Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ത്തൗബഃ   ആയത്ത്:
وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مَسۡجِدٗا ضِرَارٗا وَكُفۡرٗا وَتَفۡرِيقَۢا بَيۡنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَإِرۡصَادٗا لِّمَنۡ حَارَبَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ مِن قَبۡلُۚ وَلَيَحۡلِفُنَّ إِنۡ أَرَدۡنَآ إِلَّا ٱلۡحُسۡنَىٰۖ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ
107. Ва мунофиқон, барои зиён расонидани мӯъминон ва куфр овардан ба Аллоҳ ва тафриқа афкандан миёни мусалмонон масҷиде[941] бино карданд, то ки баъзеашон дар он намоз гузоранд ва масҷиди Қуборо, ки дар он мусалмонон намоз мегузориданд, тарк намоянд. Ва масҷиди бинокардаашон барои касоне, ки мехоҳанд бо Аллоҳу паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад Ва албатта савганд мехӯранд, ки аз бинои ин масҷид ҳадафе ҷуз некӣ ва хайр надоштем. Вале Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо яқинан дурӯғгӯянд.[942]
[941] Бо сардории Абӯ Омир роҳиби фосиқ ба нияти бад масҷид бино карда шуд, то мӯъминон даста-даста пароканда шаванд ва ихтилоф пайдо кунанд. Ва Аллоҳ ба вайрон кардани он амр намуд.
[942]Тафсири Табарӣ 14\470
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
لَا تَقُمۡ فِيهِ أَبَدٗاۚ لَّمَسۡجِدٌ أُسِّسَ عَلَى ٱلتَّقۡوَىٰ مِنۡ أَوَّلِ يَوۡمٍ أَحَقُّ أَن تَقُومَ فِيهِۚ فِيهِ رِجَالٞ يُحِبُّونَ أَن يَتَطَهَّرُواْۚ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُطَّهِّرِينَ
108. Эй Паёмбар, ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуд ва он (масҷиди Расули Аллоҳ) шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз гузорӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд аз наҷосатҳову палидиҳо ва аз гуноҳҳову маъсиятҳо покиза бошанд, зеро Аллоҳ покизагонро дӯст дорад.[943]
[943] Тафсири Табарӣ 14\479
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
أَفَمَنۡ أَسَّسَ بُنۡيَٰنَهُۥ عَلَىٰ تَقۡوَىٰ مِنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٍ خَيۡرٌ أَم مَّنۡ أَسَّسَ بُنۡيَٰنَهُۥ عَلَىٰ شَفَا جُرُفٍ هَارٖ فَٱنۡهَارَ بِهِۦ فِي نَارِ جَهَنَّمَۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
109. Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарсгорӣ аз Аллоҳ ва хушнудии Ӯ ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки бинои масҷидро бар канораи селроҳе ниҳодааст, ки об зери онро шуста бошад[944], то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Аллоҳ мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад.
[944] Киноя аз риё дар корҳо аст
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
لَا يَزَالُ بُنۡيَٰنُهُمُ ٱلَّذِي بَنَوۡاْ رِيبَةٗ فِي قُلُوبِهِمۡ إِلَّآ أَن تَقَطَّعَ قُلُوبُهُمۡۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
110. Он биное, ки ( мунофиқон барои зарар расондани масҷиди Расули Аллоҳ- бунёд кардаанд, ҳамеша сабаби шакку шубҳа[945] дар дилашон хоҳад буд, то он ҳангом, ки дилашон пора-пора гардад. Ва Аллоҳ доно аст ба мақсадашон, ҳаким аст дар тадбири корҳои бандагонаш!
[945] Яъне, мунофиқон он масҷиди бино кардаашонро барои зарари мусалмонон ҳисоб карданд, ки онҳо некӯкоронанд. Тафсири Табарӣ 14\495
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
۞ إِنَّ ٱللَّهَ ٱشۡتَرَىٰ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَنفُسَهُمۡ وَأَمۡوَٰلَهُم بِأَنَّ لَهُمُ ٱلۡجَنَّةَۚ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَيَقۡتُلُونَ وَيُقۡتَلُونَۖ وَعۡدًا عَلَيۡهِ حَقّٗا فِي ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَٱلۡإِنجِيلِ وَٱلۡقُرۡءَانِۚ وَمَنۡ أَوۡفَىٰ بِعَهۡدِهِۦ مِنَ ٱللَّهِۚ فَٱسۡتَبۡشِرُواْ بِبَيۡعِكُمُ ٱلَّذِي بَايَعۡتُم بِهِۦۚ وَذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
111. Аллоҳ аз мӯъминон ҷонҳову молҳояшонро харид, то биҳишт барои онон бошад. Дар роҳи Аллоҳ ҷанг мекунанд, чӣ бикушанд ё кушта шаванд, ваъдае, ки Аллоҳ дар Тавроту Инҷил ва Қуръон[946] дода аст ба ҳақ бар ӯҳдаи Ӯст. Ва чӣ касе беҳтар аз Аллоҳ ба аҳди худ вафо хоҳад кард? Ба ин хариду фурӯхт, ки кардаед, шод бошед, -эй мӯъминон- ки комёбии бузургест!
[946] Тавроте, ки ба Мӯсо ва Инҷиле, ки ба Исо ва Қуръоне, ки ба Муҳаммад алайҳимуссалоту вассалом дода шуда буданд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ത്തൗബഃ
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക