Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: യൂസുഫ്   ആയത്ത്:
فَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ جَعَلَ ٱلسِّقَايَةَ فِي رَحۡلِ أَخِيهِ ثُمَّ أَذَّنَ مُؤَذِّنٌ أَيَّتُهَا ٱلۡعِيرُ إِنَّكُمۡ لَسَٰرِقُونَ
70. Пас, чун Юсуф борҳояшонро омода кард, ба ходимонаш фармуд, то зарферо, ки бо он гандум бармекашиданд дар бори бародараш (Бинёмин) ба тарзи пинҳонӣ бигузоранд. Он гоҳ нидокунанда нидо кард: «Эй корвониён, ҳамоно, шумо дуздонед».[1168]
[1168]Тафсири ибни Касир 4/ 401
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قَالُواْ وَأَقۡبَلُواْ عَلَيۡهِم مَّاذَا تَفۡقِدُونَ
71. Корвониён рӯй ба сӯи онҳо карданд ва гуфтанд: «Чӣ гум кардаед?»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قَالُواْ نَفۡقِدُ صُوَاعَ ٱلۡمَلِكِ وَلِمَن جَآءَ بِهِۦ حِمۡلُ بَعِيرٖ وَأَنَا۠ بِهِۦ زَعِيمٞ
72. Гуфтанд: « Зарфи подшоҳро, ки бо он паймона мекард[1169], гум кардаем. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро мукофотест як бори шутур ва гуфт нидокунанда ман ба ин ваъда зоминам».[1170]
[1169]Бар мекашид [1170] Тафсири Саъдӣ 1/ 402
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قَالُواْ تَٱللَّهِ لَقَدۡ عَلِمۡتُم مَّا جِئۡنَا لِنُفۡسِدَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كُنَّا سَٰرِقِينَ
73. Гуфтанд бародарони Юсуф: «Ҳамоноқасам ба Аллоҳ, шумо худ медонед, кӣ мо барои фасод кардан дар ин сарзамини Миср наёмадаем ва дузд набудаем».[1171]
[1171] Тафсири Бағавӣ 4 / 261
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قَالُواْ فَمَا جَزَٰٓؤُهُۥٓ إِن كُنتُمۡ كَٰذِبِينَ
74. Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قَالُواْ جَزَٰٓؤُهُۥ مَن وُجِدَ فِي رَحۡلِهِۦ فَهُوَ جَزَٰٓؤُهُۥۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّٰلِمِينَ
75. Гуфтанд (бародарони Юсуф): «Сазояш ин аст, ки ҳар касе он паймона дар бораш ёфт шавад, асир гардад ва мо инчунин ҷазо медиҳем дар динамон касонеро, ки ба сабаби дуздӣ ба ҷони худ ситам мекунанд.[1172]
[1172] Тафсири Саъдӣ 1/ 403
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
فَبَدَأَ بِأَوۡعِيَتِهِمۡ قَبۡلَ وِعَآءِ أَخِيهِ ثُمَّ ٱسۡتَخۡرَجَهَا مِن وِعَآءِ أَخِيهِۚ كَذَٰلِكَ كِدۡنَا لِيُوسُفَۖ مَا كَانَ لِيَأۡخُذَ أَخَاهُ فِي دِينِ ٱلۡمَلِكِ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتٖ مَّن نَّشَآءُۗ وَفَوۡقَ كُلِّ ذِي عِلۡمٍ عَلِيمٞ
76. Пас шурӯъ кард Юсуф ба кофтукови борхалтаҳояшон, пеш аз кофтани борхалтаи бародараш (Бинёмин), баъд аз он дар охир баровард паймонаро аз борхалтаи бародараш, ҳамчунин тадбир омӯхтем барои Юсуф, чунки Юсуф омода набуд, ки асир гирад бародари худро дар дини подшоҳи Миср, лек ба воситаи ин тадбир асир гирифтан иродаи хоси Аллоҳ буд. Баланд мегардонем мартабаи ҳар касеро, ки хоҳем ва болои ҳар соҳибилм боз донишманде ҳаст.[1173]
[1173] Тафсири Бағавӣ 4 / 263
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
۞ قَالُوٓاْ إِن يَسۡرِقۡ فَقَدۡ سَرَقَ أَخٞ لَّهُۥ مِن قَبۡلُۚ فَأَسَرَّهَا يُوسُفُ فِي نَفۡسِهِۦ وَلَمۡ يُبۡدِهَا لَهُمۡۚ قَالَ أَنتُمۡ شَرّٞ مَّكَانٗاۖ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا تَصِفُونَ
77. Гуфтанд (бародаронаш): «Мумкин аст агар ӯ дуздӣ кунад, чунки бародараш (яъне Юсуф) низ пеш аз ин дуздӣ кардааст». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изҳоре накард ва гуфт дар дили худ): «Шумо мақоми бадтаре доред ва Аллоҳ ба он чи ки баён мекунед, донотар аст!»[1174]
[1174] Тафсири ибни Касир 4/ 403
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قَالُواْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ إِنَّ لَهُۥٓ أَبٗا شَيۡخٗا كَبِيرٗا فَخُذۡ أَحَدَنَا مَكَانَهُۥٓۖ إِنَّا نَرَىٰكَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
78. Гуфтанд (бародаронаш): «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ҳамоно мебинем туро, аз некӯкорон».
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: യൂസുഫ്
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക