Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Khawja Mirov Khawja * - Index van vertaling


Vertaling van de betekenissen Surah: Soerat ar-Rad (De donder)   Vers:

Сураи Раъд (Тундар)

الٓمٓرۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِۗ وَٱلَّذِيٓ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ ٱلۡحَقُّ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يُؤۡمِنُونَ
1. Алиф, лом, мим, ро.[1197] Инҳо оёти Қуръон аст ва он чӣ аз Парвардигорат бар ту эй Паёмбар нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд.
[1197] Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
Arabische uitleg van de Qur'an:
ٱللَّهُ ٱلَّذِي رَفَعَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ بِغَيۡرِ عَمَدٖ تَرَوۡنَهَاۖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ يَجۡرِي لِأَجَلٖ مُّسَمّٗىۚ يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَ يُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُم بِلِقَآءِ رَبِّكُمۡ تُوقِنُونَ
2. Аллоҳ, ҳамон зотест, ки ҳафт осмонро бе ҳеҷ сутуне, ки онро мебинед, барафрошт. Сипас бар арш баланд ва муртафеъ гардид[1198] ва офтобу моҳро ром кард, ки ҳар як то замоне муайян[1199] дар сайранд. Аллоҳ тадбиркунандаи корҳои дунё ва охират аст ва аломату нишонаҳои қудрати худро баён мекунад, то шумо ба мулоқоти Парвардигоратон бовар кунед![1200]
[1198] Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд.
[1199]Ва он қиёмат аст.
[1200] Тафсири Табарӣ 16 / 327
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَهُوَ ٱلَّذِي مَدَّ ٱلۡأَرۡضَ وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۡهَٰرٗاۖ وَمِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ جَعَلَ فِيهَا زَوۡجَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
3. Ва Аллоҳ зотест, ки заминро паҳн кард ва дар он кӯҳҳову рӯдҳо қарор дод ва аз ҳар намуди мева ҷуфт-ҷуфт (турушу ширин , сафеду сиёҳ) падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад ва ба омадани шаб ҷаҳон торик мешавад. Ҳамоно дар ин ҳама офариниш аломату нишонаҳои қудрат аст, барои мардуме, ки меандешанд![1201]
[1201] Тафсири Бағавӣ 4/ 294
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَفِي ٱلۡأَرۡضِ قِطَعٞ مُّتَجَٰوِرَٰتٞ وَجَنَّٰتٞ مِّنۡ أَعۡنَٰبٖ وَزَرۡعٞ وَنَخِيلٞ صِنۡوَانٞ وَغَيۡرُ صِنۡوَانٖ يُسۡقَىٰ بِمَآءٖ وَٰحِدٖ وَنُفَضِّلُ بَعۡضَهَا عَلَىٰ بَعۡضٖ فِي ٱلۡأُكُلِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
4. Ва бар рӯи замин қитъаҳоест дар канори якдигар баъзеяшон сарсабзу хуррам ва баъзеашон хушк ва боғҳои ангуру киштзорҳо ва дарахтони хурмо, ки ду тана аз як реша рӯйида аст ё як бех аз як реша ва ҳама ба як об сероб мешаванд ва дар таъм ва маззаи мева баъзеро бар дигаре бартарӣ ниҳодаем. Албатта дар инҳо барои хирадмандон ибратҳост![1202]
[1202] Тафсири Бағавӣ 4/ 295
Arabische uitleg van de Qur'an:
۞ وَإِن تَعۡجَبۡ فَعَجَبٞ قَوۡلُهُمۡ أَءِذَا كُنَّا تُرَٰبًا أَءِنَّا لَفِي خَلۡقٖ جَدِيدٍۗ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ ٱلۡأَغۡلَٰلُ فِيٓ أَعۡنَاقِهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
5. Агар ту эй Паёмбар аз имон наовардани куффор баъди дидани ҳамаи ин оётҳо дар тааҷҷуб меоӣ, пас таъаҷҷуб дар сухани онҳост, ки мегӯянд: оё он ҳангом, ки хок шавем, аз нав моро биёфаринад? Инҳо ба Парвардигорашон имон надоранд ва дар рӯзи қиёмат бар гарданҳояшон занҷирҳо бошад ва аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд.[1203]
[1203] Тафсири Саъдӣ 1 / 413
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَيَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلسَّيِّئَةِ قَبۡلَ ٱلۡحَسَنَةِ وَقَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِمُ ٱلۡمَثُلَٰتُۗ وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغۡفِرَةٖ لِّلنَّاسِ عَلَىٰ ظُلۡمِهِمۡۖ وَإِنَّ رَبَّكَ لَشَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
6. Кофирон ба шитоб аз ту эй Паёмбар омадани уқубату азобро пеш аз раҳмату некӣ металабанд. Ҳамоно пеш аз инҳо барои такзибкунандагон азобу уқубатҳо гузаштааст. Пас чӣ гуна ибрат намегиранд? Ҳамоно Парвардигори ту бо вуҷуди золим буданашон соҳиби омӯрзиш аст мардумонро. Ҳамоно Парвардигори ту сахт азобкунанда аст.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ ءَايَةٞ مِّن رَّبِّهِۦٓۗ إِنَّمَآ أَنتَ مُنذِرٞۖ وَلِكُلِّ قَوۡمٍ هَادٍ
7. Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Ҳамоно ту тарсонанда ҳастӣ кофиронро аз азоби Илоҳӣ . Ва барои ҳар қавм раҳнамое мебошад, ки ононро ба сӯи Аллоҳ даъват мекунад.[1204] .
[1204] Тафсири Бағавӣ 4/ 296
Arabische uitleg van de Qur'an:
ٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَحۡمِلُ كُلُّ أُنثَىٰ وَمَا تَغِيضُ ٱلۡأَرۡحَامُ وَمَا تَزۡدَادُۚ وَكُلُّ شَيۡءٍ عِندَهُۥ بِمِقۡدَارٍ
8. Аллоҳ медонад, ҳоли ҳомиладории ҳар занро, ки дар шиками ӯ писар аст ё духтар, хушбахт аст ё бадбахт? Ва медонад ҳоли он тифлеро, ки занон пеш аз муддат мепартоянд ва медонад ҳоли он тифлеро, ки аз нӯҳ моҳ зиёда дар шикам меистад ва ҳар чизе назди Аллоҳ ба андоза аст.[1205]
[1205] Тафсири Бағавӣ 4/ 297
Arabische uitleg van de Qur'an:
عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ ٱلۡكَبِيرُ ٱلۡمُتَعَالِ
9. Аллоҳ зотест, ки донандаи пинҳону ошкор аст, бузург аст дар номҳо ва сифатҳояш, баландмартаба аст бар тамоми халқаш бо қудрати худ!
Arabische uitleg van de Qur'an:
سَوَآءٞ مِّنكُم مَّنۡ أَسَرَّ ٱلۡقَوۡلَ وَمَن جَهَرَ بِهِۦ وَمَنۡ هُوَ مُسۡتَخۡفِۭ بِٱلَّيۡلِ وَسَارِبُۢ بِٱلنَّهَارِ
10. Барои Ӯ баробар аст аз шумо ҳар кӣ сухан пинҳон гӯяд ё ошкоро. Ва он ки дар торикии шаб пинҳон амал мекунад ва он ки дар рӯз ошкоро амал мекунад.[1206]
[1206] Тафсири Табарӣ 16 / 366
Arabische uitleg van de Qur'an:
لَهُۥ مُعَقِّبَٰتٞ مِّنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَمِنۡ خَلۡفِهِۦ يَحۡفَظُونَهُۥ مِنۡ أَمۡرِ ٱللَّهِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوۡمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمۡۗ وَإِذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِقَوۡمٖ سُوٓءٗا فَلَا مَرَدَّ لَهُۥۚ وَمَا لَهُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَالٍ
11. Одамиро фариштагонест, ки паёпай ба амри Аллоҳ аз рӯбарӯву пушти сараш меоянд ва нигаҳбонияш мекунанд ва амалҳои неку бадашро менависанд. ҳароина, Аллоҳ он неъматеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ гуноҳ карда дигаргун шаванд. Чун Аллоҳ барои мардуме бадӣ хоҳад, ҳеҷ чиз монеъи он бадӣ натавонад шуд ва онҳоро ҷуз Аллоҳ ҳеҷтадбиркунандае нест , ки он бадиро дур кунад![1207]
[1207] Тафсири Саъдӣ 1 /414
Arabische uitleg van de Qur'an:
هُوَ ٱلَّذِي يُرِيكُمُ ٱلۡبَرۡقَ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَيُنشِئُ ٱلسَّحَابَ ٱلثِّقَالَ
12. Ӯст, ки барқро гоҳ барои тарсонидан аз даҳшату оташаки он ва гоҳ барои умед бахшидан ба боридани борон ба шумо менамоёнад ва абрҳои гаронборро пайдо мекунад.[1208]
[1208] Тафсири Бағавӣ 4/303
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَيُسَبِّحُ ٱلرَّعۡدُ بِحَمۡدِهِۦ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ مِنۡ خِيفَتِهِۦ وَيُرۡسِلُ ٱلصَّوَٰعِقَ فَيُصِيبُ بِهَا مَن يَشَآءُ وَهُمۡ يُجَٰدِلُونَ فِي ٱللَّهِ وَهُوَ شَدِيدُ ٱلۡمِحَالِ
13. Раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз тарси Ӯ тасбеҳ мегӯянд. Ва соъиқаҳоро мефиристад ва ҳар киро бихоҳад, бо он осеб мерасонад. Боз ҳам куффор дар бораи ягонагии Аллоҳ баҳсу мунозара мекунанд. Ва Ӯ таъолост, ки ба сахтӣазоб мекунад![1209]
[1209] Тафсири Бағавӣ 4/ 303
Arabische uitleg van de Qur'an:
لَهُۥ دَعۡوَةُ ٱلۡحَقِّۚ وَٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ لَا يَسۡتَجِيبُونَ لَهُم بِشَيۡءٍ إِلَّا كَبَٰسِطِ كَفَّيۡهِ إِلَى ٱلۡمَآءِ لِيَبۡلُغَ فَاهُ وَمَا هُوَ بِبَٰلِغِهِۦۚ وَمَا دُعَآءُ ٱلۡكَٰفِرِينَ إِلَّا فِي ضَلَٰلٖ
14. Аллоҳ аст шоистаи ибодат ва дуъо ва касонеро ки ба ҷои Ӯ аз бутҳо дуъо мепурсанд ба ҳеҷ ваҷҳе дуъояшонро иҷобат наменамоянд, магар монанди касе, ки ду дасти худро ба сӯи об бикушояд, то ба даҳонаш бирасад, вале ҳаргиз об ба даҳонаш нахоҳад расид. Ва дуъои кофирон ҷуз дар гумроҳӣ нест. [1210]
[1210] Тафсири Саъдӣ 1/ 415
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَلِلَّهِۤ يَسۡجُدُۤ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ طَوۡعٗا وَكَرۡهٗا وَظِلَٰلُهُم بِٱلۡغُدُوِّ وَٱلۡأٓصَالِ۩
15. Ва Аллоҳро саҷда мекунад хоҳу нохоҳ[1211] ҳар чи дар осмонҳову замин аст. Ва сояҳояшон низ бомдодону шомгоҳон ба саҷда меоянд.
[1211] Яъне муъминону фариштагон бо хоҳиши худ саҷда мекунанд, аммо кофирону мунофиқон бо дили нохоҳам ва аз тарсе, ки ононро накушанд саҷда мекунанд. Тафсири Бағавӣ 4/ 306
Arabische uitleg van de Qur'an:
قُلۡ مَن رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ قُلِ ٱللَّهُۚ قُلۡ أَفَٱتَّخَذۡتُم مِّن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ لَا يَمۡلِكُونَ لِأَنفُسِهِمۡ نَفۡعٗا وَلَا ضَرّٗاۚ قُلۡ هَلۡ يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُ أَمۡ هَلۡ تَسۡتَوِي ٱلظُّلُمَٰتُ وَٱلنُّورُۗ أَمۡ جَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ خَلَقُواْ كَخَلۡقِهِۦ فَتَشَٰبَهَ ٱلۡخَلۡقُ عَلَيۡهِمۡۚ قُلِ ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُوَ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّٰرُ
16. Бигӯ эй Паёмбар: «Кист Парвардигори осмонҳову замин?» Бигӯ: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё ғайри Ӯ маъбудоне баргузидаед, ки қодир ба фоидаву зиёни хеш нестанд? Бигӯ эй Паёмбар: «Оё нобинову (кофир) бино (мӯъмин) баробаранд? Ё торикиву (куфр) равшанӣ (имон)баробаранд? Ё шариконе, ки барои Аллоҳ муқаррар карданд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Аллоҳ офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба иштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Аллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ ягона сазовори ибодат аст ва қаҳҳор аст болои бандагон!»[1212]
[1212] Тафсири Бағавӣ 4/ 307
Arabische uitleg van de Qur'an:
أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَسَالَتۡ أَوۡدِيَةُۢ بِقَدَرِهَا فَٱحۡتَمَلَ ٱلسَّيۡلُ زَبَدٗا رَّابِيٗاۖ وَمِمَّا يُوقِدُونَ عَلَيۡهِ فِي ٱلنَّارِ ٱبۡتِغَآءَ حِلۡيَةٍ أَوۡ مَتَٰعٖ زَبَدٞ مِّثۡلُهُۥۚ كَذَٰلِكَ يَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡحَقَّ وَٱلۡبَٰطِلَۚ فَأَمَّا ٱلزَّبَدُ فَيَذۡهَبُ جُفَآءٗۖ وَأَمَّا مَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ فَيَمۡكُثُ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ كَذَٰلِكَ يَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡأَمۡثَالَ
17. Аллоҳ, аз осмон об фиристод ва ҳар рӯдхона ба андозаи хеш ҷорӣ шуд ва оби равон кафк бар сар овард. Ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд аз маъданҳо ба монанди тиллову нуқраю мис, то зевару матоъе созанд, низ кафке бар сар ояд. Аллоҳ бадин сон ҳақ ва ботилро баён мекунад. Аммо кафк (ботил) ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ (оби соф, яъне ҳақ) барои мардум судманд аст, дар замин пойдор бимонад. Аллоҳ инчунин барои мардум мисол меорад,[1213] то ҳақ аз ботил равшан шавад.[1214]
[1213] Яъне Қуръонро ба борон , дили бандагонро ба рудхонаҳо , ҳақро ба оби соф ва ботилро ба кафк тамсил кардааст.. [1214] Тафсири Бағавӣ 4/ 308
Arabische uitleg van de Qur'an:
لِلَّذِينَ ٱسۡتَجَابُواْ لِرَبِّهِمُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ وَٱلَّذِينَ لَمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَهُۥ لَوۡ أَنَّ لَهُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا وَمِثۡلَهُۥ مَعَهُۥ لَٱفۡتَدَوۡاْ بِهِۦٓۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ سُوٓءُ ٱلۡحِسَابِ وَمَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ
18. Барои мӯъминоне, ки даъвати парвардигорашонро пазируфтанд, мукофоти некӯест (яъне, ҷаннат аст). Ва касоне, ки даъвати Ӯро напазируфтаанд, ҷояшон дӯзах аст, агар ҳар он чиро, ки бар рӯи замин аст ва монанди онро дошта бошанд, онро фидя кунанд, то ки азоби Аллоҳро аз худ дур кунанд аз онон қабул карда нашавад. Онон ба сахтӣ пурсида шаванд аз амалҳои бадашон ва маконашон ҷаҳаннам аст ва он бад ҷойгоҳест![1215]
[1215] Тафсири Табарӣ 16 / 416
Arabische uitleg van de Qur'an:
۞ أَفَمَن يَعۡلَمُ أَنَّمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ ٱلۡحَقُّ كَمَنۡ هُوَ أَعۡمَىٰٓۚ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ
19. Оё касе, ки медонад он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту эй Паёмбар нозил шуда ҳақ аст ва имон меорад, монанди касест, ки нобиност ва имон намеорад? Ҳамоно хирадмандон панд мегиранд:
Arabische uitleg van de Qur'an:
ٱلَّذِينَ يُوفُونَ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ وَلَا يَنقُضُونَ ٱلۡمِيثَٰقَ
20. касоне, ки ба аҳди Аллоҳ вафо мекунанд ва худ аҳду паймон намешикананд;
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَٱلَّذِينَ يَصِلُونَ مَآ أَمَرَ ٱللَّهُ بِهِۦٓ أَن يُوصَلَ وَيَخۡشَوۡنَ رَبَّهُمۡ وَيَخَافُونَ سُوٓءَ ٱلۡحِسَابِ
21. Ва онон, ки он чиро Аллоҳ ба пайвастани[1216] он фармон дода, мепайванданд ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии пурсиши Аллоҳ метарсанд, ки мабодо мағфират карда нашаванд.[1217]
[1216] Бамонанди хоҳару бародар, хешу табор ва мӯҳтоҷон
[1217]Тафсири Саъдӣ 1/ 416
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَٱلَّذِينَ صَبَرُواْ ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِمۡ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنفَقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ وَيَدۡرَءُونَ بِٱلۡحَسَنَةِ ٱلسَّيِّئَةَ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عُقۡبَى ٱلدَّارِ
22. Онон, ки барои ба даст овардани розигии Парвардигори хеш сабр пеша карданд ва намоз гузориданд ва дар ниҳону ошкор аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, хайр карданд[1218] ва бадиро бо некӣ дур мекунанд, ин гӯруҳ барояшон сарои охират (яъне ҷаннат) хоси онҳост.
[1218]Яъне закот ва садақот доданд. Тафсири Саъдӣ 1/ 416
Arabische uitleg van de Qur'an:
جَنَّٰتُ عَدۡنٖ يَدۡخُلُونَهَا وَمَن صَلَحَ مِنۡ ءَابَآئِهِمۡ وَأَزۡوَٰجِهِمۡ وَذُرِّيَّٰتِهِمۡۖ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَدۡخُلُونَ عَلَيۡهِم مِّن كُلِّ بَابٖ
23. Биҳиштҳои ҷовидон; онҳо ва ҳар кӣ некӯкор будааст аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон, ба он дохил шаванд ва фариштагон аз ҳар дар ба наздашон оянд, то гӯянд ба онон:
Arabische uitleg van de Qur'an:
سَلَٰمٌ عَلَيۡكُم بِمَا صَبَرۡتُمۡۚ فَنِعۡمَ عُقۡبَى ٱلدَّارِ
24. Салом бар шумо ба хотири он ҳама сабре, ки дар роҳи Аллоҳ варзидаед. Сарои охират (яъне ҷаннат) чи сарое некӯст!
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَٱلَّذِينَ يَنقُضُونَ عَهۡدَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مِيثَٰقِهِۦ وَيَقۡطَعُونَ مَآ أَمَرَ ٱللَّهُ بِهِۦٓ أَن يُوصَلَ وَيُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱللَّعۡنَةُ وَلَهُمۡ سُوٓءُ ٱلدَّارِ
25. Ва он бадбахтоне, ки паймони Аллоҳро пас аз устувор карданаш мешикананд ва он чиро, ки Аллоҳ ба пайвастани он (силаи раҳм) фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат (дурӣ аз раҳмати Аллоҳ) бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон (дӯзахи сӯзон) насибашон аст.[1219]
[1219] Тафсири Табарӣ 16 / 428
Arabische uitleg van de Qur'an:
ٱللَّهُ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ وَفَرِحُواْ بِٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا فِي ٱلۡأٓخِرَةِ إِلَّا مَتَٰعٞ
26. Аллоҳ ҳар киро хоҳад, рӯзии (пулу мол) бисёр диҳад ё рӯзии андак. Ва кофирон ба зиндагии дунё хушнуданд, ҳол он ки зиндагии дунё дар баробари зиндагии охират ҷуз андак матоъе нест.[1220]
[1220] Тафсири Бағавӣ 4/ 315
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ ءَايَةٞ مِّن رَّبِّهِۦۚ قُلۡ إِنَّ ٱللَّهَ يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِيٓ إِلَيۡهِ مَنۡ أَنَابَ
27. Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ (Муҳаммад) нозил намешавад?» Бигӯ: «Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад. Ва ҳар киро ба даргоҳи Ӯ рӯй оварад, ҳидоят мекунад».
Arabische uitleg van de Qur'an:
ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَطۡمَئِنُّ قُلُوبُهُم بِذِكۡرِ ٱللَّهِۗ أَلَا بِذِكۡرِ ٱللَّهِ تَطۡمَئِنُّ ٱلۡقُلُوبُ
28. Онон, ки ба ягонагии Аллоҳ имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Ӯ[1221] оромиш меёбад, огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Аллоҳ оромиш меёбанд!
[1221] Зикри Аллоҳ, яъне хондани Қуръон, тасбеҳу таҳлил.... Тафсири Саъдӣ 1/ 417
Arabische uitleg van de Qur'an:
ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ طُوبَىٰ لَهُمۡ وَحُسۡنُ مَـَٔابٖ
29. Зиндагии хуш ва бозгаштгоҳи некӯ (яъне ҷаннат) аз они касонест, ки имон овардаанд ба Аллоҳу расулаш ва корҳои шоиста кардаанд.
Arabische uitleg van de Qur'an:
كَذَٰلِكَ أَرۡسَلۡنَٰكَ فِيٓ أُمَّةٖ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهَآ أُمَمٞ لِّتَتۡلُوَاْ عَلَيۡهِمُ ٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ وَهُمۡ يَكۡفُرُونَ بِٱلرَّحۡمَٰنِۚ قُلۡ هُوَ رَبِّي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُ وَإِلَيۡهِ مَتَابِ
30. Ҳамчунин туро эй Паёмбар ба миёни уммате, ки пеш аз онҳо умматҳое дигар будаанд, ба пайғамбарӣ фиристодаем, то он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем (яъне Қуръонро), барояшон тиловат кунӣ ва онҳо ба ягонагии Раҳмон кофир мешаванд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст. Аллоҳе ҷуз Ӯ маъбуде нест. Бар Аллоҳ таваккал кардаам ва бозгашти ман ба даргоҳи Ӯст!»[1222]
[1222] Тафсири Бағавӣ 4/ 318
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَلَوۡ أَنَّ قُرۡءَانٗا سُيِّرَتۡ بِهِ ٱلۡجِبَالُ أَوۡ قُطِّعَتۡ بِهِ ٱلۡأَرۡضُ أَوۡ كُلِّمَ بِهِ ٱلۡمَوۡتَىٰۗ بَل لِّلَّهِ ٱلۡأَمۡرُ جَمِيعًاۗ أَفَلَمۡ يَاْيۡـَٔسِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَن لَّوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ لَهَدَى ٱلنَّاسَ جَمِيعٗاۗ وَلَا يَزَالُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ تُصِيبُهُم بِمَا صَنَعُواْ قَارِعَةٌ أَوۡ تَحُلُّ قَرِيبٗا مِّن دَارِهِمۡ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ وَعۡدُ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُخۡلِفُ ٱلۡمِيعَادَ
31. Агар Қуръоне мебуд, ки ба сабаби он кӯҳҳо равон карда мешуд ё ба сабаби он замин пора-пора мешуд ва дарёҳо равон карда мешуд ё ба сабаби он мурдагон ба сухан дароварда шаванд низ имон намеоваранд, балки ҳамаи корҳо дар дасти Аллоҳ аст. Оё мӯъминон ҳанӯз надонистаанд, ки агар Аллоҳ мехост, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард (бидуни мӯъҷиза)? Ва кофиронро пайваста ба сабаби аъмолашон мусибате (ба монанди куштор ё ба асири афтодан ) расад ё он ҳодиса дар наздикии хонаҳояшон фурӯд меояд, то он гоҳ, ки ваъдаи Аллоҳ расад, зеро Аллоҳ хилофи ваъда намекунад![1223]
[1223] Тафсири Бағавӣ 4/ 320
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَأَمۡلَيۡتُ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ ثُمَّ أَخَذۡتُهُمۡۖ فَكَيۡفَ كَانَ عِقَابِ
32. Паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту буданд, ба масхара гирифта шуданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор кардам ва он азобиман чӣ сахт буд!
Arabische uitleg van de Qur'an:
أَفَمَنۡ هُوَ قَآئِمٌ عَلَىٰ كُلِّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡۗ وَجَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ قُلۡ سَمُّوهُمۡۚ أَمۡ تُنَبِّـُٔونَهُۥ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَم بِظَٰهِرٖ مِّنَ ٱلۡقَوۡلِۗ بَلۡ زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ مَكۡرُهُمۡ وَصُدُّواْ عَنِ ٱلسَّبِيلِۗ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنۡ هَادٖ
33. Оё он зоте, ки бар ҳамаи мардум ва аъмолашон нозир аст, монанди бутон аст? Барои Аллоҳ онон аз рӯи нодониашон шариконе қарор доданд, ки онро ибодат мекунанд. Бигӯ эй Паёмбар: «Ном ва сифатҳои он бутонро зикр кунед ва намеёбед дар сифатҳояшон чизеро, ки ононро лоиқи ибодат гардонад. ОёАллоҳро аз он чи ки дар замин огоҳ нест, хабар медиҳед, ё ба суханони беҳуда фирефта мешавед?» Балки дар назари кофирон шайтонамалашонро зиннат дода ва онҳоро аз роҳи рост бероҳа кардааст. Ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад![1224]
[1224] Тафсири Табарӣ 16/ 462
Arabische uitleg van de Qur'an:
لَّهُمۡ عَذَابٞ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَشَقُّۖ وَمَا لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن وَاقٖ
34. Дар ин зиндагии дунё ба азобе (ба монанди куштор, асирӣ ва хорӣ) гирифтор шаванд ва азоби охират сахттар аст ва онҳоро ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Аллоҳ нест!
Arabische uitleg van de Qur'an:
۞ مَّثَلُ ٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي وُعِدَ ٱلۡمُتَّقُونَۖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ أُكُلُهَا دَآئِمٞ وَظِلُّهَاۚ تِلۡكَ عُقۡبَى ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْۚ وَّعُقۡبَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ٱلنَّارُ
35. Сифати биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда шудааст: об аз зери дарахтонаш равон аст ва меваҳову сояаш ҳамешагист. Ин саранҷоми касонест, ки парҳезгоранд[1225] ва саранҷоми кофирон оташ аст.
[1225] Онҳое, ки аз Аллоҳ тарсиданд, пас аз гуноҳҳо парҳез карданд ва фарзҳоро адо намуданд. Тафсири Табарӣ 16 /472
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَفۡرَحُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَۖ وَمِنَ ٱلۡأَحۡزَابِ مَن يُنكِرُ بَعۡضَهُۥۚ قُلۡ إِنَّمَآ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ ٱللَّهَ وَلَآ أُشۡرِكَ بِهِۦٓۚ إِلَيۡهِ أَدۡعُواْ وَإِلَيۡهِ مَـَٔابِ
36. Ва касоне, ки ба онҳо[1226] китоби Таврот ва Инҷилро додаем ва ба муқтазои китобашон амал мекунанд аз он чӣ ба сӯи ту нозил шуда шод мешаванд. Ва аз он ҷамоъати кофирон[1227] касоне ҳастанд, ки бахше аз онро инкор мекунанд. Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки танҳо Аллоҳи якторо бипарастам ва ба Ӯ ширк наёварам. Ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи Ӯст!
[1226] Ба монанди Абдулло бинни Салом, ки яҳудӣ буд ва Наҷҷошӣ, ки насронӣ буд.
[1227] Ба монанди ду роҳбари насорои наҷрон Усайд ва Оқиб ва низ монанди Каъб бинни Ашраф
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ حُكۡمًا عَرَبِيّٗاۚ وَلَئِنِ ٱتَّبَعۡتَ أَهۡوَآءَهُم بَعۡدَ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ مَا لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا وَاقٖ
37. Ҳамчунин Қуръонро муҳкам (яъне кушоду равшан) ба забони арабӣ нозил кардем, то ба он ҳукм намоӣ. Агар пас аз донише, ки ба ту расида, аз пайи ҳавову ҳаваси онон биравӣ, дар баробари азоби Аллоҳ корсозу нигаҳдорандае нахоҳӣ дошт.[1228]
[1228] Тафсири ибни Касир 4/ 467
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلٗا مِّن قَبۡلِكَ وَجَعَلۡنَا لَهُمۡ أَزۡوَٰجٗا وَذُرِّيَّةٗۚ وَمَا كَانَ لِرَسُولٍ أَن يَأۡتِيَ بِـَٔايَةٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۗ لِكُلِّ أَجَلٖ كِتَابٞ
38. Ба таҳқиқ пеш аз ту паёмбароне фиристодаем ва барояшон ҳамсарону фарзандон қарор додаем. Ва ҳеҷ паёмбареро ҳаққи он набуд, ки ҷуз ба фармони Аллоҳ ояте (мӯъҷизае) биёварад ва ҳар амреро замони муайянест.[1229]
[1229]Тафсири Саъдӣ 1/ 419
Arabische uitleg van de Qur'an:
يَمۡحُواْ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ وَيُثۡبِتُۖ وَعِندَهُۥٓ أُمُّ ٱلۡكِتَٰبِ
39. Аллоҳ ҳар чиро бихоҳад, (аз ҳукмҳои шариъат) маҳв ё боқӣ мегузорад ва уммулкитоб[1230] назди Ӯст.
[1230] Яъне асли ҳамаи ҳукмҳо дар Лавҳу-л- маҳфуз аст. Тафсири Бағавӣ 4/326
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَإِن مَّا نُرِيَنَّكَ بَعۡضَ ٱلَّذِي نَعِدُهُمۡ أَوۡ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُ وَعَلَيۡنَا ٱلۡحِسَابُ
40. Агар порае аз азобе, ки ба душманонат ваъда кардаем, ба ту бинамоёнем, ё туро пеш аз он, ки онро бубинӣ бимиронем, дар ҳар ҳол он чи бар ӯҳдаи туст таблиғ (яъне расонидани даъват) аст ва он чӣ бар ӯҳдаи Мост, ҳисоб кардан![1231]
[1231] Тафсири Табарӣ 16/ 493
Arabische uitleg van de Qur'an:
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا نَأۡتِي ٱلۡأَرۡضَ نَنقُصُهَا مِنۡ أَطۡرَافِهَاۚ وَٱللَّهُ يَحۡكُمُ لَا مُعَقِّبَ لِحُكۡمِهِۦۚ وَهُوَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ
41. Оё ҳанӯз надонистаанд, ки мо аз атрофи ин сарзамин[1232]кам мекунем ва Аллоҳ ҳукм мекунад ва ҳеҷ чиз ҳукми Ӯро рад намекунад ва Ӯ зуд ба ҳисоби ҳама мерасад?
[1232] Яъне, заминҳои гирду атрофи Макка, ки замини куфр буданд, ҳама аз они мусалмонон шуданд. Тафсири Табарӣ 16/ 493
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَقَدۡ مَكَرَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَلِلَّهِ ٱلۡمَكۡرُ جَمِيعٗاۖ يَعۡلَمُ مَا تَكۡسِبُ كُلُّ نَفۡسٖۗ وَسَيَعۡلَمُ ٱلۡكُفَّٰرُ لِمَنۡ عُقۡبَى ٱلدَّارِ
42. Касоне, ки пеш аз инҳо буданд бар муқобили паёмбаронашон макрҳо карданд, вале ҳамаи тадбирҳо назди Аллоҳ аст[1233]. Медонад, ки ҳар касе чӣ мекунад. Ва кофирон ба зудӣ хоҳанд донист, ки сарои охират аз они кист!
[1233] Яъне, Аллоҳи мутаъол макру ҳилаи оноро ботил кард ва ононро ноумед гардонид. Тафсири Саъдӣ 1/ 420
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَسۡتَ مُرۡسَلٗاۚ قُلۡ كَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدَۢا بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡ وَمَنۡ عِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلۡكِتَٰبِ
43. Кофирон мегӯянд, ки ту эй Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) паёмбар нестӣ. Бигӯ: «Аллоҳ ва ҳар кас, ки (аз яҳуду насоро) аз китоб огоҳӣ дошта бошад, ба шоҳидӣ миёни ману шумо кофист. [1234]
[1234] Тафсири Табарӣ 16/ 501
Arabische uitleg van de Qur'an:
 
Vertaling van de betekenissen Surah: Soerat ar-Rad (De donder)
Surah's Index Pagina nummer
 
Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Khawja Mirov Khawja - Index van vertaling

De betekenis van de Heilige Koran is vertaald naar het Tadzjieks, gedaan door Khoja Mirov Khoja Mir. De vertaling is onder supervisie van het Pioneers Vertaalcentrum gecorrigeerd, en de originele vertaling is beschikbaar om meningen te geven, te evalueren en continu te ontwikkelen.

Sluit