Check out the new design

Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir * - Indice Traduzioni


Traduzione dei significati Sura: Al-A‘râf   Versetto:
قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلَّا تَسۡجُدَ إِذۡ أَمَرۡتُكَۖ قَالَ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡهُ خَلَقۡتَنِي مِن نَّارٖ وَخَلَقۡتَهُۥ مِن طِينٖ
12. Аллоҳ ба Иблис гуфт: «Вақте туро ба саҷда фармон додам, чӣ чиз туро аз он боздошт?» Иблис гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил». (Иблис бар ин бовар буд, ки унсури оташ аз унсури гил беҳтар аст.)[657]
[657]Тафсири Табарӣ 12\327
Esegesi in lingua araba:
قَالَ فَٱهۡبِطۡ مِنۡهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَن تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَٱخۡرُجۡ إِنَّكَ مِنَ ٱلصَّٰغِرِينَ
13. Аллоҳ ба Иблисгуфт: «Пас фуруд рав аз ҷаннат, зеро лоиқ нест туро, ки дар он саркаши кунӣ, пас берун шав аз ҷаннат. Ҳамоно ту эй Иблис аз хору зор шудагонӣ.
Esegesi in lingua araba:
قَالَ أَنظِرۡنِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ
14. Иблис гуфт: «Маро то рӯзи қиёмат, ки зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ».
Esegesi in lingua araba:
قَالَ إِنَّكَ مِنَ ٱلۡمُنظَرِينَ
15. Аллоҳгуфт: «Ҳамоно ту то дамидани сури аввал аз мӯҳлатёфтагонӣ».
Esegesi in lingua araba:
قَالَ فَبِمَآ أَغۡوَيۡتَنِي لَأَقۡعُدَنَّ لَهُمۡ صِرَٰطَكَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ
16. Иблис гуфт: «Ба сабаби он, ки гумроҳ кардӣ маро, албатта бинишинам, то боздорам фарзандони Одамро аз роҳи рости Ту.[658]
[658]Дини Ислом. Тафсири Саъдӣ 1\284
Esegesi in lingua araba:
ثُمَّ لَأٓتِيَنَّهُم مِّنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ وَعَنۡ أَيۡمَٰنِهِمۡ وَعَن شَمَآئِلِهِمۡۖ وَلَا تَجِدُ أَكۡثَرَهُمۡ شَٰكِرِينَ
17. Пас албатта биёям ба сӯяшон аз пеш то дар дилашон ба рӯзи охират шакро дохил кунам ва аз пушт муҳаббати дунёро дар дилашон ҷо кунам ва аз ҷониби рост дар динашон шубҳа андозам ва аз чап бар гуноҳ ҷалбмандашон кунам ва наёбӣ бисёрии ононро шукргузор.[659]
[659] Тафсири ибни Касир 3\394
Esegesi in lingua araba:
قَالَ ٱخۡرُجۡ مِنۡهَا مَذۡءُومٗا مَّدۡحُورٗاۖ لَّمَن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكُمۡ أَجۡمَعِينَ
18. Аллоҳ ба Иблис гуфт: «Аз ин ҷо (ҷаннат) берун шав, мазамматшудаву рондашуда! Ҳар, ки пайравӣ кунад туро аз фарзандони Одам, албатта пур кунам дӯзахро аз ҳамаи шумоён.[660]
[660] Аллоҳ дар ин оят қасам хӯрдааст, ки дӯзахро аз иблис ва пайравонаш , ки аз инсу ҷин мебошанд, пур менамояд. Тафсири Саъдӣ 1/ 285
Esegesi in lingua araba:
وَيَٰٓـَٔادَمُ ٱسۡكُنۡ أَنتَ وَزَوۡجُكَ ٱلۡجَنَّةَ فَكُلَا مِنۡ حَيۡثُ شِئۡتُمَا وَلَا تَقۡرَبَا هَٰذِهِ ٱلشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
19. Эй Одам, ту ва ҳамсарат Ҳавво дар биҳишт макон гиред. Пас аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред аз меваҳои ҷаннат, вале ба ин дарахт наздик машавед, ки дар сурати наздик шудан, аз ситамгорон хоҳед шуд.
Esegesi in lingua araba:
فَوَسۡوَسَ لَهُمَا ٱلشَّيۡطَٰنُ لِيُبۡدِيَ لَهُمَا مَا وُۥرِيَ عَنۡهُمَا مِن سَوۡءَٰتِهِمَا وَقَالَ مَا نَهَىٰكُمَا رَبُّكُمَا عَنۡ هَٰذِهِ ٱلشَّجَرَةِ إِلَّآ أَن تَكُونَا مَلَكَيۡنِ أَوۡ تَكُونَا مِنَ ٱلۡخَٰلِدِينَ
20. Пас шайтон он дуро (Одам ва Ҳавворо) васваса кард, то шармгоҳашонро, ки пӯшида буданд, дар назарашон ошкор кунад. Ва он дуро фиреб дода гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабодо ду фариштае мешавед ё ки ҷовидона дар ҷаннат мемонед.[661]
[661] Тафсири Бағавӣ 3/ 219
Esegesi in lingua araba:
وَقَاسَمَهُمَآ إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ ٱلنَّٰصِحِينَ
21. Ва Иблис барояшон савганд хӯрд, ки насиҳатгару хайрхоҳи шумоям.
Esegesi in lingua araba:
فَدَلَّىٰهُمَا بِغُرُورٖۚ فَلَمَّا ذَاقَا ٱلشَّجَرَةَ بَدَتۡ لَهُمَا سَوۡءَٰتُهُمَا وَطَفِقَا يَخۡصِفَانِ عَلَيۡهِمَا مِن وَرَقِ ٱلۡجَنَّةِۖ وَنَادَىٰهُمَا رَبُّهُمَآ أَلَمۡ أَنۡهَكُمَا عَن تِلۡكُمَا ٱلشَّجَرَةِ وَأَقُل لَّكُمَآ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ لَكُمَا عَدُوّٞ مُّبِينٞ
22. Ва он ду (Одам ва Ҳавво)- ро фиреб дод ва ба пастӣ афканд. Чун аз он меваи дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор шуд, шарм доштанд ва баргеро болои барге бар тани худ мечаспонданд то аврати худро бипӯшонанд аз баргҳои биҳишт. Парвардигорашон нидо дод: «Оё шуморо аз хӯрдани он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон ошкоро душмани шумост?»[662]
[662] Тафсири Бағавӣ 3\220
Esegesi in lingua araba:
 
Traduzione dei significati Sura: Al-A‘râf
Indice delle Sure Numero di pagina
 
Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir - Indice Traduzioni

Tradotta da Khawja Mirov Khawja Mir. Sviluppata sotto la supervisione del Pioneer Translation Center (Ruwwad at-Tarjama), è disponibile la consultazione della traduzione originale per esprimere opinioni, valutazioni e miglioramenti continui.

Chiudi