Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: അൻആം   ആയത്ത്:
وَهُوَ ٱلَّذِي يَتَوَفَّىٰكُم بِٱلَّيۡلِ وَيَعۡلَمُ مَا جَرَحۡتُم بِٱلنَّهَارِ ثُمَّ يَبۡعَثُكُمۡ فِيهِ لِيُقۡضَىٰٓ أَجَلٞ مُّسَمّٗىۖ ثُمَّ إِلَيۡهِ مَرۡجِعُكُمۡ ثُمَّ يُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Ва Ӯст, ки шабонгоҳ рӯҳатонро [ҳангоми хоб] мегирад ва [ҳам Ӯст, ки] ончиро дар рӯз ба даст овардаед, медонад. Сипас шуморо дар он [рӯз] бедор мекунад, то он ки замони муайяне сипарӣ гардад,; онгоҳ [ки вафот кардед, дар қиёмат] бозгаштатон ба сӯйи Ӯст. Сипас шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ мекунад
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَهُوَ ٱلۡقَاهِرُ فَوۡقَ عِبَادِهِۦۖ وَيُرۡسِلُ عَلَيۡكُمۡ حَفَظَةً حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ تَوَفَّتۡهُ رُسُلُنَا وَهُمۡ لَا يُفَرِّطُونَ
Ва Ӯ бар бандагонаш чира аст ва нигаҳбононе [аз фариштагон] бар шумо мефиристад, то замоне, ки марги яке аз шумо фаро расад, фиристодагони мо [бо ҳамроҳи фариштаи марг] ҷонашро мегиранд ва онон [дар маъмурияти худ] кӯтоҳӣ намекунанд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
ثُمَّ رُدُّوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ مَوۡلَىٰهُمُ ٱلۡحَقِّۚ أَلَا لَهُ ٱلۡحُكۡمُ وَهُوَ أَسۡرَعُ ٱلۡحَٰسِبِينَ
Он гоҳ ба сӯйи Аллоҳ таоло, ки [ёру] корсози ростинашон аст, бозгардонда мешаванд. Огоҳ бошед! Ҳукм аз они Ӯст ва Ӯ сареътарин ҳисобрас аст
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قُلۡ مَن يُنَجِّيكُم مِّن ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ تَدۡعُونَهُۥ تَضَرُّعٗا وَخُفۡيَةٗ لَّئِنۡ أَنجَىٰنَا مِنۡ هَٰذِهِۦ لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّٰكِرِينَ
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки шуморо аз торикиҳо [ва сахтиҳои] хушкӣ ва дарё наҷот медиҳад? [Дар ҳоле ки] Ӯро ба зорӣ ва пинҳонӣ мехонед [ва мегӯед] “Агар моро аз ин [вартаи марг] наҷот диҳад, ҳатман, аз сипосгузорон хоҳем буд”»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قُلِ ٱللَّهُ يُنَجِّيكُم مِّنۡهَا وَمِن كُلِّ كَرۡبٖ ثُمَّ أَنتُمۡ تُشۡرِكُونَ
Бигӯ: «Аллоҳи мутаол шуморо аз инҳо ва аз тамоми сахтиҳо наҷот медиҳад,он гоҳ шумо [боз ҳам] ширк меварзед»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قُلۡ هُوَ ٱلۡقَادِرُ عَلَىٰٓ أَن يَبۡعَثَ عَلَيۡكُمۡ عَذَابٗا مِّن فَوۡقِكُمۡ أَوۡ مِن تَحۡتِ أَرۡجُلِكُمۡ أَوۡ يَلۡبِسَكُمۡ شِيَعٗا وَيُذِيقَ بَعۡضَكُم بَأۡسَ بَعۡضٍۗ ٱنظُرۡ كَيۡفَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَفۡقَهُونَ
Бигӯ: «Ӯ тавоност, ки бар шумо азобе [ҳамчун соиқа ва тӯфон] аз болои саратон ё [ҳамчун хушксолӣ ва зилзила] аз зери пойҳоятон бифиристад ё шуморо ба сурати гурӯҳҳои пароканда [ва ҷудо аз ҳам] дароварад ва азоби бархе аз шуморо ба бархе [дигар] бичашонад». Бингар чигуна оёт [-и худ]-ро гуногун баён мекунем, бошад, ки дарёбанд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَكَذَّبَ بِهِۦ قَوۡمُكَ وَهُوَ ٱلۡحَقُّۚ قُل لَّسۡتُ عَلَيۡكُم بِوَكِيلٖ
[Эй Паёмбар] Қавми ту он [Қуръон]-ро дурӯғ шумурданд, дар ҳоле ки он [китоб] ҳақ аст. [Ба кофирони қавмат] Бигӯ: «Ман [муроқибу] коргузори шумо нестам»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
لِّكُلِّ نَبَإٖ مُّسۡتَقَرّٞۚ وَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
Ҳар хабаре саррасиде [барои вуқуъ] дорад ва [ба зудӣ] хоҳед донист [ки саранҷоматон чигуна аст]»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَإِذَا رَأَيۡتَ ٱلَّذِينَ يَخُوضُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ يَخُوضُواْ فِي حَدِيثٍ غَيۡرِهِۦۚ وَإِمَّا يُنسِيَنَّكَ ٱلشَّيۡطَٰنُ فَلَا تَقۡعُدۡ بَعۡدَ ٱلذِّكۡرَىٰ مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
Ва ҳаргоҳ касонеро дидӣ, ки дар оёти Мо [бо душманӣ ва тамасхур] гуфтугӯ мекунанд, аз онон рӯ бигардон, то ба сухани дигаре бипардозанд.Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ андохт, пас, аз он ки ёд овардӣ, бо қавми ситамгор [мушрик] манишин
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: അൻആം
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

റബ്‌വ ഇസ്‌ലാമിക് ദഅ്വാ ആൻഡ് ഗൈഡൻസ് സെൻററിൻ്റെയും കോൺടെന്റ് ഇൻ ലാംഗ്വേജസ് സർവീസ് അസോസിയേഷൻ്റെയും സഹകരണത്തോടെ മർകസ് റുവാദ് തർജമ വിഭാഗം വിവർത്തനം ചെയ്തത്.

അടക്കുക