Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: സ്സുമർ   ആയത്ത്:
أَوۡ تَقُولَ لَوۡ أَنَّ ٱللَّهَ هَدَىٰنِي لَكُنتُ مِنَ ٱلۡمُتَّقِينَ
57. Ё бигӯяд: «Албатта, агар Аллоҳ маро ба дини худ ҳидоят мекард, ҳақиқатан ман аз парҳезгорон будам».
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
أَوۡ تَقُولَ حِينَ تَرَى ٱلۡعَذَابَ لَوۡ أَنَّ لِي كَرَّةٗ فَأَكُونَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
58. Ё чун азобро рӯзи ҳисоб бубинад, бигӯяд: «Албатта, агар бори дигар ба дунё бозмегаштам, аз накӯкорон мешудам![2294]»
[2294] Яъне, кош, аз зумраи он касоне, мешудам, ки дар дунё ба некӯтарин ваҷҳ тоъати Парвардигорашонро итоъат кардаанд ва ба фармудаҳои паёмбарон некӯтар амал кардааанд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
بَلَىٰ قَدۡ جَآءَتۡكَ ءَايَٰتِي فَكَذَّبۡتَ بِهَا وَٱسۡتَكۡبَرۡتَ وَكُنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
59. Оре, на чунон аст, ки ту мегӯӣ, балки ҳақ ин аст, ки оёти Ман барои ту нозил шуд ва ту аз қабули он гарданкашӣ кардӣ ва аз кофирон будӣ.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ تَرَى ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ عَلَى ٱللَّهِ وُجُوهُهُم مُّسۡوَدَّةٌۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوٗى لِّلۡمُتَكَبِّرِينَ
60. Дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба Аллоҳ дурӯғ бастаанд,[2295] мебинӣ, рӯяшон сиёҳ шудааст. Оё такаббуркунандагонро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест? (Оре!)
[2295] Яъне, даъво мекарданд, ки Аллоҳ зану фарзанд дорад. Пок аст Аллоҳ аз он чи ки сифат мекунанд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَيُنَجِّي ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ بِمَفَازَتِهِمۡ لَا يَمَسُّهُمُ ٱلسُّوٓءُ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ
61. Ва Аллоҳ парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар дунё пеш гирифта буданд, аз азоби ҷаҳаннам наҷот медиҳад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ аз азоби ҷаҳаннам нарасад ва на онҳо ғаму андӯҳгин бошанд бар он чи ки аз насибаҳояи дунё аз даст додаанд.[2296]
[2296]Тафсири Саъдӣ 1\728
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ
62. Аллоҳ офаридгори ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз нигаҳбон аст ва ҳамаи умури халқашро тадбир мекунад.[2297]
[2297]Тафсири ибни Касир 7\111
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
لَّهُۥ مَقَالِيدُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ
63. Калидҳои (хазинаҳои) осмонҳову замин назди Ӯст, касеро аз бандагонаш бихоҳад, медиҳад ва онҳо, ки ба оёти (Қуръони) Аллоҳ кофир шудаанд. Ва аз дунё беимон рафтаанд ва дар охират дар дӯзах ҷовидон мондаанд ва онҳо аз зиёндидагон ҳастанд.[2298]
[2298] Тафсири Табарӣ 21\321
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قُلۡ أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ تَأۡمُرُوٓنِّيٓ أَعۡبُدُ أَيُّهَا ٱلۡجَٰهِلُونَ
64. Бигӯ эй Расул ба мушрикони қавмат : «Эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ғайр аз Аллоҳро бипарастам ва ҳол он, ки чизе аз ибодат барои ғайри Ӯ сазовор нест?»[2299].
[2299] Тафсири Саъдӣ 1\729
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَلَقَدۡ أُوحِيَ إِلَيۡكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكَ لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
65.Ва ба таҳқиқ ба ту эй Расул ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, ҳамаи амалҳоятон ночиз гардад ва дар дину охирати худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.[2300]
[2300] Тафсири Саъдӣ 1\729
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
بَلِ ٱللَّهَ فَٱعۡبُدۡ وَكُن مِّنَ ٱلشَّٰكِرِينَ
66. Балки эй Паёмбар Аллоҳро бо ихлос бипараст ва сипосгузори неъматҳои Ӯ бош!
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦ وَٱلۡأَرۡضُ جَمِيعٗا قَبۡضَتُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَٱلسَّمَٰوَٰتُ مَطۡوِيَّٰتُۢ بِيَمِينِهِۦۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
67. Ва ин мушрикон Аллоҳро, чунонки сазовори бузургии Ӯст, нашинохтанд. Ва дар рӯзи қиёмат тамоми замин дар қабзаи (мушти) Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар дасти рости Ӯст[2301]. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд.
[2301] Дар оят аз сифоти зоти Аллоҳ, дасти рост ва мушт ва печидани осмонҳо дар ҳам исбот шудааст. Ин сифатҳо, бе чӣ гунагӣ ва бе монандӣ, ки лоиқ ба бузургӣ ва азамати Аллоҳ мекунанд, исбот карда мешавад.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: സ്സുമർ
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക