Check out the new design

Kilniojo Korano reikšmių vertimas - Vertimas į tadžikų k. - Chaudža Mirov Chauža Mir * - Vertimų turinys


Reikšmių vertimas Sūra: Al-Maʻaridž   Aja (Korano eilutė):
يُبَصَّرُونَهُمۡۚ يَوَدُّ ٱلۡمُجۡرِمُ لَوۡ يَفۡتَدِي مِنۡ عَذَابِ يَوۡمِئِذِۭ بِبَنِيهِ
11. Якдигарромебинанд ва мешиносанд, наметавонад касе ба дигаре фоидае расонад. Аз азоби он рӯзкофир орзу мекунад, ки барои наҷоти худ фарзандони худро ба иваз диҳад
Tafsyrai arabų kalba:
وَصَٰحِبَتِهِۦ وَأَخِيهِ
12. ва низ зану бародарашро
Tafsyrai arabų kalba:
وَفَصِيلَتِهِ ٱلَّتِي تُـٔۡوِيهِ
13. ва низ хешонашро, ки ӯро ҷой додаанд.
Tafsyrai arabų kalba:
وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا ثُمَّ يُنجِيهِ
14. ва низ ҳамаи онҳоеро, ки дар рӯи заминанд аз одамон ва ғайрашон, сипасхудро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад.
Tafsyrai arabų kalba:
كَلَّآۖ إِنَّهَا لَظَىٰ
15.Ҳаргиз на, эй кофир! Ҳеҷ гуна иваз туро аз азоб наҷот намедиҳад. Ҳамоно дӯзах оташест шӯълазананда.[2999]
[2999] Тафсири Табарӣ 23/ 607
Tafsyrai arabų kalba:
نَزَّاعَةٗ لِّلشَّوَىٰ
16. Аз сахтии гармиаш пӯсти сар ва соири атрофи баданро меканад.
Tafsyrai arabų kalba:
تَدۡعُواْ مَنۡ أَدۡبَرَ وَتَوَلَّىٰ
17. Мехонад ба худ ин оташи сӯзон ҳар киро, ки дар дунё аз ҳақ рӯй гардонида, тарки итоъати Аллоҳ ва расулаш карда буд.
Tafsyrai arabų kalba:
وَجَمَعَ فَأَوۡعَىٰٓ
18. Ва ҷамъ кард пулу молро , пас захира кард ва адо накард ҳаққи Аллоҳро дар молаш.[3000]
[3000] Яъне закот ва хайрот надод. Тафсири Табарӣ 23/ 610
Tafsyrai arabų kalba:
۞ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ خُلِقَ هَلُوعًا
19. Албатта, одамӣ ҳарису бесабр офарида шудааст.
Tafsyrai arabų kalba:
إِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ جَزُوعٗا
20. Чун бадӣ ва вазниние ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.
Tafsyrai arabų kalba:
وَإِذَا مَسَّهُ ٱلۡخَيۡرُ مَنُوعًا
21.Ва чун хубӣ ва осонӣ ба дасташ афтад, бахилӣ мекунад,
Tafsyrai arabų kalba:
إِلَّا ٱلۡمُصَلِّينَ
22. магар намозгузороне,
Tafsyrai arabų kalba:
ٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ دَآئِمُونَ
23. ки намозашонро дар ҳама ҳолат мехонанд ва ягон чизе онҳоро аз намоз машғул намесозад:
Tafsyrai arabų kalba:
وَٱلَّذِينَ فِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقّٞ مَّعۡلُومٞ
24. Ва онон, ки дар амволашон ҳаққест муъайян (яъне, закот),
Tafsyrai arabų kalba:
لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ
25. барои пурсандаву (гадоён) ва он, ки аз қаноъатмандӣ намепурсад[3001].
[3001] Тафсири Табарӣ 23/ 617
Tafsyrai arabų kalba:
وَٱلَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ
26. Ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд, пас ба амалҳои солеҳ барои он рӯз тайёрӣ мебинанд.
Tafsyrai arabų kalba:
وَٱلَّذِينَ هُم مِّنۡ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ
27. Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон тарсонанд,
Tafsyrai arabų kalba:
إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمۡ غَيۡرُ مَأۡمُونٖ
28. ки ҳароинааз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд.
Tafsyrai arabų kalba:
وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَٰفِظُونَ
29. Ва касоне, ки шармгоҳи худро аз тамоми он чизҳое, ки ҳаром аст, нигаҳ медоранд,
Tafsyrai arabų kalba:
إِلَّا عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَيۡرُ مَلُومِينَ
30. магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, албатта, маломате бар онҳо нест.
Tafsyrai arabų kalba:
فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ
31. Пас касе, ки барои қазои шаҳвати худ аз ғайри ҳамсарону канизони худ талаб кунад, пас онҳо, аз ҳад гузаштагонанд.
Tafsyrai arabų kalba:
وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِأَمَٰنَٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَٰعُونَ
32. Ва касоне, ки амонатҳои Аллоҳ ва бандагон ва аҳдҳои ба Аллоҳ ва бандагонро риъоя мекунанд.
Tafsyrai arabų kalba:
وَٱلَّذِينَ هُم بِشَهَٰدَٰتِهِمۡ قَآئِمُونَ
33. Ва касоне, ки шаҳодати худро ба ҳақ бетағйир ва пӯшиш адо мекунанд.
Tafsyrai arabų kalba:
وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ يُحَافِظُونَ
34. Ва касоне, ки намозҳояшонро дар вақташ мехонанд ва ягон воҷиберо аз он тарк намекунанд.
Tafsyrai arabų kalba:
أُوْلَٰٓئِكَ فِي جَنَّٰتٖ مُّكۡرَمُونَ
35. Инҳое , ки чунин сифатҳои бузургеро доранд, ҷой дода шудаанд дар биҳиштҳои гиромӣ мукарраму муъаззаз.
Tafsyrai arabų kalba:
فَمَالِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قِبَلَكَ مُهۡطِعِينَ
36.Пас, чист, ки кофирон ба сӯи ту эй Паёмбармешитобанд?
Tafsyrai arabų kalba:
عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ عِزِينَ
37. Даста – даста аз ҷониби чапу рости ту ҷамъ шудаанд, сухан мегӯянду тааҷҷуб мекунанд.
Tafsyrai arabų kalba:
أَيَطۡمَعُ كُلُّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ أَن يُدۡخَلَ جَنَّةَ نَعِيمٖ
38. Оё ҳар яке аз он кофирон тамаъ мекунад, киАллоҳ таъоло ба биҳишти пурнеъмат дохилашмекунад?
Tafsyrai arabų kalba:
كَلَّآۖ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّمَّا يَعۡلَمُونَ
39. Ҳаргиз на, ҳеҷ яке аз онҳо ба ҷаннат дохил намешавад. Албатта Мо офаридем онҳоро аз оби манӣ, ки худ медонанд, пас имон наоварданд. Пас чи гуна мушарраф мешаванд ба даромадани ҷаннат?[3002]
[3002] Тафсири Табарӣ 23/ 621
Tafsyrai arabų kalba:
فَلَآ أُقۡسِمُ بِرَبِّ ٱلۡمَشَٰرِقِ وَٱلۡمَغَٰرِبِ إِنَّا لَقَٰدِرُونَ
40. Пас, савганд ба Парвардигори машриқи офтобу ситорагон ва мағрибҳояшон, ки Мо, ҳароина тавоноем,
Tafsyrai arabų kalba:
 
Reikšmių vertimas Sūra: Al-Maʻaridž
Sūrų turinys Puslapio numeris
 
Kilniojo Korano reikšmių vertimas - Vertimas į tadžikų k. - Chaudža Mirov Chauža Mir - Vertimų turinys

Išvertė Chaudža Mirov Chaudža Mir. Sukurta prižiūrint Ruad vertimo centrui, o vertimo originalą galima peržiūrėti nuomonės išreiškimo, vertinimo ir nuolatinio tobulinimo tikslais.

Uždaryti