetto:
۞ يَوۡمَ تَأۡتِي كُلُّ نَفۡسٖ تُجَٰدِلُ عَن نَّفۡسِهَا وَتُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا عَمِلَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
111. Ба ёд ор барояшон эй Паёмбар, ки рӯзи қиёмат ҳар кас барои дифоъи худ ба муҷодала[1417] мепардозад ва ба ҳар шахс ҷазои он чи кардааст, ба пуррагӣ дода шавад ва онҳо ситам карда нашаванд.[1418]
[1417] Ҳуҷҷат меорад
[1418] Тафсири Бағавӣ 5\48
Esegesi in lingua araba:
وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا قَرۡيَةٗ كَانَتۡ ءَامِنَةٗ مُّطۡمَئِنَّةٗ يَأۡتِيهَا رِزۡقُهَا رَغَدٗا مِّن كُلِّ مَكَانٖ فَكَفَرَتۡ بِأَنۡعُمِ ٱللَّهِ فَأَذَٰقَهَا ٱللَّهُ لِبَاسَ ٱلۡجُوعِ وَٱلۡخَوۡفِ بِمَا كَانُواْ يَصۡنَعُونَ
112. Аллоҳ деҳаеро (яъне, Маккаро) мисол меорад, ки амну ором буд, ризқи мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Аллоҳ карданд (яъне оёти Аллоҳро инкор карданд ва ба расулаш имон наоварданд) ва Аллоҳ ба ҷазои аъмолашон ба гуруснагӣ ва хавф аз лашкарҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мубталояшон сохт.[1419]
[1419] Тафсири Табарӣ 17\311
Esegesi in lingua araba:
وَلَقَدۡ جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مِّنۡهُمۡ فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَهُمۡ ظَٰلِمُونَ
113. Аллоҳ таъоло ба аҳли Макка, Паёмбареро аз худашон ба наздашон фиристод, ки ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, насабу ростӣ ва амонаташро медонистанд, вале он чиро ки барояшон овард, қабулаш накарданд, дурӯғгӯяш номиданд , пас азоби сахт ва гуруснагию хавф он ситамкоронро фурӯ гирифт.[1420]
[1420] Тафсири Табарӣ 17\312
Esegesi in lingua araba:
فَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلٗا طَيِّبٗا وَٱشۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ
114. Пас эй мӯъминон аз ин чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Аллоҳро мепарастед ва Ӯро дар он чи ки амр ва наҳй мекунад, итоъат мекардед![1421]
[1421] Тафсири Табарӣ 17\312
Esegesi in lingua araba:
إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
115. Аллоҳ ҳаром кардааст бар шумо моли худмурдаву хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро, ки дар вақти забҳ бо номи ғайри Аллоҳ забҳ кунанд. Аммо касе, ки ночор шавад, ба хотири ҳифзи ҷон аз чизи ҳаром бихӯрад, дар ҳоле, ки ситамгор набошад ва аз ҳад таҷовуз накунад, пас Аллоҳ таъоло омӯрзандаву меҳрубон аст.[1422]
[1422] Тафсири Саъдӣ 1\451
Esegesi in lingua araba:
وَلَا تَقُولُواْ لِمَا تَصِفُ أَلۡسِنَتُكُمُ ٱلۡكَذِبَ هَٰذَا حَلَٰلٞ وَهَٰذَا حَرَامٞ لِّتَفۡتَرُواْ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ لَا يُفۡلِحُونَ
116. Ва чизеро ки забони шумо ба дурӯғ баёни ҳукми он мекунад, нагӯед, ки ин ҳалол аст ва ин ҳаром аст, то бар Аллоҳ дурӯғро бандед. Албатта касоне, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд на дар дунё ва на дар охират![1423]
[1423] Тафсири Саъдӣ 1\451
Esegesi in lingua araba:
مَتَٰعٞ قَلِيلٞ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
117. Чизи андакест дар дунё ва дар охират барояшон азоби дардовар аст.[1424]
[1424] Тафсири Бағавӣ 5\50
Esegesi in lingua araba:
وَعَلَى ٱلَّذِينَ هَادُواْ حَرَّمۡنَا مَا قَصَصۡنَا عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُۖ وَمَا ظَلَمۡنَٰهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
118. Ва Мо бар яҳудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту эй Паёмбар ҳикоят кардем, ҳаром карда будем[1425]. Мо ба онҳо ситам накардаем, онон худ ба хештан ситам кардаанд.
[1425]Яъне, ҳар ҳайвон ва паррандаи соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд чарбаи он ҳар дуро, ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рӯдаи онҳост ё ба устухонашон часпида бошад. Тафсири Табарӣ 17\315
Esegesi in lingua araba:
 
Traduzione dei significati Sura: An-Nahl
Indice delle Sure Numero di pagina
 
Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir - Indice Traduzioni

Tradotta da Khawja Mirov Khawja Mir. Sviluppata sotto la supervisione del Pioneer Translation Center (Ruwwad at-Tarjama), è disponibile la consultazione della traduzione originale per esprimere opinioni, valutazioni e miglioramenti continui.

Chiudi