Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ന്നിസാഅ്   ആയത്ത്:
وَٱسۡتَغۡفِرِ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ غَفُورٗا رَّحِيمٗا
106. Ва аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳагар чизе аз ту сар задааст, ки Ў омӯрзанда ва меҳрубон аст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَلَا تُجَٰدِلۡ عَنِ ٱلَّذِينَ يَخۡتَانُونَ أَنفُسَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ مَن كَانَ خَوَّانًا أَثِيمٗا
107. Ва ба хотири касоне, ки ба худ хиёнат меварзанд (гуноҳ содир мекунанд,), тарафдорӣ макун, зеро Аллоҳ дўст надорад хоинеро, ки хиёнаташ бузург ва гуноҳаш бисёр аст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يَسۡتَخۡفُونَ مِنَ ٱلنَّاسِ وَلَا يَسۡتَخۡفُونَ مِنَ ٱللَّهِ وَهُوَ مَعَهُمۡ إِذۡ يُبَيِّتُونَ مَا لَا يَرۡضَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡلِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ بِمَا يَعۡمَلُونَ مُحِيطًا
108. Онҳо пинҳон мекунанд аз мардум амалҳои ношоистаи худро ва аз Аллоҳ пинҳон ва шарм намекунанд, ҳол он ки Ӯ бо онҳост он гоҳ ки дар шаб миёни худ машварат мекунанд[372] ва суханонеро ба забон меоранд, ки Аллоҳ аз он нохушнуд аст. Ва Аллоҳ ба он чи мекунанд, фарогирандааст. (Донандаи ҳамаи сирҳои пинҳониву ошкоро аст)[373]
[372]Нақша ва тадбири душманӣ матраҳ мекарданд дар пинҳонӣ
[373] Тафсири Бағавӣ 2\284
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
هَٰٓأَنتُمۡ هَٰٓؤُلَآءِ جَٰدَلۡتُمۡ عَنۡهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا فَمَن يُجَٰدِلُ ٱللَّهَ عَنۡهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَم مَّن يَكُونُ عَلَيۡهِمۡ وَكِيلٗا
109. Огоҳ бошед, ин шумоед, ки дар ин ҷаҳон аз онон сахт ҷонибдорӣ кардед, кист, ки дар рўзи қиёмат аз онҳо дар баробари Аллоҳ ҷонибдорӣ кунад ё чӣ касе вакили онҳо хоҳад буд?
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَن يَعۡمَلۡ سُوٓءًا أَوۡ يَظۡلِمۡ نَفۡسَهُۥ ثُمَّ يَسۡتَغۡفِرِ ٱللَّهَ يَجِدِ ٱللَّهَ غَفُورٗا رَّحِيمٗا
110. Ва ҳар ки кори баде кунад ё ба худ ситам раво дорад, он гоҳ аз Аллоҳ омӯрзиш хоҳад ва ба гуноҳ эътироф кунад ва аз он пушаймон шавад ва аз он даст бикашад ва тасмим гирад, ки онро бори дигар анҷом надиҳад, Аллоҳро омӯрзанда ва меҳрубон хоҳад ёфт.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَن يَكۡسِبۡ إِثۡمٗا فَإِنَّمَا يَكۡسِبُهُۥ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا
111. Ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, ҷазои он гуноҳ дар дунёву охират ба зиёни худаш мерасад ва Аллоҳ ба ҳақиқати кори бандагонаш доно ва он чӣ миёни онҳо ҳукм мекунад бо ҳикмат аст!
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَن يَكۡسِبۡ خَطِيٓـَٔةً أَوۡ إِثۡمٗا ثُمَّ يَرۡمِ بِهِۦ بَرِيٓـٔٗا فَقَدِ ٱحۡتَمَلَ بُهۡتَٰنٗا وَإِثۡمٗا مُّبِينٗا
112. Ва ҳар ки хато ё гуноҳе кунад, он гоҳ бегуноҳеро ба он гуноҳ айбдор созад, албатта, барои тўҳматаш гуноҳи ошкоро бар дўши худ гирифтааст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكَ وَرَحۡمَتُهُۥ لَهَمَّت طَّآئِفَةٞ مِّنۡهُمۡ أَن يُضِلُّوكَ وَمَا يُضِلُّونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡۖ وَمَا يَضُرُّونَكَ مِن شَيۡءٖۚ وَأَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَعَلَّمَكَ مَا لَمۡ تَكُن تَعۡلَمُۚ وَكَانَ فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكَ عَظِيمٗا
113. Агар фазлу раҳмати Аллоҳ эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шомили ҳоли ту намебуд, гурўҳе аз кофирон қасди он доштаанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худ касеро гумроҳ намекунанд ва ҳеҷ зиёне ба ту намерасонанд. Ва Аллоҳ бар ту китобу ҳикмат (суннат) нозил кард ва чизҳое ба ту омўхт, ки аз ин пеш намедонистӣ ва Аллоҳ лутфи бузурги худро бар ту арзонӣ дошт![374]
[374] Тафсири Саъдӣ 1/200
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ന്നിസാഅ്
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക