Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir * - Indice Traduzioni


Traduzione dei significati Versetto: (119) Sura: Al ‘Imrân
هَٰٓأَنتُمۡ أُوْلَآءِ تُحِبُّونَهُمۡ وَلَا يُحِبُّونَكُمۡ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱلۡكِتَٰبِ كُلِّهِۦ وَإِذَا لَقُوكُمۡ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَوۡاْ عَضُّواْ عَلَيۡكُمُ ٱلۡأَنَامِلَ مِنَ ٱلۡغَيۡظِۚ قُلۡ مُوتُواْ بِغَيۡظِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
119. Огоҳ бошед, ки шумо ононро дўст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дўст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китобҳои нозил шуда имон овардаед ва онон ба китоби Қуръон имон наоварданд. Пас чи гуна ононро дўст медоред? Чун шуморо бубинанд, гўянд: (аз рўи нифоқ) «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба шумо доранд, сарангушти худ ба дандон газанд, аз он чи мебинанд аз улфату муҳаббати мусулмонон бо ҳамдигар. Бигў: “Бо хашме, ки доред, бимиред ва албатта Аллоҳ ба он чи ки дар даруни синаҳост, доност”. Ва ҳар касро аз он чи пештар омода кардааст, хубӣ ё бадӣ ҷазо медиҳад. Аллоҳ он чиро ки дар дили куффор ва мунофиқин буд, барои бандагони мўъмини худ баён кард.[258]
[258]Тафсири Бағавӣ 2/96 ва Тафсири Саъдӣ 1\144
Esegesi in lingua araba:
 
Traduzione dei significati Versetto: (119) Sura: Al ‘Imrân
Indice delle Sure Numero di pagina
 
Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir - Indice Traduzioni

Traduzione dei significati del Nobile Corano in tagico di Khawja Mirov Khawja, rivista sotto la supervisione di Pioneers Translation Center (Ruwwad at-Tarjama). L'originale è disponibile allo scopo di esprimere opinioni e valutazioni per un perfezionamento continuo del testo

Chiudi