Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ഇബ്റാഹീം   ആയത്ത്:
مُهۡطِعِينَ مُقۡنِعِي رُءُوسِهِمۡ لَا يَرۡتَدُّ إِلَيۡهِمۡ طَرۡفُهُمۡۖ وَأَفۡـِٔدَتُهُمۡ هَوَآءٞ
43. Рӯзе ситамкорон аз қабрҳояшон бошитоб бармехезанд барои ҳисоб, сарҳо ба боло шах шуда, аз сахтии он рӯз чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон холӣ аст ба ҷуз аз ғаму ғусса.[1271]
[1271] Тафсири Саъдӣ 1\427
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَأَنذِرِ ٱلنَّاسَ يَوۡمَ يَأۡتِيهِمُ ٱلۡعَذَابُ فَيَقُولُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ رَبَّنَآ أَخِّرۡنَآ إِلَىٰٓ أَجَلٖ قَرِيبٖ نُّجِبۡ دَعۡوَتَكَ وَنَتَّبِعِ ٱلرُّسُلَۗ أَوَلَمۡ تَكُونُوٓاْ أَقۡسَمۡتُم مِّن قَبۡلُ مَا لَكُم مِّن زَوَالٖ
44. Эй Расул мардумро аз он рӯзи қиёмат, ки азоб фаро мерасад, битарсон. Ва он замон ситамкорон мегӯянд: «Бор Илоҳо, моро каме мӯҳлат деҳ, то даъвати Туро иҷобат кунем ва аз паёмбарони Ту пайравӣ кунем». (Пас барояшон гуфта шавад:) Оё шумо пеш аз ин дар ҳаёти дунё савганд намехӯрдед, ки ҳаргиз аз байн намеравед?[1272]
[1272] Тафсири Саъдӣ 1\427
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَسَكَنتُمۡ فِي مَسَٰكِنِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَتَبَيَّنَ لَكُمۡ كَيۡفَ فَعَلۡنَا بِهِمۡ وَضَرَبۡنَا لَكُمُ ٱلۡأَمۡثَالَ
45. Дар хонаҳои касоне, ки худ бар хештан ситам мекарданд (ба монанди қавми Ҳуд ва Солеҳ), ҷой гирифтед ва барои шумо баён карда шуд, ки бо онон чӣ гуна рафтор кардем ва бароятон дар Қуръон мисолҳо овардем. Пас чаро панд намегиред?[1273]
[1273] Тафсири Бағавӣ 4\363
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَقَدۡ مَكَرُواْ مَكۡرَهُمۡ وَعِندَ ٱللَّهِ مَكۡرُهُمۡ وَإِن كَانَ مَكۡرُهُمۡ لِتَزُولَ مِنۡهُ ٱلۡجِبَالُ
46. Ҳамоно мушрикони Макка барои куштани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) макру ҳила намуданд. Ва Аллоҳ доност ба макру ҳилаашон. Ва ҳарчанд, ки бо макрашон кӯҳҳо аз ҷо канда шаванд, вале макрашон заъифу ночиз аст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
فَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱللَّهَ مُخۡلِفَ وَعۡدِهِۦ رُسُلَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٞ ذُو ٱنتِقَامٖ
47. Мапиндор эй Расул, ки Аллоҳ ваъдаеро[1274], ки ба паёмбаронаш додааст, хилоф мекунад. Аллоҳ пирӯзманд ва интиқомгиранда аст.[1275]
[1274] Нусрат додани мӯъминон ва ҳалок гардондани кофирон. Тафсири Бағавӣ 4\361
[1275] Хитоб агар чи ба Паёмабар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хос аст, вале барои ҳамаи уммат ом мебошад.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يَوۡمَ تُبَدَّلُ ٱلۡأَرۡضُ غَيۡرَ ٱلۡأَرۡضِ وَٱلسَّمَٰوَٰتُۖ وَبَرَزُواْ لِلَّهِ ٱلۡوَٰحِدِ ٱلۡقَهَّارِ
48. Он рӯз, ки замин ба замине ғайри ин замин (монанди нуқра тоза) иваз шавад ва инчунин осмонҳо ба осмони дигар ва ҳама аз қабрҳояшон берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳи ягонаи ғолиб ҳозир оянд![1276]
[1276] Тафсири Бағавӣ 4\363
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَتَرَى ٱلۡمُجۡرِمِينَ يَوۡمَئِذٖ مُّقَرَّنِينَ فِي ٱلۡأَصۡفَادِ
49. Эй Расул гунаҳкоронро дар он рӯзи қиёмат бо занҷирҳо, дасту по ба гардан, баста бубинӣ, ки дар ҳолати хорӣ ва пастӣ бошанд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
سَرَابِيلُهُم مِّن قَطِرَانٖ وَتَغۡشَىٰ وُجُوهَهُمُ ٱلنَّارُ
50. Ҷомаҳояшон аз миси гудохташуда алангазанандааст ва оташ чеҳраҳояшонро мепӯшад.[1277]
[1277] Тафсири Табарӣ 17\55
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
لِيَجۡزِيَ ٱللَّهُ كُلَّ نَفۡسٖ مَّا كَسَبَتۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ
51. То Аллоҳ ҳар касро баробари амалаш нек ё бад ҷазо диҳад, ҳароина Аллоҳ зуд ҳисобгир аст!
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
هَٰذَا بَلَٰغٞ لِّلنَّاسِ وَلِيُنذَرُواْ بِهِۦ وَلِيَعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا هُوَ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ وَلِيَذَّكَّرَ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ
52. Ин Қуръон паёмест барои мардум, то ба он бим карда шаванд ва бидонанд, ки Ӯст маъбуди якто[1278] ва то хирадмандон панд бигиранд!
[1278] Ба ягонагӣ Ӯро ибодат кунанд ва ба Ӯ шарик наоранд. Тафсири Табарӣ 17\55
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ഇബ്റാഹീം
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക