Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: അൻഫാൽ   ആയത്ത്:
وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ أَنتُمۡ قَلِيلٞ مُّسۡتَضۡعَفُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ تَخَافُونَ أَن يَتَخَطَّفَكُمُ ٱلنَّاسُ فَـَٔاوَىٰكُمۡ وَأَيَّدَكُم بِنَصۡرِهِۦ وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
26. Ва ба ёд оваред, эй мӯъминон, неъматеро, ки бар шумо арзонӣ кард, он замонеро, ки андак будед ва дар шумори хоршудагони ин сарзамини Макка будед ва бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Аллоҳ паноҳатон дод дар Мадина ва ёрӣ кард ва пирӯзатон гардонид дар Бадр ва аз чизҳои покиза рӯзиатон дод, бошад, ки шукргузорӣ кунед!
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَخُونُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ وَتَخُونُوٓاْ أَمَٰنَٰتِكُمۡ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
27. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед ба Аллоҳ ва паёмбараш хиёнат макунед ва низ дар амонатҳои худатон хиёнат макунед ва худ медонед, ки он амонат аст ва вафо намудан бар он воҷиб аст .[806]
[806] Тафсири Табарӣ 3\486
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَآ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَأَوۡلَٰدُكُمۡ فِتۡنَةٞ وَأَنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥٓ أَجۡرٌ عَظِيمٞ
28. Эй мӯъминон, бидонед, ки дороиҳо ва фарзандон василаи озмоиши шумоянд, то шуморо маълум бидорад оё шумо Ӯро шукр мекунед ва итоъаташро ба ҷо меоред ё шуморо молу фарзанд аз тоъташ машғул месозад ва бидонед, ки подоши бузург дар назди Аллоҳ аст.[807]
[807] Тафсири ибни Касир 4\42
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تَتَّقُواْ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّكُمۡ فُرۡقَانٗا وَيُكَفِّرۡ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡۗ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ
29. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, агар аз Аллоҳ битарсед (ба анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъ кардаҳояш), шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро маҳв созад ва шуморо биёмӯрзад, ки Аллоҳ соҳиби фазлу карами[808] бузург аст![809]
[808] Бахшиш [809] Тафсири Бағавӣ 3\349
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَإِذۡ يَمۡكُرُ بِكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيُثۡبِتُوكَ أَوۡ يَقۡتُلُوكَ أَوۡ يُخۡرِجُوكَۚ وَيَمۡكُرُونَ وَيَمۡكُرُ ٱللَّهُۖ وَٱللَّهُ خَيۡرُ ٱلۡمَٰكِرِينَ
30. Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту нақша мекашиданд, то дар зиндонат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳри Макка берунат созанд. Онон нақша мекашиданд ва Аллоҳ низ макру ҳиллаи онҳоро ботил мекард ва Аллоҳ беҳтарини тадбиркунандагон аст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا قَالُواْ قَدۡ سَمِعۡنَا لَوۡ نَشَآءُ لَقُلۡنَا مِثۡلَ هَٰذَآ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
31. Чун оёти Мо хонда шуд бар онон, ки аз рӯи ҷаҳл ва саркашиашон ба Аллоҳ ва оятҳои Қуръон кофир шуданд, гуфтанд: «Шунидем ва агар мехостем қатъан мо ҳам мисли ин Қуръонро мегуфтем, (вале аз рӯи саркашиашон гуфтанд), ки ин Қуръон ғайр аз афсонаҳои пешиниён чизи дигаре нест!»[810]
[810] Тафсири Саъдӣ 1\320
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَإِذۡ قَالُواْ ٱللَّهُمَّ إِن كَانَ هَٰذَا هُوَ ٱلۡحَقَّ مِنۡ عِندِكَ فَأَمۡطِرۡ عَلَيۡنَا حِجَارَةٗ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ أَوِ ٱئۡتِنَا بِعَذَابٍ أَلِيمٖ
32. Ва эй Паёмбар сухани мушриконро ба ёд овар), ки гуфтанд: «Бор Илоҳо, агар ин (Муҳаммад) аз ҷониби Ту омадаву ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азобе дардоваре бар мо бифирист».
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُعَذِّبَهُمۡ وَأَنتَ فِيهِمۡۚ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ مُعَذِّبَهُمۡ وَهُمۡ يَسۡتَغۡفِرُونَ
33. То он гоҳ, ки ту (эй Расул), дар миёнашон ҳастӣ, Аллоҳ ин мушриконро азоб накунад ва то он гоҳ, ки аз Аллоҳ омӯрзиш металабанд, низ Аллоҳ азобашон нахоҳад кард.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: അൻഫാൽ
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക