Анъом

external-link copy
1 : 6

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَجَعَلَ ٱلظُّلُمَٰتِ وَٱلنُّورَۖ ثُمَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡ يَعۡدِلُونَ

Ситоиш Аллоҳ таолорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва торикиҳо ва рӯшноӣ [шабу рӯз]-ро падид овард. Бо ин ҳама, касоне, ки куфр варзидаанд, [дигаронро дар тавону тадбир] бо Парвардигори худ баробар медонанд info
التفاسير: |

Анъом